Дар ҳоле, ки истилоҳи тарбия худ дар маънои васеъ ҷараёни таҳвилёбии донишу таҷриба ва андӯхтаҳои калонсолонро ба насли баъдӣ дар назар дорад, пас яқин аст, ки рушду густариши ҳар ҷодаи зиндагонӣ бидуни татбиқи ин раванд имконнопазир аст. Он гоҳ аз ин мантиқи андешаронӣ чунин бар меояд, ки чун ривоҷи ҳар ҷодаи фаъолият шурӯъ мегардад, ҳатман ки ҷараёни тарбия низ дар он самт ибтидои худро пайдо мекунад. Ва бидуни шак раванди тарбияи ҳуқуқӣ ҳам, аз ҳамин қабилҳост. Яъне бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки тарбияи ҳуқуқӣ ҳампаймони рушди ҳуқуқии гетӣ буда, сар аз даврони қадим то кунун мароҳили зиёди таърихиро сипарӣ кардааст.
Ҳамзамон бо ин, ҳанӯз дар масири таърих чун ашрофону асилзодагон, яъне ҳокимони давр ба хубӣ медонистанд, ки тараққиёти ҳар ҷомеаи кишвар ба пойдории низоми сиёсиву ҳуқуқии он давлат иртибот дорад, аз ин рӯ татбиқи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, хоса насли наврас, яъне додани донишҳои ҳуқуқиро ба эшон амри зарурӣ мепиндоштанд. Чунончӣ, мисоли мушаххаси ин гуфтаҳоро аз маъхазҳои мухталифи таърихӣ, ки то ба имрӯз ба “ёдгор” мондаанд, ба таври возеҳ дарёфтан мумкин аст. Аз ҷумла дар “Савганди шаҳрванди Ҳерсонес” (а. III т.м.) чунин дарҷ ёфтааст: “Ман нисбати ягон нафаре аз шаҳрвандон раво дидани беадолатиро дар сар намепарварам… ва ба ин роҳ намедиҳам ва пинҳон намекунам, вале ба маълумоти додгоҳ мерасонам ва аз рӯи қонун садо баланд мекунам”[1].
Ҳамчунин далели дигари омӯзонидани қонунҳо, ҳанӯз аз синни кӯдакӣ дар Юнон ва Руми қадим ҷой дорад, ки тибқи он гуфта мешавад дар Рум бачаҳои то 14-сола дувоздаҳ феҳрасти қонунҳоро айнан аз ёд мекарданд.[2]
Зимнан, дар сарзамини Осиёи Марказӣ бошад, чун аз лиҳози пешрафти ҳуқуқӣ баробар бо дигар кишварҳои бостонии мутамадин қадам мемонданд, ба масъалаи умумии тарбия, аз ҷумла тарбияи ҳуқуӣ низ, ҳанӯз аз замонҳои қадим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешуд. Азбаски дар он даврон фарҳанги ҳуқуқӣ на дар шакли холис, балки дар омехтагӣ бо арзишҳои ахлоқиву мазҳабӣ зоҳир меёфт,[3] эъдиқодманди оини зардуштӣ будани аксари аҳолӣ дар ин давра (интиҳои а. VII т.м. – оғози а. VIII м.), худ далели аз тарбияи ҳуқуқӣ бебаҳра намондани онҳост. Чаро ки Куруши Кабир, ки худ пешниҳоддорандаи нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар олам ва албатта “мудариси” он низ буд, дар робита ба такомули маънавии шахсияти раҳбар, ки Плутарх аз он дар асараш “Застольные беседы” (“Сӯҳбатҳои саримизӣ”) ёдовар мешавад, чунин изҳор доштааст: “Касе, ки барои худаш некӣ намехоҳад, ӯро месазад маҷбур сохт, то ки баҳри дигарон некӣ кунад; ба роҳбар будан лоиқ нест оне, ки худ аз тобеонаш беҳтар набошад”.[4] Вале бо ин гуфтаҳо мо иддао надорем, ки таърихи тарбияи ҳуқуқӣ ҳудуди ҳамагӣ се ҳазор солро дар бар мегирифта бошаду халос, балки месазад донист, ки сароғози тарбияи ҳуқуқӣ чун бархе дигар намудҳои тарбия: динӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ ва ғ. аз дуриҳои аз ин ҳам дуртар маншаъ гирифта, ба замони зиндагонии авлодии инсоният, яъне ба зуҳури нахустҷамъият дар рӯи замин рост меояд. Чунончӣ, андешаи мазкурро худи илми педагогика дар мавриди муайян сохтани таърихи пайдоиши ҷараёни тарбия дар умум тасдиқ мекунад. Масалан, академик Қодир Қодиров дар яке аз пажӯҳишҳои бунёдии хеш дар боби “Таърихи тарбия аз аҳди бостон то замони Сомониён” ёдовар мешавад, ки ҳанӯз дар замони қабл аз Зардуштия дар ҳудуди Эрони имрӯза ва баъзе дигар манотиқ шоҳигарии Элам (ҳ. IV – а. VII т.м.) амал мекард ва асоси сохтори иҷтимоии онро обшинаҳои рустоӣ ташкил медоданд. Пешвоёни ин обшинаҳо, ки дар маҷлисҳои умумӣ интихоб мешуданд, ҳаёти обшинаро идора намуда, дар ҳалли масоили баҳсбарангез иқдом мегирифтанд ва барои онҳое, ки бо ҷурми сарпечӣ аз риояи расму оинҳои мавҷуда (ки ба ҷои меъёрҳои ҳуқуқии имрӯза буданд) мутаҳам дониста мешуданд, муҷозот таин мекарданд[5].
Ҳамин тариқ, дар баробари давлатҳои ғарбӣ, бинобар тамаддуни бою ғаниро соҳиб будани Шарқи қадим низ, раванди тарбияи ҳуқуқӣ дар ин минтақа бо гузашти қарнҳо, тадриҷан такомули бештарро пайдо карда, дар замони падид омадан ва паҳн гардидани дину оини зардуштӣ (а. VII – VI п.а.м.) ба марҳилаи нисбатан рушди устувори худ қадам мениҳад. Зеро аз як тараф ин ҳолат ба давраи гузариш аз сохти ҷамоаи авлодӣ ба сохти ҷамъияти синфӣ, аниқтараш давлати ғуломдорӣ рост омада, аз сӯи дигар дину оини зардуштӣ ва китоби муқаддаси он “Авасто” худ таълимоте буд басо созгор дар ин самт, дар заминаи даъват ба яктопарастӣ. Яъне, агар ин ҷо возеҳтар ҳарф занем, худ ба вуҷуд омадани ҷомеаи синфӣ мӯҷиби пайдоиши дастгоҳи махсусгардонидашудаи маҷбурсозии қишри мазлуми аҳолӣ – давлат гардида, ин дар навбати худ боиси ҷойи расму одат ва анъаноти қабилавии то ин вақт амалкунандаро ишғол намудани меъёрҳои ҷадиди иҷтимоӣ – “меъёрҳои ҳуқуқӣ” мегардад. Аммо боис ба таъкиди махсус аст, ки он замонҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ на дар шакли донишҳои ҳуқуқӣ, балки дар дохили таълимоти динӣ зуҳур карда, аз ҷониби давлат бевосита дастгирӣ ва ҷорӣ карда мешуд. Чун амалишавии ин ҳама қонуниятҳои ташаккули ҷамъият дар сарзамини таърихии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон маҳз ба давраи зуҳуру домангустурии мазҳаби аслан накӯ Зардуштӣ сурат гирифтааст, табиист, ки он замонҳо тарбияи ҳуқуқӣ ҳам дар доираи таълимоти ҳамин мазҳаб ба амал баровада мешавад. Натиҷаи ҳамин буд, ки эрониён ва тоҷикони қадим, яке аз кашшофони ақида оид ба мавҷудияти ҷаннат ва ҷаҳаннам ба ҳисоб рафта, таъсири он ба рафторашон дар самти риоя шудан ва ё нашудани қонуну қоидаҳои амалкунандаи давр беназир буд. Ҳамзамон таъсири ин ақида аз тариқи мавҷудияти роҳи бузурги абрешим, ки тавассуташ дар қатори молу коло, инчунин китобҳои илмию адабии арзишманд аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол меёфтанд, ба фарҳанги диниву ҳуқуқии мардумони сарзамини Ҳинду Чин, Миср ва ҳатто Юнону Рум сурат гирифта, ҷойгоҳи худро дар таълимоти динҳои пасиҳамояндаи ҷаҳонӣ, мисоли буддоӣ, яҳудӣ, насронӣ ва ислом пайдо кардааст.
Зимнан, чунончӣ мо медонем, тарбияи ҳуқуқӣ ва ҳам тарбияи ахлоқӣ дар доираи таълимоти динӣ бо пешниҳоди касби савобу гуноҳ вобаста ба содири аъмоли хайру шар тӯли асрҳои фаровон то наздики ҳамагӣ як қарн пештар аз ин баҳри кулли аҳолии сайёра роҳандозӣ гардида, ҳосили басо қаноатбахшро низ аз худ боқӣ гузоштааст. Шояд маҳз самари татбиқи ҳамин “усули” тарбияи ҳуқуқӣ, яъне дар радифи ҷазо додан (подоши шахси бадкору бадандеш қарор гирифтанаш дар ҷаҳаннам аст) кор гирифтан аз ҳавасмандсозӣ (баҳри шахси некхоҳу накӯрафтор дар охират ҷаннатулмаъво ваъда мегардад) буд, ки кунун расидан ба қуллаи баланди тамаддун ҷомеаи ҷаҳонро насиб кардааст. Бинобар ин, бо такя ба таҷрибаи ибратомӯзи таърихӣ ва фарҳанги азалии ҷаҳон пешниҳод медорем, ки инак вақти он расида, ки тамоми қонунгузориҳо, аз ҷумла мазмуну мӯҳтаво ва мундариҷаи асноди ҳуқуқии (дунявии) кишварҳои ҷаҳон комилан тағйир дода шаванд. Ба гунаи дигар, ҳамагӣ қонунгузориҳо, махсусан кодексҳои ҷиноятиву ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд на танҳо фарогири таҳдиди ҷазо барои рафторҳои зиддиҷамъиятӣ бошанд, балки аввалтар аз ҳама роҳҳои кафолатноки расидан ба саодати зиндагӣ ва қаноат бахшидани ниёзҳои башариро дар худ таҷассум намоянд.
Бешубҳа чунин ҳолат дар сурати татбиқи амалии хешро пайдо кардан аз як тараф ба афроди гуногунсин имкон медиҳад, ки новобаста аз мавқеи иҷтимоии худ дар самти пайдо кардан ва дарки ғояҳои асосии қонунгузориҳо бо ҳар роҳу васила ташаббуси бештар зоҳир карда, бо эҳсоси манфиатбарии шахсӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд то ба зиндагонии шоиставу хушбахтона ноил гарданд. Аз ҷониби дигар боз ҳам чунин ҳолат сарфи маблағҳои буҷети давлатиро дар самти татбиқи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бамаротиб коҳиш дода, кори субъектҳои иҷтимоиро ҳам дар ин ҷода то як андоза саҳлу сабук мегардонад. Зеро ҳамакнун кори густариш бахшидани шуури ҳуқуқии аҳолӣ ба худ шакли насбатан манфиатбахш на тарбия, балки худтарбиякуниро касб мекунад, ки дар воқеъ барои афроди асосан аз 18-сола боло самари фузунтару волотарро соҳиб аст.
Гузашта аз ин, зарурияти татбиқи амалии чунин пешниҳод боз аз он ҷиҳат бармеояд, ки одамизод дар ҳама давру замони филогенез ва ҳам онтогенез хусусияти худхоҳӣ (эгоистӣ) дошта, танҳо мавҷудияти талабот ӯро ба иҷрои ин ё он тарзи рафтор водор мекунад. Аз ин рӯ, пешниҳоди мазкур аз ҳар ҷиҳат, хоса дар шароити феълӣ, ки ба болоравии ҳисси худхоҳии одамон мусоидат мекунад, басо созгор дониста шуда, оқилона кор гирифтанро аз табиати худҳоҳии одамон дар самти тарбияи ҳуқуқии эшон дар назар дорад.
Ҳамзамон бо ин, тибқи донишҳои психологӣ низ кайҳо боз собит шуда, ки хотири эмотсионалӣ ҳолатҳои ҳисси қаноатмандиро беҳтар дар хотир нигоҳ медорад ва аз ин рӯ эҳсоси ҳавасмандӣ назар ба ҷазо воситаи нисбатан зӯри тарбия ба шумор меравад.[6]
Адабиёти истифодашуда:
- 1. Долгова А.И. и др. Правовое воспитание несовершеннолетних. – М.: “Знание”, 1977. – 96 стр.
- 2. Нусратов Л.М. Проблемы формирования правосознания в современном Таджикистане. Автореф. дис. кант. юрид. наук. – Душанбе, 2008. – 26 стр.
- 3. Плутарх Застольные беседы. – Л., 1990.
- 4. Қодиров Қ.Б. Таърихи тарбия аз аҳди бостон то замони Сомониён. – Душанбе, 2012. – 240 саҳ.
Психология: китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ. / Зери таҳрири Давлатов М. – Душанбе: Собириён, 2010. – 336 саҳ.
[1] Долгова А.И. и др. Правовое воспитание несовершеннолетних. – М.: “Знание”, 1977. – С. 17.
[2] Ҳамон ҷо.
[3] Нусратов Л.М. Проблемы формирования правосознания в современном Таджикистане. Автореф. дис. кант. юрид. наук. – Душанбе, 2008. – С. 14.
[4] Плутарх Застольные беседы. – Л., 1990. – С. 340.
[5] Қодиров Қ.Б. Таърихи тарбия аз аҳди бостон то замони Сомониён. – Душанбе, 2012. – С. 84.
[6] Психология: китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ. / Зери таҳрири Давлатов М. – Душанбе: Собириён, 2010. – С. 273.
Комментарии (0)