Дин мақсад ва моҳияти он


Ҳар як шакли фарҳанги маънавӣ хусусиятҳои хоси худро доро буда, аз рӯи қонунҳои хоси худ инкишоф ёфта, ба таври махсус бо ҷузъиёти дигари фарҳанг алоқаи мутақобиларо пайдо мекунад. 

Дин дар ҳаёти ҷомеаи муосир мақоми махсусро ишғол намуда, чун идеология ва анъанаи тавонои миллӣ баромад мекунад. Пеш аз он ки мақоми динро дар сохтори фарҳанги маънавӣ ва махсусияти таъсири мутақобилаи онро бо ҷузъиёти дигари фарҳанги маънавӣ муайян намоем, зарур аст, ки хусусияти инъикоси динии воқеъиятро нишон диҳем. 

Масъалаи муайянкунии моҳияти дин. Дин падидаи бисёрҷабҳаи дорои шаклҳои зиёду гуногуне аст, ки таърихи тӯлониро соҳибанд. Бисёр таълимотҳои динӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ вуҷуд дошта, танҳо дар сарчашмаҳо маҳфуз мондаанд. 

Масъалаи муайян намудани моҳияти дин вобаста ба самти умумии ин ё он мактаби фалсафӣ ҳал мегардид. Дар таърихи афкори иҷтимоӣ миқдори зиёди чунин муайянкуниро мушоҳида кардан мумкин аст. Амалан ҳар як мактаби фалсафӣ аз рӯи тасаввуроти худ оиди олам, одам, раванди маърифат, арзишҳои асосӣ инчунин дар вобастагӣ аз он анъанаи фарҳангӣ-динӣ, ки дар дохили он вуҷуд дошт, моҳияти динро муайян мекард. Ин муайянкуниҳоро дар варянтҳои зерин нишон додан мумкин аст: 

Дин чун атои олами боло. Мавҷудияти Худоро эътироф намуда, илоҳиётшиносон динро чун кӯшиши шинохти Худо дар ҳар шакл аз тарафи инсон, ба ӯ ибодат кардан ва худро чун махлуқи ӯ донистан, маънидод мекунанд. Александр Мень (1935–1990) чунин ақида дорад, ки таърихи таълимоти адёни гуногун ин таърихи маърифати Худованд аз тарафи инсон мебошад, аммо шаклҳои гуногуни дин мураккабии ин равандро ва сатҳи нокифояи инкишофи худи инсонро мефаҳмонад. 

Дин василаи такмили инсон. Ба андешаи мутафаккири тоҷик Носири Хусрав дин воситаи асосии такмили олами маънавии инсон ба ҳисоб меравад: «Офариниши олам аз барои мардум будааст, офариниши мардум аз барои дин, касеро, ки дин нест, ӯ ноқис аст».

Дин ин натиҷаи иштибоҳ ва тарс дар назди табиат. Ин нуқтаи назар аз тарафи мутафаккирони давраи Маорифпарварӣ чун П. Голбах, Ж. Меле дастгирӣ ёфт. Пол Голбах (1723–1789) чунин меҳисобид, ки моҳияти дин ин ҷаҳолати инсонӣ ва надоштани майли аз худ намудани дониш ва бартараф кардани душвориҳо мебошад. Жан Меле (1664–1729) - собиқ рӯҳонии католикӣ, китоби калонҳаҷмеро бо унвони «Васиятнома» навишта буд, ки баъди марги ӯ нашр гардид. Дар китоб ӯ фаъолияти калиссои католикиро фош карда, онро маккори асосии ғораткуни мардум ҳисоб намуд. 

Дин ҳамчун меъёри иҷтимоӣМоҳияти динро сотсиолог Эмил Дюркгейм(1858–1917) чунин шарҳ медод: меъёрҳои иҷтимоӣ, арзишҳо ва қоидаҳое, ки мардум аз онҳо берун баромада наметавонанд, аз рӯи моҳияти худ идеяи динӣ мегарданд. 

Дин чун усули ахлоқӣ. Ба андешаи файласуфи немис Иммануил Кант ба инсоне, ки «ҷасорати истифода намудани ақли худро дорад», на дини «таърихи»-е, ки пур аз хурофот ва гумроҳӣ аст, лозим аст, балки «дини дар ҳудуди фақат ақл»- меъёрҳои олии ахлоқӣ бунёдёфта, зарур аст. Дини ҳақ ин шинохти инсон, дарки вазифаҳои ахлоқии ӯ чун фармудаи Худовандӣ мебошад, пас дин бояд ба вуҷуди инсон хос бошад. 

Вазифаи дин

1. Ҷаҳонбинӣ. Ҳар як дин ҷаҳонбинӣ аст, зеро дар ҳар як таълимот варианти ҷавоб ба саволҳои асосии ҷаҳонбинӣ вуҷуд дорад: Олам чигуна сохта шудааст? Моҳият ва рисолати инсон дар олам аз чӣ иборат аст? Ҳар як ҷараёни динӣ дорои манзараи олам ва консепсияи фардии худ мебошад, ки муайянкунандаи ҷанбаҳои дигари таълимот ва фаъолияти он ба шумор мераванд. 

2. Муоширатӣ. Дин бе маҳдудиятҳои давлатӣ, иҷтимоӣ, этникӣ ва забонӣ ба мардум имконияти муоширатро медиҳад. Чунин муошират натанҳо байни пайравони як дину мазҳаб вуҷуд дорад, балки байни онҳое, ки ба адёни гуногун мутааллиқ мебошанд, имкони мавҷудияташ ҳаст. Фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии динӣ ва иштироки ходимони динӣ дар барномаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии байналмилалӣ барои ин мисол шуда метавонад. 

3. Меъёрӣ. Дин натанҳо таълимоти назариявӣ мебошад, балки усули зиндагист, дин ҳаёти муқаррарии инсонро ба тартиб меандозад (баъзан бисёр сахт), дар соҳаҳои гуногун қойдаҳои муайяни арзиширо ҷорӣ мекунад. 


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив