Устод шахсест тарбиятгар, таълимдиҳанда ва бинокунандаи чашми ақлу хиради шогирд. Ӯ чун офтоб ба гулҳои бӯстон нурпошӣ намуда, барои шукуфтану нашъунамои он сабабгор мегардад. Олиму донишманд, устову ҳунарманд, табибу мулло - ҳама ва ҳама аз устод сабақ гирифтаанд.
Инак, андеша савол медиҳад: «Устоди аввалини ту кист? Саҳми эшон дар камолоти маънавии ту чанд?» Хостам авроқи хотираҳоро варақ зада, ба олами кӯдакӣ баргардам.
Устоди аввалини ман, Худо ҷояшонро дар биҳишт карда бошад, зани меҳрубон, ширинкалом ва хоксор Ахмедова Мунавварҷон буданд. Аввалин рӯзи қадам гузоштанам ба мактаб, бо баробари дидани симои дилрабои устодам, дили кӯчакам пур аз фараҳ гардида, модари худро ба хотир овардам, чунки шогирдонро чун фарзанди хеш бӯсида қабул мекарданд. Беҳтарин фазилати инсонии устодамро ман дар суханронии маҳину форам, ботамкинӣ ва чашми пур аз меҳр медидам. Инчунин, Ахмедова чунон либосҳои шинаму зебандаи миллӣ ба бар менамуданд, ки бинандаро хушҳол менамуд. Усулҳои гуногуни дарсашон бошад, шогирдонро зираку ҳушёр намуда, барои иттифоқ шудани аҳли синф хизмат мекард. Ҳатто ҷараёни танқиди талабагон аз ҷониби устод ба насиҳат наздикӣ дошт, ки аз санъати баланди равоншиносӣ далолат медод. Маҳз, маҳорату малака, баёни гуфтор, самимияту меҳрубониҳои эшон сабаб шуд, ки банда низ касби омӯзгориро пеша намудам. Дар ҳақиқат, барои тарбиятгари хуб шуданам, маро мебояд чун устодам гуманист бошам, то ки меҳнатам самараи хуб диҳаду дар дилу дидаи шогирд нишинам. Барҳақ, гузаштагони мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В - аз падар устод дар пеш аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Шиори устоди қадрдонам шоҳбайти Саъдии Шерозӣ буд, ки ҳоло дар ҳаёт ва фаъолият шиори ман гардидааст.
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Хулоса, меҳри модарӣ ва дониши баланди касбии Ахмедова Мунавварҷон буд, ки мо шогирдон дар аксари соҳаҳои гуногун фаъолият дорему дар ҷамъият мавқеъ. Он кас мардонавор дар бунёди манораи ақл саҳми шоиста гузоштанд. Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳоло устоди аввалини хешро аҳли ҳамсинфон ба некӣ ёд намуда, аз даргоҳи Парвардигор хоҳонем, ки ҷойгоҳашонро боғи фирдавс гардонад.
Комментарии (0)