Волидон дар зиндагии мо – фарзандон нақши калону муҳимро мебозанд. То вақте, ки волидон ҳамроҳи мо мебошанд, онҳо пушту паноҳи мо ҳастанд. Ҳар як шахс бояд нисбат ба падару модар эҳтиром гузорад. Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки бисёр ҷавонон падару модари худро ҳурмату эҳтиром намекунанд. Ин қабил ҷавонон бояд донанд, ки ҳурмату эҳтироми волидайнро ба ҷо наовардан, нисбат ба онҳо дағалона рафтор кардан гуноҳест азим. Дар ин бора бузургон гуфтаанд:
Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Оре, волидайн шахсони муққадас мебошанд. Бе падару модар инсон ба сахтиҳои зиёди рӯзгор дучор мегардад. Падару модар моро ба роҳи инсону инсондӯстӣ, ростиву ростқавлӣ, дӯстиву рафоқат ва бо роҳи мустақили зиндагӣ ҳидоят мекунанд. Зиндагӣ бе волидайн маъное надорад, зеро падару модарро сутуни хонадон меноманд. Зиндагии ҳар як шахс аз батни модар сарчашма мегирад. Модар нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз тифлро дар батнаш нигоҳ дошта, аз рӯзи тавлидаш бо навозишу хониши суруди “Алла” фарзандашро калон мекунад. Аз овони кӯдакии тифл модар ӯро тарбия намуда, ба зиндагӣ қадамҳои аввалин гузоштанро меомӯзонад. Аввалин калимае, ки фарзанд ба забон меорад ин калимаи “Модар” мебошад. Падар низ дар тарбияи фарзанд саҳми арзандае дорад, зеро падар бо панду насиҳатҳои худ барои фарзанд намуна мебошад. Вале боз фарзандоне ёфт мешаванд, ки ҳурмати волидайнро ба ҷо намеоранд, ба эшон гапгардонию забондарозӣ мекунанд, ки рафтори фарзанд падару модарро аз зиндагии ширин дилсард мекунад ва аз руйи он фарзанди нохалафи худ дар байни мардум беобрӯ мешаванд, ки дар урфият гуфтаанд:
Фарзанди нағз – боғи падар,
Фарзанди бад – доғи падар.
Волидайн ба монанди боғи мевадоре мебошанд ва фарзандон меваҳои онанд. Чунончӣ мисли дарахт фарзандро аз фалокатҳои рӯйи замин эмин нигоҳ медорад ва дар оянда аз фарзанд нигоҳубини хубро интизоранд. Зеро фарзанди хуб метавонад асои пирӣ барои падару модар бошад. Дар ин бора бузургон чунин гуфтаанд:
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад.
Падар дар кӯдаки бо шавқи дил дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Ман ба хулосае омадам ва гуфтаниям, ки ҳар як фарзанд ҳурмату эҳтироми волидайнро ба ҷо биёранд, аз суханони эшон саркашӣ накунанд, ба суханони онҳо гӯш диҳанд. Зеро ягон падару модар барои фарзанди худ бадиро намехоҳад. Бинобар ин мо фарзандон волидайни худро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳубин кунем, дар пастиву баландиҳои зиндагӣ онҳоро ҳамроҳӣ бояд кард, зеро ҳар як панду насиҳати падару модар ба фарзанд мисли ҷавшан буда, аз бисёр фалокатҳо нигоҳубин мекунад ва ба қуллаҳои баланди зиндагӣ бурда мерасонад. Дар ин бора шоири хуш каломи тоҷик Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бале, модар шабу рӯз даст боло карда аз Худованди таборак ва таъоло ба фарзанди худ тани сиҳату вақти хуш, зиндагии ободу фарзандони зиёдеро талаб менамояд. Ба қадри падару модари хеш бирасед, рӯзе мешавад, ки шумо падару модари худро дигар намеёбед, зеро шумо як падару як модар доред.
Комментарии (0)