Таъсири муносибати волидон ба фарзанд


Таъсири муносибати волидон ба фарзандВолидон пас аз Худо Худои мо, маҳу ситораи зиндагӣ, замини саховатманд, офтоби бағал-бағал меҳр, ҳаёти саршор аз муҳаббат ва бахти бутуни инсоният мебошанд. Бо баробари шунидани калимаи волидон симои зебову нуронии падару модар пеши назар меояду насиҳатҳои намакини эшон дар гӯш садо медиҳад.

Инак, суоле ба пайдо мешавад, ки волидайн ба равони фарзанд чӣ гуна таъсир расонида метавонанд? Хостам афкори хешрооиди ин масъала то андозае баён созам.

Рисолати олии инсон ёдгор гузоштан аст, ин ҳам бошад, фарзанд. Волидон боғбону фарзандон ниҳоланд. Боғбон ниҳоли худро хуб парвариш намояд, аз он меваи ширину серҳосил хоҳад гирифт. Дар урфият мегӯянд: «Кӯдак амалҳои дидаашро иҷро менамояд, на гуфтаҳоро». Ман ба ин фикр сад андар сад розиям, зеро дар ҳаёти шахсиям қариб пурра амалҳои падару модарамро, ки дар овони хурдсолӣ дидаам, иҷро менамоям. Аз ҷумла, тоза нигоҳ доштани сару либос ва хона, пухтани таомҳои бомазза, муомила бо хешу табор ва ҳамсояҳо, ҳурмати аҳли хонавода, сабру таҳаммул дар зиндагӣ, насиҳатҳои судманд ба фарзанд ва ҳоказо. Ман хуб дар хотир дорам, ки ҳангоми мактабхонӣ супоришҳоро новобаста аз фан, бо падарам иҷро менамудам ва пайваста назорат мекарданду мегуфтанд: «Агар суоле пайдо шавад, ё кӯмак лозим бошад, ман тайёрам». Ҳоло ин анъанаро бо шавқи зиёд ва дилбастагии тамом нисбати фарзандонам давом дода истодаам. Волидон давлате меборшанд, ки ба моли дунё натавон баркашид. Инсон на танҳо дар хурдӣ, балки то он даме, ки падару модар ҳаёт ҳастанд, аз онҳо меомӯзад ва ба онҳо тақлид менамояд. Рӯзе ба модарам суол кардам: «Модарҷон, Шумо ин қадар зани нексиришт, хоксору дасткушод ва саховатманд ҳастед? Магар мо фарзандон мисли Шумо инсони комилан нек шуда метавониста бошем?» Посухи модар: «Медонӣ, духтарам, ҳоло шумоён аз ман дида ғамхору меҳрубон, хушбахту хуштолеъ ва арзандаи номи худ мегардед, зеро банда дуогӯйи шумоён ҳастам». Бо баробари шунидани ин калом ашки чашмонам сурати марҷонро гирифту забонам аз ҳарф монд. Бори дигар иқрор гаштам, ки волидонам барои мо фарзандон бе шубҳа намунаи ибратанд. Шиори волидонам гуфтаҳои Саъдӣ буданд: «Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ барҳаманд» барои хамин, фарзандонам, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набояд шуд. Маҳз чунин гуфтаҳо шахсро дар зиндагӣ қавиирода ва устувор мегардонанд.

Лек изҳори нигаронист, ки баъзан байни модару духтар ва падару писар пардаи шарму ҳаё вуҷуд надорад. Фарзандони ин гуна ашхоси ноқобил, Худо нокарда, рӯзе бо амали ношоиста ба номи худ ва волидонашон доғ хоҳанд гузошт, ки норавост.

«Зиндагӣ чун песаи театр аст, муҳим он нест, ки чӣ қадар он тӯл мекашад, муҳим хуб нақш офаридан аст». (Сенека)

Хулоса, волидон ойинаи тарбия дар назди фарзандон мебошанд. Ҳатто дар Қуръони карим омадааст, ки агар падару модар фарзандонашонро виҷдонан пок тарбия намоянд, дари биҳишт ба рӯйи онҳо боз аст. Банда ҳақ дорам худро дар зиндагӣ хушбахт гӯям, чунки падару модари соҳибмаърифат ва насиҳатгӯ дорам. Бошад, ки фарзандонам низ аз ҳастии волидонашон ифтихор намоянд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив