СЕНАРИЯИ гузаронидани ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи муаллим» дар гимназияи ба номи Низомии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе
Вақти гузаронидан: аз соати 8-00 то 8-45 дақиқа
Ҷойи гузаронидан: саҳни гимназия
Санаи гузаронидан: 1 октябри соли 2010
Ороишот: газетаҳои деворӣ,байрақчаҳо.
-Ҷонишини директор:
Диққат! Диққат! Дар саф рост истед! Ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба «Рӯзи муаллим» кушода эълон менамоем. Хонандагони азиз! Биёед, дар зери садои мусиқӣ ва қарсакҳои шумоён бузургтарин шахс, ки дилҳоро мунаввар месозад-муалимони худро ба саҳна даъват менамоем:
Барандаи 1:
Ҳар субҳи фирӯз, хурсанду хандон,
Ба сӯйи мактаб, равем шитобон.
Қабул намояд, бо меҳри тоза,
Дар саҳни мактаб, моро ҳамеша.
Муаллими мо, муаллими мо!
Барандаи 2:
Соҳиби дониш бинмудӣ моро,
Бахшидӣ бар дил файзу сафоро.
Сарсабзии мо, аз меҳнати туст,
Чун модари худ дорем мо дӯст!
Муаллими мо, муаллими мо!
Барандаи1:
Ассалому алайкум меҳмонони гиромиқадр, Устодони меҳрубон, хонандагони азиз! Мо имрӯз дар арафаи ҷашни касбии яке аз шахсиятҳои арзандатарини ҷамъият – омӯзгорон қарор дорем. Аз фурсат истифода бурда мо, шогирдони Шумоён, устодони азизамонро бо фарорасии иди касбиашон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумоён пеш аз ҳама тансиҳатӣ, умри дароз, хонаободӣ, бахту иқболи накӯ, дар тарбияи насли наврас бошад, беҳтарин комёбиҳои назаррасро таманно дорем.
Идатон муборак, тарбиятгарони азизу арҷманд!
Барандаи 2:
Устод! Дар баробари ба забон гирифтани ин вожа дар назари мо шахси азизу мӯътабар парваришгори маънавиёти инсонӣ таҷассум меёбад. ӯ ягона шахсест, ки барои илмро аз худ кардани шогирдон ғам мехӯрад, ба ақидаи Ибни Ямин гуфтаниам, ки
То он ки тифл хонаду соҳибназар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Лаънат ба он касе,ки пас аз хатми хонданаш,
Аз меҳнати муаллими худ бехабар шавад.
Барандаи 1:
Муаллим машъали роҳи ҷамоат,
Бувад сайқалдеҳи ақлу заковат.
Ҳар инсон назди ӯ ёбад такомул,
Муаллим шаҳгуле дар боғи миллат.
(Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ)
Барандаи 2:
Суруди «Муаллим» дар иҷрои хонандагони синфи 1 «б»
Барандаи 1:
Муаллим касби инсонсоз дорад,
Калиди қулфҳои роз дорад.
Хамири хом созад нони пухта,
Дар ин раҳ санъати эъҷод дорад.
Барандаи 2:
Барои табри коти муаллимони олиқадр рақс дар иҷрои гулдухтарон (хонандагони синфи 6 «а»)
Барандаи 1:
Гуфтор дар бораи муаллим (баромади хонандагони синфи 9 «б»)
Барандаи 2:
Муаллим фахри даврон буду бошад,
Азизи ҳар як инсон буду бошад.
Ба қадри равшанӣ кас мерасад шаб,
Чароғи нурафшон буду бошад.
Барандаи 1:
Ассалому алейкум бибиҷон! Шумо касеро интизоред, ё … (Саҳнача дар иҷрои хонандагони синфи 11 «муроҷиатнома»)
Барандаи 2:
Ба устоди худ машварат соз кун,
К-аз ин маслиҳат чашми дил боз кун.
Панди омӯзгор шакару хосияти он зар аст.
Аз омӯзгор омӯз, шамъи дида бияфрӯз.
Барандаи 1:
Рақс дар иҷрои хонандагони синфи 9 «г»
Барандаи 2:
З-ин рӯз бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маъонӣ ҳам роҳбар муаллим.
Харфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
Барандаи 1:
Устодони гиромиқадр, омӯзгорони мӯҳтарам! Шӯрои хонандагон тасмим гирифтааст,ки .имрӯз дар гимназия «Рӯзи худидоракунӣ» гузаронида мешавад. Холо Шумоёнро бо маъмурият ва коллективи омӯзгорони нави гимназияи ба номи Низомии ноҳияи исмоили Сомонии шаҳри душанбе шинос менгамоем:
1) Директори гимназия – Хошимова Нилуфар
2) Ҷонишини директор оид ба корҳои таълим ва тьарбия-Салимова З.
3) Ҷонишини директор оид ба таълим: – Илҳомиддини Хайриддин
4) Ҷонишини ди ректор оид ба корҳои тарбиявӣ: Усманова Аниса
5) Ҷонишини директор оид аб корҳои тарбиявӣ: Рауфова Маҳина.
6) Ҷонишини директор оид ба корҳои ҳарбӣ: Аминов Умед
7) Ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагӣ: Ашуров Субҳон.
ва коллективи омӯзгорон.
Барандаи 2:
Буавд ҳар кор бе устод душвор,
Нахуст устод бояд в-он гаҳе кор.
Сухани табрикотӣ дода мешвад ба директории гимназия Сатторова Г.Қ.
Барандаи 1:
Ташаккур бар ту бодо устодам,
Ман аз ғамхорият бисёр шодам.
Туро як умр хоҳам кард таъзим,
Ки бар ман додаи бо сидқ таълим…
Барандаи 2:
Бо ҳамин ба ҷамъомади мо ҳусни анҷом мебахшем ва ба омӯзгорони меҳрубони мо тансихативу хонаободӣ ва дар корҳои ояндаашон комёбиҳои назаррасро орзумандем.
Барандаи 2:
Суханҳои ту, эй омӯзгорам,
Чу дур то ҷон бувад, дар гӯш дорам…
Комментарии (0)