Ғалатнависӣ то ба кай?


Ғалатнависӣ то ба кай?Аслан, дар ин мавзўъ андеша рондан масъулияти зиёд дорад, зеро забон ва ҳусни баён солҳост, ки таваҷҷўҳи бузургтарин олимону муҳаққиқонро ба худ мекашад, бо вуҷуди он дар ислоҳи ғалатҳо сари вақт ташаббус зоҳир намегардад, зеро ки масъулини иҷрои ин амал аз дарки покиза нигоҳ доштани забони модарӣ, мутаассифона, фарсахҳо дуранд. Бале, дар ин мавзўъ аз ҳама бештар муҳаққиқони барҷаста, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар китоби арзишманди хеш «Ҳар сухан ҷоеву дар нукта мақоме дорад» ва донишманди маъруф Ўктами Холиқназар дар асари «Ғалат менависем» ибрози андеша намуда, фикрҳои басо бикр баён дошта буданд. Дар ин гузориш ман мехоҳам, бо мақсади саҳме гирифтан дар татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» ва вобаста ба мавзўи тозагии забон андешаҳои тозаи хешро баён намоям.

Нохунак («») чӣ гунаҳ дошт?

Солҳои аввали ба истиқлолият расиданамон дар имлои забони тоҷикӣ низ таҳаввуле рух дод: масъулини мураттабсозии имлои нав бо чӣ андешаҳо аз истифодаи нохунак даст кашиданд. Дар натиҷа муддати кўтоҳ бошад ҳам, дар баёни андеша чунон нобасомониеҳое рух доданд, ки таъсири онҳо, хушбахтона, тақрибан баъди як сол то ба гўши масъулин ҳам рафта расид ва бо як қарор нохунакро аз нав барқарор намуданд. Ана, ҳамин тадбир, яъне, эҳё карда шудани нохунак ба раванди минбаъдаи навиштор аз худ таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ боқӣ гузошт.

Таъсири мусбат он аст, ки дар мисоли бевосита ба мо дахлдошта, вақте (тирамоҳи соли 2000) ба номи «Суғд» нахустин ҳафтаномаи мустақил таъсис намудем ва онро ҳамон рўзе, ки дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ доир ба дастгирии таклифи Президенти кишвар дар боби аз Ленинобод ба Суғд иваз кардани номи вилоят қарор қабул гардид, аз қайди давлатӣ гузаронидем. Азбаски ҳамон вақт истифодаи нохунак манъ шуда буд, барои бе истифодаи он номи нашрияро аз номи вилоят фарқ кунонида навиштан ҳатман лозим меомад, ки дар ҳама ҷо ҳафтаномаи Суғд зикр намоем, зеро дар дигар маврид онро номи вилоят фаҳмидан ҳам мумкин буд. Ба ин хотир, мо бо чунин як тадбири гуворо аз мушкилоти фавқ халос шудем.

Таъсири манфии ин тадбир, ки мутаассифона, ҳанўз идома дорад, бигузор ҳазломез ҳам бошад, шояд то ҳол нашикастани ташнагиамон ба «нохунак»-и азиз аст, ки онро акнун бамавриду бемаврид, даркору нодаркор хеле фаровон истифода мебарем.

Аслан, яке аз вазифаҳои асосии нохунак нишон додани ин ё он иқтибос аст. Ба ин маънӣ, номи ҳар кадом асар, китоб ё мақола дар нохунак навишта мешавад, амсоли китобҳои «Забони тоҷикӣ», «Табиатшиносӣ» ва ғайра. Ва дар замони шўравӣ ҳам номҳои донишгоҳу донишкадаҳо, факултаву кафедраҳои онҳо бе истифодаи нохунак навишта мешуданд. Ҳоло бошад, бо ихтирои кадом як «калламағз» қариб дар ҳама ҷо, ҳатто, мутаассифона, аксаран дар матбуоти маҳаллӣ номҳои ихтисос, кафедраҳо ва факултаҳои макотиби олиро бо нохунак менависанд, ки ин, албатта, дар муносибат ба салоҳияти ин муассисаҳо, як навъ, беэътиноист.

Боз дар бораи «ӣ»-ҳои зиёдатӣ

Воқеан, агар мо, соҳибони забон, андак боэътибор ва мулоҳизакор мебудем, бароямон мақолаи таҳқиқотии устоди гиромиқадр Муҳаммадҷон Шакурӣ бо унвони «ӣ»-ҳои зиёдатӣ», ки дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» интишор шудааст, басандагӣ мекард, то хатои кулли тарҷумонҳои чаласаводи солиёни панҷоҳуми асри гузаштаро гаштаву баргашта такрор накунем.

Азбаски дар забони русӣ табиатан сифат пеш аз исм меояд (амсоли «домашние уроки», «домашний арест»…) ва яке аз вазифаҳои ҳарфи «и»-и заданокро (ӣ) дар илми сарф (морфология) пасванди сифатсоз муқаррар кардаанд, ба тоҷикӣ ҳатман бо истифодаи «-ӣ» (-гӣ, -вӣ), яъне «дарсҳои хонагӣ», «ҳабси хонагӣ» тарҷума кардаанд. Лекин, ҳамин тадбир гўё як қоидаи таъинотӣ бошад, дар ҳама маврид ба исмҳои сифатсоз «ӣ»-ро истифода кардан боиси ғалаткориҳо шудааст. Масалан, «домашняя работа» – «кори хонагӣ», «колхозный радиоузел» – «радиоузели колхозӣ» ва монанди инҳо. Мутаассифона, ҳамин хатои ом, ки устод Шакурӣ ҳанўз қариб ним аср муқаддам нишон додаву исбот карда буданд, ҳанўз идома мекунад, чунончи, «хадамоти матбуотӣ», «иқтисоди бозорӣ»…

Магар «ў» моли бегона аст?

Вақтҳои охир дар илми забоншиносӣ кўшишҳои нигаронкунанда рух медиҳанд, ки ҳатто, қоидаҳои маъмул, гузашта аз ин, мантиқи забонро ҳам сарфи назар карда, танҳо ба хотири он ки ин ё он қавм нуқси мансуб ба забон дорад, мехоҳанд, онро зўран ба дигарон таҳмил намоянд. Ин ҷо сухан дар бораи истифодаи овози «ў» меравад.

Қабл аз ин, вобаста ба «ў» инҷониб дар ҳафтаномаи «Варорўд» (№26, 8.07.2009) бо шоир ва омўзгори мастчоҳӣ Маликнеъмат баҳс доир намуда будам, зеро ў дар мақолааш, ки «Имло таҷдид мехоҳад» ном дошт («Варорўд», №23, 10.06.2009), дар мавриди истифодаи ҳарфҳои «ў» ва «ӣ» таклиф пеш оварда буд, ки онҳо «аз дохили алифбои имрўза хориҷ карда шаванд». Вай, ҳатто, «ў»-ро «у»-и дароз (дар ҷои дигар, заданок) ном бурда буд.

Бояд гуфт, ки ҳарф ва овози «ў»-ро барои забони тоҷик бегона маънидод кардан хатои маҳз аст. Фақат, ба хотири он ки як гурўҳ тоҷикзабонон овози «ў»-ро дуруст талаффуз карда наметавонанд, онро моли бегона эълом карда, аз истифодааш даст кашидан ғояти беҳурматӣ нисбат ба забон аст. Худатон маънӣ ва сохти ин вожаҳоро як муқоиса кунед: «кўш» – «куш», «мўр» – «мур», «бўр» – «бур» ва амсоли инҳо. Магар калимаҳои «кўш», «мўр» ва «бўр» аз забони мо нестанд? Ва ё онҳоро бо «куш», «мур» ва «бур» махлут кунем, магар ҳаммаъно шуда метавонанд? Инро боз як илм – мантиқи забон исбот мекунад, ки садо ва ҳарфи «ў» асло барои забони модарии мо бегона нестанд.

Аслан, «ў»-ро талаффуз карда натавонистани ин ё он шахс, ҳатто гурўҳи соҳибзабонон, қабл аз ҳама, нуқси забони эшон маҳсуб мешавад. Боре дар яке аз маҳфилҳои дўстдорони забон ва ҳусни баён устоди барўманди забоншиносон, профессори ДМТ Баҳриддини Камолиддин гуфта буданд: «Аксар мардуми кўҳистон, аз ҷумла ҳамдиёрони ман – аштиҳо, мутаассифона, «ў»-ро талаффуз карда наметавонанд, ки ин мансуб ба нуқси забонии онҳост». Ё шевашиноси маъруф, шодравон Темурхон Мақсудов мегуфтанд, ки «ровии ҷаҳоншумул Маҳмуди Воҳид дар талаффуз ба камбудии ҷиддие роҳ медиҳад, яъне, «ў»-ро «у» талаффуз мекунад, ки ин тамоман ғалат аст».

Ба андешаи мо, дар талаффузи «ў» оҷиз будан аслан ба маҳал ҳам вобастагӣ надорад, он танҳо нишонаи фориғболист. «Машқу таълим ҳар ду мебояд» гуфтаанд, боз «аз машқ «анифгў» ҳам «алифгў» шудааст» мегўянд. Ҳангоми таълими фонетикаи забонҳои англисӣ ё хитоӣ устодон одатан талаб мекунанд, ки омўзанда ойиначаро аз даст нагузошта, тавассути он ҳаракати забонашро идора намояд ва тарзи талаффузи ин ё он овозро такрор ба такрор машқ кунад.

Пас, чаро тоҷикони, дағал шавад ҳам, ба қавле, «ў»-безор аз чунин усул истифода накарда, осонак талаб менамоянд, ки ин овоз аз забони мо дур андохта шавад?

«Аълочӣ» чӣ маънӣ дорад?

Чанд сол мешавад, ки дар ҷумҳурии мо чунин як унвони ҳукуматии мансуб ба вазорату идораҳо роиҷ аст: «Аълочии маориф», «Аълочии фарҳанг», «Аълочии матбуот», «Аълочии тандурустӣ», «Аълочии кооператсияи матлубот»… Ин чӣ маънӣ дорад? Магар то ҳол чи дар ҳукумат, чи дар вазорату идораҳо аз ин боб касе ҷиддӣ андеша кардааст?

Аслан, вожаи «аълочӣ» шакли мубҳами тарҷумаи калимаи русии «отличник» мебошад, ки танҳо хоси мактабиён асту тарзи дақиқи он бояд «аълохон» бошад. Пас, чаро ин тарҷумаи таҳтуллафзиро хоси чандин унвонҳои расмӣ гардониданд. Ин ҷо шояд сабаб он аст, ки мо як тариқати хоси тоҷикона дорем: «аввал гуфтор, баъд андеша». Ҳамин сохташиор замоне дар маҷаллаи «Хорпуштак» такрор ба такрор навишта мешуд.

Аслан, вожаи «отличник»-и русӣ маънии фарқ гузоштан («отличие от других», яъне аз дигарон фарқ, аниқаш беҳбудӣ доштан)-ро дорост. Пас, онро на ба маънии мактабиёнаи «аълочӣ», балки бо истифодаи вожаи «беҳтарин», ё ҳатто «шоиста», қабул кардан раво мебуд.

Тасаввур кунед, намунаи унвонҳои «Беҳтарин омўзгор», «Табиби ҳабиб», «Журналисти шоиста» ва монанди инҳоро… Аҷаб номҳои зебо!

Ҳамин тавр, агар мо ҳамаи ин хатоҳои омиёнаро сари вақт ислоҳ накунем, ба наслҳои оянда аз худ фақат ғалат боқӣ мегузорем.

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив