23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ - Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО) оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр, ниҳоят 27уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба Ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Имсол, шукри Худои бузург, ки 28 солагии истиқлолияти давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегирем. Ба ҷашни 30 солагӣ низ кулли мардуми тоҷик омодагиҳои ҷиддӣ дида истодаанд. Вале дар солҳои 1992 таҶлили ҷашнҳо набуд. Зеро дар сангарҳои набарди байни ҳукумат ва мухолифин хун мерехт, хуни тоҷики азиятдидаву бадбахтгашта. Нахуст лозим буд, ки ин хунрези қать гардад.
Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.
Бояд қайд кард, ки бузургии давлат аз бузургии Қувваи артишаш, қувваи бузурги артиш бошад, аз ҷавонони бо нангу номус ва ватандӯсташ вобастагии калон дорад.
Хизмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба ватан аст, аммо на ҳар кас ба ватани худ содиқона хизмат мекунад, нафароне ҳастанд хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хизмат ба Ватану халқ қардан ҳар як фарзанди вафодори миллат аст.
Ватан обу хоку ҳавоям туӣ
Ватан чун шиору ливоям туӣ
Чу модар бузургу азизу қарин
Ватан ҳарфи поки садоям туӣ
Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди ҶТ бо сарбозаш фаҳр мекунад, барои он ки ҳар кас ҳам сарбоз шуда наметавонад. Ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар карда вазифадор мекунанд.
- 1) Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан.
- 2) Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан.
- 3) Дар ҷаҳон сулҳро пойдор намудан.
Зинда бодо миллати маҳбуби ман
Халқи меҳан дар вуҷудам, ҷони ман
Бо ту ҳастам сарбаланду бе ту ҳеҷ
Дар само бошӣ ҳамеша эй Ватан
Ҳозирини гиромӣ! Хурсандиовар аст, ки донишҷӯёни коллеҷамон низ дар ҳисси ватандӯстӣ бо хоҳиши худ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмати ватан модарро адо карда омада истодаанд. Соли 2018 якчанд донишҷӯёни мо, дар мисоли Каримов Муродҷон, Салимов Нуриддин, Мамадҷонов Олимҷон, Ғаффоров Муслимбек, Ҷӯраев Бобурҷон, Парвиев Паҳлавон бо хоҳиши худ ба хизмати ватан сафарбар шуданд. Боз як гурӯҳ донишҷӯён бо хоҳиши худ барои хизмат дар Қувваҳои Муссалаҳ сафар карда шуда буданд, хизматро адо намуда, ҳоло таҳсили худро дар равия худ идома дода истодаанд. Инҳо, донишҷӯи гурӯҳи 4-44 Орипов Руслан, донишҷӯи гурӯҳи 3-36 Умаров Рустам, донишҷӯи гурӯҳи 3-44 Қодиров Абдумалик. Боиси қайд аст, ки донишҷӯи мо Абдураҳимов Бахтовар баъди адои хизмат, хонишро идома дод ва соҳиби диплом гардид.
Соли 2019 барои даъвати баҳорона, донишҷӯи курси 4-44 Худойдотов Бахтовар бо хоҳиши худ ариза навишта аст, ки баъди ба анҷом расонидани таҳсил ба сафи қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат мекунад.
Мо Ҷавонони ТоҶикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дӯши худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем.
Тоҷикистони азизам, гулшани зебои ман,
Меҳри ту бошад ҳамеша дар дилу маъвои ман
Сар ба саҷда мегузорам ман ба номат эй Ватан
Аз барои ҳифзи ҳар як буттаю хорат Ватан.
Зинда бодо миллати маҳбуби ман
Халқи меҳан дар вуҷудам, ҷони ман
Бо ту ҳастам сарбаланду бе ту ҳеҷ
Дар само бошӣ ҳамеша эй Ватан
Комментарии (0)