Таърихи бозиҳои олимпӣ


Таърихи бозиҳои олимпӣБояд донед, ки ҷамъияти олам ба туфайли меҳнат ва кӯшишҳои худ ва муддати тӯлони асрҳою ҳазорсолаҳо инкишф ёфтааст. Ана дар ҳамон замон ихтирокори махсус то ҳол номаълуме чарх зуҳур кард баъд Архимеди бузург Нютони бебаҳо Эйнштейни бемисл ба дунё омаданд. Дар олам чизҳое ҳастанд ки якбора арзи вуҷуд кардаанд. Онҳо коркарди иловагиро наметалабанд. Масалан шеърҳои Рӯдакиву Шоҳномаи Фирдавсӣ. Дар ин офаридаҳо чизе гуфтан душвор аст факат сар меҷунбонему мегӯем: бин-а ҳақиқатан худододу бемисл.
Ғояи Бозиҳои Олимпӣ низ бояд ба қатори ин офаридаҳои бебадали инсонӣ дохил карда шавад. Албатта барномаи бозиҳо на якбору дубор иваз карда шудааст вале ин муҳим нест. Чизи муҳим он аст,ки ғояи бозиҳо беғараз ва то ба охир бошарафонаю рафиқона боқи монд. Дар таърихи Бозиҳои Олимпии қадима норавшаниҳо ҳатто қиссаю афсонаҳо бисёр аст. Оиди муҳлати гузаронидани бозиҳо низ байни олимон баҳсҳои тӯлони идома мекунад. Аммо аниқтараш ҳамин, ки ватани Бозиҳои Олимпӣ Юнони Қадими аниқтараш маъбади муқаддаси Олимпия мебошад ва он дар қисми ғарби нимҷазираи Пелопонес ҷойгир аст. Инҷо дар домани кӯҳи Кронос дар водии дарёи Алфей то имрӯз оташи олимпи афрӯхта мешавад. Эстафедаи машъалдорон аз ҳаминҷо оғоз меёбад. Афсона ва ривоятҳои қадима ҳикоят мекунанд, ки ҳамон вақтҳо худои бениҳоят бузург ва ҳело маъюс Кронос мавҷуд буд. + зани бадбахте дошт, ки Рея меномиданд. Кронос хоби даҳшатнок мебинад ва ба фолбине ҳамсуҳбат мешавад. Фолбин ӯро бовар мекунонад, ки ӯро яке аз фарзандонаш мекушад. Баъди ин вай ғамгинтар шуд ва ба ҷои он , ки мисли волидайни имруза ба тарбияи насли наврас машғул шавд. Кронос фарзандони навзоди худро фурӯ мебурд ва вазъи хеле пурдаҳшат ба миён омад. Реяи бечора чи кор карданашро намедонад ва вақти кӯдаки навбати Зевси хушлиқо тавлит шуд Рея ба иқдоми қатъи даст зад ӯ ба попеч сангро печонида ба падари бераҳм медиҳад. Рея писарашро ба чӯпоне медеҳад. Писар ба камол расид ва ба Зевси зуртарин табдил ёфт. Вай ниҳоят нерӯманд шуда ба падари бераҳмаш ба ҷанг медароядва ғолиб мебарояд. Аз шиками Кронос додар ва хоҳарони бешумори Зевси бузург мебароянд. Зевс фармон дод, ба шарафи ин воқеъаи дар ҳақиқат бузург Бозиҳо гузаронида шавад. Баъдтар Бозиҳо бо номи маҳалли гузаронида шуданашон Бозиҳои Олимпӣ номида шуданд.
Оиди пайдоиши Бозиҳои Олимпӣ боз чандин афсонаю ривоятҳо ҳастанд. Яке аз онҳо тасдиқ мекунад, ки Бозиҳои аввалини Олимпиро каси дигаре не балки Геракли машҳӯр писари Зевс қаҳрамоне ки 12 корнамои беҳамто нишон додаст хайёл карда баромад ва ташкил намуд. Ба шарафи яке аз зафарҳои Геракл гузаронидани Бозиҳои Олимпиро сар карданд. Геракл шахсан бо пойҳои худ масофаи пойга 600 кафи пой чен кард ва ҳамин хел яке аз ченакҳои маъмули Юнони Қадим стадий пайдо шуд. Аз ин истилоҳ калимаи стадион ба вуҷуд омад.
