Шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ


Мазмуни соҳибкорӣҳудудҳои амалисозии он бо сохт ва шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ зич алоқаманд аст. 

Тамоми гуногунии фаъолияти соҳибкорӣ метавонад аз рӯи нишонаҳои гуногун таснифот шавад, аз ҷумла аз рӯи шакл (таъйинот), шакли моликият, шумораи соҳибмулкон, сохти ташкилию ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодӣ, сатҳи истифодаи меҳнати кироя ва ғайра. 

Аз рӯи намуд (таъйинот) фаъолияти соҳибкорӣ метавонад истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, машваратӣ ва ғайра бошад.

 Ҳамаи инҳо якҷоя ё алоҳида амал карда метавонанд. Аз рӯи шакли моликият корхонаҳо хусусӣ, давлатӣ, маҳаллӣ буда, инчунин ба моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ мансуб буда метавонанд. Гузашта аз ин, давлат наметавонанд дар ин ё он шакл маҳдудият ё бартариятро вобаста ба шакли моликият муқаррар созад.

 

 

Фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯи шаклҳо

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Истеҳсолӣ

      

Тиҷоратӣ

 

Молиявӣ

 

Машваратӣ

 

















 Аз рӯи миқдори соҳибмулкон фаъолияти соҳибкорӣ фардӣ ва коллективӣ мешавад. Ҳангоми соҳибкории фардӣ моликият ба шахси воқеӣ тааллуқ дорад. Соҳибкории коллективӣ бошад, мансубияти моликиятро дар як вақт ба якчанд субъект маънидод менамояд, ки онҳо саҳми муайяни худро доранд ё бе саҳми муайян (моликияти муштарак) сурат мегирад. Соҳибмулкӣ – истифода ва идоракунии амволи дар моликияти коллективӣ буда бо мувофиқаи ҳамаи соҳибмулкон амалӣ мегардад. 

Дар иқтисодиёт ба шаклҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ якчанд дигар шаклҳои гуногунро илова менамоянд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив