Доруҳое, ки ҳангоми вайроншавии секретсияи ғадуди меъда истифода мешаванд


Секретсияи ғадуди меъда дар зери назорати асаби гумроҳ, баъзе гормонҳои системаи узви ҳозима ва дигар моддаҳои эндогенӣ мебошад. Баланд шудани тонуси асаби гумроҳ, озодшавии гастрин ва гистамин фаъолияти меъдаро зиёд мекунад. Истифодаи доруҳо барои таъмини фаъолияти ҳазмкунии шираи меъда лозим аст. 
 Ҳангоми норасогии ғадуди меъда доруҳое истифода мешаванд, ки онро танзим медиҳанд. Бо мақсади ташхис гастрин ва гистамин истифода мешавад. Гастрин дар меъда ҳосил ва ба хун ҷаббида шуда, пас ба ғадудҳои қисми фундалии меъда гузашта, тарашшӯҳи онро зиёд мекунад. Назар ба гистамин фаъолтар аст. Ҳосилшавии кислотаи хлорид - НСl ва пепсиноген зиёд мешавад. Гистамин Н2-гистаминоретсепторҳои меъдаро танзим дода, миқдори шираи меъда ва туршии онро зиёд мекунад. Аммо ба ғайр аз ин гистамин боз таъсироти дигар ҳам дорад (рагҳоро васеъ, фишори хунро паст, тонуси мушакҳои бронхҳо ва рӯдаҳоро баланд мекунад). Гистамин ба мақсади ташхис истифода мешавад. 
 Ҳамчунин, барои зиёд кардани тарашшӯҳи шираи меъда оби минералиро истифода мебаранд. Бо мақсади муолиҷаи ивазкунанда – шираи табиӣ ва сунъӣ (Succus gastricus naturalis), пепсин (Pepsinum), кислотаи хлориди рақиқ истифода мешаванд.
 Доруҳое, ки секретсияи ғадуди меъдаро кам мекунанд, ҳангоми бемориҳои реши меъда ва рӯдаи 12 ангушта, гастрити гиператсидӣ, эзофагити пептикӣ, гастрити захмдор, дуоденит истифода бурда мешаванд. 
 Доруҳо:
  • Н2 –гистаминоблокаторҳо – ранитидин, симетидин, фамотидин;
  •  М-холиноблокаторҳо - атропин сулфат, пирензепин (гастросепин);
  •  вайронкунандаи насоси протонӣ – омепрозол, пантопрозол;
  • простагландинҳо – мизопростол;
  • доруҳои антасидӣ.
 Доруҳое, ки Н2-гистаминоретсепторҳоро афсурда мекунанд антагонисти гистамин мебошанд. Ихроҷи кислотаи НСL ва пепсиногенро кам мекунанд, ки дар натиҷа миқдори шираи меъда ҳам кам мешавад. 
 Доруҳои Н2-гистаминоблокаторҳо 
 Доруи ранитидин (Ranitidini hydrochloridum таб. 0,15 ва 0,3) фаъолнокиаш баланд буда, таъсири хос дорад. Аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешавад. Таъсираш то 8-12 соат давом мекунад. Таъсири нохуши дору кам аст. Доруи симетидин (гистодил) Cimetidinum; таб. 0, 2 ва амп. 2 мл маҳлули 10%) фаъолнокиаш 5-10 маротиба сусттар буда, давомнокии таъсираш 6 соат аст. Хосияти нохуши он: лейкопения, таъсири зидди андрогенӣ дорад, дар мардҳо функсияи ҷинсиро вайрон мекунад. Доруи фамотидин (квамател) назар ба ин доруҳо фаъол буда, таъсираш тулонӣ то 24 соат давом мекунад. Таъсироти манфӣ надорад.
 Доруи омепрозол функсияи насоси протонии Н+К+АТФ-азаи ҳуҷайраҳои париеталии луобпардаи меъдаро афсурда намуда, туршии шираи меъдаро кам мекунад. Секретсияи НC1 ва хориҷшавии пепсиноген ҳам кам мешавад. Хосияти гастропротекториро дорад. Таъсираш тулонӣ то 24 соат аст. Таъсири манфии он – беҳолӣ, диарея, дарди сар ва ғайра. Доруи пантопрозол чун омепрозол таъсир мерасонад. 
 Доруи атропин сулфат М-холиноретсепторҳоро афсурда намуда, тарашшӯҳи ғадуди меъдаро кам мекунад. Таъсири нохуши ӯ хушкии даҳон ва бронхҳо, тахикардия мебошад. Доруи пирензепин (гастросепин) М1-холиноретсепторҳои меъдаро афсурда намуда, ба дигар ғадудҳо таъсир надорад. Секретсияи НС1 ва пепсиногенро кам карда, устуворнокии ҳуҷайраҳои луобпардаи меъдаро аз иллатёбӣ нигоҳ медорад. 
 Доруҳои антасидӣ ба монанди гидрокарбонати натрий (Natrii hydrocarbonas), оксиди магний (Magnesii oxydum), алюминий гидроксид (Aluminii hydroxydum), алмагел (Almagel), калсий карбонат(Calcii carbonas) ва ғайра истифода мешаванд, ки туршии шираи меъдаро кам мекунанд. Ин маводҳо асос мебошанд, бо кислотаи хлориди шираи меъда ба реаксия дохил шуда, онро бетарафонӣ (нейтрализатсия) менамоянд. Натрий гидрокарбонат таъсири тез дорад, аммо дар меъда СОҳосил шуда, дуюмбора метавонад кислотаи хлорид хориҷ кунад. Таъсираш кӯтоҳмуддат аст. Таъсири доруи оксиди магний дер оғоз меёбад, вале фаъолнокиаш баланд аст.
 Гастропротекторҳо – доруҳое, ки бевосита ба луобпардаи меъда, ба омилҳои кимиёвӣ ва физикие, ки таъсироти иллатёбӣ ба луобпардаҳо мерасонанд, таъсир доранд. 
 Доруҳо:
 1. Доруҳое, ки муҳофизати механикии луобпардаро ба вуҷуд меоранд – доруҳо сукралфат ва висмути диситрат. Доруҳо дар намуди гел дар муҳити турши меъда полимеризатсияро ба вуҷуд оварда, ба моддаи ширешмонанд табдил ёфта, болои захмро мепӯшонанд. Таъсири доруҳо то 6 соат давом мекунад. Доруҳоро пеш аз хӯрок ё бегоҳ истифода мебаранд. Таъсири ноҷӯи доруҳо – қабзият, хушкии даҳон.
 2. Доруҳое, ки функсияи муҳофизатии луобпардаро баланд мекунанд. Доруи карбеноксолон натрий (биогастрон) аз решаи ширинбия ҳосил мешавад. Тарашшӯҳи луоб дар зери таъсири он зиёд ва часпак шуда, монеаи мустаҳкамро ба вуҷуд меорад, фаъолнокии пепсиногенро паст мекунад. Таъсири ноҷӯи дору: об ва ионҳои натрийро дар организм боз медорад, варам, гипотензия, гипокалиемия дида мешавад. Дар айни ҳол боз доруи мизопростол аз гурӯҳи простагландинҳо, доруҳо ба монанди солкосерил, метилуратсил, витамини U ва ғайра, ки раванди таҷдиди реши меъда ва рӯдаи 12 ангуштаро танзим медиҳанд, истифода мешаванд. 
 Доруҳои қайовар ва зиддикайкуни 
 Қайкунӣ ин рефлекси мураккаб аст, ки дар протсесси он гурӯҳи мушакҳо иштирок мекунанд. Он ҳангоми фаъол шудани маркази қайкунӣ ба амал меояд.
 Доруҳое, ки ба маркази қайкунӣ таъсири ангезандаи рефлекторӣ доранд- доруҳои растанигии мастак ва ипекакуана мебошанд. Онҳоро ба дарун истифода мебаранд, ретсепторҳои меъдаро танзим дода, протсесси қайкуниро рефлекторӣ ба вуҷуд меоранд. Моддаҳои фаъоли таркиби ин растаниҳо хеморетсепторҳоро ба ангезиш меоранд. Доруи апоморфин ретсепторҳои дофаминергии қаъри меъдачаи чорумро танзим дода, маркази қайкуниро бевосита ба ангезиш меорад. Ин доруҳоро ҳангоми заҳролудшавӣ, доруи апоморфинро инчунин барои муолиҷаи майзадагӣ низ истифода мебаранд.
 Доруҳои зидди қайкуниро ҳангоми бемориҳои баҳрӣ, ҳавоӣ, қайкунӣ ҳангоми ангезиши аппарати вестибулярӣ истифода мебаранд. Таблеткаҳои «аэрон» чунин хосиятро дороанд. Боз доруҳои гурӯҳи гистаминоблокаторҳо – дипразин, димедрол тавсия мешаванд.
 Метоклопрамид (серукал, реглан) таъсири марказӣ дорад, дофаминоретсепторҳоро афсурда менамояд. Онро ҳангоми бемориҳои реши меъдаву рӯдаи 12 ангушта, ҳангоми дамиши шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, рефлюкс-эзофагит, дискинезияи узви ҳозима ва ғайра таъин мекунанд. Таъсири ноҷӯи он: хоболудӣ, садо дар гӯш, хушкии даҳон мебошад.
 Доруҳои этаперазин, трифтазин, галоперидол ҳам хосяти зидди қайкуниро доранд, ки ба Д-ретсепторҳо таъсири афсурдакунӣ мерасонанд. Дорухои талхарон 
 Талха (сафро) кислотаи талха дорад, ки он дар рӯдаҳо чарбҳоро таҷзия намуда, ба ҷаббиши онҳо мусоидат мекунадҲангоми норасогии талха, вайроншавии ҳосилшавии талха дар ҷигар доруҳои талхаронро тавсия менамоянд.
 Доруҳо:
 1.Доруҳое, ки ҳосилшавии талхаро танзим медиҳанд (холесекретика) – кислотаи дегидрохолевӣ, холензим, аз растаниҳо- холосас, аллохол; доруи синтетикӣ -оксафенамид. Ин гурӯҳи доруҳо ҳосилшавии талхаро танзим медиҳанд. Аз гурӯҳи растаниҳои шифобахш ҳамешабаҳор, пӯпаки ҷуворимакка, сиквалон, меваи хуч, кашнич ва ғайра истифода мешаванд.
 2.Доруҳое, ки ба ихроҷи талха мусоидат менамоянд (холекинетика). Ин доруҳо сфинктери Оддиро суст мекунанд. Аз гурӯҳи М-холиноблокаторҳо доруҳои метатсин, атропин ва аз гурӯҳи спазмолитикҳо доруи магний сулфат (ба воситаи зонд ба рӯдаи дувоздаҳангушта ворид менамоянд), доруҳои папаверин, платифиллин ва ғайра истифода мешаванд. 
 Ҳамаи ин доруҳоро ҳангоми бемориҳои ҷигар ва талха – гепатити музмин, холангит, холесистит ва ғайра истифода мебаранд.
 . Доруҳои исҳоловар
 Ин гурӯҳи доруҳоро ҳангоми қабзият, заҳролудшавӣ, дамиши шикам, ногузароии рӯдаҳо ва ғайраҳо истифода мебаранд.
Доруҳо:
1. Доруҳои ғайриорганикӣ – намакҳои исҳоловар: магний сулфат, натрий сулфат;
 2. Доруҳои органикӣ: 
 А) аз растаниҳо – равғани бозрулбанҷ; доруҳое, ки антрагликозид доранд – экстракти моеи ҳулон, таблеткаҳои ревоҷ (чукрӣ), қиёми барги сенна ва ғайраҳо.
 Б) доруҳои синтетикӣ - фенолфталеин, изафенин.
 Намакҳои исҳоловар дар узви ҳозима ба ионҳои бад ҷаббидашаванда табдил меёбанд, фишори осмотикӣ дар рӯда баланд шуда, ҷаббиши қисми моеи химус ва шираҳои ҳазмкунанда садди роҳ мешаванд. Ҳаҷми рӯдаҳо зиёд шуда, кашишхӯрии он меафзояд ва механоретсепторҳо ба ангезиш меоянд. Ингуна доруҳоро ҳангоми қабзияти шадид, заҳролудшавӣ бо маводҳои кимиёвӣ тавсия медиҳанд, ки таъсирашон пас аз 4-6 соат оғоз меёбад.
 Доруе ки ба тамоми сатҳи рӯдаҳо таъсир мерасонад, ин равғани бозрулбанҷ (Oleum Ricini; дар капсула 1,0 дар флакон 30,0 ва 50,0 мл) аст. Дар рӯда дар зери таъсири ферменти липаза аз он кислотаи рисиноловӣ ҳосил шуда, ретсепторҳои рӯдаро озурда месозад, ҷаббиши обро боз дошта, ҳаракати рӯдаҳо баланд мешавад. Таъсираш пас аз 2-6 соат оғоз меёбад. Ҳангоми қабзиятҳои шадид истифода бурдан мумкин аст.
 Доруҳои антрагликозиддошта бевосита ба рӯдаи ғафс таъсир доранд. Онҳоро асосан ҳангоми қабзияти музмин истифода мебаранд. Доруҳо ретсепторҳои рӯдаро танзим дода, ҷаббиши намакҳо (электролитҳо) ва обро боз медоранд. Аз растаниҳои шифобахш доруҳои решаи ҳулон, чукрӣ, барги сена, хокамар, шалғамак ва ғайраҳо тавсия мешаванд. Таъсирашон пас аз 8-12 соат сар мешавад. Доруҳоро пеш аз хоб истифода мебаранд. 
 Инчунин ҳангоми қабзияти музмин доруҳои синтетикӣ – фенолфталеин ва изафенинро истифода бурдан мумкин аст. Таъсири доруҳо баъди 6-8 соат оғоз меёбад. Равғани вазелин, шамьчаҳои глитсерин ҳам хосияти исҳоловар доранд, ки дар тиб васеъ истифода мешаванд 
 ДОРУҲО:
Номгӯи доруҳоМеъёри миёнаи терапевтӣ
 
Шакли истеҳсол 
Доруҳое, ки ба иштиҳо таъсир доранд
 
 
 Шарбати явшон
Tinctura Absinthii
Ба дарун 15-20 қатрагӣ Флаконҳо 25 мл 
Доруҳое, ки ҳангоми вайроншавии секретсияи ғадуди меъда истифода мешаванд 
Пепсин - Pepsinum Ба дарун 0,2- 0,5 грхока 
Кислотаи хлориди рақиқ
Acidum hydrochloricum dilutum
Ба дарун 10-15қатрафлакон 
Ранитидин -Ranitidinе Ба дарун 0,15 гр; ба дохили мушак ва варид 0,05грТаблеткаҳо-0,15;0,2 ва 0,3 гр; ампулаҳо 5 мл. 1% 
Симетидин- CimetidinеБа дарун 0,2-0,4 гр; ба варид-0,2гр.Таблеткаҳо-0,2; ампулаҳо 2 мл. 10% 
Омепразол-OmeprazoleБа дарун 0,02-0,04 грКапсулаҳо- 0,01 ва 0,02гр; таблеткаҳо-0,01;0,02 ва 0,04г 
 Доруҳои антасидӣ
 
 
Гидрокарбонати натрий - 
Natrii hydrocarbonas
Ба дарун 0,5- 1 гр Таблеткаҳо 0,3- 0,5 гр. 
Оксиди магний Magnesii oxydumБа дарун 0,25- 1 грхока; таблетка-0,5гр 
Алюминий гидроксид Aluminii hydroxydumБа дарун 0,5 гр; 1-2 қошуқи чойнӯшӣ дар шакли суспензияи 4%хока; таблетка-0,5гр 
Доруҳои қайовар ва зидди қайкунӣ
 
 Метоклопрамид-MetoclopramidБа дарун 0,01 гр; ба дохилимушак ва варид 0,01 гр.Таблеткаҳо 0,01гр;ампулаҳо 2 мл, ки 0,01 гр. хока доранд 
Апоморфини гидрохлорид-Apomorphini hydrochloridumБа зери пӯст 0,002-0,003 гр.хока;ампулаҳо 1 мл-1%
 
Дорухои талхарон
Холосас-CholosasumБа дарун 1 қошуқи чойнӯшӣСироп дар флаконҳо 140 ва 300 мл.






 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив