Ҷинсият


Вақте “мавзӯи ҷинсият” мегӯем, пеш аз ҳама он давраеро дар назар дорем, ки шахс ҳавасоти ҷисмониву шаҳвониро дар вуҷуди худ эҳсос намуда дар зери таъсири онҳо мемонад.
 Агар ҳолатҳои истисноиро сарфи назар намоем, эҳсоси ҳавасоти шаҳвонӣ аз давраи расидан ба синни булуғ оғоз ёфта, торафт таъсираш зиёд мешавад ва дар рафтору ҳаракати мустақими инсон ноустувориҳо ба миён меорад. Ба истиснои баъзе ашхоси дорои фитрати баланд, ин аҳвол қариб дар ҳама наврасон якранг сурат мегирад.

Чинсият

Дар ин давра агар наврас соҳиби мафкураи баланд набошад, шахсиятҳои идеалиро нашиносад, қалбаш ба олами маънӣ машғул набошад, руҳаш аз моварои табиат илҳом намегирифта бошад, дар андешаи наҷот ёфтани худ ва дигарон набошад, пас номумкин аст, ки ӯ дар зери тазииқи ҳавасоти башарӣ қарор нагирад. Аз ин рӯ, вақте ки як намояндаи ҷинси латиф духтарча будани худро дарк мекунад ва писарбача ба моҳияти мардонагии худ сарфаҳм меравад, дар ин давра хеле табиӣ аст, ки ҳеҷ яке аз онҳо иллате ба монанди ошуфтагию девонагӣ ва ғайра надошта бошанд.
Дар синни 9-10 солагӣ дар духтарон ва дар синни 11-12 солагӣ дар писарон дар ҳаётамон давраи нав сар мешавад-синни наврасӣ. Айёми наврасӣ. Афзоиши пурмавҷ ва инкишоф, мукаммал гардонида ташаккули ирода, характер, ташаккули ҷаҳонбинӣ дар муддати кӯтоҳ сар шуда, дар айёми ҷавонӣ ба охир мерасад. Синну соли наврасӣ ва ҷавониро давраи афзоиши ҷинсӣ низ меноманд.
Ин давра дар ҷавонписарон дар синни 17-18 солагӣ ва дар духтарон дар синни 16-17 солагӣ ба охир мерасад. Дар ин муддат таносубии тамоми аъзои бадан ташаккул меёбад, қаду қомат ва устухонбандии скелетҳо низ ба охир мерасад. Дар давраи афзоиши ҷинсӣ дар писарон зиёдшавии вазнашон-34 кг, кад-35см, гирди қафаси синна-25см, дар духтарон бошад, вазнашон-25кг, қад-28см ва гирди қафаси синна-18см. Ин гуна дигаргуниҳо аз кори система ва органҳое ки протсессҳои инкишофёбии организм ва ташаккулёбии онро ба ӯҳда доранд, алоқаманд аст. Аз он ҷумла худи органҳо ва системаҳое, ки ин протсессро ба танзим медароранд дар инкишофёбӣ ва ташаккулёбии худро давом медиҳанд.
Афзоиши организм протсесси оддӣ нест, на ҳама вақт хуб мегузарад. Барои ҳамин наврасон диққати ҷиддии волидайнро, ҳама вақт дар зери назорат буданро талаб мекунад ва агар дар ягон зинаи инкишофёбии ё ташаккулёбии организм мушкилие бошад, бояд бо духтарон кор кард. То синни 10 солагӣ писарону духтарон қариб якхела инкишоф меёбанд, лекин дар синни 11-солагӣ духтарон бо қад ва вазнашон аз писарон дар пеш меистанд. Дар синни 12-солагӣ духтарон аз писарон аз ҳама ҷиҳат пеш мегузаранд, бо дарозии қад-3,1см, вазн-2,9кг бо гирд ва экскурсияи қафаси синна 4,5-0,7 см. Дар 13-солагӣ ин таносубӣ боз ҳам зиёдтар мешавад.
Аммо дар 14-солагӣ тамоми нишондодҳои инкишофёбии ҷисмонӣ аз писарон зиёд мешавад. ИН фарқиятҳо дар он аст, ки духтарон 2-сол пеш аз писарон ба айёми наврасӣ қадам мемонанд, дар онҳо барвақт пубертант “ҷаҳиши қад” сар мешавад, тез вазн ва қад мегиранд. Дар духтарон ин дар синни аз 10,5-13 солагӣ, дар писарон аз 12,5-то 15 солагӣ. Пубертант “ҷаҳиши қад” ин пешакӣ афзоиши ҷинсӣ қадам монданро хабардор мекунад.
Fадудҳои секрессияи дарунии организмҳои ҷинсӣ инкишоф меёбанд ва корашон зиёд мешавад.
Афзоиши ҷинсии духтарон дар 12,5-13 солагӣ, дар писарон дар 14-15 солагӣ сар мешавад. Дар ин синну сол дар духтарон ҳайз сар мешавад ва дар писарон эҳтилом пайдо мешавад.
Дар наврасон инкишофи анатомии системаи асаб ба охир мерасад. Дар 13-14солагӣ ташаккулёбӣ анализатори ҳаракатӣ ба охир мерасад, ки ин барои ташаккулёбии тобоварӣ, маҳорат, ки дар корҳои меҳатӣ даркор аст, роли калонро мебозад.
Дигаргуниҳое, ки дар ғадудҳо ва скелетҳо мешаванд, албатта ба қувваи мушакҳо низ таъсир мерасонанд. Бояд қайд кард, ки қувваи мушакҳоаз они духтарон то 15-солагиашон инкишоф меёбад, аз они писарон баъди 15-солагӣ камтар дертар.
Хусусияти нозебӣ, дағалонагӣ бесулуқагӣ хос аст.
Дили наврасон тезтар калон мешавад. Дар синну соли наврасӣ ҷавонӣ дар ягон системаи организм вазниние нест, чи хеле, ки дар системаи дилу рагҳо вазнинӣ мешавад. Вазни дил аз 10 то 16 солагӣ дучанд мешавад, ҳаҷмаш қариб 2,4 маротиба зиёд мешавад. Мушакҳои дил низ дигар мешавад, боқувватар мешавад ва ҳангоми кашишхурӣ миқдори зиёди хунро ба рагҳо мефиристонад. Мисол дар синну соли якхела (15с) кори системаи дилу рагҳо аз они духтарон ба монанди зани калон кор мекунад, лекин аз они писарон ба монанди кори дили мактаббачаҳои синфҳои хурд кор мекунад.
Бояд зикр кард, дар организме, ки бо шиддат инкишоф меёбад, афзоиши системаи дилу рагҳо наҳамавақт бо инкишофи тамоми бадан мувофиқ меояд, якхел вақт вазни дил аз зиёдшавиивазни бадан ақиб мемонад.Барои ҳамин як хел вақт вазни дил аз зиёдшавии вазни бадан ақиб мемонад. Барои ҳамин як хел вақт писарон ва духтарони наврас аз бемадорӣ, мондашавӣ, махсусан дар вақти корҳои ҷисмонӣ кардан, беҳушшавӣ дар ҳарорати баланд ё ин, ки дар вақти ҷои бадан шудан шикоят мекунанд. Дар вақти пайдо шудани нишонаҳои норасогӣ аз тарафи дил, ки бо нотаносуб калон шудани вазн ва ҳаҷми дил алоқаманд аст, як қатор падару модарон фикри бемории дил карда фарзандонашонро бо корҳои ҷисмонӣ машғул шудан иҷозат намедиҳанд. Ин хатогии калон аст. Доруи ягонаи чунин бемориҳо мунтазам машғул шудан ба машқхои ҷисмонӣ ва меҳнат мебошад, ки ин кори дил ва гардиши хун дар рагҳоро ба танзим медарорад.
