
Инак, масалан, агар писар ҳам падару ҳам модар дошта бошад, ин ба кӯдак имконияти инкишоф додани хотира ва малакаи омӯзишро фароҳам меорад. Дар духтарҳо бошад мутобиқати таҳрики ва хушхулқию одамдӯсти инкишоф меёбад.
Олимон аз Институти омузиши майнаи донишгоҳи Калгари сабаби ин падидаро дар он медонад, ки кӯдакон ҳангоми ҳам падару ҳам модар доштан бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегиранд ва худро хеле устувор ҳис мекунанд. Дар натиҷаи онҳо солҳои аввали зиндагӣ камтар ба стресс дучор мешаванд. Стресс ҳарчиқадар камтар бошад, ташаккулёбии хучайраҳои майна ҳамон қадар осонтар мешавад. Дар писарҳо ҳуҷайраҳои моддаи хокистарранг ва дар духтарҳо ҳуҷайраҳои сафед фаъолона инкишоф меёбанд.
Муҳаққиқон баъди баргузор намудани таҷриба бо мушҳо ба Чунин хулоса омаданд. Мушбачаҳоро ба ду гуруҳ тақсим карданд - бо яке аз волидайн ва бо ҳар дуи онҳо. Фаъолнокии бавуҷуд омадани нейронҳоро дар мушбачаҳо аз рӯзи таваллудашон то калон шуданашон чен намуданд. Маълум шуд, ҳамон хазандаҳо баъди калон шудан миқдори зиёди хуҷайраҳо доштаанд, ки ҳамроҳи хам падар ва ҳам модар ба воя расидаанд.
Ҷолиби диққат аст: мушҳои модда, ки ҳамроҳи ҳардуи волидайн ба воя расидаанд, модарои танҳои хеле хуб шудаанд. Яъне модели хуби рафтори волидайн ба онҳо бомуваффақият гузаштааст.
Комментарии (0)