Сенарияи дарси "Забон – асоси пойдорӣ ва устувории давлат"


ЗабонМуаллим – Устодон ва хонандагони азиз бо қарори созмони байналмиллалии ЮНЕСКО имсол соли забон эълон шудааст . Дар Тоҷикистони азиз мо низ бо пешниҳоди Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон имсол соли забони тоҷикӣ эълон шудааст . Имрӯз ҷамъ омадани мо низ махсусияти хос дорад . Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем ЮНЕСКО ҷонибдори бисёрзабонӣ ва маҳз бо ташабусси вай дар Созмони Миллали Мутаҳид дар бораи қайд кардани рӯзи умумиҷаҳонии забони модарӣ аз 21 – феврали соли 2001 қарор қабул кард. Аз ҳамон сол сар карда дар саросари ҷаҳон имрӯз ҳамчун рӯзи забони модарӣ қайд карда мешавад.
Ташабусси ЮНЕСКО оид ба дастгирии гуногунзабонӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаолияти вай ҳимояи мероси гайримоддӣ ҷавобгӯ аст . Дар ҷаҳон 7 –то 8 ҳазор забонҳо мавҷуд буданд. Имрӯз ин сарват хеле кам шудааст. Забоншиносон кӯшиш доранд ин бойгарии мазкурро барои наслҳои оянда нигоҳ доранд. Забон қисми ҷудонашавандаи мероси ғайримоддии инсон аст. Мо бояд забонамонро ҳифз намоем ва онро пос дорем.
 Акнун навбатро ба хонандагон медиҳем. Онхо дар мавзӯи: “Забон –асоси пойдорӣ ва устувории давлату миллат мебошад” барномаро тайёр карданд, ки пешкашатон менамоянд.

ХОНАНДАИ -1
 Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳуриямон бахшида ба соли забони тоҷикӣ ва бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабиниҳо гузашта истодааст. Дар якчоягӣ ҷашн гирифтани ин ду санаи бузурги фарҳангӣ бесабаб нест, зеро аввалин гӯянда ва сарояндаи забони дарии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ буд. Сурудҳо ва шеърҳои Рӯдакӣ забони моро боз зебову гуворо гардонидааст.

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост,
Чу мусиқӣ фарохафзост.
Дар олам аз ҳама ширин,
 Забони модарии мост.

ХОНАНДАИ -2

Забони Рӯдакию Саъдии мо,
Камолу Ҷомии баъдии мо.
Дарӣ буду, дарӣ эҷод карданд,
 Бинои шеъри мо бунёд карданд.

ХОНАНДАИ -3

Забони халқи мо лафзи дарӣ аст,
Ба тоҷикӣ забони модарӣ аст.
Ҳар он кӣ дӯст дорад давлати худ,
 Биомӯзад забони миллати худ.

ХОНАНДАИ -4

Ҳар он к-ӯ лутфи модарро писандад,
Ба лафзи модариаш меҳр бандад.
Чу модар ҳеҷ фарде меҳрубон нест,
 Мисоли ӯ касе ширинзабон нест.

ҲАМА:

Асоси лаҳни мо, ки модарӣ аст ,
 Шабеҳи хониши кабки дарӣ аст.

ХОНАНДАИ -5 
 Забони модарии мо яке аз муқаддасоти миллӣ ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо маҳз аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ сарчашма гирифтааст.

ХОНАНДАИ -6
 Забони тоҷикӣ тибқи қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 таҳти рақамӣ № 150 “Дар бораи забон” борри аввал рузи забонӣ тоҷикиро санаи 22-июл муайян кардааст, ки ҳамасола то соли 2009-ум таҷлили он расман баргузор мегардид. Бо тасвиб расидани қонунин нав аз 5 октябри соли 2009, таҳти №553 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин қадами ҷиддӣ барои баланд кардани устувории забонӣ тоҷикӣ асоси қонунӣ пайдо кард ва ин рӯз ҳамасола ҳамчун рӯзи забони тоҷикӣ дар ҷумҳурииамон ҷашн гирифта мешавад ва яке аз идҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад.

ХОНАНДАИ -7
Моддаи дуюми Сарқонуни (Конституция) Тоҷикистон ба забон бахшида шудааст, ки дар он гуфта мешавад.
 – Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

ХОНАНДАИ -8
 Забони модарии мо иникоскунандаи илму фарҳангамон мебошад. Он яке аз забонҳои кӯҳантарин, зеботарин ва ширинтарини дунё буда, бо мақому манзалати хеш дар ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст.

ХОНАНДАИ -9
 Тавре, ки аз таърих медонем лашкари Искандари Мақдунӣ, сарбозони ваҳшиандоми Чингизхони золим ва даҳҳо дигар сарлашкарони хомтамаъ ва бадному насаб сарзамини тоҷиконро ба хун оғушта карданд, китобхонаҳоро сӯзонданд, дӯкону корхона ва мактабу мадрасаҳоро ба хокистар табдил доданд, вале бо вуҷуди ин забони модарии мардуми моро аз байн бурда натавонистанд.

ХОНАНДАИ -10
 Ниёгони мо барои покии забон ва озодии макони тоҷикон то қатраи хуни охирин мубориза бурда, кахрамониҳои бемисл нишон доданд.

ХОНАНДАИ – 11
 Давраи авали нашъунамои забони тоҷикӣ ба забони хукумронии амирони Сомонӣ рост меояд. Ин давраро дар таърихи забон асри тиллоӣ номидаанд.

ХОНАНДАИ -12
 Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд калимаҳо ба маънои аслии худ омадаанд ва ҷои калимаҳои иқтибосиро танг намуданд.

ХОНАНДАИ -13
 Ҳоло хам дар байни мардуми мо махсусан ҷавонон нафароне ҳастанд, ки ба талафузи баъзе калимаҳо ғайри тоҷикӣ забони зебои моро олуда месозанд.

ХОНАНДАИ -14
 Ҳоло саҳнаеро пешкашатон мегардонем ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Дар саҳна ду нафар хатмкунанданони мактаби миёна, ки барои ҳуҷҷатсупорӣ ба мактаби олӣ омадаанд. Саволу ҷавоби онҳо чунин сурат мегирад:

 

– Ҷура, трани институт рафтестай?
– Чизе? 
– Мегум, институти налог рафтести?
– Ин хел институташ ҳам ҳай-ми?
– Э  чум.
– Чизе?
– Ту чо мерай?
– Ман ба вай тараф.
– Э ҷонта садка, ку биё, ҳамроҳ брем.
 – Майлаш, дукаса равем боз хубтар- гуён аз саҳна берун мешаванд.

ХОНАНДАИ-15
 Дар эҷодиёти адибони мо васфи забон мақоми хос дорад. Устодони каломи бадеъ ба ворисон таъкид намуданд, ки барои бештар омӯхтани забони модарии хеш саъю кӯшиш намоянд. Онҳо бештар хонанд ва забонро аз гуфтаҳои нохуб нигоҳ доранд.

ХОНАНДАИ-16
Устод Рӯдакӣ фармудааст.
 Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун нигарӣ, сар ба сар ҳама панд аст.

Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахӯрӣ,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Замона гуфт маро: Хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

ХОНАНДАИ-17
Абулқосим Ф. панд медиҳад
Ҳар он кас ки дониш фаромӯш кунад,
 Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.

ХОНАНДАИ-18
Аз Камолидидини Биноӣ
Ҳам забонро фосаҳо аз илм аст
 Ҳам баёнро малоҳат аз илм аст.

ХОНАНДАИ-19
 Муаллим дар охир гуфтаҳои шоири ширинкалом Хайрандешро пешкашат мегардед. Шоир дар шеъраш ба ҳуқуқхое, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд таъкид мекунад, ки барои зиндаю човидон мондани забони точики сахи гузаранд.

Гулҷаҳон:

Ту, эй тоҷик, тоҷи ҷумла инсон,
 
Машав коҳил, машав ҷоҳил бад-ин сон.
 
Зи Қонуни Забон то кай ҳаросон,
 
Ҳаросон дар заминҳои Хуросон.
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон.

Мавлуда:

Ту, эй ӯзбек, бо мо бас қаринӣ,
 
Ту ҳам осуда дар ин сарзаминӣ.
 
Илоҳӣ ҳеҷ хориро набинӣ,
 
Ки бо мо ҳамҷавору ҳамнишинӣ.
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон.

Насима:

Ту, эй рус, эй саодатманд миллат,
 
Ту, эй халқи бафарҳангу фазилат,
 
Намебинӣ дар ин ҷо ҳеҷ  зиллат,
 
Забони мо надорад ҳеҷ иллат.
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар  Тоҷикистон.

Иброхим:

Ту, эй чинӣ, ки таърихат қадим аст,
 
Нуфусат бешумар, азмат аз ин аст.
 
Худои меҳрубон бар мо  раҳим аст,
 
Ки бо ҳамсоя ҳамкорӣ муҳим аст.
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар  Тоҷикистон.

Бибиоиша:

Ту, эй дар Тоҷикистон миллати хурд,
 
Ягон тоҷик зинҳорат наозурд.
 
Гули фазлат наафсурду напажмурд,
 
Ту андар Тоҷикистон мекунӣ бурд.
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар  Тоҷикистон.

Курбоналӣ:

Забони англис эй кони гавҳар
 
Забони сабз дар сад марзу кишвар
 
Бо ту моил ҳама дунё саросар
 
Ба ту қоил ҳама дунё саросар
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон.

Адолат:

 

Ту эй турке, ки роҳ бунёд кардӣ
 
Саломат бош маро ёд кардӣ,
 
Чи мактабҳои нав бунёд кардӣ
 
Агар афтодаем, имдод кардӣ
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон.

Даврон:

 

Ту эй эронии соҳибтафаккул
 
Ҳабиби ҳамзабон, ҳамчону ҳамхун
 
Ҳамин будааст хуни чархи гардун
 
Ту бар мо шефта мо бар ту мафтун
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон.

Шахноза:

 

Дарӣ, эй лафзу аз Панҷ он тараф сабз
 
Дарӣ ширинтарину бошараф сабз
 
Дарӣ монанд аст бо садҳо талаф сабз
 
Дарӣ, эй ҷон ба ҷону саф ба саф сабз
 
Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон.

 

Сафар:

 

Ту эй тоҷик бингар ин ҷаҳонро
 
Фуруғи офтоби Ориёнро
 
Шинос Эмомалии Каҳрамонро
 
Бикун татбик қонуни забонро

Ҳама:

 

Ту коре кун, ки бошад зинда чун ҷон
 
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон!

 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив