Об неъмати бебаҳову беназир баҳри инсон аз ҷониби Яздон аст. Об ҳасту ҳаёт пойдор. Об яке аз чаҳор унсури муҳими табиат дар радифи хоку боду оташ буда, асоси пойдории оламу одам мебошад. Ҳангоми омадани хушксолӣ шахсиятҳои бузург ва ихтирокорони беҳамто низ об ихтироъ нахоҳанд кард. Аз ин хотир суоле ба миён меояд, ки мо ба қадри об чӣ гуна бояд расем ва онро чӣ тавр покиза нигоҳ дорем? Мехоҳам оиди ин мавзӯъ ақидаҳои худро гуфта бошам.
Сараввал, барои ба қадри об расидан оқилона, дурбинона, самаранок ва покиза нигоҳ доштани онро хуб донистан зарур аст. Албатта, тарбияи истифодаи дурусти обро бобову бибӣ ва падару модарон меомӯзанд. Онҳо насиҳат мекунанд, ки ашхоси обро исрофкарда рӯзе ба он зор хоҳад шуд. Аз ин хотир, барои мӯҳтоҷи як қатра об нашудан, нахуст дар ҳар коре, ки бо истифода аз об анҷом меёбад, меъёрро бояд донист. Мутаассифона, дар ҷамъият ашхосе ба назар мерасанд, ки аз чорчӯбаи истифодаи об огоҳ нестанд. Ҳавзу обанбор ва ҷӯйборҳои хонаву маҳаллаашон аз ифлосӣ касро нороҳат мегардонаду нафраташро дучанд. Шояд мақоли «Тозагӣ - гарави саломатӣ»-ро то ҳол надонанд. Агар атрофии ҳавзу ҷӯйборро бо шинонидани гулу райҳон оро диҳем, ҳам олами афсонавиро мегираду ҳам бӯйи хуши гул бо об ҳамнишин мегардад.
Ба мисли:
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.
Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки об ва масъалаи доир ба он аз масъалаи муҳими глобалӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии кураи заминро имрӯз норасогии об ба ташвиш овардааст. Хушбахтона, Тоҷикистони мо аз кӯлу пиряхҳо бой буда, фаровонии дарёҳои кишварро таъмин менамоянд. Вале ин фаровонӣ маънои исрофу ифлос кардани ин неъмати Худододро надорад. Мо халқи покнажоди ориёиро мебояд байти зерро шиори худ созем.
Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Хосияти покизагии об маро низ водор сохт, ки дар васфи об шеъре эҷод намоям.
Об неъмати Худодод,
Зи баҳри одамизод.
Зинда бо об дар ҳаёт,
Инсону ҳам наботот.
Сарчашмаи об чӣ сон,
Ҳосил шавад ба моён.
Медонед шумо дӯстон?
Аз яху барфу борон.
Ҳоло даҳсолаи об,
Барои амал шитоб!
Сарфаю тоза намо,
Агар бошӣ боҳаё.
Рӯшноии хонадон,
Ҳатто зи об, азизон.
Надонӣ қимати он.
Зор мешавӣ бегумон.
Биёед ба қадри об ,
Расем аз баҳри савоб.
Мақсади «Даҳсолаи байналмилалии амал - «Об барои рушди устувор, 2018-2028» эълон кардани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии 177 давлати дунё низ ғамхорӣ баҳри халқ аз норасоии об буд ва ҳаст. Инак, моро зарур аст, ки барои хиёнат накардан ба моли давлат маблағҳои моҳонаи обро сари вақт бояд супорем ва обро тоза нигаҳ дорем.
Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки агар ҳар як фарди соҳибақл обро тоза нигоҳ дорад ва сарфа намуданро дар оилааш зери назорати қатъӣ қарор диҳад, беҳтар мегардад. Инчунин, кӯдакони онҳо низ дар ҳамин руҳияи солим тарбия хоҳад ёфт.
Комментарии (0)