Расми Механизми таъсири анестетикҳо
Ҷиҳатҳои мусбати анестетикҳои маҳаллӣ:
1. Ҳамаи анестетикҳои маҳаллӣ фаъолияти системаи марказии асабро қатъ накарда, дард ва дигар намудҳои ҳиссиётро бартараф мекунанд. Дар зери таъсири доруҳои карахткунанда аксарияти ҷарроҳиҳоро гузаронидан мумкин аст. Ҳатто баъзе ҷарроҳони ботаҷриба тамоми ҷарроҳиятҳоро дар зери таъсири ин маводҳо иҷро мекунанд.
2. Анестетикҳои маҳаллӣ назар ба наркози умумӣ камхатар ҳастанд.
Соли 1879 олими рус Анреп нахустин маротиба доруи карахткунанда - кокаинро пешниҳод карда, хосияти анестетикии онро дар организми худаш санҷидааст. Соли 1884 пизишки рус ҳангоми гузаронидани ҷарроҳии офталмологӣ ин доруро кор фармуд. Барои омӯзиш ва инкишофи назарияҳо дар бораи анестезияи маҳаллӣ олимони рус ва шӯравӣ Бреден, Юдин, Вишневский ва дигарон саҳми арзандае гузоштаанд. Ҳоло маводҳои карахткунанда хеле васеъ дар амалияи тиб истифода мешаванд.
Анестетикҳои маҳаллӣ аз рӯи сохти кимиёвиашон ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1.Эфирҳои кислотаи бензол – кокаин (Cocainum hydrochloridum -2-5%, 5-10%).
2.Эфирҳои кислотаи парааминобензоӣ – анестезин, дикаин, новокаин
(Anacsthesinum -0,5%, Dicainum –0,5%, Novocainum –0,25%,0,5% -1-2%/).
3.Атсетамидҳо – лидокаин (ксикаин), тримекаин (Lidocainum; 0,25%, 0,5%, Trimecainum-0,25%, 0,5%, 1-2%).
4.Амидҳои кислотаи 2 бутокси-синхонилӣ - совкаин (Sovcainum-0,5%-1%).
Анестетикҳоро барои намудҳои гуногуни анестезия истифода мебаранд:
- барои анестезияи сатҳӣ (терминалӣ): дикаин, гидрохлориди кокаин, анестезин, лидокаин;
- барои анестезияи инфилтратсионӣ: новокаин, пирокаин, тримекаин, лидокаин;
- барои анестезияи интиқолӣ: новокаин, пиромекаин, тримекаин ва лидокаин;
- барои анестезияи ҳароммағзӣ: совкаин, лидокаин;
Комментарии (0)