Имтиҳони тестӣ ҳам ба хонандагони мактабҳои миёна ва ҳам ба донишҷўёни мактабҳои олӣ мушкилот ва нофаҳмиҳои бисёре пеш овард. Аслан, ин маврид ҳеҷ гуна мушкилот набояд бошад. Агар мушкилот мебуд, олами пешрафтаи имрўза чун Аврупою Амрико ва баъзе кишварҳои мутараққии Осиё монанди Ҷопон, Корея, Чин, Бирма, Туркия кайҳо аз он даст мекашиданд. Воқеан, мушкилот ҳаст. Мушкилот дар коҳилӣ, танбалӣ, муфтхўрӣ, дурўғгўӣ, камҳимматӣ ва ба «пушту паноҳ» такя заданҳои мост. Ҳамин сол қарибиҳои саршавии имтиҳонҳои қабул дар ҳайати дастае дар кишвари Туркия будам ва гузорам ба яке аз мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ афтод. Он ҷо ба мо гапҳои ҳайратоваре гуфтанд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки 28 ё 29 июл (рўзи аниқаш аз тариқи шабакаҳои телевизиону радио такрор ба такрор эълон хоҳад шуд) дар тамоми мактабҳои миёна рўзу соати муайян аз тариқи тест имтиҳони қабул доир хоҳад шуд. Довталабони мактабҳои олии дилхоҳ, факултет ва шўъбаҳои дилхоҳ дар ҳамон мактабҳои таҳсилкардаашон ба воситаи Итернет ба 200-240 саволи тестӣ ба маркази имтиҳонӣ ҷавоб мефиристанд ва ҳамагӣ се рўз интизор мешаванд, то бидонанд, ки ба донишгоҳи интихобкардаашон пазируфта шуданд ё на. Агар «на», пас ба кадом донишгоҳи дигар, ба кадом касбу кори ҳамҷавор тавсия шудаанд, бо чӣ қадар маблағи шартӣ. Инро ҳам бояд бигўям, ки ба довталаб муаллими 10-12 сол дарс додааш, ҷўраи ҷонии ҳампартааш, падару модараш, агар ҳини имтиҳонсупорӣ он ҷо ҳузур дошта бошанд, кўмак намекунанд. Он ҷо «шпаргалкабозӣ» нест. Ин амалро туркҳо қаллобӣ мешуморанд ва барои чунин амал аз Худованд сахт метарсанд.
Охир имтиҳони тестӣ ва имтиҳони санҷишӣ барои бача аст, барои довталаб аст, на барои каси дигар. Ин ҷавони довталаб аст, ки мехоҳад бидонад, ки ў бо дониши воқеии дар мактаби миёна ҳосил кардааш метавонад дар мактаби олӣ ё миёнаи касбӣ, яъне аз зинаи мураккабтаре дониш бигирад.
Президенти азизу мўътабари мо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сўҳбаташ аз ҷавонон, мутахассисони оянда, меросбарони мо ҷиддӣ тақозо менамоянд, ки аз паи дониши ҳақиқии илму ҳунар бишаванд, ворисони сазовори корномаҳои падару модарони шарифашон бошанд. Дар ин росто, Вазорати маориф, соҳаи маорифи кишвар, беҳтар шудани сифати таҳсилот ва тарбияи муассири насли наврас ҳамеша пеши назари дурбину ҳамабини Президент аст.
Ҳафтаи пеш дар маҷлисгоҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Федератсияи Русия, Бонки умумиҷаҳонӣ ва муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» як ҳамоиши муфиду муассире доир гардид. Вазири маориф, академик Абдуҷаббор Раҳмонов намояндагону дастандаркорони Бонки умумиҷаҳониро бо сарварии Алберто Радригес хайра мақдам гуфта, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати амалӣ шудани Лоиҳаи нави грант барои дастгирии Маркази миллии тестӣ, ки дар асоси Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия ба вуқўъ омадааст, муборакбод кард. Ин ҷо боз ҳам гап дар бораи бебозгашт гузаштан ба системаи ягонаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ меравад, ки он ба ҳама дастрас, ошкоро, шаффоф, ҳаққонӣ ва воқеӣ бошад. Ин фақат имтиҳони тестист, ки он танҳо ба системаи миллии арзёбии дониши хонандагони Тоҷикистон асос меёбад. Дар ин система қилу қол ҷой нахоҳад дошт. Абдуҷаббор Раҳмонов аз намояндагону дастандаркорони Бонки умумиҷаҳонӣ, ҳамкорони росиягӣ барои он изҳори хушӣ кард, ки онҳо ниҳоят ба хулосаи судманде расидаанд ва барои фаъол гардондани Маркази миллии тестии Тоҷикистон 3,4 миллион доллар ҷудо кардаанд, ки он дар оянда боиси беҳбуди сатҳу савияи дониши наслҳои навраси Тоҷикистон хоҳад буд. Ў, ҳамчунон, ҳозиринро, ҳамкору ҳамкасбони содиқро ба ҳамкориҳои судманди минбаъда даъват намуд.
Сипас, роҳбари идораи маорифи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Алберто Радригес сухани ҷавобӣ гуфта, ҳозиринро бовар кунонд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ин ба баъд муносибаташро нисбат ба соҳаи маорифи Тоҷикистон гармтар хоҳад кард.
Нимаи дуюми ҳамон рўз дар маҷлисгоҳи Маркази VEFA бо сарварии ҷонишини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Ф.Раҳимов муҳокимаи масъалаҳои соҳавии Барнома бо иштироки ректорони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, фаъолони соҳаи маориф ва кормандони ВАО доир гардид. Боз ҳам вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли маҷлисгоҳ миннатдорӣ изҳор кард, ки ҳамагон ба ҳалли чунин масъалаи доғи соҳа –имтиҳони тестӣ шавқманду ҳавасманд ҳастанд.
Ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова имтиҳони тестиро як рукни муҳими донишандўзии хонандагону донишҷўён ҳисобида, гуфт, ки Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талаб менамоянд, ки мактабу маориф донишандўзию донишмандии фарзандони моро бояд дар маркази кору фаъолият ва таваҷҷўҳи худ қарор бидиҳанд. Ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, маданияту одоби онҳо боздеҳи дониши онҳо хоҳад буд. Ин дархост раҳнамои ҳар кадоми мо маорифчиён бояд бошад. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Маркази миллии тестӣ ҳам ҳамин аст, ки сифати дониш, таҳсилоти ҷойгирони мо баланд бошад.
Мушовири Сафири фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия В.Е.Венин, Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марша Олив, роҳбари идораи маорифи Бонки Умумиҷаҳонӣ Алберто Радригес ба ҳозирин аз хусуси аҳамият ва пешомадҳои барномаи татбиқи Лоиҳаи гранти (РЕАД), Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия сухан гуфтанд. Сўҳбати директори Маркази миллии тестӣ С.Ҷаъфаров аз хусуси ҳадаф ва вазифаҳои марказ буд, муовини аввали марказ Б.Менглиев Лоиҳаи нави модели системаи имтиҳонҳои ягонаро тавзеҳ дод, роҳбари Лоиҳаи гранти РЕАД Саодат Бозорова бошад, ҳадафҳои дастгирии Маркази РЕАД-ро шарҳу эзоҳ бахшид.
Комментарии (0)