Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386)


Мир Сайид Алии ХамадониҲаст доим салтанат дар маърифат,

Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат,

Ҳарки масти олами ирфон бувад,

Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт.

Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адаби Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ мешуморанд.

Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар ҷунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар синни 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19-солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пайдарпай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташ ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоён, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дарвоқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳлу ақрабон, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.

Ба ғарибиҳо Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна , Туркия ва дигар мамолики дунё на паи сарвату моли дунё, ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа, «Авроди фатҳия» барин асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Худи ҳазрати Сайид Алии Ҳамадони мефармояд: «Се бор аз Машриқ ба Мағриб сафар кардам, басе аҷиб даҳру дайр дида шуд ва ҳар боре ба вилояте расида расм ва одати аҳли он мавзеъ тариқи дигар дидам… 1400 авлиёи комилро дарёфтам ва аз ҳар яке баргирифтам ва аз он ҷумла 400 авлиёро дар як маҷлис дарёфтам ва ҳар яке навозиш карданд ва ҳар исме аз исмҳои оллоҳ, ки кушоиш ва фатҳи тафриқоти эшон аз он шуда буд ба ин заиф ато фармуданд ва аз он баракоти бисёр ва баҳри бешумор баргирифтам. Дар ин муддат ба қавли Саида Ашрафи Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 милоди ба вилияти Хатлон ва Кӯлоби имрӯза ташриф овард. Воқеан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарк мисли Сайид Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятро дучор меоем, ки ин қадар сафарҳо карда, ба хизмати авлиёву анбиё камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол бе назари устод кас ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.

Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо, Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.

Ин мартаба ба Сайиди Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азкони яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди у хизмати муридӣ ба ҷо оварда метавонист. Алии Ҳамадони ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист, ки ба муридии ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ – хирқаро ба шогирди хеш тӯҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст.

Он чи ки аз илму маърифат омухту ғун кард, дар сахифоти ҷудогона сабт кард ва охиран онхоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст. Дар ин солҳо аз умри бобаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд.

Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои уро барбод доданд.

Амир Темур ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Амир Темурро дар хусуси дар дарбори ӯ хизмат кардан низ рад намуд.

Ин аст, ки соли 1379 дар синни 65 солаги бо ҳамроҳии хешу ақрабон ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони худ қарор дод. Дар хусуси ин маконро ихтиёр кардани Сайид Алии Ҳамадонӣ ақидаю ривоятҳои гуногун хаст ва байни онҳо ривояти зеринро ба ёд оварданием: «Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари афсонавии Кашмир расидан дар музофоти Кабравсавод бо як гуруҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо баҳси доманадоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, бо Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуданд. Охирон, саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, сурат мегирад.

Ҳалли масъала он буд, ки вазъи гов муайян карда шавад. Олими кашмири аввалан ба ин савол ҷавоб додани шуда мегуяд, ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарифи худро тавзеҳ дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки ҳамон сафедии нуги думи гусола дар пешониаш ҷой гирифтааст.

Барои аниқ кардани фикрҳои мухталиф бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Баъди он ки пири хиради кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба у содиқ мемонанд.

Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Сринагари Ҳиндустон масҷиду мадраса сохт ва ба талқини дини мубини ислом ва ба таълифи асарҳои безаволаш машғул шуд. Ӯ пайваста аз боргоҳи Ҳазрати Самадият илтиҷо мекард, ки ҳамаи ин ранҷу риёзате, ки кашидааст қабули ҳақ гарданд ва аз эҳсону карами ӯ таоллоҳ абади бархурдор бошад:

Ё раб, зи карам бар мани дарвеш нигар, Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар. Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши ту Бар ман манигар, бар карами хеш нигар.

Ин муҳити нисбатан ором ба солҳои охири ҳаёти Сайид Алии Ҳамадонӣ рост омад. Баҳоре, ки синну соли муборакаш вориди 73 мегашт, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Оре, сафарҳои пайдарпай, муҳоҷироти солиёни зиёд, дурӣ аз ватани азизаш, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубонаш, ки қисман дар Эрону қисми дигар дар хоки Хатлон мезистанд, ва нихоят, дури аз духтараш Моҳи Хуросон, ки ба Хоҷа Абуисҳоки Хатлонӣ (1314-1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаҳисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода буд, тану рӯҳи қавии Сайид Алии Ҳамадониро заифу нотавон ва дардманд гардида буданд. Ӯ дар бистараи беморӣ буд, аммо ҳамеша диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нирӯманди онро ба забон меовард ва ҳушу хаёлаш ба сӯи ин макон буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим кард ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд. Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дарду ҳасрати ҷонгудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд;

Ҳазрати шоҳи Ҳамадони карим, Ояти раҳмат зи каломи қадим. Гуфт дами охиру таърих шуд; «Бисмиллоҳир -раҳмони-раҳим».

Мисраи охирини порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрй мутобиқ ба1386-и мелодй аст. Бояд илова намуд, ки соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар1385 мелодй гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу мунозираҳои зиёде ҳаст . Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонй дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз, Алии Ҳамадонй 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонй (ваф. 1393 ҳ.) дар «Хулосатулманоқиб» маълумоти саҳеҳ додаст.

Эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пайдарпаи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқӣ гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқҳу илоҳиёт баҳс мекунанд. Назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадони зиёдтар аз 90 номгуй мебошад. Ҳамчунин илова кардан зарур аст, ки аксари асарҳои ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақкиқонаш маълум нест.

Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макоримулахлоқ» , «Захиратулмулук», «Анворулазҳор», «Вуҷудия», «Кашфулҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузоштаанд. Баробари ин асарҳои манзуми ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайти, маснавӣ иншо шудаанд, то замони мо расидаанд.

Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажухишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешаванд.

Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ, аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегирад, вале дар ривоҷи мавзуъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд. Хоса каломи мавзунаш хеле соддаю равон, дилчаспу оммафаҳманд. Мулохиза фармоед ба ин чанд мисраи ғазали бузургвор:

Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар ӯро ёр бод, Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод. Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ, Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод. Дар ду олам нест моро бо касе гарду губор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад рохаташ бисёр бод.

Дар мисраъҳои зикрёфта чӣ хоксории оли, чӣ фурутанию самимият, муҳаббати безаволи ӯ ба насли башарият бо фасохату дилбастагии том ифода ёфтааст. Ин ғазал тахминан 600 сол мукаддам иншо шудааст, аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имруза хоса точикон номафҳум нест. Пас ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханофарини азалӣ ва пайваста бояд бигӯем: Рӯҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бошад, Сайид Алии Ҳамадони!

Шояд ҳамин неруи ақидаю афкори бикр ва соддагию оммафаҳмии забони асарҳояш бошад, ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ӯ, дӯстдорони каломи раббонӣ асрҳо инчониб вайро ҳамчун пири хирадманд хондаанд:

Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагуям, ки надонӣ, Биллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ

Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ, осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷудогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кӯмаки мусташриқон манзури ихлосмандонаш хоҳад гашт. Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасраш мурофият бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оиди шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосатулманоқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад. Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор додаанд. Алҳол дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашуданд. Ба гуфти олимон Ахмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид, Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон ассосиатсияи байналхалқии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона карда шудааст. Мутаасифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз адабиётшиносон ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидаанд. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд, ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон» (1991) ном раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза, ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд, ба хонандагон дастрас гардид.

Дуруст аст, ки дар шароити мавҷуда таҳқиқи эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан барои муҳақиқони кӯлобӣ мушкил аст, чунки аз ин олим дар вилояти Кӯлоб танҳо як асараш «Захиратулмулук», дар фонди эҳтиётии осорхонаи таъриху кишваромӯзии вилояти Кӯлоб маҳфуз аст ва истифодаи васеи хонандагон аз он ғайриимкон аст.

Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Хамадонӣ Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро ба ӯ ҳадия кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Сайид Алии Хамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба сӯи Самарқанд хасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд. Хамин вакт Баховаддини Нақшбанди Балогардон, ки дар Самарқанд мезистааст, он хасчубаро аз ҳаво дошта гирифта, назди Амир Темур мебарад ва иброз медорад, ки Сайид Алии Хамадонӣ аз ин рафтори ту дар газаб шуда, туро ана ба хамин хасчуба халок месозад. Агар мулки Кулобро ба ӯ набахшӣ, халокати ту ногузир аст. Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Хамадонӣ хасчубаи дигареро равон мекунад ва боз Баховаддини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавоноӣ надорам, якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салоҳи кор он аст, ки дархости Алии Хамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Хамадонӣ тӯҳфа мекунад.

Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмир расидан, дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохӯрду байни онҳо баҳси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатхои тулонӣ бахсу мунозира намуд. Охиран саволу чавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад, ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муайян карда шавад. Олими Кашмири аввалан ба ин савол ҷавоб додани шуда мегӯяд, ки гов дар вучуди худ гӯсола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавзеҳ дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гӯсола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гӯсола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст. Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гӯсоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта, хамон замон ба ҳаво парвоз карда, ногаҳон аз чашм нопадид мешавад.

Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кафши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромаданӣ мешавад, он кафш ба сари ӯ бархурда ба сӯи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пайдарпайи кафши сохибкаромат мубад ба назди кавмаш шармандавор бармегардад. Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама кавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба ӯ содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубини ислом, балки забони форсӣ-точикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авҷу барори тоза пайдо кард.

Ривоят дар бораи деҳаи Тудакавш Дар қисми шарқии шаҳри Кӯлоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакавш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхӯрда ва куҳансол чунин аст. Кисми зиёди ихлосмандони Алии Ҳамадонӣ аз мамолики шарқу ҷануб тавассути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин макон расидан замон аз руи ҳурмат ва эҳтироми бузургвор ҳама зохидон кавшҳои худро аз пой берун карда, сипас сӯи мақбараи хазрати Сайид Алии Ҳамадонӣ рахсипор мешуданд. Шумораи меҳмонону ихлосмандони бузургвор он қадар зиёд буд, ки ҳар рӯз он ҷо гарам-гарам тудаи кавшҳо ба амал меомад. Ҳамин ҳодиса сабаб гашта, ки бо мурӯри замон он маконро Тудакавш номиданд.

Ривояте дар бораи деҳаи Сангпар Ба қавли ровиёни рузгордида, таърихи пайдоиши деҳаи Сангпар, ки тахминан 5-км дар тарафи шимоли шаҳри Кӯлоб воқеъ гардидааст, чунин аст. Зоирон ҳангоми ба наздики маконе, ки ҳоло деҳа карор гирифтааст, расиданд, аввалан аз аспҳои худ фаромада, сӯи шаҳр равон мегардидаанд. Бо мақсади он ки дар роҳ ягон сухани ношоям ба забон нагиранд, камчинҳои худро зери дандон гузошта, то ба мақбараи бузургвор расидан, хомушона ба зикри дуруду санои ҳазрати Самадият машғул мешудаанд. Боре чанд тан марди кӯҳистонӣ бо мақсади имтиҳон кардани русуми номбаршуда аз он маҳал савора гузашта сӯи шахр роҳ мепаймуданд. Дар ҳамин асно аз тарафи теппаҳои болои деҳа ногаҳон суяшон сангпартоӣ сар мешавад.Саворон тавбаву надомат карда, аз аспҳо ба замин мефароянд ва камчинҳоро ба зери дандон гузошта, тарафи мақбараи бузургвор зикру саногӯён рахсипор мешаванд. Аз ҳамон вақт сар карда, он маконро деҳаи Сангпар мегӯянд.

Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд. Мо чунин ривоятҳоро нисбат ба Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абдурахмони Чомӣ, Хоча Баховаддини Нақшбанд, Саъдии Шерозӣ ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онҳо бо пушонидани пардаи дини ниҳоят муболигаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ дарак дода, албатта беасос нестанд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив