Ташаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ


Барои ба таври осон фаҳмидани механизми нархгузории бозорӣ фавран аз мисоли мушаххас оғоз менамоем, ки аллакай ҳангоми омӯхтани бозори дучархаҳо маълумотҳо истифода гардидаанд. Дар ибтидо дар як ҷадвал ҳамаи иттилоотро оид ба бузургии талабот ва таклифоти дар ин бозор мавҷудбуда ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх якҷоя менамоем.

Ташаккули нархи бозорӣ, изофагӣ ва камчинӣ

Мо мебинем, ки ҳангоми сатҳи нарх ба 3500 воҳиди пулӣ баробар будан истеҳсолкунандагон метавонанд ба бозор 130 дучарха пешниҳод намоянд, харидорон бошанд, тамоман харид намекунанд (0). Ин чунин маъно дорад, ки дар ин сатҳи нарх дар бозор ҳолати изофагии таклифот ё ин ки ғункунии барзиёд ба вуҷуд омада метавонад (ин ҳолат бо ҳарфи И – изофагӣ ишора карда мешавад). Ин ҳолат то он вақте нигоҳ дошта мешавад, ки сатҳи нарх дар ҳудуди якчанд бузургӣ дар доираи 1000–1300 воҳиди пулӣ ба як адад дучарха паст нагардад. Дар ҳақиқат, маълумотҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми нарх ба 1000 воҳиди пулӣ баробар будан мо дар бозор бевосита ҳолати ба ҳам муқобилро мебинем: бузургии талабот нисбат ба бузургии таклифот зиёд мегардад. Дар натиҷа норасоӣ, камчинии молҳо ба вуҷуд меояд (ин бо ҳарфи К – камчинӣ ишора шудааст). ИЗОФАГӢ (ҒУНКУНӢ) ҳолатест ки ҳангоми сатҳи нархи ҷойдошта фурӯшандагон ба фурӯш ҳаҷми бештари молро нисбат ба харидороне, ки бо ин нарх харид карда метавонанд, пешниҳод мекунанд. КАМЧИНӢ ҳолатест, ки ҳангоми сатҳи нархи мавҷудбуда харидорон метавонанд ҳаҷми бештари молро нисбат ба фурӯшандагоне, ки бо чунин нарх онро ба фурӯш пешниҳод менамоянд, харид намоянд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив