Нақша:
1. Хусусиятҳои умумии арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ2. Каҷрафтории иҷтимоӣ ва намудҳои он
3. Назарияҳои каҷрафтории иҷтимоӣ
4. Назорати иҷтимоӣ
1. Хусусиятҳои умумии арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ
Ҳаёти инсони чунин сохта шудааст, ки рафтору амали одамон пурра ба хоҳиши худи онҳо вобаста набуда, дар доираи арзишҳо ва меъёрҳои аз ҷониби аъзоёни ҷомеа мақбулгашта сурат мегирад. Ризоияти умум ва раъйи мардум маҳз дар арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ инъикос мегардад. Бе арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ ҳамгироӣ ва таъсири мутақобилаи одамон ғайриимкон аст. Маҳз арзишу меъёрҳо ба одамон нишон медиҳанд, ки кадом рафтор барои инсон дар ҷаъмият дастрас аст ва кадом амал ба қоидаю қонунҳои муаяншудаи иҷтимоӣ мувофиқат наменамоянд. Арзишу меъёрҳоро фард тавассути раванди сотсиализатсия аз худ менамояд ва ба шахсият табдил меёбад.Ҳамаи он қоидаҳои рафтору амале, ки барои инсон муҳим аст ва талаботҳои моддию маънавии одамонро қонеъ гардонида метавонанд, арзишҳои иҷтимоӣ ном доранд. Арзишҳои иҷтимоӣ муҳимтарин унсури маданияти ҳама гуна халқу миллатҳо маҳсуб машавад ва нақши муайян намудан, интихоб кардан ва рафтори дилхоҳро мебозад. Арзишҳои иҷтимоӣ ахлоқӣ, сиёсӣ, динӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ шуда метавонад. Арзишҳоро вобаста ба аҳамияташон гуногун қадр мекунанд ва онҳо дар ҷаъмият нақши баҳодиҳӣ ё омӯзиширо ба иҷро мерасонанд. Арзишҳои иҷтимоие вуҷуд доранд, ки ба исботу далелҳо ниёз надоранд ва олӣ будани ин арзишҳоро ҳамагон эътироф намудааст, мисли ҳаёт, қадр, номус, падару модар, фарзанд ва ғайра. Арзишҳое ҳастанд, ки аз ҷониби инсон бояд риоя ва иҷро карда шаванд, мисли ҳурмату эҳтироми калонсолон, салом додан, хушгуфтор будан ва ғайра. Дар ҳолате, ки инсон арзишро риоя ва ҳифз намекунад аз ҷониби ҷомеа мавриди сарзаниш ва маҳкум қарор мегирад.
Меъёрҳои иҷтимоӣ қоида таърихан ташакулёфтаи рафтору фаъолияти одамон, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои иҷтимоиро меноманд, ки дар шакли рафтори мақбулшуда ё ӯҳдадориҳо зоҳир мегарданд. Вобаста ба субъекти иҷтимоӣ меъёрҳои расмии иҷтимоиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд:
• Қонунҳое, ки аз ҷониби мақомотҳои қонунгузор (дар Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси олӣ) ва дигар мақомоти иҷтимоӣ бароварда шудаанд. Ин меъёрҳои иҷтимоӣ дар шакли қонунҳои ҳуқуқӣ, қарор, фармонҳои маъмурӣ, тартиботи дохилӣ, низомнома ва ғайра зоҳир машаванд;
• Меъёрҳои таърихан ташаукулёфтаи ҷомеа - меъёрҳои иҷтимоие мебошанд, ки ба таври стихиявӣ ва ё дар раванди ташаккули умумиятҳо, инчунин дар зери таъсири ҳолатҳои гуногуни иҷтимоӣ пайдо шудаанд, ки онҳоро «қоидаҳои нонавишта» низ меноманд. Ба ин меъёрҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама урфу одатҳо, анъанаҳо, расму русум, меъёрҳои ахлоқ ва ғайра дохил мешаванд, ки дар зери таъсири ягон вазъияти иҷтимоӣ рӯи кор омада, ба ахлоқи зиндагии одамон пайваст гашта, дар раванди таърихӣ мустаҳкам ва бою ғанӣ шудаанд.
Меъёрҳои иҷтимоӣ ба консерватизм (кӯҳнапарастӣ) майл доранд. Ҳангоме, ки низоми иҷтимоӣ вобаста ба тағйиротҳои куллии ҷомеа тағйир меёбанд, меъёрҳо, ки муносибатҳои гузаштаи иҷтимоиро инъикос менамоянд, ба талаботҳои низоми нав ҷавоб дода наметавонанд. Танҳо каҷрафторӣ имкон медиҳад, ки одамон аз ин вазъияти ногувор берун бароянд, бо гузашти замон каҷрафторӣ ба меъёр ва меъёр ба каҷрафторӣ табдил меёбад.
2. Каҷрафтории иҷтимоӣ ва намудҳои он
Берун рафтан аз меъёри иҷтимоӣ ё берун аз меъёри аз тарафи ҷомеа қабулшуда содир кардани рафтори сиёсӣ, оилавӣ, муҳоҷиратӣ, демографӣ, нақшӣ1, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва дигар намудҳои рафтори фардҳои иҷтимоӣ каҷрафтории иҷтимоӣ номида мешавад. Каҷрафторӣ маънои аз меъёрҳои муайяншудаи ҷомеа, ташкилот, иститут ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ берун рафтани рафтору фаъолияти одамонро меноманд. Дар ҳама ҷаъмиятҳо аз меъёри муқарраршудаи ҷамъият берун баромадани рафтори одамон дида мешаванд. Яъне ба ҳаёти иҷтимоӣ на танҳо конформизм, балки каҷрафторӣ низ хос аст. Каҷрафторӣ дар ҷомеаҳои гуногун ва ҳатто субкултураҳо тағйир ёфта метавонанд. Амал ё рафтор табиатан хуб ва ё бад буда наметавонад, каҷрафторӣ ё рафтори муътадилро ҷомеа муайян менамояд. Ҷаъмият муайян мекунад, ки кадом рафтор нодуруст аст ва кадом рафтору амали одамон қобили қабул аст. Масалан, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бисёрникоҳӣ иҷозат дода шудааст, аммо дар кишварҳои мутараққӣ ин амал каҷрафторӣ ба ҳисоб меравад.Каҷрафтории иҷтимоӣ ба вақт, макон ва доираи шахсон низ алоқамандӣ дорад. Рафтори мушаххаси иҷтимоӣ метавонад барои як маданият ё ҷомеа каҷрафторӣ бошад, ҳамчун меъёри муаяншуда қабул шавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҷомеа одамкӯшӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, алкоголизм, муносибати бад намудан бо кӯдакон, фоҳишагарӣ ва монанди инҳо аз ҷониби ҷомеа рафтори мусбӣ эълон мешуда бошад. Меъёрҳои мақбулшудае ҳастанд, ки баъзе қоидаҳои рафторро дар ҳамаи ҷомеаҳо абадан маҳкум менамоянд. Вале тасаввуротҳои одамон дар бораи некию бадӣ пайваста тайғйир меёбад. Масалан, рафторе, ки қаблан содир намудани он мумкин набуд, эҳтимол дорад бо гузашти вақт ва тағйирёбии ҷомеа мақбули умум шавад. Каҷрафтори дар як шароити муайяни таърихӣ (дар ин ё он кишвар, минтақа) махсусан, ҳангоми тағйир ёфтани сохтори иҷтимоӣ ва тағйиротҳои кулли ҷомеа метавонад ба меъёри ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ табдил ёбад.
Баромадан аз меъёрҳои объективии ҷомеа ба ду самт равона мешавад: манфӣ ва мусбат. Қабл аз ҳама оммаи мардум зери мафҳуми “каҷрафторӣ” зуҳуроти иҷтимоии манфиро мефаҳмонад. Бояд ба назар дошта бошем, ки ба каҷрафторӣ ҳамчун ҳодисаи барои ҷомеа манфӣ нигаристан мумкин нест, вагарна ба догмантизм роҳ медиҳем, зеро каҷрафторӣ метавонад характери позитивӣ (мусбӣ) дошта бошад ва дар инкишофи ҷомеа нақши мусбиро бозад. Масалан, эҷодиёти иҷтимоӣ, ихтироотҳо бо намудҳо мухталифи зуҳуроташон ва амсоли ин.
Дар илми сотсиология каҷраториро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд:
• Рафтори девиантӣ;
• Рафтори делинквентӣ.
Рафтори девиантӣ (аз калимаи лотинии deviantion – берун баромадан, дур рафтан аз меъёрҳои қабулшудаи ҷомеа) метавонад ба ҷомеа таъсири харобиовар нарасонад. Масалан, риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ (мисли фоҳишагӣ, эҳтиром накардани пиронсолон) ва динӣ (намоз нахондан, рӯза нагирифтан). Рафтори деликвентӣ (аз калимаи лотинии delinqғent — ҷурм, гуноҳ, рафтори ноҷо ва калимаи англисии delinqғency - рафтори хилофи қонун, гуноҳ) ба маънои рафтори ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқӣ мебошад, ки дар он ҳаракат ва ё беҳаракатии шахс дида мешавад, дар натиҷа ба шахси алоҳида ва ё ба ҷамъият зарар мерасонад. Масалан, содир намудани ҷиноят (дуздӣ, куштор, нашъаҷаллобӣ) ва ғайраҳо.
3. Назарияҳои каҷрафтории иҷтимоӣ
Барои шарҳи каҷрафтории иҷтимоӣ якчанд назарияҳо вуҷуд доранд, ки муҳимтаринашонро чунин тасниф намудан мумкин аст:• Назарияи биологӣ;
• Назарияи психологӣ;
• Назарияи аномия;
• Назарияи гузариши фарҳанӣ;
• Назарияи стигматизатсия
Назарияи биологӣ. Моҳияти назарияи биологӣ аз он иборат аст, ки баъзе одамон аз рӯзи таввалуд одатҳои бад доранд ва ин одатҳо ба рафторҳои зиддиҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Дар охири асри XIX психологи итолиявӣ Чезаре Ломброзо назарияи табии ҷинояткориро пешниҳод намуд. Мушоҳидаи якчандсолаи ӯ дар маҳбасхонаҳо исбот кард, ки аз се як қисми ҷинояткорони ҷиноятҳои вазнинтарин ва ҷоҳилтарин содиркарда бо нуқсонҳои табиӣ таввалуд шудаанд. Чинояткори табиӣ дар шахсияти худ инстинкти бераҳмӣ (ваҳшигӣ) дорад ва ин репродуксияи авлодӣ мубошад. Ч. Ломброзо ва шогирдони ӯ дар асоси назарияи худ симои «ҷинояткори табиӣ» - ро шарҳ медиҳанд. Аз рӯи назарияи Ч. Лоброзо «ҷинояткорони табиӣ» бештар ба маймун монанд буда, бинии рост, манаҳи ғайримуқарарӣ, риши куса, дастҳои дарози маймуншаклро доранд ва ҳассосии онҳо нисбати дард дар сатҳи паст қарор дорад. Вале камбудии Ч. Ломброзо дар он буд, ки ӯ одамони оддиро бо чунин нуқсонхои табиӣ мушоҳида накард. Ин мушоҳидаро духтури англис Чарлз Горинг давом дода, исбот мекунад, ки на ҳама одамоне дорои чунин нуқсонҳо таваллуд шудаанд, ҷинояткор мебошанд.
Назарияи психологӣ. Донишманди австриягӣ Зигмунд Фрейд ба ин масъала диққат дода, сабаби қаҷрафтории инсонро дар ихтилофи дохилии шуури инсон мебошад. Мувофиқи назарияи З. Фрейд ҳар як чиз дар ҳаёти бошурона ва бешуурона амалӣ мегардад. З. Фрейд андеша дорад, ки сарчашмаи инкишофи шахсро омилҳои модарзодӣ - биологӣ (инстинкт), амиқтараш неруи умумии биологӣ - либидо (калимаи лотини liӣido - майл хоҳиш) ташкил мекунад. Ин неруи биологӣ ба давомдиҳии насл (майли шаҳвонӣ) ва ба вайронкори (агрессия ва бадхашмӣ) равона шудааст. Фрейд чунин ақида дошт, ки рафтори одам пурра бо майлҳои шаҳвонӣ ва агресияви идора мешавад. Неофредистон сабабҳои каҷрафториро аз невроз, харобии шаҳвонӣ, ҳолати ногувори асаб ва шаклҳои гуногуни дезадаптасия фард, ки боиси пайдоиши парешонхотирӣ, ғазаб, рӯҳафтодагии) фардӣ мегардад, вобаста медонанд.
Назарияи аномия. Аномия - (франц. anomie – вуҷуд надоштани қонун) ҳамчун мафҳуми муҳими сотсиологӣ ба туфайли Э. Дюркгейм ба илми сотсиология ворид шудааст. Мафҳуми аномияро Э. Дюркгейм ҳамчун вазъияти бӯҳронӣ, бемории ҷомеа, фазои холии арзишӣ - меъёрии дар давраҳои гузариш ё бӯҳронии ҳаёти ҷамъияти хос (ҳангоме, ки арзишҳо ва меъёрҳои куҳан дигар таъсир надоранду, арзишу меърҳои нав то ҳоло тасдиқ нашудаанд) мефаҳмид. Яке аз зуҳуротҳои аномия - худкушӣ (суицид) мебошад. Э. Дюркгейм дар асари махсуси худ «Худкушӣ» аномияро як шакли махсуси (охирони) каҷрафторӣ номидааст. Ба андешаи намояндаи дигари назарияи аномия Р. Мертон сабабии асосии каҷрафтории ин нобаробарии иҷтимоии одамон мебошад. Ба фикр ӯ одамоне, ки аз табақаи паст ҳастанд ва ба корҳои «сиёҳ» машғуланд, қодир нестанд соҳиби боигарӣ шаванд, барои дастовардҳои моддӣ ба каҷрафтории иҷтимоӣ даст мезананд, мисли; дуздӣ, ғоратгарӣ, одамкушӣ ва ғайра.
Назарияи гузариши фарҳангӣ. Сотсиолог ва криминологи машҳури фаронсавӣ Габриэл Тард (1843 - 1904) дар охири асри ХIХ бо «назарияи тақлидаш» моҳияти рафтори девиантиро фаҳмондааст. ӯ тасдиқ намуд, ки ҷинояткорон ҳамчун одамони ботартиб ба рафтори шахсоне, ки дар ҳаёташон дучор шудаанд ё шунидаанд ё медонистаанд, тақлид мекунанд. Дар солҳои 1920 - 1930 сотсиологони университети Чикаго хостанд фаҳманд, ки чаро дар як қатор ноҳияҳои шаҳр ҷинояткорӣ афзудааст, аз ин рӯ як қатор тадқиқотҳои сотсиологӣ гузаронданд ва маълум шуд, ки дар баъзе маҳалаҳои шаҳри дараҷаи ҷинояткорӣ чандин сол боз уствор меистад, агарчанде ҳайати аҳоли тағйир меёбад. Пас олимон ба хулоса омадаанд, ки ҷинояткори аз як насли ҷавон ба насли дигар мегузаштааст, ҷинояткорони ҷавони таҳҷоӣ ба ҷавонони навомада намунаи ибрат мебошанд.
Назарияи стигматизатсия. Каҷрафтории иҷтимоӣ дар назарияи стигматизатсия хело ҷолиб таҳлил гардидааст. Стигма калимаи юнонӣ - stigma гирифта шудааст ва маънои нишона, тамға ва ё лақабро дорад. Ба илми сотсиологи ин мафҳумро И. Гоффман ворид намудааст. У зери мафҳуми стигма доғ ё лақаберо мефаҳмад, ки ба рафторҳои иҷтимоии инсон гузошта мешавад. Фард дар байни омма дорои лақаб мешаванд, ки уро ҳамчун нишонаи девона, ҷинояткор, таҷовузкор, бекор, фиск, нашъаманд медонанд. Тамға ӯро барои дигарон бегона месозад. Онҳое, ки тамғаи ҷинояткорро гирифтанд, хешро бад ҳис мекунанд, шаҳрвандон бо онҳо кордор шудан намехоҳанд, аз онҳо дустону хешу табор рӯ метобанд. Аз ин рӯ, чунин одамон бо гурӯҳҳои ашхоси ба худ монанд ҳамроҳ мешаванд, ки онҳо фарҳанги худро доранд. Дар навбати худ аъзошави ба чунин гурӯҳи девианти ба коркарди услуби ҳаёти девиантӣ мусоидат менамояд ва онро аз одамони росткор дур месозад. Инак муофиқи назария стигмактизатсия девиатсия на аз худи рафтори ҷинояткор, балки аз баҳодиҳи ба рафтори у вобаста аст. Баъди тамға мондан ба рафтори ӯ, ашхос муофиқи ин баҳо минбаъд рафтору амал менамояд.
Комментарии (0)