Зиндагӣ дар назари Рўдакӣ якнавохт нест. Ў дар кўҳаншуданҳо, навшавиҳо, ҷои вайрониҳоро гирифтани ободониҳо ва баръакс, ба харобиҳо мубаддал гардидани ободиҳо ва тазоди табиат ҳаракати доимии ҳаёт ва мавҷудотро мебинад. Ӯ қонуни диалектикии пайдоиш ва нест шудани ҳаётро дарк намуда, аз он доир ба моҳияти ҷаҳони моддӣ ва сиришти ҳаёти инсонӣ хулосаҳои ибратбахш мебарорад. Шоир мазмуннокӣ ва ширинии зиндагии одамро дар партави кўтоҳ будани умр ва ҳатмӣ будани марг ба қалам медиҳад. Аз рўи ақидаи ў, модоме ки шахс наметавонад, ки ҷисман зиндагии ҷовидонӣ ёбад, зарур аст, ки бо амали писандида ва корҳои шоиста номи нек ба даст орад. Ҳамин номи нек барои инсон умри бобақост. Азбаски шодӣ ва хурсандиҳои ҷаҳон низ пойдор нестанд, инсон бояд, ки фурсатро ғанимат шуморад, аз лаҳзаҳои гуворо дуруст баҳра гирад, бо тинати пок, ахлоқи нек, корҳои хуб, тараҳҳум ба дармондагон, меҳр варзидан ба мардум, хизмат ба халқ ва хуш гузаронидани умр зиндагии худашро пурмазмун гардонад. Тамоми фикрҳои пандомезу ахлоқии Рўдакӣ аз ҳамин ақидаи ў сарчашма мегиранд.
Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рўдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шафқат, рафоқату дўстӣ ва кўшишу кор ҷои асосиро мегиранд. Шоир бо ин роҳ дар тарбия намудани инсони комил ва парвардани ахлоқи хуб то имрўз ҳисса мегузорад. Вай ақида дорад, ки барои дарки ҳақиқати зиндагӣ кас бояд ақлу донишро кор фармояд. Вай ба воқеаю ҳодисаҳо бо чашми хирад нигариста, кўшиш намояд, ки моҳияти онро фаҳмад, ба дидани намуди зоҳирӣ маҳдуд нашавад, аз мушоҳидаи воқеаҳо ба хулосаҳои рўякӣ фирефта нагардад. Ӯ ақлу донишро ба тарзи шоирона чашми дил меномад ва панд медиҳад:
Ба чашми дилат дид бояд ҷaҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бубин ошкор,
Ниҳонӣ-тро бар ниҳонӣ гумор1
Азбаски Рўдакӣ таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон барои пешрафт ва ҳалли мушкилиҳо мешуморад, даъват менамояд, ки ҳар як шахс онро омўзад. Шоир таъкид мекунад:
Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис2 туро ба кор ояд.
Вале таҷрибаи рўзгорро фақат аз рўи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Бинобар ҳамин, инсон барои он ки хирадманд шавад, даставвал бояд дониш омўзад. Ба фикри Рўдакӣ, ки хеле ҳаётист, дониш хирадро сайқал медиҳад, чун чароғи равшанкунандаи роҳи зиндагӣ ба инсонҳо роҳи нек нишон медиҳад, аз ҳама бадиҳо, зарарҳо ва офатҳо ўро ҳимоят менамояд ва дар чашми мардум шахси донишманд ва хирадмандро мўҳтарам мегардонад. Пас инсони ҳақиқиро зарур аст, ки илм омўзад, дониш андўзад ва ҳунар ёд гирад. Ин сифатҳо дараҷаи баланди мақоми ҷамъиятии касро таҷассум мекунанд. Фарҳанг дараҷaи олии пайвастагии ақл, дониш, маърифат, адаб ва маданият мебошад. Рўдакӣ онро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бардоштанро талқин мекунад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг3 беҳ,
То тавонӣ, рўй бар ин ганҷ, неҳ.
Шоири инсондўст, чун муаллими ахлоқ тарафдори он аст, ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоқи нек, ҳунар ва дараҷаи илму дониш номбардори падару модар, аҷдод, миллат ва халқу ватани худ бошанд. Фарзандон набояд ба аслу насаби худ мaғрур шаванд, зеро аз донишу хирад ва обрўи падарон ба фарзандони ноқобилу нолоиқ нафъе нест:
Эй дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Баръакс, устод Рўдакӣ ба шахсони ҳамадон, ки мисли дарё ҳамаро аз илми худ шодоб мегардонанд, бо эҳтироми фавқулодда нигариста, аз дониши онҳо шод мегардад:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо, мардумӣ ту ё дарёӣ?!
Дар панду ҳикматҳои Рӯдакӣ масъалаҳои ташвиқи далерию мардӣ, меҳр варзидан ба инсонҳо, муҳаббат ба кишоварзу ҳунарманд, кўшишу кор, некӣ, саховат, дўстию рафоқат, шафқату мурувват нисбат ба дармондагон ва амсоли инҳо ҷои муҳимро мегирад. Ин сифатҳоро кас бо роҳи фаъолтар намудани қобилияти худ ва побанд нашудан ба тақдир зиёд мекунад. Аммо шоир қаноат, сабр, бурдборӣ, тавозўъ, фурўтанҳ ва хоксориро бо роҳи маҳдуд гардонидани нафс, пешгирии орзую ҳавасҳои беҳуда ва худдорӣ аз бадию зиштӣ тарғиб менамояд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Ба ақидаи Рӯдакӣ, барои инкишофи шахсияти инсон бар замми андўхтани дониш ва ба кор бурдани таҷрибаи рўзгор тани сиҳат, феълу атвори нағз, номи нек ва хирад низ зарур аст. Ҳар касе соҳиби ин чаҳор неъмати илоҳӣ бошад, инсони хушбахт аст ва метавонад, ки бе ташвиш зиндагӣ ба сар барад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хўи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.
Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки ҳар як фард бояд пеш аз ҳама барои хештаншиносӣ, муайян намудани мақоми худ дар ҷомеа ва тақдири ояндаи хеш мубориза барад:
Замона аспу ту роиз4, барои хешат тоз,
Замона гўю ту чавгон, барои хешат боз!
Набояд аз хотир баровард, ки дар баробари дороён одамони бенаво ва мўҳтоҷ кам нестанд. Рўдакӣ аҳволи вазнини аҳли меҳнат ва нодоронро бо зиндагии бофароғати давлатмандон муқоиса намуда, мегўяд:
Басо касо, ки бара(а)сту фархаша5 бар хонаш,
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаме наёбад сер.
Вале аз ин набояд ғамгин шуд ва ғусса хўрд, балки шоиста он аст, ки ҳар кас ба бизоати худ қонеъ бошад, ба зиндагии серу пури дигарон ҳасад набарад, ба рўзгори онҳое нигарад, ки зиндагии аз ў бадтар доранд ва шукр намояд, ки хотири ҷамъ ва ҳаёти осоишта дорад:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Суханвари бузург дӯстиӣ ва рафоқатро барои ҳаёти одам эҳтиёҷи табиӣ мешуморад. Вай дўсти ҳақиқӣ ва беғаразро меписандад. Аммо инсон набояд бо дўстони мавҷудааш конеъ шавад. Одами нек ҳамеша хоҳони некию сулҳ аст, вай ба ҷангу фитнаю ғавғо бо нафрат менигарад. Инсони ҳақиқӣ хавфнок будани душманро дониста, на танҳо бо он муросою мадоро ва созиш мекунад, балки кўшиш менамояд, ки бо рафтори ибратбахш, муомилаи сулҳхоҳона ва суханони нарм душманро ба худ дўст гардонад.
Комментарии (1)