Сатҳу дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ


Сотсиология мисли дигар илмҳо сохтори худро дорад. Дар маҷмӯъ сотсиологияро шартан ба ду бахш ҷудо менамоянд:
  1. Сотсиологияи назариявӣ-оиди барқароршавӣ, ташаккулёбӣ ва амалкунии умумиятҳои сатҳи гуногун ва муносибати миёни онҳо, инчунин равандҳои оммавии иҷтимоӣ ва амалҳои иҷтимоии муқаррарии инсонҳоро таҳқиқ мекунад. Сотсиологияи назариявӣ масъалаҳои илмиеро ҳал менамояд, ки бо фаҳмондадиҳии зуҳуротҳои иҷтимоӣ алоқаманд ҳастанд;
  2. Сотсиологияи амалӣ–ин маҷмӯи тарзу воситаҳои методию техникиест, ки барои ба даст овардани маълумоти аввалиндараҷаи сотсиологӣ равона гардидааст.
Инчунин олимон дар бораи назарияҳои сатҳи миёна (назарияҳои соҳавӣ) сухан мекунанд. Мафҳуми «назарияҳои сатҳи миёна» аз ҷониби сотсиологи амрикоӣ Роберт Мертон дар соли 1947 ба илм ворид карда шудааст. Масалан, сотсиологияи оила, маориф, сиёсат, дин, сотсиологияи этникӣ институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, каҷрафтори иҷтимоӣ, табақабандии иҷтимоӣ, шаҳришавӣ (урбанизатсия) ва ѓ. 

Сотсиология ҷомеаро дар ду сатҳ меомӯзад:
  1. Макросотсиология системаҳои бузурги иҷтимои ва равандҳои дурударози иҷтимоӣ – таърихиро меомӯзад, мисли: ҷамъият, системаи иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ, умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, равандҳои иҷтимоии глобалӣ: маданият, дин миллат синф ва умуман, ҷамъиятро ҳамчун як организми бутун ва ягона меомӯзад (масалан, назарияи функсионалӣ (Э. Дюркгейм, Т. Парсонс ва дигарҳо), назарияи низои иҷтимоӣ - К. Маркс, Р. Дарендорф ва дигарон);
  2. Микросотсиология-рафтори одамон, омилҳои рафтори одамон, арзишҳои онҳо, амалҳои байниҳамдигарӣ ва ба ин монандро дар муносибатҳои байнишахсӣ ва дар гурӯҳҳои иҷтимоии нисбатан хурд меомӯзад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив