Яке аз нависандагони пурмаҳсули адабиёти тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ барои тарбияи наслҳои оянда асарҳое офаридааст, ки тӯли чандин асрҳо арзиши худро гум накарда, балки барои инсони нексиришт шудани хонандаашон саҳми босазо гузоштаанд. Саволе ба миён меояд, ки кадом фикрҳои адиб ба мо панду ахлоқ, сидқу софо ва шуҷоатро меомӯзад? Хостам дар ин бора ақидаҳои худро баён созам.
Барои одам аз таълим дида тарбия муҳимтар аст, зеро тарбия асоси хуби зиндагии инсонист. Шахси ботарбия бо ақлу дурандешӣ ва хушзабонии худ аз ҳар гуна вазъиятҳои зиндагӣ ба осонӣ баромада метавонад. Барои комил намудани тарбияи худ моро боз зарур аст, ки таълим низ дошта бошем. Асарҳои Кошифӣ моро аз таълим ва тарбия огоҳ хоҳанд кард. Ӯ дар асари «Футувватнома» дар одоби сухан андешаҳои судманде гуфтааст. «Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ одобро риоя накунад, аз ин шараф бебаҳра бимонад. Ҳангоми сухан гуфтан, кас бояд кушодарӯй бошад, овоз баланд накунад, бо киноя сухан нагӯяд, сухани гӯяндаро набурад, суханаш инсонҳоро ба покиву ростӣ ҳидоят намояд» ва монанди инҳо. Бо ин гуфтаҳо адиб моро панд медиҳад, то ки соҳиби одобу ахлоқ бошем ва дигаронро аз худ розӣ гардонем.
Сухан санҷида гӯ, то дӯстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетааммул ошно бегона мегардад.
Дигар масъалае, ки Кошифӣ бештар диққат додааст, муносибати байни устод ва шогирд мебошад, ки риояи он хеле муҳим аст. «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад, ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Шогирд бояд ба устод содиқона хизмат кунад, дилу забонаш як бошад, устодро эҳтиром намояд, эътироз ба гуфтори устод накунад ва ғайраҳо. Устод низ дар навбати худ боинсоф, донишманд, рафтори намунавӣ дошта бошад.» Оре, омӯзгор худ месӯзаду роҳи шогирдонро мунаввар мегардонад. Афкори Кошифӣ моро содиқ ва вафодор будан нисбати омӯзгорро меомӯзад. Ба ақидаи ман, ба қадри устод касе расида метавонад, ки одоб, рафтор, виҷдон ва мақсад дошта бошад.
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест.
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Асари «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Кошифӣ низ пандуахлоқӣ буда, дар хусуси саховат, эҳсон ва мардонагӣ гуфтааст. «Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон мӯҷиби дӯсткомӣ ва хурсандист. Яке аз фазилатҳои ҷавонмардӣ дӯст доштани ҷавонмардон аст, гарчанде ки аз некӣ баҳрае бар эшон нарасида бошад.» Ман тарафдори афкори нависандаи хушзабон ҳастам, инсони мард ва мардсират бузургиву шуҷоаташро аслан дар амалҳои нек нишон дода тавонад, на дар ҳавобаландӣ.
Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бармеояд, ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ тарғибгари панду ахлоқ буда, бешубҳа падари маънавии мост. Дар ҷамъият инсоне обрӯ, ҳурмат ва мавқеъ пайдо карда метавонад, ки дар ахлоқ, вафо, сахо ва ҷавонмардӣ пойдор бошад.
Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.
Комментарии (0)