Муносибати босалоҳият бори аввал дар Англия коркард шуда буд. Он на дар дохили низоми маориф, балки ҳамчун ҷавоб ба фармойиши мушаххаси соҳаи касбӣ (бозори меҳнат) ба миён омад.
Дар ИМА дар соҳаи тиҷорат солҳои 70-уми садаи гузашта мафҳуми “салоҳият” ва “салоҳиятҳои асосӣ” дар робита бо муайян намудани сифати корманди муваффақ истифода мегардид. Аз ҳамон давра салоҳиятҳо ба дониш ва малакаи махсуси касбӣ муқобил гузошта мешуданд. Яъне, салоҳиятҳо ҳамчун ҷузъи фаъолияти касбии бомуваффақият арзёбӣ мешуданд. Табиист, ки саволе ба миён меомад: оё салоҳиятҳоро омӯхтан мумкин аст? Маҳз бо ҳамин сабаб “салоҳият” вориди низоми маориф гардид ва оҳиста-оҳиста мавқеи хеле муҳим пайдо кард.
Соҳаи маориф бо воҳидҳои асосӣ – дониш, малака ва маҳорат сари кор дошт. Соҳаи касбӣ бо воҳидҳои дигар - салоҳиятҳо. Дар ин ҷо ихтилоф ба миён омад, касбият бо салоҳиятҳо сари кор дорад, аммо таълим – бо дониш, малака ва маҳорат. Саволе ба миён меояд: Чӣ гуна дониш, малака ва маҳоратро ба салоҳиятҳое, ки на танҳо соҳаи касбӣ, инчунин вазъиятҳои таълимӣ, ҳаётӣ ва истеҳсолот талаб мекунанд, мутобиқ созем?
Назари муҳаққиқон ба мафҳуми “слоҳият”
№ | Муаллиф | Шарҳ |
С. Велде | Салоҳиятҳо - талаботи нисбатан бегона ва барои оянда пешбинишуда ба омодасозии таълимии хатмкунанда аст, ки дар назди воҳиди барномаи таълимӣ гузошта мешавад ва ҷавҳари босалоҳиятиро ташкил медиҳад. | |
Босалоҳиятӣ хислати шахсӣ, маҷмӯи донишҳо, малака ва маҳоратҳои гуногунҷабҳа ва фикрронии тағйирпазир аст. | ||
Э.Ф. Зеер | Дар баробари дониш, малака ва маҳорат, ба сохтори салоҳият таҷриба, яъне ҳамгиройии яклухтгардидаи амалҳо, усулҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо дохил мешаванд. | |
Т. Е. Исаева | Махсусияти салоҳият дар қобилияти шахс ҳангоми истифодаи донишҳои андӯхта, малака ва маҳорати бадастомада, бунёди мазмунҳои нав, иттилои нав, объектҳои воқеият дар ҷараёни худтакмилдиҳии муттасил зоҳир мешавад. | |
Ҷ. Равен | Босалоҳиятӣ: қобилияти шахс дар иҷрои самарабахши амалҳо дар соҳаи фаннӣ (ихтисос), аз ҷумла, донишҳо дар риштаҳои маҳдуди тахассусӣ, малакаҳои фаннии навъи махсус, усулҳои фикрронӣ, дарки масъулият барои рафтори худ аст. | |
Г.К. Селевко | Салоҳият – омодагии субъект барои истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ ва берунии худ ҳангоми гузоштани мақсад ва расидан ба мақсад аст. Ба захираҳои дохилӣ дониш, малака ва маҳорат, малакаҳои фарофаннӣ, босалоҳиятӣ (усулҳои фаъолият), махсусиятҳои психологӣ, арзишҳо ва монанди инҳо дохил мешаванд. | |
Ю. Г. Татур | Босалоҳиятӣ сифати интегралии шахс аст, ки кӯшиш ва омодагии ӯро ҳангоми татбиқи неруи худ (дониш, малака, таҷриба, сифатҳои шахсӣ ва ғ.) барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи муайян нишон медиҳад. | |
А. В. Хуторской | Босалоҳиятӣ – тавсифи маърифатӣ ва ҳамгиройии сифати омодасозии хонанда аст, ки бо қобилияти ба таври маҷмӯӣ қабул кардани дониш, малака ва усулҳои фаъолият аз ҷониби ӯ дар доираи масъалаҳои байнифаннӣ алоқаманд аст. | |
Э. Шорт | Салоҳият идора кардани вазъият дар шароити тағйирёбандаи муҳити атроф, қобилияти нишон додани аксуламал ба таъсири муҳит ва тағйир додани он аст. |
Салоҳият ва босалоҳиятӣ чист? Ба ҷавоби ин савол муносибатҳо гуногунанд. Гуфтан мумкин аст, ки ҷавоби ягона вуҷуд надорад, таснифоти ягонае ҳам дар мавриди салоҳиятҳо нест, ки ҳама қабул дошта бошанд.
Мо ахбору маълумоти гуногун ва зиёдеро дар даст дорем, аммо моро лозим мешавад, ки бо роҳи сара кардан шарҳу тафсири саҳеҳтару равшантар ва мазмунан пурғановатро интихоб намоем, то ки мулоҳизаҳои худро баён карда тавонем.
Аз рӯйи ақидаҳои овардашуда ба чунин хулосаҳо омадан мумкин аст:
- аввалан, фаҳмиши ягонаи салоҳият ва босалоҳиятӣ вуҷуд надорад;
- дуюм, баъзе ақидаҳо бештар ба амалҳои беруна, баъзеи дигар ба махсусиятҳои ботинӣ нигаронида шудаанд;
- сеюм, донишҳо ҳамчун ибтидои малакаҳо муайян шудаанд;
- чорум, баъзе ақидаҳо унсурҳоеро дар бар мегиранд, ки ҳамчун маҷмӯи арзишҳо ва муносибатҳо фаҳмида мешаванд.
Биёед, пеш аз ҳама, ин мафҳумҳо (салоҳият ва босалоҳиятӣ)-ро аз нуқтаи назари ҳодисаҳои воқеии маъмул ва гайримаъмул аз ҳаёти одамони машҳур таҳлил намоем: Уилсон Бентли, шахсе, ки умри худро ба омӯзиши зарраҳои барф бахшида буд. Ӯ олим не, балки як суратгир буд. Вай аввалин маротиба зарраи барфро дар махмали сиёҳ 15-уми январи соли 1885 расм гирифта буд. Дар он замон суратгирак хеле одӣ буд. Аммо Бентли ин суратгиракро бо заррабин (микроскоп) таҷҳизонида буд. Технологияе, ки Бентли истифода кард, бо номи микрофотография машҳур шуд. Дар тўли умри худ Бентли беш аз 5 ҳазор сурати зарраҳои барфро гирифта буд. Суратгир Бентли ва олим Перкинсон бори нахуст эълон карданд, ки дуто зарраи якхела вуҷуд надорад. Диққати Бентлиро на танҳо зарраҳои барф, инчунин шаклҳои гуногуни ях, абр ва туман ҳам ба худ ҷалб карда буданд. Ӯ дар ИМА аввалин шахсе буд, ки ҳаҷми қатраи боронро муайян кард ва аввалин физике буд, ки абрҳоро омӯхт.
Барои ба вуҷуд овардани фаҳмиши васеътар чанд маълумоти дигар дар бораи ҳаёти ин шахси эҷодкор меоварем:
«Зарраҳои барфро таҳти заррабин (микроскоп) мушоҳида карда, фаҳмидам, ки онҳо муъҷизаи табиатанд; аз он рӯҳафтода шудам, ки ин зебоиро касе намебинад», – эътироф карда буд Бентли соли 1925. Вақте ки олимон ва суратгирони касбӣ бори аввал суратҳои Уилсон Бентлиро диданд, ба аслияти онҳо шубҳа карданд, зеро бовар надоштанд, ки зарраҳои муқаррарии барфро бо чунин тарз сурат гирифтан мумкин бошад. |
Бентли Уилсон |
Соли 1931 китоби машҳури ӯ “Кристаллҳои барфӣ” аз чоп баромад, ки он 2500 сурати зарраҳои барфро фаро мегирифт ва ҳеҷ кадоме аз онҳо ба якдигар монанд набуданд. «Суратҳои Бентли ба стандартҳои имрӯза мувофиқат намекунанд, зеро ӯ бо таҷҳизоти куҳна кор карда буд, вале 100 соли дигар ҳам зарурате нест, ки ин зарраҳоро касе аз нав сурат гирад”, мегӯяд Кеннет Г. Либбрехт – профессори физика дар Пажӯҳишгоҳи Калифорния.
Уилсон Бентли маҳз ба хотири ҳамин зарраҳои барф фавтид: 23-юми декабри соли 1931 роҳи беш аз шаш милро дар зери тӯфон тай карда, ба бемории шамолхӯрии роҳи нафас гирифтор шуд ва аз ин беморӣ вафот кард.
Биёед, акнун кӯтоҳакак таҳлил мекунем, ки ин шахси наҷиб дорои кадом салоҳиятҳо буд:
Салоҳият | Тавсифи салоҳият | Тасдиқи натиҷаҳои фаъолият |
Эҷодкорӣ |
| Технологияи микрофотографияро сохт (суратгиракро бо заррабин (микроскоп) пайваст кард). Китоб нашр кард. Шаклҳои гуногуни табиии обро омӯхт: абр, ях, борон ва туман. Андозаи қатраи боронро муайян кард. |
Тафаккури интиқодӣ |
| Аввалин сурати зарраи барф танҳо пас аз чанд сол, баъди чандин озмойиш ва хатоҳо ба даст омад. Дар китоб суратҳо тасниф карда шудаанд. Ошкор кард, ки ду заррачаи ба ҳам монанд вуҷуд надорад. Омилҳои пайдоиши кристаллҳо, абр ва туманро омӯхт. |
Маҳорати омӯхтан |
| Олим набуд, суратгири касбӣ буд. Аввалин физике шуд, ки абрҳоро омӯхт. Омӯзиши заррачаҳои барф назарияи кристаллҳоро комилтар гардонид. |
Ин ҷо лозим аст, ки бо мақсади мушаххас намудани андешаҳои асосӣ чанд хулосаи муҳимро қайд кунем:
- Салоҳият аз ҷониби шахс дар фаъолияте, ки барои ӯ арзиш дорад, зоҳир мешавад ва ташаккул меёбад.
- Салоҳият аз маҷмӯи мураккаби амалҳое иборат аст, ки ҳамгиройиро талаб мекунад, на маҷмӯи одии дониш ва малакаҳои қаблан бадастоварда.
- Талабот барои хондан, аз худ кардани малакаҳои нав, дар заминаи манфиатҳо ё кӯшишҳо барои ягон мақсад (ваҷҳиёти дохилӣ) ба вуҷуд омада метавонад.
- Салоҳиятҳо дар алоҳидагӣ ташаккул намеёбанд. Дар ҳаёти воқеӣ маҳорати эҷодкорӣ, малакаи омӯзиш, тафаккури интиқодӣ, салоҳиятҳои таҳқиқотӣ ва ғайра ба ҳамдигар омехта шуда, ҳамдигарро тақвият мебахшанд.
- Аз нуқтаи назари педагогӣ салоҳиятҳо танҳо дар вазъиятҳои таълимии барои хонандагон шавқовар ва мақсаднок бомуваффақият ташаккул дода мешаванд.
- Босалоҳиятӣ – қобилияти бомуваффақият ҳал кардани мушкилот, ихтилофот ва масъалаҳо мебошад. Дараҷаи босалоҳиятӣ ба сатҳи мураккабии масъалаҳо/мушкилоти бомуваффақият ҳалшуда вобастагӣ дорад ва ҳар қадар масъала мураккабтар бошад, сатҳи босалоҳиятӣ ҳамон қадар баландтар аст.
- Аз нуқтаи назари педагогӣ босалоҳиятиро ҳамчун натиҷаи дилхоҳи таълим фаҳмидан мумкин аст, ки дар натиҷаи он хонанда соҳиби маҷмӯи салоҳиятҳо мегардад.
Шарҳи истилоҳии мафҳумҳои салоҳият ва босалоҳиятӣ
Салоҳият | Босалоҳиятӣ |
Доираи масъалаҳое, ки бо онҳо касе хуб ошност, доираи вазифаҳо, ҳуқуқҳо. Луғати тафсирии Ожегов
| Қобилиятҳои шахс барои иҷрои фаъолиятҳо дар асоси таҷрибаи ҳаётӣ ва дониш, малака ва маҳорати соҳибшуда. |
САЛОҲИЯТ (аз калимаи лотинии competere — мутобиқат кардан, муносиб будан) — маҷмӯи мураттаби дониш, малака, маҳорат ва қобилиятҳо, ки барои ҳалли масъалаҳои муайяни фаъолият равона шудаанд. | БОСАЛОҲИЯТӢ — сифати шахс, ки дар ягон соҳа дорои донишҳои ҳамаҷониба буда, нуқтаи назараш дар ин маврид эътибор дорад. |
САЛОҲИЯТ — маҷмӯи дониш, малака ва маҳорате, ки дар ҷараёни омӯзиши ин ё он фан ташаккул меёбад, инчунин қобилияти иҷрои ягон амал дар асоси дониш, малака ва маҳорати бадастомада. | БОСАЛОҲИЯТӢ — доштани салоҳиятҳои муайян, яъне дониш ва таҷриба дар фаъолияти шахсӣ, ки барои мулоҳизаи воқеъбинона кардан ва қабули қарорҳои дуруст мусоидат менамоянд.
|
Комментарии (0)