Нақшаи корӣ:
1. Мафҳуми ҷамъият ва нишонаҳои асосии он2. Сохтори ҷамъият ва унсурҳои асосии он
3. Иерархия (зинабандӣ) - и низоми иҷтимоӣ (типҳои ҷомеа)
Мафҳумҳои калидӣ:
“Ҷамъият”, “сохтори иҷтимоӣ”, “нишонаҳои ҷамъият”, “навъҳои ҷомеа”, “эволютсионизми иҷтимоӣ”, “идеология”, “консерватизм”, “либерализм”, “худинкишофёбандагӣ” ва ѓайраҳо
- Мафҳуми ҷамъият ва нишонаҳои асосии он
Моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияту амали инсон асос меёбад. Инсон фаъолияти худро дар асоси муносибат бо дигар одамон, ки шаклҳо ва навъҳои онҳо дар тули таърих ташакул ёфтанд, амалӣ мекунад. Барои ҳамин дар кадом соҳаи ҳаёти иҷтимоие, ки фаъолияти инсон амалӣ шавад, вай доимо характери иҷтимоӣ дорад. Ҷамъият ҳамчун системаи калони иҷтимоиест, ки зерсистемаҳои онро иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг ташкил медиҳанд. Ҳар яке аз ин системаҳои умумии ҷамъиятӣ зерсистемаҳои бисёреро дар бар мегирад, ки унсурҳои онҳоро худи институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ѓайра ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки ҷудокунии системаи иҷтимоӣ басо шартӣ буда, онро масъалаҳо ва мақсади таҳқиқот муайян мекунанд. Масалан: дар сотсиологияи марксистӣ ҷудо кардани чор зерсистемаи ҷамъият қабул шудааст: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг. Дар доираи таҳлили сохторӣ-функсионалӣ ҳамчун зерсистемаҳои ҷамият: умумиятҳои иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, нақшҳои иҷтимоӣ, қоидаҳо ва арзишҳо ҷудо мешаванд.
Ҳамин тариқ, ҷамъият ин алоқаҳои иҷтимоӣ ва амали байниҳамии системавии муташаккилона буда, талаботҳои гуногуни одамонро таъмин ва қонеъ мегардонад, устувор, худтанзимшаванда ва худинкишофёбанда мебошад. Ҳамчун системаи бузург ҷамъият аз рӯи қонунҳои худ амал мекунад. Ин имконият медиҳад, ки ҷамъиятро ҳамчун системаи пойдори байниҳамии иҷтимоии одамон, гурӯҳҳои иҷтимоие, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунад ва бо алоқаҳою муносибатҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муттаҳид шуданд, ба анъана, урфу одат, институтҳои иҷтимоӣ ва системаи қойдавии арзишӣ такя мекунанд, дида баромадан мумкин аст. Барои дурустар дарк кардани моҳияти ҷамъият чанд аломатҳои асосии вайро ҷудо кардан лозим меояд:
- Ҳудуд-мавқеи ҷуѓрофӣ, кидар он амали якҷоя ва мутаҳиддии одамон ба вуҷуд меояд;
- Ном;
- Афзудани шумораи аҳолӣ аз ҳисоби такрористеҳсолии насл;
- Мухторият - мустақилона вуҷуд дорад ва дараҷаи баланди худтанзимнамоиро дорост. Ҳаёт ва фаъолияти ҷамъият ба воситаи институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ дар асоси он меъёрҳо ва принсипҳое, ки дар дохили худи ҷамият ташаккул ёфтаанд ба низом дароварда, идора мешавад. Танҳо дар ҷамъият инсон ба касби алоҳида машѓул шуда, талаботҳои худро ба хӯрок, манзил ва пӯшок таъмин карда метавонад, ба дастовардани илмӣ-маъданӣ ва ба пешрафти он ноил мешавад.
- Универсалиати ҷамъият ба одамон чунин шакли ташкили ҳастиро пешниҳод менамоянд, ки онҳо ба мақсади худ расида метавонанд;
- Қувваи бузурги ҳамгироӣ- ҷамъият ҳар насли инсонро ба худ мутеъ менамояд, ба ҳам меоварад ва ба фаъолият равона месозад. Одамон бо риштаи ноаён умумиятҳои забонӣ, маданӣ ба ҳам баста шудаанд. Онҳо худ ба он ҷазб мешаванд.
Ҷамъият дорои сохтори махсус ва муайяни худ мебошад. Сохтори иҷтимоӣ яке аз мафҳумҳои бунёдӣ дар мавриди дарки моҳияти ҷомеа ва тарзи мавҷудияти он ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳама гуна раванду падидаи иҷтимоӣ одатан аз омӯзиши сохтори вай оѓоз мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии омӯзиши сохтори иҷтимоии ҷомеа ин кӯшиши дарёфти заминаҳои ба табақаҳо ҷудо кардани аъзоёни ҷомеа ва хусусияти дар ин заминаҳо пайдо шудани муносибатҳо дар байни онҳо мебошад.
Оиди сохтори ҷамъият назарияи марксистӣ пешниҳодоти худро дорад. Мувофиқи ин назария ҷамъият аз синфҳо, табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ таркиб ёфтааст.Дар ташаккули фаҳмиши сотсиологии сохтори иҷтимоии ҷомеа саҳми П. Сорокин низ хеле зиёд аст. Тибқи таълимоти ӯ ҷомеа иборат на аз афроди мушаххаси алоҳида, балки аз низоми ҷузъҳои алоқамандест, ки мавҷудияти ин низом афзудани имконияти назорат аз болои рафтори одамон вобастагӣ дорад.
Сохтори иҷтимоӣ ин усули муайяни алоқа ва амали байниҳамдигарии унсурҳо мебошад. Яъне одамоне, ки аз рӯи маҷмӯи меъёрҳо ва арзишҳои дар низоми иҷтимоӣ қабулшуда мавқеи муайяни иҷтимоиро ишѓол намудаанд, мебошад.. Мафҳуми «сохтори иҷтимоии ҷамъият» - ин низоми тарафҳои ҷамъият ва робитаи унсурҳои ҷамъиятиро ифода менамояд. Ба маънои дигар синфҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ робита ва таъсири мутақолбили онҳо сохтори ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Сохтори иҷтимои ҷомеа – ин маҷмуи умумиятҳои (гуруҳҳо, табақаҳо) ба ҳам алоқаманду ба ҳам амали байни ҳами доштаи институтҳои иҷтимоӣ, мақомҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои байни онҳост. Тамоми унсурҳои сохтори иҷтимоӣ ҳамчун организми ягонаи иҷтимоӣ дар амали байниҳамианд.
Сохтори иҷтимоиро вобаста ба он, ки дар кадом асос қисмҳои таркибии ҷамъият ҷудо мешавад, ҳар хел дидан мумкин аст, мисли умумиятҳои иҷтимоӣ - териториявӣ (аҳолии шаҳр, деҳот, минтақа), иҷтимоӣ - демографӣ (аз рӯи синну сол ва ҷинс), иҷтимоӣ - этникӣ (авлод, халқият, миллат), иҷтимоӣ - синфӣ (буржуазия, прлетариат) ва иҷтимоӣ - касбӣ ҷудо кардан мумкин аст. Дар сатҳи макро сохтори ҷамъиятро системаи институтҳои иҷтимоӣ: оила, ҳуқуқ, иқтисодиёт, маориф ва илм, давлат, дин ва ѓайра ташкил медиҳанд. Дар сатҳи микроӣ бошад сохтори иҷтимоиро системаи нақшҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Аз рӯи дигар асосҳо низ ҷамъият ба сохторҳо ҷудо мешавад. Масалан, аз рӯи ба табақаҳо ҷудо шудани аҳолӣ дар асоси муносибат ба моликият: бойҳо ва камбизоатҳо; аз рӯи муносибат ба ҳокимият: идорашавандагон ва идоракунандагон; дар асоси эътиборнокии касбу вазифа ва ѓайра. Унсурҳои таркибии ҷамъият ҳамчун системаи иҷтимоӣ ин институтҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳое мебошанд, ки дорои арзишҳои муайяни иҷтимоӣ ва меъёрҳо буда, аз одамони алоҳида иборат ҳастанд, ки аз рӯи алоқаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҳам мутаҳид шудаанд ва вазифаҳои муайяни иҷтимоиро иҷро мекунанд. Ҳамаи ин унсурҳо бо ҳам алоқаманданд ва сохтори ҷамъиятро ташкил медиҳанд.
Шахс унсури тақсимнашавандаи ҷомеа мебошад. Дар ҷамъият ҳамчун система, ки аз мавҷудоти бошуур иборат аст, вазифаҳои идоранамоӣ дар мақомотҳои барои ин мақсад ташкилшуда ҷамъ карда мешавад. Алоқаҳои иҷтимоӣ ҳам дар шакли муносибат ва ҳам дар шакли амали иҷтимоӣ ва амали байниҳамдигарӣ ифода меёбанд. Амали иҷтимоӣ (ин мафҳум аз тарафи М. Вебер ба сотсиология ворид шудааст) ҳамчун шакли алоқаи иҷтимоӣ заминаи аввалини системаи иҷтимоӣ мебошад, яъне воҳиди соддатарини фаъолияти иҷтимоист. На ҳар як амали одамон, ки ба талаботи онҳо асос меёбад, амали иҷтимоӣ шуда метавонад. Амали инсон ҳамон вақт характери иҷтимоиро мегирад, ки агар:
- Амал бошуурона бошад (то ин ё он дараҷа ҷанбаи ақлонӣ дошта бошад);
- Амал ба рафтори дигарон равона гардида бошад. Дар дигар мавридҳо амали одамон амали иҷтимоӣ набуда, ҳамчун амали фардӣ мебошад.
3. Иерархия (зинабандӣ) - и низоми иҷтимоӣ
Дар ҷаҳони муосир типҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд доранд, ки байни худ аз рӯи бисёр аломатҳои аёнӣ (мисли забон, маданият, мавқеъи ҷуѓрофӣ, ҳаҷми ҳудуд) ва ҳам ѓайри аёнӣ (дараҷаи якҷоя будан ва дараҷаи устуворӣ) ва ѓайра фарқ мекунад. Таснифоти илмӣ талаб мекунад, ки аломатҳои ба худ хос ва аслӣ ҷудо карда шаванд, ки як гурӯҳи ҷамъиятро аз дигар гурӯҳҳо фарқ кунанд ва ё ҷамъиятҳои ба як гурӯҳи муайян дохилшударо муттаҳид кунанд. Навъбандии ҷамъият ин маҷмӯи нишонаҳои устуворе, ки ҷамъият ва халқҳоро дар давраҳои гуногун тавсиф мекунад. Навъбанди ба мо нишон медиҳад, ки ҷамъият чи гуна таѓйир ёфта, кадом давраҳоро аз сар гузаронидааст.
Бузургтарин антропологҳои асри XIX Э. Тейлор, ва Л. Морган ҷомеаро дар асоси инкишофи эволютсионӣ таснифот намудаанд. Морган андеша дорад, ки ҳама гуна ҷомеа дар инкишофи худ як роҳ, яъне аз «ваҳшигӣ» ба марҳилаи мобайнии «варварӣ» ва аз он ба ҳолати «таммадунӣ» тай менамояд. Дар мобайнҳои асри ХIХ Карл Маркс типологияи ҷамъиятҳоро пешниҳод кард, ки асоси вайро усули истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва пеш аз ҳама муносибат ба моликият ташкил медиҳанд. ӯ ҳамаи ҷамъиятҳоро ба панҷ форматсияи ҷамъиятӣ - иқтисодӣ: обшинаи ибтидоӣ, ѓуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистӣ, ки фазаи авали онро ҷамъияти сотсиалистӣ ташкил медиҳад, ҷудо кард.
Типологияи дигар ҷамъиятҳоро ба ҷамъиятҳои содда ва мураккаб ҷудо мекунад. Меъёр (аломат) - и асосӣ - ин сатҳи идоракунӣ ва дараҷаи ба табақаҳо ҷудошавии ҷамъият аст. Ҷамъияти содда ин ҷамъиятест, ки қисмҳои асосии вай яклухт мебошанд. Дар он сарватманду камбизоат набуда, тафриқаи сохтор ва вазифаҳо кам ҷой доранд ва ба осонӣ иваз мешаванд. Инҳо қабилаҳои ибтидоӣ мебошанд, ки дар баъзе ҷойҳо имрӯз ҳам вуҷуд доранд. Ҷамъияти мураккаб ҷамъиятест, ки дорои тафриқаи зиёди сохтор ва вазифаҳои бо ҳам алоқаманду вобаста мебошад (Г.Спенсер).
К. Поппер ду хели ҷамъият: пӯшида ва кушодаро ҷудо мекунад. Асоси фарқияти онҳо пеш аз ҳама ин муносибати назорати иҷтимоӣ ва озодии шахс мебошад. Ба шакли пӯшидаи ҷамъият сохтори иҷтимоии камтаѓйирёбанда, ҷойивазкунии маҳдуд, дарк накардани навигариҳо, анъанавӣ, идеологияи авторитарӣ, коллективизм хос ҳастанд. Ба ин хел навъи ҷамъият Поппер Иттиҳоди Шӯравии давраи Сталиниро дохил кардааст.
Ҷамъияти кушод дорои сохтори иҷтимоии тарақикунанда, ҷойивазкунии васеъ, қобилияти чизи навро қабул кардан, хосияти танқидӣ, индивидуализм ва идеологияи плюралистии демократӣ мебошад. Поппер намунаи ин хел ҷамъиятро дар давлатҳои демократии Ѓарби муосир мебинад.
Дар назарияи «ҷомеаи фаровони» - и худ Ҷон Кеннет Гелбрейт ба сифати талаботи таснифкунанда сатҳи истеъмолотро муайян мекунад. Ҷомеаи фаровонӣ мамлакатҳои тараққикардаи саноатиеро меномад, ки дар он аксарияти аҳолӣ ба сатҳи баланди зиндаги одат кардаанд. Истеҳсоли мол (маҳсулот) бефосила зиёд мегардад ва ба вуҷуд овардани талаботи сунъи ба чашм мерасад. Дар натиҷа истеҳсоли аз ҳад зиёд пайдо шуда, хариди молҳои нодаркор, танҳо барои нигаҳдории мақоми иҷтимоии худ аст.
Соли 70 - уми асри XX назарияи ҷомеаи посиндустриалӣ (баъдисаноатӣ) хеле машҳур гардид. Намояндагони он Д. Белл, А. Тоффлер, А. Турэн ва Ж. Фусате се зинаи инкишофи ҷомеаро дида баромадаанд:
- Ҷомеаи анъанавӣ ё тосаноатӣ (аграрӣ);
- Ҷомеаи индустриалӣ (саноатӣ);
- Ҷомеаи посиндустриалӣ (баъдисаноатӣ);
Адабиёт:
- Баҳромбеков В., Миров Ф. Асосҳои сотсиология. - Душанбе: “Матбуот”, 2015.
- Гидденс Э. Социология. Перев. с англ. Изд. 2-е. -М.: Едиториал УРСС, 2005.
- Гулаҳмадов Ш.Н., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011.
- Осипов Г. Социология. Основы общей теории. Второе издание. - М.: Инфра-М, 2013.
- Правильное общество. -М.: Питер, 2015
- Штомпка П. Социология. - М., 2010.
- Яковлев А. М. Социальная структура общества и право: учебное пособие для вузов. – М.: Норма, 2014.
Комментарии (0)