Ҳуқуқи соҳибкорӣ мавҷудияти шакл ва намудҳои гуногуни субъектҳои фаъолияти соҳибкориро пешбинӣ менамояд. Дар қатори соҳибкории инфиродӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини субъекти фаъолияти соҳибкориро ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ эътироф менамояд: рафоқатҳои пурра ва коммандитӣ (ба боварӣ асосёфта), ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва номаҳдуд (иловагӣ), кооператив ва корхонаҳои хурд, инчунин иттиҳодияи корхонаҳо: ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ, консерн, консорсиум, синдикат, картел, холдинг ва гурўҳҳои молиявӣ-саноатӣ. Барои тасаввуроти амиқ пайдо намудан ҳар як аз ин субъекти фаъолияти хоҷагидориро дар алоҳидагӣ дида мебароем.
Рафоқатҳои хоҷагидорӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ дар намуди соҳибкории инфиродӣ имкониятҳои ниҳоят маҳдуд дошта, бештар дар мисоли бизнеси хурд паҳн гаштааст. Барои фаъолияти соҳибкории нисбатан бузургтар бояд якчанд ташкилотҳо якҷоя шуда, шакли муштараки фаъолиятро ташкил намоянд. Одатан иттиҳодияи иштирокчиёни фаъолияти соҳибкорӣ барои пешбурди муштараки бизнес рафоқатҳо номида мешавад. Иштироки шарикон дар рафоқатҳо бо созиши хаттӣ ва ё шартнома мустаҳкам карда мешавад. Бо мақсади ташкили алоқаи зич ва мустаҳкам рафоқатҳоро ҳамчун корхона таъсис медиҳанд. Рафоқатҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо қобилияти иштирокчиён, балки сармояи онҳоро низ муттаҳид гардад.
Дар қисми 1 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ки ташкилотҳои тиҷоратӣ дар шакли ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва маҳаллӣ таъсис дода мешаванд. Рафоқатҳои хоҷагидорӣ дар алоҳидагӣ дар Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нашудааст. Танҳо ишора ба таъсиси ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ мумкин аст, таъсиси рафоқатҳои хоҷагидорикунандаро бавосита дар бар гирифта бошад.
Шахсоне, ки рафоқатҳои хоҷагидорикунандаро таъсис медиҳанд, муассисони он шуморида мешаванд. Ҳар яки онҳо ба рафоқат ҳиссаи муайян гузошта, иштирокчии он мегардад. Сармояи ибтидоиро сармояи оинномавӣ меноманд.
Иштирокчиёни рафоқатҳои хоҷагидорикунанда ҳуқуқи иштирок дар идораи фаъолият, гирифтани маълумот дар бораи фаъолияти рафоқат, ошно шудан бо ҳуҷҷатҳои он, иштирок дар тақсими фоида, ҳангоми барҳам додани рафоқат гирифтани қисми моликиятро, ки баъди ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон боқӣ мемонад, доранд.
Дар навбати худ иштирокчиёни рафоқатҳои хоҷагидорикунанда дар назди ташкилоте, ки аъзои он мебошанд масъуланд. Иштирокчиён бояд талаботҳои ҳуҷҷатҳои таъсисиро иҷро карда, сари вақт ва пурра аъзоҳаққии худро пардохт намоянд, сирри тиҷоратиро нигоҳ доранд, маълумоти махфиро паҳн накунанд. Ба таркиби моликияти рафоқат воситаҳои асосӣ (бино, иншоот, таҷҳизот), воситаҳои гардон (захираи ашёи хом, масолеҳ, маҳсулоти тайёр, истеҳсолоти нотамом ва дигар арзишҳои молӣ- моддӣ), воситаҳои пулӣ ва дигар арзишҳо, ки дар соҳибикунӣ, ихтиёрдорӣ, истифодабарии он қарор дорад, дохил мешаванд.
Рафоқатҳои хоҷагидорикунанда дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Яъне онҳо ба он маънӣ субъекти мустақил намебошанд, ки ҳамчун воҳиди ягона бо номи фирмавӣ, оиннома ва моликияти алоҳида ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта намешаванд. Он иттифоқи имкониятҳои баробар одатан дар асоси созишнома фаъолият мекунанд. Ҳар яке аз иштирокчиёни рафоқат на ҳамчун коргари он, балки ҳамчун иштирокчии фаъолияти умумӣ, ки бо моликияти шахсии худ масъулият дорад, баромад мекунанд.
Вобаста аз намуди масъулияти молу мулкии иштирокчиёнаш, рафоқатҳо, якум ба рафоқатҳои пурра ва дуюм ба боварӣ асосёфта (коммандитӣ) тақсим мешаванд.
Рафоқати пурра. Ин намуди рафоқат бо мақсади пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси шартномаи байни онҳо баста шуда, таъсис дода мешавад. Рафоқатҳои пурра ихтиёрии иштирокчиёни фаъолияти соҳибкориро дар асоси бастани шартнома муайян карда мешавад.
Яке аз хусусиятҳои асосии рафоқати пурра дараҷаи баланди масъулияти молу мулкии иштирокчиёнаш оиди иҷро намудани ўҳдадориҳои қабулгардида мебошад. Дар ҳолати ноомадҳои молиявӣ, вақте ки шарикони баҳри пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ муттаҳидшуда, қарздор мешаванд, онҳо на танҳо дар доираи ҳиссаи гузошташуда, балки бо тамоми моликияти шахсиашон (ҳатто моликияти оилаи онҳо, агар мувофиқи талаботҳои ҳуқуқӣ тақсим нашуда бошад) оиди ўҳдадориҳои бавуҷудомада масъул мебошанд.
Моликияти умумие, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ муттаҳид карда шудаст, моликияти умумии ҳиссавиро ташкил дода, ҳар як иштирокчӣ ҳиссаи худро дорост. Ҳисса ҳамон қисми арзиши пулии моликиятро нишон медиҳад, ки ба иштирокчии алоҳида дахл дорад.
Рафоқати пурра шахси ҳуқуқӣ буда, дорои маҷмўи ҳуқуқҳое мебошад, ки ба он имконият медиҳад ҳамчун субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ баромад кунад. Яъне рафоқати пурра метавонад дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад. Инчунин рафоқатҳои пурра метавонанд дар муносибатҳои шартномабандӣ бо дигар субъектҳои хоҷгидорӣ иштирок кунанд, дар вазъияти зарури бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоянд ва ўҳдадориҳои муайянро бар дўш гиранд.
Намояндагӣ ва иҷрои амал аз номи рафоқат аз ҷониби иштирокчии дилхоҳи он, амали рафоқат ҳисобида мешавад. Тағйирот дар таркиби иштирокчиёни рафоқат қатъи фаъолияти онро ба миён меорад.
Рафоқати коммандитӣ ё ин ки ба боварӣ асос ёфта ба монанди рафоқати пурра иттиҳодияи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ мебошад, ки барои фаъолияти якҷояи хоҷагидорӣ дар асоси шартнома муттаҳид шудаанд. Фарқияти асосии рафоқати ба боварӣ асосёфта аз рафоқати пурра дар он аст, ки танҳо як қисми иштирокчиёнаш (комплементария) аз рўи ўҳдадориҳои рафоқат бо молу мулки худ масъулияти пурра ва иловагӣ доранд. Қисми дигари иштирокчиён, ки коммандант номбар мешаванд, аз рўи ўҳдадориҳои рафоқат танҳо дар доираи ҳиссаи гузоштаи худ масъулият доранду халос. Фаъолияти рафоқатҳои коммандитӣ дар асоси шартномаи таъсисӣ ба роҳ монда мешавад. Иштирокчии рафоқат ўҳдадор аст ҳиссаи худро дар сармояи ибтидоии рафоқат пардохт намояд. Рафоқати ба боварӣ асосёфта чун рафоқати пурра метавонад бо роҳҳои зерин таъсис дода шавад:
- Бе таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ (дар ин ҳолат ҳиссаи иштирокчиён дар тавозуни яке аз аъзоёни ҳақиқии рафоқат дарҷ карда мешавад);
- Бо таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва моликияти ҷудогона (ҳиссаи иштирокчиён дар тавозуни рафоқат ба қайд гирифта мешавад).
Комментарии (0)