Доруҳои зидди бемории саръ


 Ду намуди ларзишҳоро фарқ мекунанд: клоникӣ (ноҳияи ангезиш дар майнаи сар аст) ва тоникӣ (ноҳияи ангезиш дар ҳароммағз). Ларзишҳои шадид метавонанд ҳангоми статуси эпилептӣ, кузоз, заҳролудшавӣ бо заҳрҳои ларзишовар (стрихнин, коразол), эклампсияи ҳомиладорон (импулсҳои патологӣ аз узвҳои кос дар асоси ҳомиладорӣ дида мешаванд), дар натиҷаи бемориҳои эндокринӣ (тетания – кам шудани миқдори Са--ии ионизатсияшуда, дар хун ва шоки гипогликемӣ) ба амал оянд.
 Ҳангоми ларзишҳои шадид доруҳоро аз гурӯҳи наркоз, доруҳои ҳосилаи бензодиазепин – диазепам, клоназепам; сулфати магний дар меъёри субнаркотикӣ; хлоралгидрат дар шакли ҳуқна; миорелаксантҳо ва дигар доруҳоро истифода мебаранд.
 Доруҳои зидди саръ барои пешгирӣ ё камшавии ларзишҳо ҳангоми муолиҷаи бемории саръ истифода мешаванд. Бемории саръ (эпилепсия) – бемории СМА буда, бо ларзишҳо суръат мегирад. Ин беморӣ дар 1% аҳолӣ вомехӯрад. Сабаби беморӣ номаълум буда, омилҳои ирсӣ нақши калон мебозанд, ки ин намуди генуинӣ (модарзод) аст, инчунин намуди пайдошуда мавҷуд аст, ки пас аз осеби майнаи сар ба амал меояд. 
Шаклҳои зерини клиникии беморӣ мавҷуданд (ларзишовар ва бе ларзишҳо).
1.Petit mal – ё ин ки Pti mal (Pti – хурд, mal – беморӣ) намуди хурди ларзишҳо аст. Ба аломатҳои он беҳушии кӯтоҳмуддат дар давоми 1-2 дақиқа хос аст, ки бе ларзишҳо мегузарад ё кашишхӯрии сабуки мушакҳои рӯй ва дигар мушакҳо дида мешаванд (масалан, ҳангоми хондани ягон китоб, маҷалла ё қаламро бемор аз даст меафтонад, атрофиён онро ҳис намекунанд).
2.Grand mal - grand – намуди калон бо ларзишҳои клонико-тоникӣ дар давоми 10-15 дақиқа ҷараён мегирад, беҳушӣ ба амал меояд. Пеш аз ларзишҳо «арафа» ба вуҷуд меояд (бӯй, ҳолати стресс, камҳавоӣ ба ларзишҳо мусоидат мекунанд), пас аз ларзишҳо афсурдашавии умумии СМА дида мешавад. Агар хурӯҷи ларзишҳо тез-тез такрор шаванд, ин хурӯҷи Grand mal буда, онро статуси эпилептӣ меноманд, яъне ин шакли такроршавандаи намуди калони ларзишҳо аст.
3.Шиддатёбии рӯҳӣ (эквивалентҳои рӯҳӣ). Ин шакли беморӣ бе ларзиш ба амал омада, ҳуши бемор торик аст. Бемор метавонад рафтори беақлона (тааҷубовар) кунад, ягон ҷиноят содир намояд ё ба ягон ҷои дур равад. Вақте, ки ба худ меояд, ягон чиз дар хотираш нест. Яъне ин шакл бо вайроншавии рӯҳӣ мегузарад (рафтори тааҷубовари бемор).
4.Миоклонус эпилепсия – ларзишҳои кӯтоҳмуддати мушакҳо ба амал омада, бемор баҳуш аст. 
Аломатҳои эпилептӣ (хурӯҷҳо) дар натиҷаи ангезиши ягон ноҳияи ҳаракатдиҳандаи қишри майна ва паҳншавии он дар майна ба амал меояд. Ин ноҳияи эпилептогенӣ мебошад. 
Механизми таъсири доруҳои зидди саръ аз он вобаста аст, ки ба афсурдашавии гузариши байнинейронӣ дар СМА мусоидат намуда, ангезиши эпилептогениро қатъ мегардонанд. Дар натиҷа паҳншавии ангезиш дар майнаи сар боз дошта мешавад. Аз сабаби номаълум будани сабаби беморӣ, механизми таъсири доруҳо пурра муайян карда нашудаанд. Доруҳоро барои пешгирӣ ва кам шудани миқдори ларзишҳо истифода мебаранд. Дар айни ҳол маълум аст, ки реаксияҳои аввала дар заминаи таъсири доруҳо дар сатҳи мембранаи нейроналӣ ба амал меоянд. Баъзе доруҳо каналҳои Nа--ро афсурда мекунанд (дифенин, карбамазепин), баъзеи дигар системаи ГАМК-ро фаъол месозанд (фенобарбитал, бензодиазепинҳо, натрий валпроат). Инчунин исбот шудааст, ки афсурдашавии канали Са- типи Т (дар таламус) реаксияи ларзишҳоро паст мекунад (триметин, этосуксемид). 
Доруҳо инчунин барои пешгирии хурӯҷи саръ истифода мешаванд.
Доруҳои зидди саръ ба чунин талаботҳо бояд ҷавобгӯ бошанд:
1) бояд фаъол ва мусбат бошанд;
2) аз узви ҳозима хуб ҷаббида шаванд;
3) ба ҳамаи шакли беморӣ таъсир дошта бошанд;
4) таъсироти оромбахшӣ ва хобоварӣ надошта бошанд;
5) аллергияро ба амал наоранд;
6) ғуншавӣ, одаткунӣ ва вобастагии доругиро ба амал наоранд;
7) таъсироти васеи терапевтӣ дошта бошанд;
8) таъсири нохуш надошта бошанд, чунки тулонӣ (моҳҳо ва солҳои дароз) истифода мешаванд. 
 Аммо доруҳои муосир ба ин талаботҳо пурра чавобгӯ нестанд.
Таснифи доруҳо аз рӯи нишондод:
1) вобаста аз шакли клиникӣ;
2) аз рӯи механизми таъсир.
Аз рӯи механизми таъсир доруҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
1. Доруҳое, ки канали Nа- ро афсурда мекунанд: дифенин – канали Nа- ро афсурда намуда, ангезиши нейронҳои ноҳияи эпилептогениро паст мекунад ва паҳншавии импулсҳоро дар майна қатъ мегардонад: карбамазепин, натрий валпроат, ламотриджин.
2. Доруҳое, ки каналҳои Са- шакли Т–ро афсурда мекунанд: этосуксемид, триметин, натрий валпроат.
3. Доруҳое, ки системаи ГАМК-ергиро фаъол месозанд: ГАМК-миметикҳо, бензодиазепинҳо - клоназепам, диазепам, нитразепам, натрий валпроат, фенобарбитал, гексамидин.
4. Доруҳое, ки фаъолнокӣ ва сатҳи глутаматро дар СМА суст мекунанд – ламотриджин, топирамат.  

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив