Тухми беморӣ


Бо зиёд хӯрдан қалби худро макуш.
Модари давоҳо кам хӯрдан аст.
(Аз ҳадисҳои пайғамбари Ислом Муҳаммад /с/)

Дар ҳолати оромӣ ҳам инсон қувва сарф мекунад, яъне дил, рагҳои хунгузар, асаб, ғадудҳои дохилӣ, шуш ва гурдаҳо пайваста кор мекунанд.

Зағираи қувваро ҷисми инсон аз ғизоҳое мегирад, ки мо истеъмол мекунем. Дар ин ҳолат организми инсон танҳо ба иҷрои вазифа маҳдуд нашуда, ҷараёнҳои пайдошавии ҳуҷайраҳои нав ва вайроншавии ҳуҷайраҳои кӯҳнаро аз сар мегузаронад, яъне ҷои ҳуҷайраҳои аз кор баромадаро ҳуҷайраҳои нав мегиранд ва ин ҳолат масрафи қувваи инсонро тақозо дорад. Дар ҳолати кам истеъмол кардан ва ё нарасидани яке аз ғизоҳо, ё ин ки аз ҳад зиёд истеъмол кардани навъе аз ғизоҳо инсон метавонад ба беморӣ гирифтор шавад.

Олимон исбот кардаанд, ки истеъмоли 1 гр. сафеда 4 килокалория, 1 гр. ангиштоба 4 килокалорая ва 1 гр. чарбуву равған 9 килокалория медиҳад. Ҳамин тариқ, донистани таркиби хӯрок имкон медиҳад, ки шумо организми худро хуб нигоҳ дошта тавонед. Риоя кардани меъёри хӯрокхӯрӣ, донистани таркиби химиявии хӯрокиҳо имконият медиҳад, ки шумо аз беморӣ эмин бошед.

Ҳангоми дохил нашудани миқдори зарурии хӯрок организм аз захираҳои дар бадан будаи ангиштоба ва равған калорияи лозимаро мегирад. Дар ҳолати дуру дароз нарасидани ғизо ба организм захираи сафедаҳои дар бадан буда ҳама истифода мешаванд. Дар натиҷа қудрати мушакҳои бадан кам гашта, боиси заифшавии организм мегардад. Аз ҷиҳати дигар, дар ҳолати аз ҳад зиёд истеъмол кардани хӯрокиҳои серғизо як қисми ангиштоба ва равғанҳо ба қисми захира гузашта, одам фарбеҳ мешавад ва ба кулли мардум маълум аст, ки фарбеҳии зиёд ба инсон зарар дорад.

Мо на як бору ду бор шоҳиди он гаштаем, ки бисёриҳо меъёри хӯрокхӯриро хуб риоя намекунанд. Воқеан, ба ин кор гоҳо дуруст нафаҳмидану истифода кардани анъанаҳои халқии мо ҳам сабабгор мешавад. Борҳо мушоҳида кардаем, ки шабҳои тўй соати даҳ то дувоздаҳи шаб ба одамон ош медиҳанд ё худ кабоб бо картошка ва гўшти бирён пешкаш мекунанд. Дар чунин шабнишинӣ шахси гирифтори бемории захми меъда албатта, рӯзи дигар худро нороҳат ҳис мекунад ё аҳволаш бад мешавад.

Дар шаҳри Хӯҷанд бошад, анъанаи аҷоибе вуҷуд дорад. Тӯйҳо, маъракаҳое, ки дар ин шаҳр мегузаранд, аз оши наҳор оғоз меёбанд.

Аз соати 7-и пагоҳӣ садои мусиқии форам ба гӯш мерасаду мардуми ба тӯй даъват шуда гурӯҳ-гурӯҳ ба ошхӯрӣ мераванд. Ошро хӯрда чой менӯшанд ва бо ишкамҳои зер ба сўи коргоҳҳои худ раҳсипор мегарданд. То хӯроки нисфирӯзӣ биринҷу гӯшт ҳал мешавад ва меъдаи одамон барои хӯроки навбатиро қабул кардан омода мегардад.

Чунин шудааст, ки одамони гирифтори бемории дил ва рагҳои хунгузар баъди шабнишиниҳои дуру дароз ва истеъмоли хӯроки зиёд ногаҳон дар ҷои нишаст ва баъзеашон ҳолати хоб аз олам гузаштаанд. Одамоне, ки меъдаашон пур аз хӯрок аст ва гирифтори бемории диланд, дар чунин маврид нафасгириашон номӯътадил мешавад, ба онҳо ҳаво намерасад. Дар ҳамин гуна ҳолатҳо ҳар як гурӯҳи мушакҳои дил алоҳида-алоҳида кашиш хӯрда замири дил хуни андарунаш бударо ба сурхраги калон ҳаво дода наметавонад ва хоҳу нохоҳ, ҳаракати хун қатъ мегардад. Ба шахси дар чунин ҳолат афтода ёрии таъҷилӣ расонида нашавад, бешак мемирад. Аз ин рӯ, дар истифодаи расму оинҳои халқӣ бояд боэҳтиёт бошем. Аз баҳри баъзе тартиботҳои зараровар гузарем ва ба хотири расму русум ба ҷони худу ҳамдиёронамон ҷабр накунем.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив