Дар замони ҳозира барои хушбахт шудан муҳаббати ҳақиқӣ, пул ё ки бойигари зарур аст?


Пул ё хурсандиБа дунё ҳамчун як махлуқи олитарин офарида шудани инсон ин худ бахти бузургест беҳамто. Лекин ҳамагон бахтро дар ҳар чӣ мебинанд. Пас суоле ба миён меояд, ки худи ман хушбахтиро дар чӣ медида бошам, дар пул, мол ё ки дар муҳаббати ҳақиқӣ? Мехоҳам дар ин бора фикри шахсии хешро баён созам. 

Аслан, барои комилан хушбахт будан, муҳаббат ҳам, пул ҳам, дороӣ ҳам, албатта, зарур аст. Вале ишқу муҳаббат нисбати пулу мол дар ҳаёти шахсӣ дар ҳама замон пойдеворест мустаҳкам. Дороӣ бошад девори он. Агар дороии бешумор бошаду саломативу оила набошад, асло хушбахт нестӣ. Ба муҳаббати ҳақиқӣ ишқи пок, садоқат, поквиҷдонӣ, шикастанафсӣ ва ҳамдилӣ шомил мешаванд. Ишқу муҳаббат ин неъмати олитарин, мӯъҷизаи дилнишин ва эҳсоси меҳрбин дар ин олам баҳри одам аст, ки ҷойи онро чизе иваз нахоҳад кард. Ман худ дар зиндагии оилавиамон шоҳиди он  гаштаам, ки ҳангоми якдигарфаҳмиву хушзабонии падару мадарам гӯё аз симояшон гулу аз даҳонашон атр мерезад. Бар замми ин, дар зиндагӣ аз гуноҳи ҳамдигар гузаштан, сабру таҳаммулро пеша кардан низ санъати зиндагӣ будааст.

Ишқ дар дил шӯълаи субҳи садат будааст,

Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. (Лоиқ)

Ошиқ касест, ки қалбаш дар такопӯ, забон бегуфтугӯ, чашм меҳрҷӯ, ақл тирарӯ. Номзади ҳақиқӣ ба ошиқ бошад, онест, ки аз розу ниёз ва қалбу эҳсоси ёри арзандаи хеш бохабар аст. Лек, мутаассифона, ҷавононе ҳастанд, ки гуфтаҳои болоро сарфи назар карда, меҳри саршори муҳаббатро аз дил неву аз чизу чора умедвор мешаванд, ки ин амалҳо аз сохта будани ишқи эшон гувоҳӣ медиҳад. Ошиқу маъшуқи ҳақиқӣ дар зиндагӣ устувор буда, ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро ба осонӣ паси сар менамоянд. Зебогӣ ва вафодории ёрро на аз зоҳир, балки аз ботини дӯстдоштаашон меҷӯянду баҳо медиҳанд, ки ин аз субҳи саодатманд доштани дилдодагон нишонаест. Лек саодатмандӣ низ пайроҳаҳои ноҳамворро дорост. Барои онро убур намуда, ба мақсуд расидан, маҳоратро дар ишқ талаб менамояд. Умари Хайём мегӯяд: «Агар Худованд касеро саодатманд намудан хоҳад, мушкилиро пешорӯяш меорад, зеро ки роҳи осон барои хушбахтӣ вуҷуд надорад».

Хулоса, ба ақидаи ман хушбахтӣ, аввало, дар муҳаббати ҳақиқӣ буда, асоси онро ишқ, ақл, саломатӣ, нерӯи меҳнат ва иродаи қавӣ ташкил медиҳанд. Инсони ин хислатҳоро доро албатта инсони комилан хушбахт шуда метавонад.

«Хушбахт касест, ки хизмати ёр кунад».


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив