Яке аз олимони машҳури Русия Иван Петрович Павлов (1849-1936) аз соли 1890 то соли 1895 мудири кафедраи фармакологияи Академияи ҳарби-тиббû буд. Ӯ асосгузори психофармакология мебошад. Бори аввал дар таърихи илм Павлов И.П. бо шогирдонаш таъсири бромидҳо ва кофеинро ба системаи марказии асаби ҳайвонҳои солим ва неврозҳои таҷрибавии онҳо омӯхтааст.
Николай Павлович Кравков (1865-1924) яке аз шахсиятҳои намоён дар таърихи фармакология ба ҳисоб меравад.
Ӯ пас аз академик Павлов И.П. дар кафедраи фармакологияи Академия дар давоми 25 сол ҳамчун мудири кафедра фаъолият намудааст.
Хизмати Кравков Н.П. дар он буд, ки аввалин
маротиба наркози ғайриингалятсиониро пешниҳод намуда, барои наркози дохили варидӣ доруи гедоналро ва барои наркози омехта доруҳои гедонал ва хлороформро истифода бурдааст.
Кравков Н.П. 1-умин китоби фармакологияро аз чоп баровардааст. Ӯ мактаби калони фармакологҳоро ба монанди олимони машҳури рус С.В.Аничков, В.В.Закусов, М.В.Николаев дар ин Академия кушодааст.
Олими шинохтаи соҳаи фармакология шогирди Н.П.Кравков олим Аничков С.В. мебошад (1899-1981). Ӯ дар Академияи ҳарбӣ-тиббии ба номи Киров С.М ва дар Донишкадаи санитарӣ-гигиении Ленинград мудири кафедраи фармакология буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёти худ шӯъбаи фармакологияро дар Донишкадаи таҷрибавии тиббии АИТ СССР ба ӯҳда дошт.
Бояд қайд намуд, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи фармакология саҳми арзандаро шогирди С.В.Аничков, ки солҳои тӯлонӣ дар шуъбаи фармакологияи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби эксперименталии АИТ Федератсияи Россия фаъолият намудааст, профессор Денисенко Пётр Прокофевич мебошад ва фармакологҳои тоҷик он касро устоди худ меҳисобанд.
Таърихи рушди фармакология дар русия
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Садриддин Айни - омӯзгор ва тарбиятгари насли наврас
Комментарии (0)