Нақшаи корӣ:
1. Мафҳуми “маданият” ва шарҳи сотсиологии он 242. Қисматҳои маданият 25
3. Ягонагӣ ва фарқияти маданиятҳо: 26
- Маданиятҳои универсалӣ 26
- Этносентризм ва релятивизм 27
- Субкултура ва контркултура 28
5. Диффузияи маданият 29
Мафҳумҳои калидӣ:
“Фарҳанг”, “тамаддун”, “маданияти оммавӣ”, “этносентризм”, “релятивизм”, “субъкултура”, “контркултура”, “маданияти универсалӣ”, “диффузияи маданият” ва ғайраҳо
- Мафҳуми “маданият” ва шарҳи сотсиологии он
Асоси ҳар як маданиятро арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоие ташкил медиҳанд, ки рафтору фаъолияти одамонро ба танзим медароранд. Бисёре аз рафтору одатҳои инсонҳо ба меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангиашон шакл гирифтаанд. Масалан, Дар Гренландия аҳолӣ дар назди одамони бегона шӯхи намекунанд ва намеханданд, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо бадқавоқ ва дағаланд. Маданияти онҳо чунин талаб мекунад ва ба одат табдил ёфтааст. Марказҳои хизматрасонӣ барои он ки кормандонаш бо муштариёнаш бо чеҳраи хандон муошират кунанд, онҳоро дар хориҷи мамлакат мехононанд. Америкоиҳо ва япониҳо меҳнат ва муваффақиятро қадр мекунанд, аммо барои амрикоиҳо индивидуализм хос аст, япониҳо бошад ба коллектив майл доранд. Ё меҳмондӯстии тоҷикона. Арзишҳои фарҳанги аз як насл ба нали дигар тавассути сотсиализатсия мегузарад.
Тамоми комёбиҳою дастовардҳои инсониро, ки дар тӯли ташаккули ҷомеавӣ ба даст овардаанд, ба ду қисмат ҷудо намудаанд: маданияти моддӣ ва маънавӣ. Маданияти моддӣ, қабл аз ҳама воситаҳои истеҳсолот, предметҳои меҳнати ҷисмонӣ, иншоотҳо, биноҳо, олоти меҳнат, асарҳои санъат, предметҳои рӯзгор ва ғайраҳо, ки предметҳои он бештар мушкилотҳои зиндагии инсонро осон мегардонад, кулли ҷомеа барои ба даст овардани предметҳои он саҳм мегузоранд. Маданияти маънавӣ, дар истеҳсолоту маишат истифода шудани комёбиҳо, савияи маълумот, вазъи маориф, кашфиётҳо, адои хизмати тиббӣ, санъат, меъёру одобу ахлоқи аъзоёни ҷамъият, дараҷаи инкишофи талаботу манфиати одамон ба моли маданияти маънавӣ, дониш, эътиқод, ақида, арзишҳо, идеология, ахлоқ, забон, қонунҳо, анъана, урфу одатҳо дохил мешаванд. Ҳатто ҳар як маданият муносибатҳои ғайрилафзонӣ низ дорад.
Аз рӯйи ақидаи олимон кайҳон 15 миллиард сол пеш ва сайёраи мо 4,5 млрд сол пеш пайдо шудааст. Ҳаёт дар Замин 3,5 млрд сол пеш ва 3 млн сол пеш гузаштагони мо дар Африкаи Марказӣ ба ҳаёти замини ва шикор оғоз мекунанд. Тахминан 250 ҳазор сол пеш ҳомосапенс ё инсони боақл пайдо шуда, 40 ҳазор сол пеш одамони мисли имрӯза ташаккул меёбанд. Тахминан 12 ҳазор сол пеш тақсимоти меҳнат шурӯъ гардида, дар ҳудуди Миср ва Эроқи имрӯза тамаддуни аввалин пайдо мегардад. Ҳоло дар саёраи мо зиёда аз 5 ҳазор забон ва 200 давлати ҷаҳон (20 давлат аз собиқ СССР ва Югославия пайдо шуд) ба қайд гирифта шудааст.
- Қисматҳои маданият
Урфу одат ин тарзи қолабии рафтори одамон, ки аз насл ба насл гузашта дар ҷамоаҳои муайян ва гурӯҳҳо истифода гардида, ба одати аъзоёни он мубаддал мегардад. Дар ҳамаи ҷамъиятҳо ҳазорҳо тарзи рафтор қабул гардидаанд. Бо роҳи санҷидан ва хато кардан як ё якчанд нави рафторро қабул менамоянд (масалан, тарзи хӯрок хӯрдан, салом намудан ва ғайраҳо). Агар ин амалҳо дар ҳаёти ҳаррӯза такрор шаванд, пас онҳо урф мегарданд. Агар урфу одат аз як насл ба наслҳои дигар гузарад, ба анъана мубадал мегардад. Анъана дар забонҳои аврупоӣ бо мафҳуми традитсияи калимаи лот. tқaditio гирифта шудааст. Яке аз шаклҳои рамзии манъ намудани баъзе амалҳо ва ба тартиб даровардани рафтор ин ритуал (калимаи лот. қitғalis - маросим) мебошад. Ин маҷмӯи урфу одатҳои рамзии барқарор гардидаест, ки навъҳои муқарраргардидаи равобити афродро ба танзим дароварда, аз он ҷумла тарзи сухан рондан, ки ба тариқи рамзӣ навъи алоқаи фардҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, дар умум арзишҳо, ниҳодҳо, рӯйдодҳои таърихӣ, одамон ва ашёҳои табиат ва ғайраро дар бар мегирад (масалан, русуми ҷаноза дар он баланд ҳарф задан, хандидан мумкин нест). Умуман, маданият дар ҳаёти ҷомеа ин пеш аз ҳама чун васоити ҳифзкунандаи таҷрибаи инсоният ва аз як насл ба насли дигар интиқолдиҳандаи онҳо хизмат мекунад.
- Ягонагӣ ва фарқияти маданиятҳо:
- Маданиятҳои универсалӣ
Ҳарчанд маданиятҳо аз ҳам фарқ кунанд ҳам, маънои онро надорад, ки дар байни онҳо ягонагӣ ва монандӣ дида намешавад. Сотсиологҳо кӯшиш мекунанд, ки дар байни маданиятҳои зиёд як умумиятро пайдо намоянд, ки бо забони илмӣ онҳоро маданиятҳои универсалӣ меноманд. Маданиятҳои универсалӣ ҷиҳатҳои хос ва такроршавандаи ҳаёт аст, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо мушоҳида мешаванд. Сабаби пайдоиши маданиятҳои универсалӣ дар он аст, ки баъзе аз масъалаҳо дар ҳама ҷо як хел зоҳир мешаванд ва талабот ба ҳалли онҳо чунин маланиятҳоро ба вуҷуд меоранд. Сотсиологи амрикоӣ Ҷ. Мердок дар натиҷаи тадқиқоти худ 88 намуди маданиятҳои универсалиро ҷудо намудааст, мисли “забон”, “урфу одатҳо”, “моликияти хусусӣ”, “сафар кардан”, “табақаҳои иҷтимоӣ”, “эътиқод”, “варзиш”, “мусиқӣ”, “салом додан”, “тӯҳфа намудани гул” ва ғайраҳо. Ин маданиятҳо ҳарчанд дар шаклҳои гуногун зоҳир шаванд, аммо як моҳиятро ифода менамоянд. Масалан, “оиладор шудан” маданияти универсалии ҳамаи ҷамъиятҳо ҳаст, аммо дар ҳар як ҷомеа бо урфу одат ва анъанаҳои гуногун амалӣ мегардад.
- Этносентризм ва релятивизм
Яке аз масъалаҳои сотсиологӣ баҳодиҳии одамон ба фарҳанги якдигарӣ мебошад. Одамон ба маданияти дигар аз нуқтаи назари маданияти худ баҳо медиҳад, ки онро этносентризм меноманд. Ба маданияти дигарон аз нуқтаи назари маданияти худ ҳукм рондан ва нодида гирифтан, паст задан ё рад намудани маданияти бегона этносентризм ном гирифтааст. Этносентризм ҷиҳати мусбӣ низ дорад. Он ягонагии гурӯҳро устувор мегардонад, шиддати низоъҳои дохилиро паст менамояд, мисли ширеш намояндагони як маданиятро бо ҳам “мечаспонад”, намегузорад, ки онҳо ба дигар гурӯҳҳо ё умумиятҳои бегона бипайванданд. Маданияти як халқу миллат барои намояндагонаш ягона ва беҳтарин маданият менамояд. Ҳолате мешавад, ки намояндагони як маданият маданияти дигарро паст мезананд, нодида мегиранд ва ё тавассути фишор онро нобуд кардан мехоҳанд. Яке аз мисолҳои этносентризм фаъолияти миссионерӣ мебошад, ки бо ин васила дин, маданият, тарзи зндагии худро як халқу миллат ба дигарон бор кардан мехоҳанд. Ҳоло ҳам ба давлатҳои шарқи бо роҳи зӯрӣ ё тарғиб бор кардани тарзи зиндагии ғарбӣ, демократия ва ғайраҳо.
Ба муқобили равиши этносентризм релятивизми фарҳангӣ баромад мекунад. Мувофиқи ин равия ҳар як маданиятро вобаста ба ҳаёти ҳамон халқ фаҳмидан мумкин аст. Мо моҳияти маданияти дигаронро бо воситаи муқобилгузорӣ ба маданияти худ омӯхта наметавонем. Рафтори ин ё он халқро тавассути арзишҳо, меёрҳо ва бовариҳои онҳо омӯхтан лозим аст. Ба таври объективӣ муносибат намудан ба маданияти бегона, муносибати таҳаммулпазирона нисбати урфу одат ва рафтори намояндагони дигар маданият ё ақалан мавқеи бетарафиро ишғол намудан, моҳияти релятивизми фарҳангиро ташкил медиҳад. Ҳар як маданият ҳаққи вуҷуд доштан дорад.
Мо бояд маданияти бегонаро паст назанем, намояндагони онро таҳқир накунем ва муносибати таҳаммулпазирона дошта бошем, зеро он маданият ва урфу одатҳо барои намояндагонаш арзиши баланд, қадру қимат дорад ва дар ҳаёти он халқ ягон нақшеро мебозад. Масалан, дар баъзе аз халқиятҳои инуит пиронсолони заифро барои мурдан дар хунукӣ мегузоранд. Агар аз нуқтаи назари маданияти мо ин амал ваҳшоният ва ғайриинсондӯстӣ аст, аммо барои он халқиятҳо чораи инсондӯстона пиндошта мешавад. Ба ақидаи онҳо дар он дунё одамон бо бадани мисли заминиашон бармехезанд. Аз нуқтаи назари сотсиологӣ ин анъана, онҳоро аз гуруснагӣ ва беморӣ наҷот медиҳад, зеро захираҳои моддӣ дар ин халқиятҳо намерасад ва зарурати доимо кам кардани шумораи онҳо пайдо шудааст.
- Субкултура ва контркултура
Яке аз навъҳои субкултура - ин контркултура мебошад. Меъёрҳо, арзишҳо ва тарзи зиндагии субкултура на танҳо аз маданияти вуҷуддоштаи ҳамаи ҷомеа фарқ менамояд, балки ба муқобили он мебарояд. Контркултура маданияти гурӯҳҳои иҷтимоиест, ки арзишҳо ва меъёрҳои маданияти ҳукумрони ҷомеаро инкор менамояд. Масалан, дастаи авбошон, ҷинояткорон, экстримистҳо, терористҳо, майхораҳо, нашъамандон, бомжҳо ва ғайраҳо.
- Маданияти халқӣ, оммавӣ ва эгалитарӣ
Маданияти оммавӣ бошад маҳсули тамаддуни саноатӣ аст, ки ба худ ҳамаи табақаю умумиятҳои иҷтимоиро ҷалб менамояд. Маҳз тамаддуни саноатӣ раванди урбанизатсияро тезонд, маълумоти олиро қариб ба ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ дастрас гардонид, нақши ВАО ва коммуникатсияро дар ҳаёти мардум боло бурд. Ба маданияти оммавӣ дохил мешаванд: рӯ овардан ба тарзи зиндаии шаҳрӣ, таҳсили миёнаи ҳамагонӣ ва кӯшиши таҳсил дар мактабҳои олӣ, истифодаи воситаҳои коммуникатсия, мисли компютер, телефони мобилӣ ва интернет, рушди саноати реклама, муд, ташаккули талаботҳои истеъмолӣ ва ғайраҳо.
Маданияти эгалитарӣ дар аввал муқобили маданияти халқӣ ва хоси одамони таълимдида ва тарбиядидаи шаҳрӣ буд, мисли маданияти аристократҳо. Дар асри ХХ маданияти эгалитарӣ ба зидди маданияти оммавӣ баромада, ҳамчун вокуниш ба манфиатҷӯйӣ ва манфиатхоҳӣ намоён гардид. Ба маданияти эгалитарӣ тарзи зиндагии ба истилоҳ зебо (эстетикӣ) дохил мегардад, ки ба одами муқарарӣ бегона ва нофаҳмо аст.
- Диффузия (паҳншавӣ) - и маданият
Комментарии (0)