Инкишофи робитаҳои байналхалқи ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон


варзиши Тоҷикистон
То барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯрави ҳамаи алоқаҳои варзиши ҷумҳурии Шурави Тоҷикистон бевосита бо кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе чорабиниҳои варзиши ҷамъиятҳои ихтиёрии варзиши ҷумҳурӣ ба воситаи ташкилотҳои марказии худ, ки дар Маскав ҷой гирифта буданд, ба нақша гирифта ташкил мешуданд. Бо ҳамин сабаб алоқаҳои ташкилотҳои варзиши ҷумҳурӣ бо ташкилотҳои варзиши хориҷи хело суст буд. Асосан он варзишгароне, ки аз ҷумҳурӣ ба дастаҳои варзиши якачини Иттиҳоди Шӯравӣ аъзо буданд,ба мусобиқаҳои байналхалқи аз номи Иттиҳод иштирок мекарданд аммо аъзои дастаҳои варзиши яккачини Иттиҳод шудан аз ҷумҳури хело душвор буд. Сабаб дар нарасидани шароити лозим ба монанди иншоотҳои варзиш ва тамоми аспобу анҷоми машқгузарони, камбудани устодони ботаҷриба нарасидани маблағ ва ғайра буд. Яке аз сабабҳои асоси камчин будани дастпарварони Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои якачини Иттиҳоддар қатори устодони дастаҳо набудани мутахасисони ҷумҳурӣ буд. Ба устодони варзиши Тоҷикистон муясар нашуд,ки ба онҳо барои машқ додани дастаҳои якачин Иттиҳод боваор карда шавад ба ғайр аз он мавқеи ҷуғрофи ҷумҳуриҳам мусоидат намекард. Тоҷикистон ниспат ба шаҳрҳои маркази дур буда барои рафту омади варзишгарон хеле мушкил буд. Аз ин рӯ устодон ва варзишгарони бомаҳорати ҷумҳурӣ ҳаракат мекарданд,ки дар шаҳрҳои маркази тамоман кучанд ва дар онҷо бо устодон ва варзишгарони машҳур дониш ва маҳорати варзиши худро баланд бардорад.
Лекин ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ дар бисёр мусобиқаҳои байналхалқи иштирок карда соҳиби ҷойҳои баланд мешуданд. Аз Бозиҳои навбатии17- Олимпӣ соли 1960 сар карда дар тамоми дигар Бозиҳои Олимпӣ намояндагони Тоҷикистон иштирок карда соҳиби медалҳои Олимпӣ гардиданд. Масалан дар Бозиҳои Олимпӣ соли 1960 ки дар пойтахти Италия шаҳри Рим гузарони шуданд чемпиони Тоҷикистон ва Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Иброҳим Ҳасановсоҳмиби ҷойи чорум шуд. Шогирди вай Юрий Лобанов дар Бозиҳои 20-Олимпӣ Мюнхен соли 1972 сазовори медали тилло гардид. Дар Бозиҳои 21-Олимпи ки дар соли 1976 дар Монреал гузашта буданд варзишгари шинохтаи мо Зебунисо Рустамова баромад карда бо медали биринҷи мукофотонида шуд. Дар Бозиҳои навбати 22-Олимпӣ ки дар Москав гузаронида шуданд дастпарвари ҷумҳурӣ Анатоли Старостин дар мусобиқаи панҷҳарба ҷойи аввалро ишғол карда соҳиби медали тилло гардид. Дар Бозиҳои 25-Олимпӣ ки дар соли 1992 дар Барселона баргузор гардиданд варзишгари болаёқати мо Андрей Абдувалиев аз ҳаво додани гурз ҷойи якумро соҳиб шуда бо медали тилло сарфароз гардид. Дар моҳи июли соли 1994 президенти Кумитаи Байналхалқии Олимпӣ Хуан Антонио Самаранч ба Душанбе омада аз наздик бо кору бори Кумитаи миллии Олимпӣ ҷумҳурӣ шиносои пайдо карда барои хуб ба роҳ мондани кори он ёрдамрасонида буд. Дар вохуриҳои худ бо роҳбарони ҳукумати Тоҷикистон Самаранч бисёр масъалаҳои Кумитаи Олимпиро ҳал карда дар навбати худ ваъда дод,ки аз тарафи Кумитаи Байналхалқи Олимпӣ барои Кумитаи Олимпӣ Тоҷикистон ҳамчун кумитаи навташкил ёрдами ҳамаҷониба расонида мешавад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив