Таърихи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ
Тарбияи ҷисмонӣ - раванди педагогие мебошад, ки барои рушду такмили ҷисмонӣ нигаронида шудааст.
Машқҳои ҷисмонӣ ҳанӯз дар давраҳои қадим пайдо шудааст. Ба одамони нахустин лозим меомад, ки шабу рӯз худро аз ҳуҷуми ҳайвонҳои дарранда аз қувваҳои табиат муҳофизат кунанд, ва барои худ ризқӯ рӯзи пайдо намоянд. Баъзан шикорчиён худ туъмаи ҳайвонҳои дарранда ва офатҳои табиат мегаштанд. Танҳо зуртаринҳо чобуктаринҳо ва пуртоқаттаринҳо зинда мемонданд. Ҳангоми ризқу рӯзи пайдо намудан ва барои муҳофизати худ одамон аз санг ва чӯб истифода мекарданд. Ҳангоми аз ҳайвонҳои дарранда гурехтан медаввиданд аз монеъаҳои гуногун хазида ва гоҳе ҷаҳида мегузаштанд барои шаб паноҳ шудан ба болои дарахт мебаромаданд. Оҳиста - оҳиста фаҳмиданд ки натиҷаи ин ё он ҳаракат аз усулҳои муайян вобастаги дорад. Масалан пас аз партофтанҳои зиёд санг дуртар меафтад. Инсон ҳангоми каме қоматашро ба пеш хам кардан тезтар медаввад агар пеш аз ҷаҳидан каме бидавад дуртар хоҳад ҷаст. Ин усулҳоро таҳлил намуда одамон ҳангоми шикор ва меҳнат истифода менамуданд. Такрори ҳаракатҳо машқҳо баро на танҳо хубтар иҷро намудани ҳаракат балки барои такмили тамоми узвҳои бадан низ ёри медиҳад. Бо мақсади омодаги машқҳои гуногунро истифода мекарданд. Масалан: дар шаҳри қадимаи Спартаи Юнони қадим аз 7 то 20 сола рузи дароз дар мактабҳои махсус таълим мегирифтанд. Онҳо бо қадамзани ҷаҳидан партофтан машғул мешуданд.
Тарбияи ҷисмонӣ барои ҳар як шахс зарӯр аст. Тарбияи ҷисмонӣ на танҳо машғулият бо машқҳои ҷисмони балки донистани бадани худ беҳдошти бадан обутоб реҷаи рӯз хурорки дурустро дарбар мегирад. Тарбияи ҷисмонӣ ба инсон барои ташаккул ва мустаҳкамкунии саломати ёри мерасонад. Шахсе ки ба тарбияи ҷисмони машғул мешавад кам бемор мешавад онҳо пуртоқат буда кам хаста мешаванд. Агар хоҳед ки қаду қомати мавзӯн тани сиҳат мушакҳои бақувват дошта бошед ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шавед. Узвҳои даруни одамоне ки ба варзиш машғул мешаванд фаъолияташ хуб мешавад аз ин рӯ онҳо худро нагз ҳис мекунанд.
Тарбияи ҷисмонӣ ба шумо бо ирода бо тартиб нотарс ва мустақил буданро меомӯзад. Ба варзиш машғул шуда шумо дӯстони хубу бисёр пайдо мекунед. Варзиш машқҳо ва мусобиқотро дар бар мегирад. Мусобиқот на танҳо баро муайян намудани ғолибон балки барои санҷидани малакаҳои одамон пешбини шудааст. Шумо мепурсед ки мусобиқот барои чӣ лозим ва ё барои чӣ гузаронида мешавад. Ба шумо ҷавоб медиҳам: Барои беҳтаргардонии саломати сокинони давлат. Дар давраҳои қадим зистан барои одамон осон набуд. Тиб он қадар равнақу ривоҷ наёфта буд, аз ин рӯ одамон танҳо ба саломатии худ умед мебастанд. Вале бе тарбияи ҷисмониву варзиш онро ба даст овардан мумкин нест.
Комментарии (0)