Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Забон хоси инсон буда, маҳз ба воситаи он афкор мукаммал ифода меёбад. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Пас саволе пайдо мешавад, ки: чаро маҳз забон пояи миллат аст? Мехоҳам андешаҳои худро баён созам.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхат буда, се марҳилаи инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав. Баъди Инқилоб давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Яъне, забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум ба воситаи асарҳои адибони муосир наздик гардид. Халқи тоҷик зиёда аз ҳазор сол бо забони ноби тоҷикӣ сухан карда, фарҳанги арзишманди хешро аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Забон бозгӯкунандаи миллат, пешбарандаи давлат, инчунин, асоси ҳастии Ватан буда, ифтихор ва номуси мост! Аз ин хотир забонро пояи миллат меноманд. Инчунин, эҳтироми забон шинохти миллат аст. Шоир Аскар Ҳаким барҳақ гуфтааст:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс, асолати худро нигоҳ дошт. Шоиру нависандагон ва донишмандони асил, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Айниву Турсунзода асарҳои бемислу ҷовидонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод намуда, шуҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд. Хусусан, Садриддин Айнӣ бо китоби ҳуҷҷатиаш «Намунаи адабиёти тоҷик» (с. 1924) нохалафоне, ки халқи тоҷикзабонро туркони тоҷикшуда гуфта, ҳастии сеҳазорсолаи тоҷиконро инкор карданд, халқи ориёнажодро аз вартаи душман халос намуд. Китоби мазкур вазифаи бурҳони қотеъро барои рукни азалии миллат иҷро намуд, ки басо арзиданист. Шеъри Бозор Собир аз шахсиятҳои содиқи Ватан сухан мекунад:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан.
Хулоса, забон нишона аз миллати соҳибзабону соҳибмақом аст. Оре, ҳар як фарди баномуси миллат уҳдадор аст, забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Мақоми давлатӣ қабул кардани забон (5.10.2009.) бори дигар ба мо барои донистани нозукиҳои забони модарӣ роҳ мекушояд.
Комментарии (0)