Гузариши импулсҳои дард.
Импулсҳое, ки дар натиҷаи дард ба амал омадаанд ба шохаҳои ақиби ҳарроммағз дохил шуда, аз торҳои асабҳои афферентӣ ба нейронҳои иловагӣ мегузаранд - яъне гузариши ибтидоӣ ба вуҷуд меояд. Пас аз он импулсҳои ангезиш ба қисмҳои болоии майнаи сар мегузарад – форматсияи ретикулярӣ, таламус, гипоталамус, системаи лимбикӣ ва қишри майна. Якҷояшавии ҳамтаъсирии ин сохторҳо ба қабул ва баҳодиҳии дард оварда мерасонад, яъне шахс дардро ҳис мекунад. Роҳи дуввум – гузариши импулсҳо ба мотонейронҳои ҳароммағз мебошад, ки рефлекси ҳаракаткунанда дида мешавад. Роҳи саввум аз ҳисоби ангезишёбии нейронҳои шохаҳои паҳлӯӣ ба амал омада, дар натиҷа инерватсияи адренергӣ фаъол мешавад. Фаъолияти нейронҳои шохаҳои ақиби ҳароммағз ба воситаи системаи антиносисептивӣ танзим меёбад. Ин система ҷамъи сохторҳо аст, ки ба гузариши импулсҳои дардовар аз торҳои асаби афферентӣ (ибтидоӣ) ба нейронҳои иловагӣ таъсири монеъкунанда дорад. Ба системаи антиносисептивӣ ядроҳои мағзи миёна ва дарозрӯя дохил мешаванд, ки дар онҳо пептидҳои эндогенӣ - эндорфин, энкефалин, динорфин, эндоморфин ҳосил мешаванд. Ин пептидҳо бо ретсепторҳои махсуси афюнӣ, ки дар системаи марказии асаб ва бофтаҳои ноҳиявии асаб ҷойгиранду дар гузариш ва қабул кардани дард иштирок мекунад, ҳамтаъсирӣ менамоянд. Ҳамин тариқ, дар организм системаи нейрогуморалӣ мавҷуд аст. Ҳангоми нокифоя будани ин система ҳиссиёти дардро бо ёрии воситаҳои бедардкунанда қатъ мегардонанд.
Аналгетикҳо (аз калимаи an – инкор кардан ва algos – дард) – доруҳое, ки ҳангоми ба амал омадани таъсири хоси резорбтивӣ ҳиссиёти дардро қатъ мегардонанд. Онҳо ҳушро нест намекунанд ва ба дигар намуди ҳиссиёт низ таъсир надоранд.
Аналгетикҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: наркотикӣ ва ғайринаркотикӣ.
Аналгетикҳои наркотикӣ таъсири бедардкунии марказӣ (афюнмонанд) доранд. Аналгетикҳои ғайринаркотикӣ бошанд таъсири бедардкунии ноҳиявӣ доранд.
Аналгетикҳои наркотикӣ
Аналгетикҳои наркотикӣ (алкалоидҳои афюн) ва доруҳои ба мисли онҳо бо ретсепторҳои афюнӣ ҳамтаъсирӣ менамоянд. Доруҳои аналгетикҳои наркотикиро вобаста аз фармакодинамика ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
1.Агонистҳо: морфин, кодеин, дионин, промедол, фентанил, суфентанил;
2.Агонист-антагонистҳо: пентазотсин, буторфанол;
3.Антагонистҳо: налоксон, налорфин гидрохлорид, налбуфен.
Афюн – ин шираи шахшудаи кӯкнори хобовари норасида мебошад (Рараver somniferum). Афюн зиёда аз 20 алкалоид дорад ва алкалоиди асосии он нашъа ё морфин ба ҳисоб меравад, ки на камтар аз 10%-ро бояд ташкил диҳад. Дар афюн инчунин алкалоидҳои ба монанди дионон (этилморфин), кодеин, текодин ва ғайраҳо мавҷуданд.
Алкалоидхои афюн аз рӯи сохти кимиёвӣ ба 2 гурӯҳ ҷудо мешаванд:
1) Ҳосилаҳои фенантрен - морфин, кодеин, дионин ва ғайра, ки таъсири бедардкунӣ дар натичаи афсурдашавии СМА ба вуҷуд меояд;
2) Ҳосилаҳои изохинолин - папаверин (но-шпа), ки хосияти бедардкунии он дар натиҷаи таъсири зидди ихтилоҷӣ ба мушакҳои суфта ба вуҷуд меояд.
Морфин (Morphini hydrochloridum (табл. 0,01; амп. маҳлули 1% - 1 мл) таъсири хоси назарраси бедардкунӣ дорад. Ба дигар намудҳои ҳиссиёт дар меъёри терапевтӣ таъсир надорад. Механизми бедардкунии морфин пурра муайян нашудааст. Олимон чунин мешуморанд, ки таъсири бедардкунии морфин аз якчанд қисматҳо иборат аст:
1)афсурдакунии протсесси гузариши ангезиши байнинейронии дард дар қисми марказии роҳҳои афферентӣ;
2) вайроншавии дарк кардан, баҳодиҳӣ ва реаксия ба дард;
3) морфин бо ретсепторҳои афюнӣ ҳамтаъсирӣ менамояд;
4) системаи эндогении антиносисептивиро фаъол мекунад, ки ба хориҷшавии эндорфин ва энкефалин мусоидат мекунад.
Морфин инчунин таъсироти оромбахш ҳам дорад. Ин таъсироти морфин бо нейронҳои мағзи сар ва фаъолияти фарматсияи ретикулярии болоравандаи танаи майна, системаи лимбикӣ ва гипоталамус вобаста аст. Морфин дар меъёри терапевтӣ таъсири хобоварро ҳам ба вуҷуд меорад. Яке аз таъсироти психотропии морфин ин ба амал овардани ҳолати эйфория (аз калиами юнони eu – хуб ва phero – қабул намудан аст), яъне кайфият мебошад.
Аналгетикҳои ғайринаркотикӣ (ғайриафюнӣ)
Аналгетикҳои ғайринаркотикӣ (АҒН) доруҳои бедардкунанда мебошанд, ки назар ба аналгетикҳои наркотикӣ ба СМА таъсир надоранд. Хосиятҳои эйфория, одаткунӣ ва вобастагии доругиро ба амал намеоранд. Онҳо таъсирҳои бедардкунӣ, ҳароратпасткунӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд.
Аналгетикҳои ғайринаркотикиро ҳамчун доруи бедардкунанда ҳангоми невралгия, дарди мушакҳо, буғумҳо, дарди дандон, дарди сар ва дигар ҳолатҳо тавсия менамоянд. Чун доруи ҳароратпасткунанда барои паст кардани ҳарорати бадан; хосияти зидди илтиҳобии онҳоро ҳангоми артрит, полиартрит, миозит, неврит ва ғайра истифода мебаранд.
Механизми таъсири АҒН
Таъсирҳои бедардкунӣ, ҳароратпасткунӣ ва зиддиилтиҳобии АҒН бо афсурдакунии (боздории) ферменти сиклооксигеназа (СОГ), ки барои ҳосилшавии простагландинҳо зарур мебошад, вобаста аст. Простагландинҳо соли 1930 аз тарафи олими швед кашф шудаанд. Простагландинҳо дар бофтаҳо мавҷуд буда, дар протсессҳои физиологии организм роли калонро мебозанд. Онҳо асосан аз кислотаи арахидон аз таъсири ферменти СОГ ҳосил мешаванд. Вале онҳо дар ҳолатҳои патологии организм гипералгезияро ба амал меоранд, яъне ҳиссиётнокии носисепторҳоро ба таъсири омилҳои кимиёвӣ ва механикӣ баланд мекунанд. Простагландинҳо инчунин ба маркази танзими ҳарорат таъсири пирогенӣ (Пр.Е1) расонида, ҳароратро баланд мекунанд. Ҳангоми илтиҳоб простагландинҳо бо медиаторҳои гистамин, брадикинин ҳамтаъсирӣ намуда, дард ва аломатҳои илтиҳобиро метезонанд.Расми Простагландинҳо дар протсессҳои физиологӣ
Аз рӯи сохти кимиёвӣ АҒН ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
1)ҳосилаҳои кислотаи салитсилавӣ (салитсилатҳо): кислотаи атсетилсалитсилавӣ (аспирин), салитсиламид, метилсалитсилат;
2) ҳосилаҳои пиразолон: аналгин, бутадион;
3) ҳосилаҳои парааминофенол: парасетамол;
4)доруҳои кимиёвии сохташон гуногун.
ДОРУҲО
Номи дору | Меъёри миёнаи терапевтӣ, роҳи воридкунӣ | Шакли истеҳсол | |
Аналгетикҳои опиоидӣ (наркотикӣ) | |||
Морфини гидрохлорид Morphini hydrochloridum | Ба зери пӯст, дохили мушак 0,01 г | Ампула 1 мл маҳлули1% | |
Фентанил – Phentanylum | Дохили мушак ва дохили варид 0,00005-0,0001 г | Ампулаҳо 2 ва 5 мл маҳлули 0,005% | |
Промедол — Promedolum | Ба дарун 0,025 г; Ба зери пӯст 0,01— 0,02 г | хока; таблетка 0,025 г; ампулаҳо 1 мл маҳлули 1% ва 2% | |
Бупренорфин — Bupre-norphine | Ба дарун ва сублингвалӣ по 0,0002 г; дохили мушак 0,0003 г/кг | Таблеткаҳо 0,0002 г; ампулаҳо 1 ва 2 мл - 0,03% | |
Буторфанол – Butorphanol | Дохили мушак 0,001-0,004 г; дохи варид 0,0005-0,002 г | Ампулаҳо 1 мл, ки 0,002 г мавод доранд | |
Аналгетикҳои таъсирашон омехта | |||
Трамадол — Tramadol | Ба дарун, ректалӣ ва парентералӣ 0,05—0,1 г | Капсулаҳо 0,05 г, ампулаҳо 0,05—0,1 г, шамъчаҳо - 0,1 г | |
Антагонистҳои аналгетикҳои опиоидӣ | |||
Налоксон гидрохлорид — Naloxoni hydrochloridum | Ба зери пӯст, дохили мушак ва варид 0,0004-0,008 г | Ампулаҳо 1 мл (0,4 мг/мл) | |
Аналгетикҳои ғайриафюнӣ (ғайринаркотикӣ) | |||
Кислотаи атсетилсалитси- лавӣ – Acidi atcetylsalicilatis | Ба дарун | Таблетка ва хока 0,5 | |
Аналгин- Analginum | Ба дарун, парентералӣ | Таблеткаҳо 0,25- 0,5; Ампулаҳо 50%- 1 мл | |
Парасетамол — Paracetamol | Ба дарун 0,2-0,4 г | Хока ва таблеткаҳо 0,2 , 0,325 ва 0,5 г | |

Комментарии (0)