Варзиши сабук таърихи хеле қадима ва бой дорад. Ягон намуди варзиш дар ин зода ба он баробар шуда наметавонад. Давидан ҷаҳидан ва партофтани аснобу олотҳои варзиши баробари ба фаъолият шурӯъ кардани инсон пайдо шудааст. Қисмҳои варзиши сабук.
Варзиши сабук ҳаматарафа ба организм фоида мерасонад.
Инчунин ба одам қувва, чусту чолоки, марому малака ва маҳорати хуби варзиши медиҳад. Машқҳои варзиши сабук ба ҷавонон инкишофи ҳаматарафа дода қувваию бозу мебахшад.
Варзиши сабук ба панҷ қисм тақсим мешавад.
1.Роҳгардии варзишӣ.
2.Давидан.
3.Ҷаҳидан.
4.Ҳаво додан.
5.Бисёрҳарба.
Ва ин панҷ қисм дар навбати худ, боз ба қисмҳо ҷудо мешаванд.
Роҳгардии варзишӣ – қисми якуми варзиши сабук мебошад.
Роҳгарди ҳаракати табии инсон аст. Роҳгардии варзиши аз роҳгардии одди бо суръати калон, техника ва қадамммонии хос, ки суръат ва басарфагии ҳаракатро таъмин мекунад, фарқ мекунад. Ҳангоми мунтазам ба роҳгардии варзизи машқ кардан системаи нафаскаши ва дилу раг боз ҳам пурқувват гардида, хиспотҳои муҳими инсони ба монанди тобоварӣ қувваю ирода ва суботкориву матонат такмил меёбанд. Роҳгарди варзиши вобаста ба гузаронидани макони мусобиқаҳо варзишгоҳ, роҳҳо тасниф меёбад. Дар варзишгоҳ варзишгарон дар масофаҳои 15, 20, 25 ва дар роҳҳо бошад 30, 50, ки қувваозмои мекунанд. Иштирокчи мусобиқаҳои роҳгарди варзиши қоидаҳои муайянро риоя менамоянд, ки асоситарини он контакти доими варзишгар ба роҳ мебошад, (такя ба замин бо як в аду кафи по) Ҳангоми ба замин бо кафи по такия накардан варзишгар аз иштирок дар мусобиқаҳо мардум карда мешавад.Махсусиятҳои роҳгарди варзиши ин ҳаракатҳои нисбатан пурқувват ҳангоми роҳгарди мебошад.
Пурра рост кардани пои асоси бо қуввати том тела додан суръати баланди ҳаракатро таъмин менамояд. Агар ҳангоми роҳгарди инсон ба суръати 5-6 ки/соат ҳаракат намояд ва дар як дақиқа 100 – 120 қадам монад дар роҳгарди варзиши ин нишондиҳандаҳо то 12 – 14 ки/ соат ва 180 – 210 қадам дар як дақиқа мерасад.
Бо ин дар натиҷаи поро рост карда гаштан, ҳаракатҳои фаъоли китфҳо ва дастон ва сарфаи тамоми ҳаракатҳо муясар шудан мумкин аст.
Талаботи асоси ба варзишгарон дар ин намуди варзиш контакти доими бо замин ва рост кардани то ҳангоми такия ба замин аст. Баробари ба охир расидани теладиҳӣ ба пои асоси пои дигар ба замин гузошта мешавад. Пое, ки теладиҳиро ба охир мерасонад аввал ба боло ва ақиб ҳаракат мекунад ва баъдан ба пеш бароварда мешавад. Барои роҳгардии варзиши аз ҳисоби рост кардани пой тела додани сатҳи замин хос аст. Ҳаракати пои алвонҷдиҳанда ба пеш дар натиҷаи гардонидани устухонҳои кос дар атрофи меҳвари вертикали амали мегардад. Бузурги калонтарини гардиши устухони кос дар ҳолати вертикали нигоҳ медорад. Барои тез роҳгаштани варзишгар кӯшиш менамояд, ки панҷаи пойро ба хати миёна наздиктар монад.
Одатан ҳангоми роҳгарди варзишӣ варзишгар тани худро дар ҳолати вертикали нигоҳ медорад, аммо ҳангоми теладиҳи баъзе варзишгарон ба пеш ҳам мешаванд. Дастони варзишгар ҳангоми роҳгарди барои нигоҳ доштани мувозинат кӯмак мерасонад ва хати миёнаи баданро ҳангоми ҳаракат намебуранд. Кунҷи қатшавии оринҷ ҳангоми роҳгарди тағир меёбад ва дар лаҳзаи вертикали зиёдтар мешавад.
Дар роҳгардии варзиши барои мушакҳои беҳаракат бавуҷуд овардани шароити мусоид аз тарафи варзишгар аҳамияти калон дорад. Ҳамин тавр дар лаҳзаи вертикали вақте, ки зонуи пои алвонҷдиҳанда аз зонуи пои асоси поёнтар қарор дорад барои мушакҳое, ки кори асосиро ҳангоми роҳгарди иҷро менамоянд, барои дамгири шароит ба вуҷуд меояд. Инчунин ҳангоми фазаи такияи пеш вақте, ки по ба замин гузошта мешавад мушакҳо андак дам мегиранд.
Давидан
Давидан – намуди асоси варзиши сабук аст. Одатан маҳс давидан намуди асосии тамоми мусобиқаҳо маҳсуб мешавад. Зиёда аз ин давидан қисмати таркиби машқҳои варзиши намудҳои гуногуни варзиши сабук мебошад. Дави оҳиста дар боғу бешазорҳо асосан барои саломати аҳмият дорад. Дави босуръати спринтери барои такмили суръати дав ва қувваи варзишгар мусоидат менамояд. Давидан ба масофаи миёна ва дур тобоварри ва дав бо монеъаҳо чолокии варзишгарро такмил медиҳад.Давидан дар навбати худ ба қисмҳо ҷудо мешаванд: Масофаи кӯтоҳ, масофаи миёна, масофаи дароз, кросс, дави эстафетӣ, марафон.
Ба масофаи кӯтоҳ дохил мешавад:100 м, 200, 400, 110 м бо монеъаҳо барои марзҳо 100 м бо монеаъаҳо барои зонҳо ва 400 м бо монеъаҳо ҳамаи ин намудҳоро мо спринтер низ меномем. Маънои калимаи Спринтер ин тездав яъне бо тамоми ҳасти давидан мебошад. Варзишгарони ин намуд бояд масофаро аз старти поён оғоз кунанд. Ин масофаро аз варзишгар қувваи зиёд ва суръати баланди давро талаб мекунад.
Ба масофаи миёна дохил мешавад: 800 м – 1500 м. Ин намудҳо нисбат ба дигар масофаҳо мушкилтар мебошад барои он, ки шахсоне, ки ба ин намуд иштирок мекунанд, ба онҳо бояд суръат ва ҳам тобовари бошад. Аз намуди масофаи миёна сар карда варзишгарон масофаро аз старти боло сар мекунанд.
Ба масофаи дароз дохил мешавад: 3000 м, 5000 м ва 10000 м. Ин намудро низ аз старти боло оғоз мекунанд. Ба варзишгарони ин намуд суръат вазифаи асосиро нест ба онҳо асосан тобовари лозим аст. Ин намудро Стайер меноманд. Стайер аз калимаи англисӣ гирифта шуда маънояш тобовар аст.
Кросс ин намуди дав дар ҷои ноҳамвор гузаронида мешавад.
Кросс аз 300 м сар карда то 14 км гузаронида мешавад.
Дави эстафетӣ
Дави эстафетӣ – дар ин намуд асосан чор нафар аз як даста иштирок мекунад, ки ин намуд 4х100 4х400 мебошад, ки ин намуд намуди олимпӣ мебошад. Эстафетаҳое, ҳастанд, ки ғайри олимпӣ 4 х 200 4 х 1500 ва бо масофаи омехта низ гузаронида мешавад, ки онро Шветское эстафета меноманд. 800 + 400 + 200 + 100.Марафон яке аз намудҳои дав мебошад, ки он 42 км 195 м мебошад. Дар ин намуд ниммарафон низ гузаронида мешавад, 21 км 97 м мебошад. Ниммарафон дар ҷумҳурии мо низ гузаронида мешавад, ки он шанбеи сеюми моҳи апрел бахшида ба рӯзи пойтахт шаҳри Душанбе
Ҷаҳидан
Қисми сеюми варзиши сабук ин ҷаҳидан мебошад. Ҷаҳидан дар навбати худ ба қисмҳо ҷудо мешаванд. Ҷаҳидан ба дарози Ҷаҳиши Сегона, Ҷаҳидан ба баланди, Ҷаҳидан бо шаст.Техникаи ҷаҳидан ба дарози аз суръати давидан ва теладиҳӣ вобаста аст. Дарозӣ масофаи дави босуръат аз дараҷаи тайёри варзишгар ва маҳорати суръати баландтаринро дар муддати муайяни вақт ҳосил намудани ӯ вобаста аст. Ҳангоми ҷаҳидан варзишгар тамоми диққати худро барои устуворона қадам мондан, равона мекунад. Қадамҳои аввал бо суръати баланд иҷро мешавад, ки бардавоми ва устувории онро таъмин менамояд. Инчунин варзишгарон аз усулҳои дигар низ истифода мебаранд. Ду намуди сохт давида ҷаҳидан мавҷуд аст:
1. Торафт суръати ҳаракатро зиёд намуда дар лаҳзаи теладиҳӣ ба ҳадди баландтарин расонидашон.
2. Суръати ҳарактро аз лаҳзаи аввал тез баланд намуда то ла теладиҳӣ нигоҳ доштани он. Дар оғози сохт давидан бадан ба пеш хам шуда дастон фаъолона кор мекунанд. Баъдан тани варзишгар торафт рост шуда дар лаҳзаи теладиҳи ҳолати вертикалиро мегирад. Теладиҳиро бояд тез иҷро намуд. Қисми аввали паридан дар ҳама усулҳои ҷаҳидан ба дарозии якхела аст. Пойи алвонҷдиҳанда ҳангоми паридан қат шуда пои теладиҳанда ақиб мемонад ва варзишгар ҳолати қадами васеъро мемонад. Ҳаракати минбаъдаи варзишгар аз усули ҷаҳидан вобаста аст.
1. Пойҳоро қат карда
2. Хамшуда.
3. Усули қайчӣ
Усули ба замин раси ба натиҷаи ҷаҳидан ба дарози таъсири калон мерасонад, бинобар он оғози машқкуни ба он бояд аҳамияти махсус дод.
Ҷаҳиши сепар яке аз намудҳои мураккаби варзиши сабук аст он аз се ҷаҳиши паиҳам иборат аст, ки якумаш ҷаст дуюмаш қадам сеюмаш ҷаҳиш ном дорад.
Ҳаминтавр варзишгар бояд на танҳо суръати баланди ҳаракат балки маҳорати баланди ҷаҳиданро низ дошта бошад. Барои пурқувват намудани пойи варзишгар машқҳои махсус гузаронида мешавад. Одатан варзишгаре, ки ба ин намуди варзиш машғул аст ҳам суръати балан ҳангоми давидани спринтери ва натиҷаҳои беҳтарин ҳангоми ҷаҳидан ба дарози дорад.
Ҷаҳидан бо Шаст
Ҷаҳидан бо шаст яке аз машқҳои мураккаби варзиши сабук аст, зеро тавассути такияи ҳаракаткунанда – шаст иҷро карда мешавад ва на танҳо аз элементҳои варзиши сабук балки элементҳои гимнастики низ иборат аст.Аввалин маротиба мусобиқаҳо оид ба ҷаҳидан бо шаст соли 1866 гузаронида шуданд.
Техникаи ҷаҳидан бо шаст аз Сахт давидан омадан гузоштани шаст бо такя гузаштан аз зева ба замин расидан иборат аст.
Ҳангоми сахт давида омадан варзишгар шастро дар дасташ нигоҳ дошта медавад. Дасти чап аз болои шаст ва дасти рост аз поён нигоҳ медорад. Ҳангоми сахт давидан шаст набояд алвонҷ хурад, ких еле муҳим аст. Варзишгар ҳангоми давидан омадан 3 суръати ҳаракатро дар охир зиёд менамояд.
Баъд аз гузаштан барои ҷароҳат нагирифтани варзишгар аз болиштҳои баланди паралон истифода мекунанд, ки ҳангоми ба тахтапушт фаромадан варзишгар осеб намебинад.
Ҷаҳидан ба баландӣ
Дар Бозиҳои олимпи дар Мехико ғолибиятро дар ин намуди варзиш варзишгари Амрикоӣ Д. Фосбери ба даст овард. Вай бо усули наве ҳангоме теладиҳи варзишгар пушташро гардонида аз зеҳ мегузарад ва ба натиҷаи баланд расид. Ин усул номи «фосбери - флоп» - ро гирифт
Техникаи муосири давидан ба баланди истифодаи самараноки суръати баландро ҳангоми сахт давида омадан ва теладиҳии пурқувватро пешбини менамояд.
Ҳангоми усули фосбери – флоп варзишгар аз рӯи хати каҷ сахт давида ҷаҳишро иҷро менамояд. Сахт давиданро варзишгар якбора аз ҷой ва ё пас аз якчанд қадаммони иҷро намудан мумкин аст. Қисми аввали сахт давидан аз дави босуръат фарқ намекунад. Афзоиши суръат дар баробари зиёдшавии дарози қадам ба амал меояд. Дар қисмати дуюми сахт давидан варзишгар ба теладиҳӣ тайёри мебинад. Суръати давидан самаранокии теладиҳиро баланд менамояд, аммо суръати давидан аз қувви ҷисмонии варзишгар вобаста аст.
Қисми чоруми варзиши сабук ҳаво додан мебошад.
Ҳаво додан низ дар навбати худ ба қисмҳо ҷудо мешавад.
Гулулапартои, партофтани найза, партофтани лаъли, партофтани болға /молот/.
Партофтани найза
Техникаи муосири найзапартои ба гузариш аз сохт давидан бо ҳаводиҳи асос меёбад, ки аз варзишгар дараҷаи баланди маҳорати варзиширо тақозо мекунад. Аксарияти варзишгарони ин намуди варзиш одатан қадбаланд буда мувозинати хуб доранд. Аз давраҳои қадим найзаро натанҳо ҳамчун яроқи ҷангӣ ва шикори истифода менамуданд балки ҳамчун олоти варзиши низ кор мефармуданд. Дар Юнони қадим найзапартои ҳамчун намуди Бозиҳои Олимпӣ дохил мешуд.Сараввал найзапартоӣ ҳамчун намуди варзиш дар мамлакатҳои Шветсия, Германия маъмул гашта баъдан ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Ду усули доштани найза мавҷуд аст. Аз рӯи усули якум найзаро дар хати диогнали кафи даст ҷойгир намуда он ба ангушти ишорат ва калон сахт нигоҳ дошта мешавад. Боқимонда ангуштон озодона дар болои рӯйпеч меистанд. Пеш аз сахт давидан варзишгар ба тарафи партофтани найза нигоҳ карда меистад.
Партофтани лаъли
Яке аз намудҳои дигари ҳаво додан лаъли мебошад.
Партофтани лаълӣ
Партофтани олоти вазнин 2 кг суръати баланд аз варзишгар қувваи калони ҷисмонӣ ва маҳорати баландро тақозо менамояд. Дар давраҳои Юнони қадим аз лаълиҳои шакл ва вазнаш гуногун ки аз биринҷи ва мис тайёр карда мешуд, истифода менамуданд. Лаълиро аз баландии махсус мепартофтанд. Соли 1896 лаълипартои бо барномаи бозиҳои олимпӣ ворид карда шуд. Онро . Онро аз доираи диаметраш 2,5 м мепартофтанд. Сараввал аз ҷои истода баъдан пас аз як қадам гузоштан бо пои рост лаълиро мепартоянд.Лаъли аз доираи диаметраш 2,5 м ба сектори кунҷаш 450 партофта мешавад. Дар охири спектор панҷараи баландиаш 3,5 м гузошта мешавад. Лаълипартои аз ҷои истода ва ҳангоми гардиш ба 5400 (1.5 гардиш) иҷро мешавад.
Доштани лаъли. Пеш аз партофтани лаъли дар дасти озод партофта шуда нигоҳ дошта мешавад. Канори лаъли буғумҳои дастро зер карда меистад. Ангушти калон ба сатҳи лаъли гузошта шуда панҷаи даст андак қат карда мешавад.
Тайёри ба гардиш. Дар ҳолати аввал варзишгар дар канори пури спектар ба самти партофтани лаъли пуштноки меистад. Пойҳо ба васеъгии китфҳо баробар ё аз он васеътар дар масофаи баробар аз диаметри доира, ки ба самти партофтан мувофиқ аст, гузошта мешавад. Аз ин ҳолат варзишгар ба ҳаракате, ки ба тарафи рост ақиб равона кардани лаъли пеш аз гардиш мусоидат мекунад. Алвонҷдиҳӣ ба дасти озод аз тарафи рост ба чап бе нигоҳ доштани лаъли бо дасти чап аз поён баъдан аз тарафи рост ба ақиб оғоз меёбад. Ин варианти алвонҷдиҳӣ хеле ратсионалӣ аммо аз нигоҳи механики мураккаб аст. Аксарияти варзишгарон ба тарафи чап алвонҷ медиҳанд ки ҳангоми ин усул лаъли аз поён ба ангуштони дасти чап нигоҳ дошта мешавад. Усули мазкур аз нигоҳи механики соддатар аст. Гардиш аз андак фаровардани МУВ – дар натиҷаи даврзании фаъоли зону ва кафи пчап, қадре гардонидани устухони кос ва ба пеш хамшави оғоз мешавад.
Варзишгар бо нӯги пои рост гардишро давом дода ба кӯчидани вазни бадан ба пои чап мусоидат мекунад ва боиси зиёд гардидани суръати даврзани мегардад. Меҳвари асосии китфҳо ба меҳвари устухон наздик мешавад. Сари варзишгар рост ва андак ба самти ҳаракат майл мекунад. Лаъли аз даст тақрибан дар баландии китф пас аз пурра рост шудани пойҳо ва бадан парида меравад.
Барои аз доира берун набаромадан варзишгар пойҳоро якбора иваз менамояд. Пои рост пеш аз проексия МУВ бароварда шуда пои чап ба ақиб ва боло равона карда мешавад.
Ҳаво додани болға (молот)
Яке аз намудҳои ҳаво додани ин ҳаво додани болға (молот) мебошад. Партофтани болға аз варзишгар қувваи хеле калон суръати баланд ва вазни калонро тақозо менамояд. Болға дар замони муосир аз кураи фулузи, ки ба дастаки пӯлодин пайваст аст иборат мебошад. Вазни болға 7,257 кг буда дарози умуми 118 – 122 см. иборат аст. Болға аз доираи диаметраш 2,135 м мепартоянд. Дар масофаи 3,35 м гузошта мешаванд. Варзишгар болғаро ба секторе, ки кунҷи 450 дорад мепартояд. Барои ҷавонон вазни болға 6 кг муқарар карда шудааст. Асоси болғапартоиро ҳаракати даврзананда ташкил мекунанд. Аксарияти варзишгарон 3 маротиба давр мезананд.Инчунин 4 маротиба давр зада болғаро партофтан имкон доранд. Болғапартои аввалин маротиба дар Шотландия, Ирландия, Англия ҳамчун бозии халқи пайдо шудааст. Дар он давра болғаи оддии оҳангариро, ки дастаки чӯбин дошт мепартофтанд дар миёни асри XIX дар Англия аввалин мусобиқаҳо байни афсарон гузаронида шуданд, ки дар он вазни болға 16 фунти англисиро 7,257 кг – ро ташкил мекард. Болғаи одди бо болғаи кураи фулузи дошта ки дастаки он 7 фунт яъне 2,135 м – ро ташкил мекард, иваз карда шуд. Соли 1900 дар Париҷ аввалин маротиба партофтани болғ ба барномаи Бозиҳои Олимпӣ дохил карда шуд.
Техникаи партофтани болға. Техникаи партофтани болға аз қисмҳои зерин иборат аст:
Даврзании пешаки, гардишҳо, кӯшиши нихои ки бо партофтани болға анҷом меёбад.
Вазифаи варзишгар суръат бахшидани болға аст, бинобар ин суръат торафт баланд шуда истодааст. Варзишгар балғаро дошта на танҳо ҳаракати даврзананда, балки пешравандаро даврзананда, балки пешравандаро низ иҷро мекунад. Барои муқовимат намудан бо қувваи марказгурез, ки ҳангоми даврзанондани болға инкишоф меёбад ва баъзан аз 250 кг мегузарад варзишгар ба тарафи муқобил ба болға худро тела медиҳад.
Даврзании пешакии болға. Дар ҳолати аввала пеш аз партофтани болға варзишгар дар қисмати дури доира ба самти партофтани болға варзишгар дар қисмати дури доира ба самти партофтани болға пуштноки меистад. Нӯги панҷаҳои пой андак васеътар ва ба масофаи 60 – 80 см гузошта мешавад. Тани варзишгар ба пеш хам шуда ба тарафи рост гардонида шудааст. Дасти чап ва болғае, ки дар тарафи рост ва ақиб истодааст дар як хат қарор дорад. Дасти рост андак қат карда мешавад. Барои бо суръати оптимали давр занонидани болға пои ростро андак рост карда вазни баданро ба пои чап мегузаронанд ва пас кос ва китфҳоро ба тарафи чап мегардонанд. Дар лаҳзаи ба пеш гузоштани дастони варзишгар қат шуда тобхӯрии бадан ба тарафи рост ба амал меояд. Дасти рост аз дасти чап баландтар бардошта мешавад. Панҷа даст аз боли сар гузашта ба тарафи рост фаъолона гардонида мешавад. Пас аз рост кардани дастон суръати ҳаракати болға зиёд мешавад. Гардиши пешакиро набояд аз ҳад зиёд бо шитоб иҷро намуд зеро ин боиси пайдо шудани мушкилиҳо ҳангоми гузариш ба гардиш оварда мерасонад. Ҳангоми ҳаракат кунондани болға ба чап ва боло ба нуқтаи баландтарин пойҳои варзишгар андак рост мешаванд. Ҳангоми ҳаракат кунонидани кура аз боло ба поён ба нуқтаи пасттарин, ки дар тарафи рост ва пеш аз варзишгар ҷойгир шудааст.
Пойҳо аз нав қат мешаванд. Инчунин сахт хамшавии бадан бо тамоили китфҳо ба тарафи чап ва ақиб дар лаҳзаи қатшавӣ ва гузаронидани даст ба паси сар инчунин ҳаракати компесистории кас, ки барои нигоҳ доштани радиуси калонтарини гардиши кура имкон медиҳад, хос аст. Ҳангоми иҷро намудани якчанд гардишҳо варзишгар кӯшиш менамояд, ки ба системаи «варзишгар - олот» суръати баланди даврзаниро бахшид ки дар натиҷа суръат хатти кура баланд мегардад. Ба варзишгар муҳим аст, ки ин суръат мунтазам дар шароити системаи ҳамвори даврзанӣ инкишоф ёбад. Дар ҳар як гардиш ҳолати дутакяги (фазои фаъол) ва яктакиягӣ (фазои пасив) ҷудо мекунад. Инкишофикалонтарин суръат ҳангоми ҳолати дутияки ба амал меояд. Дар ҳолати як такиягӣ бузурги бегонашавии суръат на он қадар калон аст. Ба ҳар як гардиш варзишгар ба пеш меравад.
Ин камонро барои ба вуҷуд овардани суръати пешраванда балки барои гузоштани варзишгар ба ҳолати мувофиқ ҳангоми равона кардани қувва ба болға муҳим аст. Ҳар як гардиш аз лаҳзаи дар тарафи рост мавҷуд будани кура тахминан дар сатҳи китф оғоз меёбад.
Гардишибосуръати кос ва махсусан китфҳо барои вусъат бахшидани кура ба пеш ва поён нуқтаи пастарин имкон медиуръати калони даврзании китфҳо ба наздикшавии меҳвари асосии китфҳо ва кос оварда мерасонад.
Ҳангоми се маротиба гардиш кардан ҳамаи гардишҳоро аз пошнои пои чап оғоз.
Қисми дуюми ҳолати яктакягӣ бо нӯги по иҷро мешавад. Пои рост танҳо бо нӯги по гардиш мекунад. Гардиши фаъоли пои рост ва теладиҳӣ дар лаҳзаи дар тарафи чапи варзишгар мавҷуд будани кура ба охир мерасад ва ба ҳолати якхела оварда мерасонад. Дар баробари ин устувории системаи варзишгар олотро - ро нигоҳ доштан муҳим аст. Дастаки рост ва тахтапушти доирашакл имкон медиҳад, ки радиуси гардиши кура зиёд гардад. Дар қисмати дуюми ҳолати як такягӣ ва суръати баланди пойҳо ва кос тани варзишгар аз нав ба тарафи рост майл мекунад. Ҳар як гардиши навбати аз гузариши устувори кафи пои рост ва мондаи пошнаи пойи чап ба такия дар лаҳзаи дар сатҳи китф мавҷуд будани курра оғоз меёбад. Техникаи гардиши дуюм ва сеюм аз техникаи гардиши якум қариб, ки фарқ намекунад аммо ба ҳар як гардиш тамоили бадан аз меҳвари умуми даврзани дар натиҷаи торафт зиёд гардидани қувваи марказгурези болға зиёд мегардад. Инчунин баробари зиёд гардидани суръат троекторияи поёни ҳаракити курра тарафи ба тарафи чап майл мекунад.
Варзишгарони ботаҷриба ва боқувват ки аз се гардиш истифода мебаранд давомнокии фазои фаъол тақрибан 0,8 с ҳангоми якум гардиш ва 0,4 с ҳангоми дуюм гардиш кам мешамад. Ин барои он лозим аст, ки ба кӯшиши қуввати навбати суръати ҳаракати болға зиёд карда мешавад.
Ҳангоми ҳар се гардиш пои чап асосӣ буда аз замин ҷудо намешавад.
Гулулапартоӣ
Яке аз намудҳои дигари ҳаво додан ин тела додани гулула мебошад. Гулулапартои аз варзишгар қувва калони ҷисмонӣ ва суръатро тақозо менамояд. Барои гулулаи вазнинро ба масофаи дур партофтан варзишгар бояд суръати баланди ҳаракат ва маҳорати хуби ҷаҳидан дошта бошад. Одатан варзишгароне, ки гулула мепартоянд қади баланд ва вазни калон доранд. Гулулапартои ҳамчун намуди варзиши сабук дар асри XIX дар Англия пайдо шудааст. Баъдан варзишгарони ИМА бо ин намуди варзиш машғул шуданд дар он давра ба монанди имрӯза лулуларо аз доираи диаметраш 7 фунт (2,135 м) мепартофтанд ва тамоми аспобу олоти варзиш ба 16 фунти англисӣ (7,257) кг баробар буд. Гулуларо аз ҷои истода ва давида омада аз доираи диаметраш 2,135 ба сектори кунҷаш 650 партофтан мумкин аст. Панҷаи даст ба пеш қат шуда оринҷи дасти рости қатшуда ба поён ва яктарафа ва камтар ба пеш равона карда мешавад. Чи қадаре, ки мушакҳои кафи даст ва панҷаро пурқувват кашад ҳамон қадар гулула ба кафи даст нағзтар ҷойгир мешавад, ки хусусияти эластикии мушакҳоро нишон медиҳад.Варзишгар дар қатори дури доира ба самти партофтани гулула пуштноки истода барои партофтани гулула омодагӣ мебинад. Пои рост ба доира ҷафс истода пои чап ба ақиб гузашта мешавад. Дасти чап ба боло ва пеш равона карда мешавад. Гулула ба гардан ҷафс меистад.
Варзишгар ба пеш хам шуда якбора ба пои чапи нимқат ба ақиб ба боло тела медиҳад баъдан варзишгар пои ростро қат карда хамшавиро ба охир мерасонад.
Оринҷи рост ба як тараф равона шуда дасти нимқати чап ба пеш равона карда мешавад.
Ҳангоми ҷаҳидан пои чап ба ақиб ва боло ба тарафи миёна сегмент равона шуда пои рост рост мешавад. Ин ҳаракат тақрибан 0,35 – 0,45 сония давом мекунад. Варзишгарони қадбалан маҷбуранд, ки пойҳоро пурра қат накарда тела кунанд. Варзишгарони қадпаст теладиҳиро бо гузариш бо пошнои по ба охир мерасонанд.
Ҳангоми ҷаҳидан тани варзишгар як андоза рост мешавад аммо ӯ бояд ҳолати ростро ноигоҳ дорад. Ҳамагуна ҳаракатҳои изофаги ба кӯшиши ниҳои таъсири манфи мерасонанд. Суръати ҳаракати гулула дар вусъати суръат дар марҳилаи ниҳоии партофтани гулула, ки аз гардиши бо вусъат ва бардоштани устухони кос иборат аст ба амал меояд. Ҳамаи ин ҳаракатҳои мураккабро варзишгарон тақрибан дар муддатӣ 0,4 сони иҷро мекунанд.
Гардиши устухони кос дар натиҷаи кори фаъоли пойҳо бо ҳаракати васеъи дасти рост ба боло якҷоя иҷро карда мешаванд ва васеъшавии мушакҳои китф ва дуршавии гулула оварда мерасонад. Ин қисмати аввали кӯшиши ниҳои аст, ки ҳангоми ба самти партофтани гулула яктарафа истодани варзишгар ба охир мерасад. Дар ин ҳолат даст ва китфи чап аз китфи рост баландтар меистад.
Қисмати дуюми кӯшиши ниҳои ба гардиши тези қафаси сина ба тарафи чап ва гардиши ҳардуи пой ва ростшави оғоз мешавад. Ин ҳаракатҳои тез ва пурзӯр барои барои боз ни гулула ва васеъшавии мушакҳо оварда мерасонад. Тарафи ростм устухони кос ба пеш мебарояд. Ин барои минбаъд ва боло ва пеш баровардани китфи рост ва дасти рост мусоидат мекунад. Ростшавии даст ва ростшавии ҳарду пой ва ба пойн ва ақиб равона кардани дасти чап мувофиқат мекунад. Гулула бояд ба қадри имкон баландтар ҳаво дода шавад. Махсусан ҳолати сар аҳмияти калон дорад. Аз лаҳзаи гузаштани пои чап нигоҳи варзишгар ба боло ва пеш ба самти партофтани гулула равона карда мешавад. Баъзан тамоми сар ба ақиб барои пурзӯр шудани рефлекси ростшави мусоидат мекунад. Пас аз ҳаво додани гулула пой ивазкунии пойҳо тавассути ҷаҳиш ба амал меояд. Пас рост дар назди сегмент ва пои чап ба пушт равона карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки варзишгар мавқеи мустаҳкамро ишғол намояд.
Бисёрҳарба
Қисми панҷуми варзиши сабук ин бисёрҳарба мебошад.Бисёрҳарба ба намуди олимпии тобистона ва зимистонаи варзиши сабук дохил мешавад. Бисёрҳарбаи тобистона барои мардҳо даҳбора барои занҳо ҳафтҳарба гузаронида мешавад.
Даҳҳарбаи тобистонаи мардҳо аз чунин намудҳо иборат мебошад. Дав. 100 м, ҷаҳидан ба дарози, тела додани ядро, ҷаҳидан ба баланди.
Дав 400м, Дав. 110 м бо монеъаҳо, ҳаво додани диск, ҷаҳидан бо шаст, ҳаво додани найза, Дав. 1500 м.
Ҳафтҳарбаи тобистонаи занҳо бошад аз чунин қисмҳо иборат мебошад: Дав. 100 м, бо монеъаҳо ҷаҳидан ба баландӣ, тела додани ядро, дав 200 м ҷаҳидан ба дарози, ҳаво додан найза.
Дав 800 м.
Дар бозиҳои зимистонаи варзиши сабук бошад дар байни мардҳо ҳафт ҳарба ва дар байни занҳо панҷҳарба гузаронида мешавад.
Ҳафтҳарбаи мардҳо аз чунин қисмҳо иборат мебошад:
Дав. 60 м, ҷаҳидан ба дарози дав 60 м бо монеъаҳо, тела додани ядро, ҷаҳидан ба баланди, ҷаҳидан бо шаст.
Дав 1000 м.
Панҷҳарбаи занҳо бошад аз чунин қисмҳо иборат мебошад:
Дав. 60 м, бо монеъаҳо, ҷаҳидан ба баланди, тела додани ядро, ҷаҳидан ба дарози.
Дав 800 м.
Мувофиқи қоидаи бисёрҳарба варзишгар дар ҳар намуд дар алоҳидаги ҳол мегирад. Ва бояд бисёрҳарба дар ду рӯз гузаронида шавад. Варзишгар баъд аз иҷрои як намуд бояд 30 дақиқа дам гарад. Дар бисёр ҳарба варзишгар агар дар намудҳои дав фолстарт кунад онро аз масофа бекор мекунанд, ки вай ҳуқуқи дав надорад. Дар намудҳои ҷаҳидан ва ҳаво додан бошад ба варзишгар се маротиба барои иҷро кардан иҷозат дода мешавад.
Комментарии (0)