Ба даст овардани истиқлолият дар қатори дигар пешравиҳо барои инкишоф додани илм, аз ҷумла илми география имконияти калон фароҳам овард. Барои он ки шароити нави сиёсӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ дар назди хоҷагии халқи мамлакат вазифаҳои нав ба миён гузошт. Яке аз муҳимтарини онҳо таъмин намудани бехатарии иқтисодӣ мебошад. Ҳал намудани ин масъала ҳаматарафа ва амиқ омўхтани заминаи табиии рушди иқтисодӣ – табиат ва сарватҳои табиии ҷумҳуриро талаб намуд. Тарафҳои алоҳидаи онро пажўҳишгоҳҳои соҳавии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар намуданд.
Дар таҳқиқу пешниҳоди истифодаи самараноки захираҳои табиӣ саҳми сарватҳои минералӣ, обӣ, энергетикӣ ва ғайра хеле зиёд вуҷуд дорад. Хусусан, ба захираҳои обӣ ва обию барқӣ диққати хос дода шудааст. Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ дорои захираи калони неруи обию барқӣ мебошад. Аз тарафи дигар дар бисёр ноҳияҳои кураи Замин минтақаҳое вуҷуд доранд, ки норасоии захираҳои обию барқӣ, хусусан оби нўшокӣ барояшон ба масъалаи аввалиндараҷа табдил ёфтааст.
Маҳз ҳамин масъалаи умумиинсонӣ ва оқилона истифода бурдани сарватҳои обию барқии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки оид ба он аз минбари Иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид (с.1999) суханронӣ намуда, соли 2003-ро соли оби тоза эълон намояд, ки аз тарафи мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Ба ин хотир моҳи сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалии «Оби тоза» доир гардид ва олимону коршиносон аз мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ин масъаларо ҳаматарафа таҳлил намуданд. Онҳо ҷиддӣ будани ин масъаларо ба инобат гирифта, солҳои 2006 ва 2015-ро ҳамчун марҳалаи «Об барои ҳаёт» баррасӣ намуданд ва давом додани ин иқдоми некро тавсия доданд. Вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ барои ҳаматарафа омўхтану оқилона истифода бурдани захираҳои обию барқии ҷумҳурӣ 15 Пажўҳишгоҳи илмию таҳқиқотии захираи об, гидроэнегетика ва экология ташкил карда шуд. Ҳамаи ин чорабиниҳои миқёси ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ ба пешравии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва нашр гардидани як қатор асарҳои илмию таълимӣ кўмак расонид. Соли 2001 китоби М. Раҳимов «Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад, ки он дар мактаб дар равияи «фанҳои табииву риёзӣ» дар синфи Х таълим дода мешавад. Дар фасли обҳои дохилии ин асар оид ба навъ, захира, истифода, истеъмол ва муҳофизати об маълумоти васеъ дода шудааст. Доир ба масъалаи захира, истифода ва муҳофизати обҳои Тоҷикистон асари илмии «Захираи оби Тоҷикистон» (2003) ба табъ расид, ки онро Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба чоп омода намуд. Дигар асари илмие, ки ба обҳои дохилии ҷумҳурӣ бахшида шуданд, китоби Тоҳиров И. Г., Купайни Г. Д. «Захираи обҳои Тоҷикистон» дар 2 ҷилд, 1995; Муҳаббатов Х. «Об манбаи ҳаёт», 2003; Аброров Х. «Тоҷикистон – кишвари кўлҳои беназир», 2003; Муртазоев У. «Обанборҳои Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба ландшафти атроф», 2006 ва ғайра ба шумор мераванд. Дар ин давра силсилаи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёна низ аз чоп баромаданд: С. Худойбердиев, М. Раҳимов «Ҷуғрофияи Тоҷикистон» (с.2002, барои донишҷўёни мактабҳои олӣ), М.Кабутов «Географияи Тоҷикистон» (с.2004), М. Нурназаров, Х. Муҳаббатов «География» (с.1999, барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ), М. Нурназаров, М. Раҳимов «Хоҷагии халқи Тоҷикистон» (1994). соли 2004 атласи мактабӣ барои синфи 8 («Географияи Тоҷикистон») аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ аз чоп баромад
Комментарии (0)