Мутаасифона бисёрии бачаҳо, наврасон ва ҷавонони ҳозира камбудиашон дар он аст, ки мушакҳои баданашонро обутоб намедиҳанд, кам ҳаракатанд.
Бисёрии писарон ва духтарон аз камқувватӣ ва бесулуқутии худ шарм медоранд, бо корҳои ҷисмонӣ машғул намешаванд.
Дар натиҷа дили хурдакак ташаккул меёбад, ки агар наврас дар вақташ бо тарбияи ҷисмонӣ машғул нашаванд, дил дар оянда калон намешавад.
Дигаргунӣ дар асбҳои системаи дилу рагҳо дар давраи наврасӣ дида мешавад. Ин дигаргуни аз кори ғадудҳо ва системаи асаб алоқаманд аст, ки ба вайроншавии кори дил, ки ба тезшавӣ ё сустшавии задани дил оварда мерасонад.
Дар писарон ва духтароне, ки гармонҳояшон дар инкишофёбианд ингуна дигаргуниҳо кӯтоҳ муддатанд ва ба зудӣ мегузаранд, бе ягон табобат. Лекин ба ин нигоҳнакарда, дар вақте ки чихеле набошад мо бояд дар таҳти назорат дошта бошем, чунки баландшавии фишори хун дар кӯдакони каммқувват, кудаконе, ки бо беморихои куҳна гирифтор ҳастанд. Дар оқибат ба дил таъсир расонида нобуд шуданашон мумкин аст.
Волидон ҳамчунин бояд донанд, ки бори зиёди ақли якҷоя бо камҳаракатӣ ба вайроншавии идоракунии тонуси рагҳои хунгард оварда мерасонад, ки ба бемории гипертония ё гипотония оварда мерасонад. Ин гуна бемориҳоро танҳо бо дуруст истифодабарии реҷаи рӯз, фақтҳои фароғатӣ ва хусусан бо корҳои ҷисмонӣ машғул шудан, пешгирӣ кардан мумкин аст.
Лекин бисёрии ҷавонон бо тамошои телевизор зиёда аз 5-6 соат, бо бозиҳои компютерӣ, бо интернет, бо варзиш ё бо дигар корҳои меҳнатӣ машғул шудан намемонад ва волидайн бояд аз болои фарзандони худ назорат баранд.
Ба дурустӣ, синни булуғ барои муаллимон ва падарону модарон аз ҳама давраи мушкил ва ташвишовар мебошад. Дар ин давра агар наврас тарбияи дуруст надида бошад ва бо муқаррароти шаръӣқаноатманд нагардад, мумкин аст, ки ӯ аз роҳи рост барояд ва бозпас гардондани ӯ ба оила доираҳои худӣ хеле душвор хоҳад шуд.
Воқеан, агар мо дар муқобили қувваҳои ҷисмонӣ ки наврасро ба роҳи хато мебарад, латоифи қалбию рӯҳӣ ва олами ботинии ӯро бедор насозем ва агар дар муқобили тӯфони фисқу фуҷур ба дасти наврас сипари фазилатро надиҳем, мумкин аст, ки ӯ дар ботлоқи расвоиҳо дармонад.
Волидон ва муаллимоне, ки аз хосияти ин давраи инкишофи наврасон огоҳӣ надоранд, ҳамарӯза аз амали нодурусти наврасон шикоят карда, мегӯянд: “Ана, боз дуздӣ кардааст, дуруғ ҳам мегӯяд, бо духтарчаҳо дағал муносибат мекунад, ҳатто муқобили гапи волидонаш рафтор мекунад…” ҳол он ки бояд мо наврасонро бо завқу лаззатҳои шаръӣ қаноатманд намуда, нагузорем, ки наврасон ба дилхушиҳои ғайрмашрӯъ, ки садҳо аламро дорад, рӯ оварад ва қалбу рӯҳи худро олуда созад. Дар гузашта таъкид намуда будем, ки наврасон метавонанд бо роҳи машғулият дар намудҳои гуногуни варзиш ва бозиҳои энергияи изофии вуҷудашонро сарф намоянд.
Дар миёни духтарону писарон баъзе ҳолатҳои фарқкунанда мавҷуданд, аммо ин фарқият ба мавзӯи тарбият дахл надорад. Фарқи байни духтарону писарон пурра ба фитрат ва қобилияту истеъдоди онҳо марбут аст. Дар мавзӯи дустии рафоқати миён духтарчагону писарбачагон фарқи аслӣ вуҷуд надорад. Аммо писарбачагон бояд бо назардошти баъзе ӯҳдадориҳои вазнине, ки дар оянда ба дӯши онҳо гузошта мешавад, дӯстона рафтор намоянд ва духтарчагон мувофиқи вазифаҳое , ки ба ӯҳда хоҳанд дошт, бояд ҳамчун дӯстони оянда ба воя расанд. Хусусиятҳои дӯстию рафоқати писарону духтарон бояд самимӣ бошад.
Муҳаббати аввал ба гуфтор, пиндор ва рафтору кирдорашон зоҳир мегардад. Муҳаббат ба модар, муҳаббат ба Ватан, муҳаббат ба дӯстон, муҳаббат ба дилдода ба ҳар як писар ва духтар зарур аст. Агар хоҳем, ки муҳаббати мо самимӣ бошад, бояд бо ҳамдигар аз рӯи дӯстию садоқат рафтор намоем.
Лайлӣ дар тасвири шоир духтари соҳибҷамол ва дорои ақлу заковат аст. Далерӣ ва дар ишқу муҳаббат устувор будани Лайлӣ аз ин ҷо маълум аст, ки ӯ на танҳо бар зидди хоҳиши палараш, балки барои ба мақсади худ расидан кӯшишҳои зиёде мекард ва нотарсона ба Маҷнун таклиф мекунад, ки ба ҷои дуре гурезанд. Дар достон Маҷнун низ чун Лайлӣ бо виҷдон, боақл, бовафо буда, дар ишқ устувор аст. Ӯ ба ҷуз Лайлӣ дигар касро намехоҳад. Хирадмандию боақлии Маҷнун аз инҷо зоҳир мегардад, ки вақте ки Лайлӣ ба ҷои дур гурехтанро таклиф мекунад, Маҷнун таклифро рад мекунад. Вай намехост, ки маъшуқааш шарманда шавад. Вай ишқи пок ва қонуниро мехост.
 Барои он ки наврас тарбияи дурусту комил гирад, фароҳам сохтани муҳити хубу муносиб шарт аст. Воқеан ҳам наврасон мувофики муҳите ташаккул меебанд,ки дар он зистаанд ва аз як ҷиҳати навраси ҳамон муҳит ба шумор мераванд. Дар инҷо унсури аз ҳама асосӣ оила мебошад. ҳамчунин дар ин радиф дуввум мактаб, сеюм муҳити дӯстону рафиқон ва чаҳорум рафиқонеро, ки ӯ ҳамроҳаш дарс тайёр мекунад, номбар кардан мумкин аст. Дар ҳаёти иҷтимоӣ бошад мағозаҳо, сехҳои дӯзандагӣ, дӯкони муҳандисӣ, хушкашӯй, макони либосхарӣ ва дигар ҷойҳои кориро номбар кардан мумкин аст. Агар шумо ҷойҳои сайру гашти навраси худро дуруст муайян накарда бошед ва ӯро дар ин мавзӯъ роҳ нишон надода бошед,аҷаб нест,ки ӯ рӯзе ба ягон вирус гирифтор шавад. Бале, он наврасе,ки дар муҳити расво нашъу намо меёбад,рӯзе ҳатман ба рохи бад меравад. Ба ин хотир, шумо бояд аз оилаи худ сар карда, ҳар роҳу манзил ва гузаргоҳеро, ки дар онҷо наврасонатон ба воя мерасад,аз назар гузаронида, шартҳои лозимиро фароҳам оваред,зеро илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив