Доруҳое, ки ба иштиҳо таъсир доранд


Доруҳое, ки ба иштиҳо таъсир дорандИштиҳо аз тарафи маркази гуруснагӣ ва серӣ идора мешавад. Танзими онро системаҳои норадренергӣ, дофаминергӣ ва серотонинергӣ ба вуҷуд меоранд.
Доруҳое, ки иштиҳоро баланд мекунанд – шарбати явшон (полынь) аз растании тахач ҳосил мекунанд. Он гликозиди абсинтин ва равғани эфирӣ дорад, ретсепторҳои луобпардаи даҳонро озурда сохта, маркази гуруснагиро рефлекторӣ ба ангезиш меорад, секретсияи ғадудҳои меъдаро зиёд мекунад. Инсулин ҳам ба воситаи кам кардани миқдори қанд дар хун ҳисси гуруснагиро ба вуҷуд меорад. Аммо мо онро ҳамарӯза истифода бурда наметавонем.
Боз аз растаниҳо – решаи қоқу, пудина, барги эвкалипт ва дигарҳо, ки дар таркибашон равғанҳои эфирӣ доранд, луобпардаҳои узви ҳозимаро озурда сохта, ихроҷи талхаро зиёд карда, ба иштиҳо таъсир мерасонанд.
Доруҳое, ки иштиҳоро паст мекунанд асосан барои муолиҷаи фарбеҳӣ истифода бурда мешаванд. Доруи фенамин ҳосилаи фенилалкиламин буда, таъсири марказӣ ва ноҳиявии симпатомиметикӣ дорад. Механизми таъсири он- аз нӯги ақиби асабҳо ихроҷи норадреналин ва дофаминро зиёд карда, ретсепторҳоро танзим медиҳад ва дар натиҷа маркази гуруснагӣ афсурда мешавад. Аммо таъсири нохуши он нооромӣ, бехобӣ, тахикардия ва баланд шудани фишори хун мебошад. Вобастагии доругиро низ ба амал меорад. Доруҳои фепранон, дезапимон ҳамчун фенамин таъсир мерасонанд. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив