Доруҳои хобовар дар тиб хеле васеъ истифода мешаванд. Ин доруҳо ангезиши СМА-ро кам ва боздориро дар он зиёд мекунанд. Доруҳо ба хобравӣ мусоидат намуда, давомнокии хобро муътадил месозанд. Хоб – талаботи физиологии организм мебошад. Хоб 1/3 ҳиссаи ҳаёти инсонро ташкил мекунад. Дар вақти хоб як қатор тағйиротҳо дар системаҳои организми инсон дида мешаванд: вуҷуд надоштани ҳуш, паст шудани реаксияҳои рефлекторӣ; дар функсияи вегетативӣ бошад – зуд-зуд задани дил, суст шудани мубодилаи моддаҳо ва пастшавии ҳарорат, суст шудани вазифаи узви ҳозима, гурдаҳо ва тонуси мушакҳо. Дар майнаи сар протсессҳои мубодилаи моддаҳо баланд шуда, ҳосилшавии АТФ ва креатинин-фосфат, синтези глюкоза ва миқдори гормони соматотропин дар хун зиёд мешавад. Дар айни ҳол бо ёрии усули электроэнсефалография дар суръатгирии хоб 2 марҳала ба навбат ҷараён мегирад: марҳалаи 1-ум марҳалаи хоби суст (синхронизиронидашуда) – ба калонсолон хос аст, ки он 80%-ро ташкил медиҳад ва марҳалаи 2-ум марҳалаи хоби тез (десинхронизиронидашуда) – хоб бо ҳаракати тези ғӯзаи чашм, хоббинӣ ва ғайра ба амал омада, 20%-ро ташкил медиҳад ва ба кӯдакон хос аст.
Аз рӯи тасаввуроти муосир хоб протсесси фаъол буда, бо сохторҳои майнаи сар идора мешавад, ки он аз 2 система иборат аст:1) системаи гипногенӣ – фарматсияи ретикулуярии поёнравандаи танаи майнаро дар бар мегирад, ки ба он системаи лимбикии майна, як қатор сохторҳои таламус, гипоталамус, қисмҳои кортикалӣ ва кӯпруки варолиевӣ дохил мешаванд; 2) фарматсияи ретикулярии болоравандаи фаъолкунандаи танаи майна буда, роҳҳои ҳароммағзу-таламӣ, марказҳои булбавӣ ва қисман кӯпруки варолиевиро дар бар мегирад. Ҳангоми хоби физиологӣ аз рӯи тасаввуроти муосир фаъолнокии системаи гипногенӣ (синхронизиронидашуда) фаъол ва фарматсияи ретикулярии болоравандаи фаъолкунандаи танаи майна (десинхронизатсияро ба амал меорад) суст мешавад.
Вайроншавии хоб се намуд мешавад:
1.Вайроншавии хоб, ки бо протсесси хоббарӣ вобаста аст (бехобии ҷавонон).
2.Вайроншавии хоб, ки бо вайроншавии давомнокии хоб вобаста аст (бехобии пиронсолон). Ин аломатҳоро ҳангоми тавсияи доруҳои хобовар дар назар доштан лозим аст. Ҳангоми бехобии ҷавонон – доруҳои таъсирашон кӯтоҳмуддат ва ҳангоми бехобии пиронсолон доруҳои таъсирашон давомнок истифода мешаванд.
3.Вайроншавии хоб, ки вобаста бо ягон бемории соматикии организм аст. Ҳатман муолиҷаи бемории асосӣ лозим аст.
Доруҳои хобовар ба хобравӣ мусоидат мекунанд (хобро ба вуҷуд меоранд гуфтан нодуруст аст).
Дигар нишондодҳо барои тавсияи доруҳои хобовар:
- дар меъёри хурд чун доруи оромбахш;
- барои премедикатсия ҳангоми тайёрӣ ба ҷарроҳӣ (барои пурқувват намудани таъсири доруҳои бедардкунанда);
- баъзе доруҳои хобовар чун доруҳои зидди ларзишҳо истифода мешаванд;
- бемории баҳрӣ, ҳангоми қайкунӣ;
- бемории гипертонӣ, ҳангоми ихтилоҷи рагҳо.
Таснифи доруҳои хобовар
(аз рӯи принсипи таъсирот ва сохти кимиёвии доруҳо)
1.Агонистҳои ретсепторҳои бензодиазепинӣ:
1) ҳосилаҳои бензодиазепин – нитразепам, феназепам, диазепам, нозепам;
2) доруҳои сохти кимиёвиашон гуногун (ғайрибензодиазепиновӣ): золпидем, зопиклон;
2.Доруҳои хобовари таъсирашон наркотикӣ:
1) ҳосилаҳои гетеросиклӣ - ҳосилаи кислотаи барбитуратҳо - фенобарбитал (люминал, барбитурат) ва этаминал натрий;
2) пайвастаҳои алифатӣ - хлоралгидрат.
3.Доруҳои антигистаминӣ- димедрол; доруи натрий оксибутират.
Механизми таъсири доруҳо муайян карда нашудааст, чунки механизми суръат гирифтани хоб маълум нест, бинобар ин чунин мешуморанд, ки доруҳо ба гузариши импулсҳои байнинейронии синаптикӣ дар СМА таъсири афсурдакунӣ доранд: дар қишри майна, роҳҳои афферентӣ, фарматсияи ретикулярӣ, системаи лимбикӣ ва ғайра. Барои ҳар як гурӯҳи алоҳидаи доруҳои хобовар мавқеи таъсирот хос аст.
Бисёри доруҳои анксиолитӣ, ки ба гурӯҳи ҳосилаи бензодиазепин дохиланд, хосияти назарраси хобоварӣ доранд. Аз гурӯҳи транквилизаторҳо доруҳо нитразепам (Nitrazepamum таблетка 0,005 ва 0, 01), феназепам (табл. 2,5 мг, 0,0005, 0,001) ва диазепам (седуксен (Sibazonum; табл. 0,005; дар амп. маҳлули 0,5%- 2 мл) васеъ истифода мешаванд.
Механизми таъсири бензодиазепинҳо инчунин бо ҳамтаъсиркунӣ бо ретсепторҳои бензодиазепинӣ вобаста буда, таъсири боздории ГАМК-ро ба амал меоранд ва фаъолияти системаи лимбикии майнаро (гипногениро) зиёд мекунанд. Каналҳои хлор кушода шуда, ворид шудани хлор ба дохили нейронҳо зиёд мешавад, ки ин ба зиёдшавии потенсиали боздорӣ оварда мерасонад. Таъсири терапевтии васеъ доранд. Онҳо якчанд намуди таъсирот доранд: 1) хобоварӣ 2) оромбахшӣ, 3) зидди ларзишӣ, 4) суст кардани тонуси мушакҳо (миорелаксантӣ). Транквилизаторҳо пас аз 20-30 дақиқаи истифодабарӣ таъсир мерасонанд. Таъсири хобоварии онҳо 6-8 соат давом мекунад. Нитразепам таъсири доруҳои наркоз, хобовар, спирти этил ва бедардкунандаро пурзӯртар ва давомнок менамояд. Доруҳои гурӯҳи транквилизаторҳо аз гурӯҳи барбитуратҳо чунин фарқият доранд: сохти хобро кам тағъйир медиҳанд; таъсири васеи терапевтӣ доранд, заҳролудшавӣ бо доруҳо камтар ба амал меояд; индуксияи ферментҳои микросомалии ҷигарро кам ба вуҷуд меоранд, ба вуҷуд омадани хавфи вобастагии доругӣ ва одаткунӣ камтар аст.
Доруҳои лоразепам, нозепам, диазепам чун нитразепам васеъ истифода мешаванд. Хосиятҳои анксиолитӣ, хобоварӣ ва суст кардани мушакҳоро доранд, барои паст кардани хурӯҷи бемории саръ ва ғайра истифода мешаванд.
Айни ҳол доруҳои гурӯҳи бензодиазепин чун доруҳои хобовар аз ҳама оптималӣ ба ҳисоб мераванд. Ин доруҳо хусусан ҳангоми вайроншавии хоб, ки сабаби он нооромӣ ва тарсу ваҳм мебошанд, манфиатбахшанд. Доруи золпидем (ивадал) ҳосилаи имидазопиридин аст. Таъсири назарраси хобоварӣ ва оромбахшӣ дорад. Хосияти анксиолитӣ, зидди саръ ва суст кардани мушакҳо камтар дида мешавад. Ин дору низ бо ретсепторҳои бензодиазепинӣ ҳамтаъсирӣ менамояд. Ба марҳалаи хоб таъсир надорад. Доруро ба дарун тавсия мекунанд. Аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешавад. Таъсираш кӯтоҳмуддат аст.
Доруҳои хобовар
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
- Тест аз фанни ҷарроҳия барои донишҷӯён
Комментарии (0)