- беҷошуда.
- сироятӣ - аллергиявӣ.
- омехта.
Тарзи инкишофи беморӣ. Дар инкишофи ҳамаи шаклҳои диққи нафас механизмҳои аллергӣ аҳамияти муҳим дорад. Майл кардан ба вокунишҳои (реаксияҳои) аллергӣ, бо андозаи хеле калон, аз рӯи тамоюли ирси муайян карда мешавад.
Хӯруҷи диққи нафас вобаста аз маҳкам шудани роҳҳои нафас дар натиҷаи ҳассоснокии зиёди хирной ва нойҷахо ба ангезандаҳои гуногун мебошад. Вайроншавии нуфузпазирии нойҷахо бо ташаннучи нойҷаҳо, варами илтихобии луобпардаҳо монеашавии балғами часпаку бадтағлияшаванда дар бронхғои хурд, алоқамандӣ дорад.
Клиника. Дар раванди беморӣ марҳилаҳои зеринро ҷудо мекунанд:
- пешхабарӣ,
- хурӯҷӣ,
- баъдихурӯҷй,
- байнихурӯҷй.
Хурӯҷи тангнафасӣ бо эҳсосоти норасоии ҳаво, фишориши қафаси сина, ифода ёфтани дамкутоҳӣ дар нафаскашӣ тавсиф дода шудааст. Нафаскашӣ ҳуштакдор буда, хирросҳо аз масофаи андаке дур шунида мешавад. Кӯдакони хурдсол ҳаросон, дар ҷойхобашон печу тоб мехӯранд, кӯдакони синни калон ба ҳолати ноҷорӣ гирифтор гашта, ба пеш хам шуда нишаста, бо оринҷҳо болои зонуҳо такя карда, бо даҳон ҳаворо дошта мегирад. Имконияти нутқ кардан тақрибан нест. Чеҳраи рангпаридагй, бо тобишҳои ранги кабуд. бо арақи хунук пӯшида, дида мешавад. Парраҳои бинӣ ҳангоми нафаскашӣ варам мекунанд. Қафаси сина дар ҳолати нафаскашии зиёдтарин (максималӣ) қарор дошта, дар нафаскашӣ мушакҳои ёридиҳанда иштирок менамоянд. Ҳангоми сулфа задан балғами часпаку ғализ бо душворӣ бароварда мешавад. Ҳангоми ангуштзанй садои қуттӣ муайян карда мешавад. Дар заминаи нафаси дурушт ё ки заиф миқдори барзиёди хирросҳои хушки ҳуштакдор гӯш карда мешавад, баъзан кирт-кирткунӣ. Садоҳои дил паст буда, тез-тез задании дилро мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар кӯдакони синни бармаҳал варамӣ ва зиёд ҳосилшавии тарашшуҳ бартарӣ дошта, аз ин сабаб хурӯҷи тангнафасӣ нисбатан оҳиста инкишоф ёфта, андаке давомнок ва вазнин ҷорӣ мешавад.
Ҳангоми раванди сабуки беморӣй хурӯҷ гоҳ-гоҳ 1-2 маротиба дар як сол ба амал омада, ба осонӣ қатъ карда мешавад. Хурӯҷҳои миёнавазнин дар як моҳ 1 маротиба ба вуҷуд омада, пас аз истифода бурдани маводҳои бартарафкунандаи диққи нафас, боздошта мешавад. Ҳангоми раванди вазнин хурӯҷҳои тангнафасӣ тез-тез ба амал омада, давомнок буда, бартараф кардани он душвор аст ва ба ҳолати буғикунанда мегузарад. ки хурӯҷро дар давоми 6-8 соат ва аз ин ҳам зиёд қатъ кардани он муяссар намегардад.
Инкишофи ҳолати буғикунанда бо афзуншавии норасоии нафаскашй тавсиф дода мешавад, ки дар ин хол миқдори зиёди хирросҳои хушк ва ё ки нам шунида мешавад. Оҳиста-оҳиста нафаскашӣ заиф гашта, хирросҳо аз шушҳо нобуд шуда - шуши «гунг» ташкил меёбад. Ҳангоми тадриҷан шиддат ёфтани беморӣ иғмои (мадҳушии) норасоии оксигенӣ инкишоф меёбад.
Дар марҳилаи баъдихурӯҷӣ ахволи бемор оҳиста -оҳиста беҳтар гашта, аммо муддати якчанд рӯз сулфаи намнок бо баромадани балғами шаффофи луобӣ нигоҳ дошта шуда. мумкин аст хирросхо шунида шавад.
Ташхис. Дар таҳлили умумии хун, эозинофилия хос аст. Дар балғам қабат ва доначаҳои эозинофилҳоро ошкор мекунанд, ки аз ҳуҷайраҳои вайроншуда баро-варда шудаанд. Дар хун миқдори иммуноглобулинҳои Е зиёд шудааст. Барои ошкор кардани аллергени мушаххас дар давоми байнихурӯҷи озмоиши пустӣ бо аллергенҳо мегузаронанд. Ҳангоми зарурат - озмоишҳои таҳрикӣ.
Табобат. Дар табобати диққи нафас, марҳилаҳои зеринро ҷудо мекунанд:
- гузаронидани чорабиниҳои муолиҷавие, ки барои боз- доштани хуруҷ равон карда мешавад.
- муолиҷаи зидди такроршавии беморӣ.
- муолиҷаи мушаххаси масъунӣ.
луобҳалкунандаҳо ва ферментҳои таҷзиякунанда таъин карда мешавад. Ҳангоми ошкор кардани нишонаҳои норасоии масуният доруҳои барангезандаи масуниятро истифода мебаранд.
Дар табобати диққи нафаси ғизои риоя кардани пархезиҳои беаллергени, муолиҷаи парҳезии сабук, таъин кардани сорбентҳо ва кеготифен, аҳамияти махсус дорад.
Муолиҷаи бемориҳои вазнин дар шӯъбаи муолиҷаи вусъатнок гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи баъдихурӯҷии диққи нафас беморро ба муолиҷаи доругӣ дар шароити амбулаторӣ мегу-заронанд. Дар ин марҳила кӯдакон ва волидайии онҳоро бо қоидаи дурусти иҷро кардани дамкашӣ омӯзонидан хатми буда, бовари ҳосил кардан лозим аст, ки дар ҳолатҳои зарурат тавсияро аник риоя менамоянд.
Пешгирӣ. Пешгирии аввалини диққи нафас иборат аст аз нигоҳубин ва мушоҳидаи кӯдаконе, ки бо бронхити мусаддид, бронхиолит, илтихоби тангкунандаи гулӯ, аллергияи ғизои ва доруги гирифторанд. Пешгирии дуюминдараҷа барои огоҳонидани хурӯҷҳо дар беморони диққи нафас равона карда шудааст.
Комментарии (0)