Ба омӯзиши олами ҳайвонот, ки теъдоди зиёди мавҷудоти зиндаро дар бар мегирад, илми зоология машғул аст. Зоология аз калимаи юнонии зоо – ҳайвон ва логос – илм гирифта шудааст.
Ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон нақши муҳим доранд. Баъзе аз онҳо фоидаовар буда, бе онҳо ҳаёти солими инсонро тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Масалан, чорвои хонагӣ, моҳиёни шикорӣ, парандаҳо, занбӯри асал, кирми абрешим ва бисёр намудҳои дигар.
Баъзе намудҳои ҳашарот ба зироатҳои мухталифи кишоварзӣ зарар мерасонанд, қисми дигарашон паҳнку-нандаи бемориҳои инсон ва ҳайвон мебошанд. Намудҳои ҳайвонҳое низ вуҷуд доранд,ки аз рӯйи ҳаракати махсуси (рафтори) онҳо ҳодисаҳои фалокатовари табиӣ, ба монанди заминларза ва тӯфон дар баҳру уқёнусро пешгӯйӣ кардан мумкин аст. Илова ба ин, ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калони эстетикӣ доранд. Масалан, хониши булбул, кабк, бедона ва даҳҳо намудҳои дигари парандаву ҳайвонот ба инсон ҳаловат мебахшанд.
Аз ҳамин сабаб инсон бо ҳайвонот дар тамоми давраи ҳаёташ робита дорад. Ӯ ҳайвонҳоро чун маводи хӯрока, ба- рои тайёр кардани анҷомҳои оройишӣ ва дигар мақсадҳои хоҷагӣ истифода мебарад. Зоология яке аз соҳаҳои илми биология буда, бо дигар фанҳои биологӣ – ботаника, анатомия ва физиология, систематика, экология, генетика, биохимия, биофизика, таълимоти эволютсионӣ ва ғайраҳо робита дорад. Ба ғайр аз ин, зоология ба илми тиб, хоҷагии қишлоқ ва дигар фанҳои табиатшиносӣ низ алоқаманд аст. Аз сабаби бениҳоят зиёд будани гуногуншаклии ин ё он гурӯҳи ҳайвонот, зоологияро ба фанҳои соҳавӣ ҷудо мекунанд. Масалан, ҳайвонҳои якҳуҷайраро фанни протозоология, ҳашаротро фанни энтомология, парандагонро фанни орнитология меомӯзад.
Вазифаҳои фанни зоология. Вазифаҳои илми
зоология инҳоянд: сохти зоҳирӣ ва дохилии ҳайвонотро меомӯзад; гуногунии олами ҳайвонот, тарзи ҳаётгузаронӣ ва алоқамандии ҳайвонотро ба муҳити зист мефаҳмонад; пайдоиши ҳайвонот, инкишоф, паҳншавӣ, аҳамият, зарароварӣ ва роҳҳои муҳофизати онҳоро тадқиқ мекунад.
Таърихи мухтасари фанни зоология. Зоология яке аз фанҳои қадимтарин аст. Инсон ба олами ҳайвонот аз давраҳои хеле қадим, ҳанӯз то пайдоиши хат, ки дар илм асри санг (палеолит) меноманд, алоқа дошт. Одамон ҳайвонотро, аз ҷумла мамонт, гавазн, каркадан, бизон, хирс, уқоб ва ғайраҳоро шикор мекарданд ва кӯшиш менамуданд, ки онҳоро ром кунанд. Далели ин дар тахтасангҳо тасвир ёфтани расми ин ҳайвонҳо мебошад.
Одамон ҳайвоноти заҳрдорро аз безаҳр фарқ карда, ба онҳо ном гузошта, муҳофизат мекарданд. Баъдтар, қариб 10-12 ҳазор сол пеш инсон бо мақсадҳои гуногун ба хонагӣ кардани ҳайвоноти ёбоӣ оғоз кард, ки соҳаи нави хоҷагӣ – чорводорӣ ба вуҷуд омад. Масалан, дар давоми таърихи инсоният 60 намуди ширхӯрон, 10-12 намуди паранда, 5 намуди ҳашарот (занбӯри асал, шапалаки дарахти тут, заранг, кашенили мексикоӣ, кирми лакдиҳанда) хонагӣ карда шудаанд. Дар Ҳиндустон, Чин, Арабистон ва дигар мамлакатҳои Шарқ дар бораи ин ё он намуди ҳайвонот асарҳо менавиштанд, акси онҳоро дар тахтасангҳо ва деворҳо тасвир менамуданд. Дар замони ҳозира ҳам хонагӣ кардани ҳайвоноти ёбоӣ идома дорад.
Дар Қазоқистон аз дурагакунии гӯсфанди маҳинпашм бо гӯсфанди ёбоии архар – гӯсфанди қазоқии архармеринос ба вуҷуд оварда шуд. Яке аз маконҳои хонагӣ кардани бисёр намудҳои ҳайвонот Осиёи Марказӣ буд. Аспи намуди шарқӣ, гӯсфанд, буз, кабӯтар ва ғайраҳо дар ҳамин ҷо хонагӣ карда шудаанд. Одамон ба ғайр аз хонагӣ кардани ҳайвонот кӯшиш мекарданд, ки дар бораи намудҳои гуногуни ҳайвоноти муҳити атрофашон ҳарчӣ зиёдтар маълумот дошта бошанд. Вале кӯшишҳои онҳо дар бораи фаҳмидани олами ҳайвонот хусусияти тасвирӣ ва ҷустуҷӯйӣ доштанд.
Асосгузори зоологияи илмӣ, ки ӯро баъзан падари фанни зоология ҳам меноманд, олими бузурги Юнони қадим Арасту (Аристотел) аст. Арасту тахминан 500 намуди ҳайвонотро омӯхта, онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кард: ҳайвоноти хундор ва бехун. Ба гурӯҳи аввал ҳамаи ҳайвоноти сутунмуҳрадор ва ба гурӯҳи дуюм ҳайвоноти бесутунмуҳраро дохил кард. Арасту дар асараш «Таърихи ҳайвонот» оид ба сохти ҳайвонот, фарқи ҷинсӣ, афзоиш, ҷойи зист, рафтор, пӯстпартоӣ, таркиби ғизо ва ғайра маълумоти муфассал додааст. Минбаъд омӯзиши олами ҳайвоноти дунё бо суръати тез пеш рафт. Масалан, агар дар замони Арасту (асри IV то милод) тақрибан 500 намуди ҳайвонот маълум бошад, ҳоло шумораи онҳо зиёда аз 2 млн аст. Ба ғайр аз ин, агар дар асри XVIII ҳамагӣ чор типи олами ҳайвонот маълум буд, ҳоло шумораи типҳои олами ҳайвонот ба 24 адад мерасад.
Дар асрҳои IX-X бошад, Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳояш оид ба олами ҳайвонот маълумоти зиёд овардааст.
Абӯалӣ ибни Сино барангезанда ва паҳнкунандаи бисёр касалиҳои сирояткунандаи инсонро ба ҳайвон ва махсусан, ба ҳашароти хунмак вобаста мекард (расми 2). Ҳамин ақидаи Ибни Синоро баъди 1000 сол дар асри XX олими рус Е.Н. Павловский исбот карда, ба мукофоти олии давлатӣ сазовор шуд ва номи ин олим машҳури ҷаҳон гардид (расми 3).
Баробари тараққиёти фанни зоология дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё, дар Тоҷикистон низ ин фан мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифт. Тоҷикистон бо олами бойи ҳайвонот ва хусусиятҳои махсуси ҷуғрофиаш дар ҷаҳон маълум аст. Ҳанӯз дар нимаи аввали асри XIX як гурӯҳ олимони рус ва Аврупо барои омӯхтани олами ҳайвоноти Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд карданд, аммо тадқиқоти онҳо хусусияти тасвирӣ ва мавсимӣ дошт. Омӯзиши амиқи олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ, асосан, аз соли 1928 сар шуд. Дар соҳаи омӯхтани он хизмати олимони зоологи ватанамон хеле калон аст.
Соли 1929 дар Душанбе Институти тропикӣ ва дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ стансияҳои мубориза ба муқо били вараҷа, соли 1932 бошад, стансияи паразито-логӣ таш кил карда шуд.
Он замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касалиҳои сироят-кунанда, аз қабили вараҷа, лейшманиоз (калазар, захми шарқӣ ё пендинка), бемориҳои кирмҳои паразитӣ хеле авҷ гир ифта буд. Соли 1941 дар Душанбе Институти зоология ва паразитология ташкил ёфт. Саҳми олимони ин даргоҳи илм ва олимони кафедраҳои зоологияи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар омӯзиши олами ҳайвоноти ватанамон хеле бузург мебошад. Дар ин радиф М. Нарзиқулов, И. Абдусаломов, А. Қодиров, И. Лопатин, С. Муҳиддинов, А. Саидов, Ш. Баротов, Т. Сатторов, З. Иззатуллоев ва бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст. Олимони ватанӣ садҳо намудҳои барои илм нави ҳайвонотро кашф кардаанд. Диққати олимон, пеш аз ҳама, ба он равона гардида буд, ки дар навбати аввал намудҳое омӯхта шаванд, ки онҳо ба инсон ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фоида ё зарар меоваранд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ паҳнкунанда ва ангезандаи бисёр бемориҳо, аз ҷумла касалиҳои чорвои хонагӣ, ҷонварони зараррасон ва фоидарасони зироатҳои мухталифи кишоварзӣ ва роҳҳои мубориза ба муқобили онҳоро муайян карданд.
Зоология – илм дар бораи ҳайвонот
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
- Таъсири раванди омӯзиши фанҳои равияи табиӣ – гуманитарӣ дар ташаккулёбии донишҳои ҳуқуқии мактабиёни наврас (Дар асоси таҳлил ва муайянсозии имконоти фанҳои таълимӣ дар самти таъмини тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол)
Комментарии (1)