Дар яке аз ривоятҳои дигар дар бораи пайдоиши ин бозиҳо гуфта шудааст, ки шоҳ Эномай духтаре дошт Гипподамия хело зебою дилбар буд ва бисёр ҷавонмардон уро ба зани гирифтан мехостанд. Зид нестам мегуфт Эномай аммо ба ароба мусобиқа мекунем. Вай аспҳои хело боқуввату тездав дошт, домодшаванда бояд пешо пеш асп медавонд Эномай бояд ба вай мерасиду пеш мегузашт ва найза мезад. Шарти бози ҳаминхел буд 13 нафар домодшаванда аз дасти Эномайи маккор ҳалок гардиданд. Ниҳоят Пелопс ба майдон омад вай ғайр аз набераи Зевс буданаш ҷавони ҳушёру кордон буд. Гипподамия, ки аз афташ хунрезиҳои бисёр ба дилаш зада буд маҳс ба Пелопс дил бастани шуд. Гипподамия ва Пелопс аробакаши Эномай  Мартиласро ба гап даровардад. + тирмехи биринҷии чархи аробаро ба тирмехи мумин иваз мекунад. Вақти пойга мум об шуд ва чархҳо аз тир баромаданд. Эномай зери суми аспҳо монда ҳалок мешавад. Аз нуқтаи назари имрӯза ин амал ноҷавонмардона ҳисоб мешавад вале ривояти бостони чунин аст . Пелопс чун арзи сипос ба Худоён дар Олимпия маъбад месозад, ки дар он қурбони мекарданд ва аз ҳама муҳимаш ӯ Бозиҳоро таъсис медиҳад. Ривоят шаҳодат медиҳад ки маҳс бо шарофати Пелопс бозиҳо ананави шуданд. Онҳо ҳар чаҳор сол як маротиба гузаронида мешуданд. Ин бешак ҷузъиёти бузург аст. Дар бораи Бозиҳои Олимпӣ на танҳо аз ривоятҳои қадим маълумот гирифтан мумкин аст. Имрӯз муаррихону археологон низ маълумоти ниспатан кофи ба даст оварданд. Барои мо ҳаминро донистан аҳмиятнок аст, ки Юнониҳои Қадим то чи андоза ба ин бозиҳо эҳтиром доштанд. Пайдоиши бозиҳо ба Зевси бузурги таҳамтан оқилу доно ҳеҷ набошад ба номи нимхудо аз омезиши худоёну одамон пайдо шуданд. Аҳмияти бузурги Бозиҳои Олипиро одамон ҳанӯз дар дар давраҳои қадим дарк карда буданд. Ҷангу ҷидол сабаби асосии пайдоиши Бозиҳои Олимпӣ мебошад. Бозиҳо на танҳо баро моҳирона ҷангидан балки барои дӯстӣ варзидан мунтазам мулоқот кардан барои барҳам додани симои душман ёри расониданд. Бароямон кайҳо маълум аст ки гузаронидани бозиҳо хеле қадима аст, ва чихеле ки мегӯянд ба қаъри асрҳо мерасонд. Аввалин бозиҳои маълуми Олимпӣ аниқтараш соли 776 то меълод барпо гардидааст. Коромбос варзишгар аз шаҳри Элидаи Юнон аввалин ғолиби Олимпиада аст ва бо номи ӯ таърихи ҳаракати Олимпӣ оғоз меёбад. Дар ин Бозиҳои Олимпи танҳо аъзои оилаи Юнониҳо одамони озод на ғулом ва ё аҷнабиён ҳақи дар Олимпиада ширкат варзиданро надоштан. Дар чор сол як маротиба ва ана ин фосилаи вақтро Олимпия меномиданд. Дар арафаи ин иди бузург ҷангу ҷидол бас мешуд, ягон кас ҳуқуқ надошт ки ба Олимпия бо аслиҳа дарояд, ба шахсоне,ки ин қоидаро вайрон мекарданд ба маблағи 2 мина нуқра ҷарима меандохтанд, ки 54 кг нуқраи холис. Аммо аз инҳам чаримаи сахттар барои Юнониҳо ин лаънати Худо аст,ки насиби вайронкунандагони ин мусобиқа мегардид. Ҳар як варзишгар бояд даҳ моҳ дар хона ва се моҳ дар Олимпия машқ мекард. Намуди аз ҳама душвор ин панҷҳарба ҳисоб мешуд. Ба он давидан, ҷаҳидан ба дарози, найзапартои, диск партои ва гуштин дохил мешуд. Аввалҳо Бозиҳои Олимпи дар як рӯз ба охир мерасиданд ва баъдан то 5 рӯз идома меёфтанд. Мусобиқаҳо хеле пуршиддат ва муҳимаш он, ки аз рӯи виҷдон мегузаштанд. Ғолибон, ки онҳоро Олимпикон мегуфтанд ба шохчаи Зайтун ё чанбари ифтихори мукофотонида мешуд. Онҳо на танҳо дар зодгоҳашон балки дар тамоми Юнон маълуму машҳур мешуданд. Ғайр аз Кромбос боз чандин номи чемпионҳои бузург то ба имрӯз расида аст. Милон дар мусобиқаҳои гуштингири соҳиби ҳафт тоҷи ифтихори аст. Инҷо танҳо мусобиҳоти варзиши набуд шоирон шеърҳояшонро мехондан наққошон аз санъхати худ, мусиқачиён асъори беҳтарини худро менавохтанд. Ҳамин тавр иди варзиши ба фестивали санъат табдил меёфт. Бо гузашти айём вазъият тағир меёфт ва он ҳамеша ба манфиати Юнониҳо набуд. Дар нимаи қарни ду то мелод ин сарзамини зебо ва шаҳру давлатҳои начандон калонро Рим запт кард. Олимпия барои баъзе аҷнабиён воқеъан маҳалли баҳс ҳисоб мешуд, ки онро ғорат кардан мумкин буд. Диктатор Сулла,ки ба бераҳми ва маккори машҳур буд фармон дод,ки Бозиҳои -175-уми Олимпиада ба Рим кучонида шавад. Аммо хушбахтона ин нияти ӯ амали нашуд. Дар тайёр кардану гузаронидан 211-умин Олимпиада Император Нерон иштирок намуд, Нерон инсони доно аммо хеле шӯҳратпараст буд. + амр дод,ки барномаи мусобиқот дигар карда шавад. Мусобиқае пайдо шуд,ки дар гӯшу хайёли касе набуд, Нерон худро актиёр ва сарояндаи бузургтарин меҳисобит, бинобарин барнома ба самти актиёри васеъ карда шуд. Натиҷаи мусобиқотро пешгӯи кардан мумкин буд дар ҳамаи мусобиқаҳо беистисно Нерон ғолиб буд. Ба ҳар ҳол давраи Рими ба ин бозиҳо баъзе чизҳои хуб ҳам овард, масалан ин мусобиқоти бузург нуфузи байналмиллалӣ пайдо кард. Акнун намояндагони дигар давлатҳо низ дар ин бозҳо ширкат мекарданд. Умуман Бозиҳои Олимпи ба ҳисоб китоби имрӯза 1169 сол гузаронида шуд, ба ибораи дигар варзишгарон 292 маротиба ба ин мусобиқот гирд омаданд. Соли 394 баъди мелоди императорти Рим Феодоси 1 гузаронидани ин мусобиқотро манъ кард. Олимпияи замоне беҳамто ва акнун ба тороҷшудае табдил меёфт, акнун касе онро дигар баъд аз обхези, заминларзаҳои навбати барқарор намекард.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив