- Васоити доругиҳои сулфаниламидӣ. Васоити доругии зиддизанбурӯғӣ. Васоиди доругии зиддигелментӣ.
- Сулфаниламидҳо.
- Таснифоти сулфаниламидҳо
- Васоити доругии зидди занбурӯғӣ.
- Васоити доругии зиддипротозоӣ
- Таснифоти васоити доругии зидди занбурӯғӣ.
- Васоити доругии зиддигелментӣ
Сулфаниламидҳо
Сулфаниламидҳо (СА) аввалин доруҳои химиотерапевтии зидди микробӣ мебошанд, ки спектри васеъ доранд. Аз рӯи сохти кимиёвӣ онҳо ҳосилаи сулфаниламид мебошанд.
Сулфаниламидҳо доруҳое ҳастанд, ки ҳудуди таъсирашон (спектр) васеъ аст. Таъсири бактериостатӣ доранд. Дар ҳолати ба антибиотикҳо пайдо шудани устуворнокии барангезандаҳо ин гурӯҳи доруҳо тавсия мешаванд.
Таснифи сулфаниламидҳо
1.СА, таъсирашон резорбтивӣ:
А) кӯтоҳмуддат – сулфадимезин, этазол, сулфазин, норсулфазол, уросулфан;
Б) таъсирашон давомнок - сулфапиридазин, сулфадиметоксин;
В) таъсирашон беҳад давомнок - сулфален;
2.СА таъсирашон ноҳиявӣ:
А) таъсирашон ба рӯдаҳо – фталазол, сулгин;
Б) барои истифодаи ноҳиявӣ – сулфатсил натрий.
СА комбинативӣ – бактрим, бисептол (ко-тримаксазол)
Спектри таъсири сулфаниламидҳо васеъ аст. Он чунин барангезандаҳоро дар бар мегирад: коккҳои патогенӣ (грам-мусбат ва грам-манфӣ), чӯбчамикроби рӯда, барангезандаи дизентерия (шигелла), вибриони вабо, барангезандаи гангренаи газ (клостридий), яраи сибирӣ, дифтерия, инфлюэнсия; хламидия, актиномитсетҳо, соддатаринҳо – барангезандаи токсоплазмоз, плазмодийи вараҷа. Сулфаниламидҳо нисбати пневмококкҳо, менингококкҳо, гонококкҳо, баъзе стрептококкҳои гемолитӣ бисёр фаъол ҳастанд.
Механизми таъсири сулфаниламидҳо
Сулфаниламидҳо бо кислотаи парааминобензоӣ (ПАБК) антагонист мебошанд. ПАБК барои ҳосилшавии кислотаи дегидрофолиевӣ лозим аст. Аз кислотаи дегидрофолиевӣ кислотаи тетрагидрофолиевӣ ҳосил мешавад, ки барои синтези КДН ва КРН-и микроб зарур аст. Доруҳои сулфаниламидҳо ба ПАБК монанд ҳастанд, ҳосилшавии кислотаи дегидрофолиевиро бозмедоранд, синтези кислотаи нуклеиновӣ афсурда шуда, афзоиши микробҳо қатъ мегардад. Яъне, доруҳо таъсири бактериостатиро ба амал меоранд. Ҳангоми истифодаи тӯлонии доруҳо устуворнокии микробҳо ба амал меояд.
Сулфаниламидҳои таъсирашон резорбтивӣ аз узви ҳозима хуб ҷаббида, бо албуминҳо дар плазмаи хун пайваст шуда, ба тамоми организм паҳн мешаванд. Роҳи табдилёбии онҳо асосан атсетилиронӣ мебошад. Таъсири доруҳои сулфадимезин (Sulfadimezinum табл. ва хока 0,25 ва 0,5), этазол (Aethazolum табл. ва хока 0,25, 0,5), уросулфан (Urosulfanum табл. ва хока 0,5) 4-6 соат аст. Доруҳои таъсирашон давомнок - сулфадимезин (Sulfapyridazinum табл. ва хока 0,25-0,5) ва сулфадиметоксин (Sulfadimethoxinum табл. ва хока 0,25-0,5) аз узви ҳозима хуб ҷаббида шуда, таъсирашон то 12 - 24 соат давом мекунад. Таъсири доруи сулфален (сулфаметоксипиразин) то 1 ҳафта давом мекунад. Таъсири доруҳои гурӯҳи сулфаниламидҳо назар ба антибиотикҳо сусттар аст. Ҳолатҳое, ки организм антибиотикҳоро қабул карда наметавонад, онгоҳ сулфаниламидҳоро тавсия менамоянд. Баъзан антибиотикҳоро якҷоя бо СА тавсия мекунанд. Барои уфунати роҳҳои пешоббарор доруи уросулфан таъин карда мешавад. Доруҳои таъсирашон давомнок ҳангоми бемориҳои музмин тавсия карда мешаванд.
Доруҳои зидди замбӯруғҳо
Замбӯруғҳои патогенӣ ва шартан патогенӣ бемориҳоеро (микоз) ба амал меоранд, ки хеле васеъ паҳн шудаанд. Вобаста аз барангезанда доруҳои зидди замбӯруғии спектри васеъ доштаро тавсия менамоянд. Ҳангоми таъини доруҳо хусусияти таъсирот ва заҳрнокии доруро дар назар доштан лозим аст.
Таснифи доруҳои зидди замбӯруғҳо
1.Доруҳое, ки барои муолиҷаи бемориҳои замбӯруғии патогенӣ ба амал омада истифода мешаванд:
1) Барои табобати микозҳои чуқур ва системавӣ (коксидиоидомикоз, паракоксидомикоз, гистоплазмоз, криптококкоз, бластомикоз):
Антибиотикҳо – амфотеритсин В, микогептин;
Ҳосилаҳои имидазол – миконазол, кетоконазол;
Ҳосилаҳои триазол – итраконазол, флуконазол;
2)Ҳангоми эпидермомикоз:
Антибиотикҳо – нистатин, леворин, нитрофунгин;
Ҳосилаи метилнафталин – тербинафин (ламизил);
Ҳосилаи нитрофенол – нитрофунгин;
Доруҳои йод – маҳлули спиртии йод, калий йодид;
2.Доруҳое, ки барои муолиҷаи бемориҳои замбӯруғии шартан-патогенӣ ба амал омада истифода мешаванд:
Антибиотикҳо – нистатин, леворин, амфотеритсин В;
Ҳосилаҳои имидазол – миконазол, клотримазол;
Намакҳои аммониевӣ – декамин.
Ҳангоми микозҳои системавӣ (гистоплазмоз, криптококкоз, бластомикоз) доруи амфотеритсини В васеъ истифода бурда мешавад. Дору аз гурӯҳи антибиотикҳои полиеновӣ буда, таъсири фунгистатӣ дорад, ки гузарониши мембранаи ҳуҷайравии замбӯруғро вайрон мекунад. Он бо чарби девораи замбӯруғ эргостерол пайваст мешавад. Доруро ба организм асосан бо роҳи парентералӣ ворид мекунанд. Ҳангоми бемориҳои бластомикоз, гистоплазмоз, криптококкоз, кандидоз, коксидиоз бисёр фаъол аст. Заҳрнокии амфотеритсини В баланд буда, хосияти ғуншавиро дорад.
Доруи микогептин низ аз гурӯҳи антибиотикҳо буда, аз рӯи сохти кимиёвӣ ва спектри зидди замбӯруғӣ ба амфотеритсин монанд аст. Маҳсули актиномитсетҳо мебошад. Доруро бо роҳи дарунӣ ва берунӣ истифода мебаранд.
Доруи миконазол аз гурӯҳи имидазол аст. Доруро бо роҳи парентералӣ барои муолиҷаи бемориҳои коксидиоидомикоз, криптококкоз, бластомикоз ноҳиявӣ ва ба дохили маҳбал ҳангоми осебёбии луобпардаи маҳбал бо кандидаҳо, дерматомикозҳо, ворид менамоянд. Ҳангоми бемориҳои дерматофитҳо ва кандидозҳо хеле фаъол аст. Таъсири нохуши он: реаксияи аллергӣ, камхунӣ, лейкопения, гиперлипидемия ва ғ.
Доруи кетоконазол аз гурӯҳи имидазол буда, он ба дарун таъин мешавад. Аз узви ҳозима хуб ҷаббида шуда, дар бофтаҳо паҳн мешавад. Доруро ҳангоми бластомикоз, гистоплазмоз, паракоксидиомикоз, онихомикоз, осебёбии луобпардаҳо бо кандида тавсия мекунанд. Заҳрнокиаш баланд аст, хусусан ба ҷигар.
Доруи флуконазол (дифлукан) аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешавад. Барои бемории коксидиоидомикоз, кандидамикоз, менингит ки барангезандааш замбӯруғ аст, истифода мешавад. Таъсири нохуши дору – ҳолати диспепсия, вайроншавии вазифаи гурдаҳо, дона задани пӯст мебошад.
Доруи гризеофулвин аз гурӯҳи антибиотикҳо буда, аз рӯи сохти кимиёвӣ аз дигар доруҳо фарқ мекунад. Таъсири фунгистатии он бо афсурдакунии синтези кислотаи нуклеиновӣ вобаста аст. Ба барангезандаи кандида, актиномитсетҳо ва дигар замбӯруғҳо, ки микоз ба амал меоранд, таъсири назаррас мерасонад, вале ба бактерияҳо, риккетсия ва вирусҳо таъсир надорад. Ҳангоми муолиҷаи дерматомикоз тавсия карда мешавад, устуворнокии замбӯруғ ба дору ба амал намеояд. Аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешавад. Гризеофулвин бисёртар дар ҳуҷайраҳое, ки кератин ташаккул меёбад, ҷамъ мешавад. Барои ҳамин қабати шохавии пӯст, муи сар ва нохунҳо ба замбӯруғҳои дерматомитсетҳо устуворнокӣ пайдо мекунанд. Аз организм дору суст хориҷ мешавад. Доруро ба дарун ҳангоми дерматомикоз таъин мекунанд. Дар шакли марҳам ноҳиявӣ якҷоя бо диметилсулфоксид истифода мебаранд. Дар ҷараёни муолиҷа агар мӯи сар осеб ёфта бошад онро метарошанд, агар нохунҳо осеб ёбанд онро мегиранд, ва ё қабати шохавии пӯстро қабат-қабат ҷудо мекунанд.
Барои муолиҷаи кандидамикозҳо бисёртар антибиотик нистатин тавсия мешавад. Нистатин аз гурӯҳи антибиотики сохташ полиеновӣ буда, таъсири фунгистатӣ ва фунгитсидӣ дорад, ки гузарониши мембранаи ҳуҷайраи замбӯруғро вайрон мекунад. Устуворнокии замбӯруғ ба дору кам ба амал меояд. Ҳангоми осеб дидани узви ҳозима нистатин ба дарун тавсия карда мешавад. Доруро ноҳиявӣ истифода бурдан мумкин аст. Заҳрнокиаш паст аст. Доруи леворин низ аз гурӯҳи антибиотикҳои сохташон полиеновӣ буда, назар ба нистатин заҳрнокии баланд дорад. Ҳангоми таъсирбахш набудани нистатин доруи леворинро таъин мекунанд. Доруи клотримазол ҳосилаи имидазол аст. Онро асосан ноҳиявӣ ҳангоми кандидамикоз истифода мебаранд. Заҳрнокиаш баланд аст.
Доруи синтетикии флутситозил аз гурӯҳи пиримидин мебошад. Доруро ба дарун тавсия мекунанд. Нисбати криптококкҳо, кандидаҳо фаъол аст. Якҷоя бо амфотеритсини В барои муолиҷаи менингити криптококковӣ истифода мешавад.
ДОРУҲО
Номгӯи доруҳо | Меъёри миёнаи терапевтӣ | Шакли истеҳсол |
Амфотеритсини В - Amphhotericinum В | Дохиливаридӣ қатрагӣ 250 ВТ/кг; марҳам, ки дар 1 г 30000 ВТ дорад; барои ингалятсия 5-10 мл маҳлул, ки дар 1 мл 5000 ВТ | Хока дар флаконҳо 50 000 ВТ д/в ва барои ингалятсия; марҳам 15 ва 30 г, ки дар 1 г 30 000 ВТ |
Кетоконазол -Ketoconazole | Ба дарун 0,2-0,4 г | Таблеткаҳо 0,2 г |
Флуконазол – Fluconazole | Ба дарун ва дохили варид 0,05-0,4 г | Ғилофакҳо 0,05; 0,1; 0,15 ва 0,2 г; 0,5% сироп; маҳлули 0,2% д/в |
Гpизеофулвин - Griseofulvinum | Ба дарун 0,125 г | Таблеткаҳо 0,125 г |
Тербинафин - Terbinafine | Ба дарун 0,125—0,25 г; марҳами 1% ба рӯи пӯст | Таблеткаҳо 0,125 ва 0,25 г; марҳами 1% |
Нитрофунгин - Nitrofungine | Барои истеъмоли берунӣ | Флакон 25 мл |
Нистатин -Nystatinum | Ба дарун, ректалӣ ва дохили маҳбалӣ 250 000-500 000 ВТ; берунӣ марҳам, ки дар 1 г 100000 ВТ | Таблеткаҳо 250 000 ва 500 000 ВТ; суппозиторияи ректалӣ ва маҳбалӣ 250 000 ва 500 000 ВТ; марҳам 15 ва 30 г, ки дар 1 г 100000 ВТ |
Леворин – Levorinum | Ба дарун ва лунҷ 500 000 ВТ; берунӣ марҳам, дар 1 г 500 000 ВТ; дохили маҳбал 250 000- 500 000 ВТ; маҳлули 0,2% барои чайқонидан | Таблеткаҳо 500 000 ВТ; таблеткаҳо барои ба лунҷ гузоштан 500 000ВВТ; таблеткаҳо барои маҳбал 250 000 ВТ; хока барои истифодаи берунӣ; марҳам - 30 ва 50 г, ки дар 1 г 500 000 ВТ |
Декамин - Decaminum | Ба дарун ва лунҷ 0,00015 – 0,0003 г; марҳами 0,5 – 1 % | Карамел дорои 0,00015 г дору; марҳами 0,5% ва 0,1% - 30 ва 60 г |
Осебёбии организми одам бо гелминтҳо дар ҷаҳон васеъ паҳн шудааст. Беморие, ки дар натиҷаи сироятёбӣ бо гелминтҳо ба амал меояд, гелминтоз меноманд.
Аз рӯи ҷойгиршавии гелминтҳо дар организми одам намудҳои рӯдавӣ ва берун аз рӯдаро фарқ мекунанд. Гелминтҳо доирашакл (нематодҳо), тасмашакл (тсестодҳо) ва макканда (трематодҳо) мешаванд.
Таснифи доруҳои зидди гелминтҳо (аз рӯи механизми таъсир)
1. заҳрҳои ҳуҷайравӣ - этилени ССl4
2. доруҳое, ки функсияи асабу мушаки кирмро вайрон мекунанд - пирантел памоат, пиперазин, дитразин, левамизол, нафтамон.
3. доруҳое, ки системаи асабу мушаки кирмро фалаҷ менамоянд: празиквантел, фенасал, битионол
4. доруҳое, ки бевосита протсесси энергетикии кирмро вайрон мекунанд - аминоакрихин, пирвиний памоат, левамизол, мебендазол.
Ҳангоми нематодози рӯдавӣ – аскаридозҳо, доруҳои асосӣ ин мебендазол (вермокс), пирантели памоат, левамизол (декарис) мебошанд. Мебендазол ҳосилаи имидазол аст. Ба кирмҳои доирашакл таъсири афсурдакунӣ расонида (трихосефалез, аскаридоз ва энтеробиоз), азхудкунии глюкозаро афсурда мекунад ва кирмро фалаҷ месозад. Ба тухми власоглав, аскарида ва анкилостома таъсири кушанда дорад. Доруро ба дарун тавсия мекунанд, он бад ҷаббида мешавад. Барои муолиҷаи трихосефалез, аскаридоз ва энтеробиоз истифода бурда мешавад. Таъсири нохуши он диспепсия, дарди сар, реаксияи аллергӣ мебошад.
Доруи албендазол ҳосилаи бензимидазол аст. Спектри таъсири зидди гелминтиаш васеъ аст. Онро барои муолиҷаи нематодозҳои рӯдавӣ, баъзан барои муолиҷаи эхинококкоз ва систосеркоз тавсия мекунанд. Дошта гирифтани глюкозаро афсурда карда, ба фалаҷи гелминт оварда мерасонад. Ба тухмҳои аскарида, анкилостома ва власоглав таъсири кушанда дорад. Аз узви ҳозима хуб ҷаббида шуда, таъсираш 8-9 соат давом мекунад. Таъсирҳои нохуши он: дарди сар, лейкопения, дарди шикам, аллопетсия ва ғайраҳо (агар муддати дароз истифода шавад).
Доруи пирантелипамоат асабу мушаки кирмро вайрон, холинэстеразаро афсурда мекунад. Ба кирмҳои доирашакл (лӯндашакл) таъсири хуб мерасонад. Аз узви ҳозима бад ҷаббида мешавад. Асосан доруро барои муолиҷаи аскаридоз, энтеробиоз ва анкилостомидоз таъин мекунанд.
Доруи левамизол (декарис) – таъсири фаъол дорад. Гелминтҳоро фалаҷ мекунад. Деполяризатсияи мушакҳои кирмро ба амал оварда, мубодиларо вайрон мекунад. Доруро як таблеткагӣ як маротиба истифода мебаранд. Озодшавӣ аз кирмҳо 90-100% аст.
Доруи пиперазин адипинат – таъсири фалаҷкунӣ дорад. Ҳаракати кирмро манъ мекунад ва ба хориҷшавии кирмҳо аз организм мусоидат менамояд. Дору аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешавад. Ҳангоми аскаридоз истифода мебаранд. Озодшавӣ аз кирмҳо 90-100% ба амал меояд.
Доруи празиквантел ҳосилаи пиразинизохинолин аст. Таъсири фаъол дорад, спектри он васеъ аст. Ҳангоми сестодозҳо, трематодозҳои берун аз рӯда ва систисеркоз васеъ таъин мешавад. Мубодилаи калсийро дар кирм вайрон мекунад ва дар натиҷаи он вайроншавии функсияи мушакҳо ба амал омада, кирм фалаҷ мешавад. Дору ба дарун тавсия шуда, хуб ҷаббида мешавад.
Доруи фенасал (никлозамид) фосфолиронии оксидшавиро дар сестодозҳо афсурда намуда, онро фалаҷ месозад. Аз узви ҳозима қисман ҷаббида мешавад. Фенасалро барои муолиҷаи сестодози рудавӣ, ки сабабаш кирми тасмашакл аст, тавсия мекунанд. Инчунин доруи аминоакрихинро истифода бурдан мумкин аст. Заҳрнокии он камтар буда, назар ба фенасал фаъолнокиаш суст аст. Хосияти озурдакунӣ дорад.
Саволномаҳо:
1.Доруҳои сулфаниламидиро номбар кунед.
2.Механизми таъсири сулфаниламидҳоро шарҳ диҳед.
3.Доруҳои антигелментиро шарҳ диҳед?
4.Доруҳои зиддизанбурӯғӣ чӣ гуна таъсир нохуш доранд?
5.Доруҳои зиддизанбурӯғиро номбар кунед.
Комментарии (0)