Худписанди далели нодонист


Калимаи «худписанд» дар луғат маънои «худбин, худпараст, калонгир, мутакаббир» - ро дорад, «нодон» бошад, одами бедониш, беақл, ҷоҳил ва аҳмақ.

Инак саволе бармехезад, ки оё худписанд будан ба шарафи одамӣ зебанда аст? Магар ин гуна ашхос дар зиндагӣ ба монеаҳо дучор намешаванд?

Дуруст аст, ки шарафи одамӣ бар оқиливу шарму ҳаё ва дониши хуби арзанда ба сано. Лек сад афсӯс, ки худписанд дар ҳеҷ як давру замон соҳиби обрӯву эътибор нагаштааст ва нахоҳад гашт, чунки атвори ин гуна шахсон зебандаи хислатҳои одамӣ нест. Ҳар як амал ҷою мақом ва низому чорчӯбаи худро дорост. Яъне, «ҳар сухан ҷойеву ҳар нукта мақоме дорад».

Шахс ҳамон вақт худшинос шуда метавонад, ки ба худ савол диҳад: -«Аз куҷо омадам, ба куҷо меравам, сабаби ба дунё омадан, мақсад ва вазифаҳои ман аз чӣ иборатанд?». Сипас ҷавобро дарёфт намуда, ба амалаш кӯшиш намояд, вагарна худшиносу оқил гардидани худписанди нодон амрест муҳол. Бузургон барҳақ гуфтаанд:

Худписандӣ далели нодонист,

Охири он фақат пушаймонист.

Ё ки:

Ҷойе, ки некӣ ҳаст, бадиро макон нест.

Агар ҷавонон пай бурда бошанд, устодон, волидон, пиронсолон мудом ба насли наврас насиҳатҳо карда, мехоҳанд онҳоро ба роҳи рост равона созанд. Мақсад аз ин он аст, ки онҳо намехоҳанд кору амале, ки калонсолон кардаанду дидаанду шунидаанд ва аз иҷрои он ба мақсад нарасидаанд, ҷавонон низ он хатогиҳоро такрор намоянду дар зиндагӣ гумроҳ зананд. Аз ин хотир, панди бузургон гавҳари қиматбаҳоест барои тарбияи мо. Дар ҷамъият ашхосе ба назар мерасанд, ки бесабаб такаббуру худписандӣ мекунанд, гӯё атрофиён дар назди онҳо беқадр, лек намефаҳманд, ки худашон дар назди дигарон ҳеҷанд. Ин гуна касон дар ҳаёти шахсии худ мудом ба нофаҳмиву норозигиҳо рӯ ба рӯ гардида, боиси сар задани моҷаро мешаванд. Дар натиҷа аз ҳаёти ширин, обрӯву эътибор, қадру қимат, номи нек ва боварии атрофиён эмин мемонанд. Ба ин маънӣ Риёкин мёгӯяд: «Ганҳо нафаре дар ҳаёт муваффақ шуда метавонад, агар дили нарм, хуни гарм, ақли солим ва руҳи осуда дошта бошад».

Ё ин ки Носири Хусрав мегӯяд:

Гар ба олам обрӯ мебоядат,

Пас туро хулқи накӯ мебоядат.

Хулоса, бо гузашти айём инсон дар назди худ ҳисобот медиҳад. Аз сарчашмаҳое, ки таълим гирифтааст, аз устоду оила ва атрофиён тарбия дидааст, ёдовар мешавад, камбудиву муваффақияти зиндагии худро дар назди виҷдонаш таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Он гаҳ ба хулосае меояд, ки ҳаёташ мусбӣ гузашт ё манфӣ. Агар бомақсадона бошад, нуран алонур, агар не, худкардаро даво нест, ё ки пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

Имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ.

Е ки:

Вафо хоҳӣ аз умр, ҷафокаш бош. (Ҳофиз)


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив