1) фармакологияи умумӣ
2) фармакологияи ҷузъӣ.
Фармакологияи умумӣ қонуниятҳои умумии фармакокинетика, фармакодинамика ва фармакотерапияи маводи доругиро меомӯзад. Фармакологияи ҷузъӣ саволҳои фармакокинетика, фармакодинамика ва фармакотерапияро нисбати як гурӯҳи алоҳидаи фармакологӣ ё доруи алоҳидаро меомӯзад.
Дар ҳардуи ин қисмҳо ба фармакодинамика ва фармакокинетикаи доруҳо диққат медиҳанд. Фармакокинетика (кineo – ҳаракат) - ин қисми фармакология дар бораи роҳҳои воридкунӣ, ҷаббиш, паҳншавӣ, мубодила (метаболизм) ва ихроҷи дору аз организм мебошад. Фармакодинамика (dinamis – қувва) – ин натиҷаи биологии дору, механизми таъсир, мавқеи таъсири доруҳоро меомӯзад.
Фармакотерапия саволҳои нишондод барои истифодабарӣ, аломатҳои манъ барои истифодабарии доруҳо, таъсирҳои нохуши доруҳо ва заҳрнокии онҳоро меомӯзад. Вазифаи фармакологияи муосир – ин густариши доруҳои нави таъсирбахшу камзаҳр мебошад.
Таърихи рушди фармакология якчанд давраро дар бар мегирад.
1.Сигнатуризм – ба сифати маводи доругӣ танҳо растанихо истифода бурда мешуданд, аз рӯи ранги гулашон растаниҳо бояд равшан бошанд (то давраи милод).
2.Ин давра бо номи олими юнони қадим Буқрот (асри IV то милод) вобаста аст. Хизмати ӯ дар рушди дорушиносӣ дар он аст, ки барои муолиҷаи беморон ҳамаи захираҳои табиат - растанӣ ва ҳайвонотро истифода бурдааст.
3. Дар ин давра саҳми олими юнони қадим Клавдий Гален (асри II то милод) хеле назаррас аст. Фарқияташ аз Буқрот дар он буд, ки ӯ мешуморид пеш аз истифодабарии растаниҳо онҳоро аз ҳаргуна омехтаҳо тоза намудан лозим аст (дорухои галенӣ ва неогаленӣ). К.Гален аввалин шуда даври гардиши калон ва хурди хунро исбот намудааст.
4. Олими тоҷик (асри Х-Х1), файласуф Абӯалӣ ибни Сино саҳми худро гузоштааст. Яке аз эҷодиёти ӯ «Қонуни фит-тиб» мебошад, ки зиёда аз 800 маводи доругиро дар бар мегирад (томи 2). Ба ғайр аз ин дар китоб инчунин оиди анатомия ва физиологияи одам, ташхиси бемориҳо ва тавсифи муқоисавии онҳо маълумотҳо оварда шудаанд. Дар баробари Абӯалӣ ибни Сино дар ин давра инчунин олимон ба монанди Абӯбакр Закариёи Розӣ ва Абурайҳони Берунӣ дар ҷодаи тиб саҳмгузорӣ намудаанд.
5.Дар асри ХII олими швед Параселс саҳми худро гузоштааст. Ӯ пешниҳод намудааст, ки маводи доругиро пеш аз таъйин намудан аввал дар ҳайвонот ё дар худаш таҷриба гузаронад. Яъне ӯ яке аз асосгузорони фармакологияи таҷрибавӣ мебошад. Параселс аввалин шуда гомеопатияро пешниҳод намудааст, ки ин маънои онро дорад, ки доруро ба бемор бо меъёри кам таъин намудан лозим аст.
Роҳҳои воридкунии дору
Вобаста аз роҳи воридкунии дору ба организм ҷаббиши он ба амал меояд. Суръати ба вуҷуд омадани натиҷаи таъсири дору ва давомнокии таъсироти он аз роҳҳои воридкунӣ вобаста аст. Роҳҳои воридкунии дору ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:
1) роҳи энтералӣ (ба воситаи узви ҳозима)
2) роҳи парентералӣ (бидуни узви ҳозима)
Роҳи энтералӣ ин воридкунии дору ба даҳон (дохил), зери забон, ба лунҷ, ба рӯдаи 12 ангушта, ба рӯдаи рост мебошад. Роҳи қулайтарин ва осон ин ба воситаи даҳон (реr os) истифода бурдани дору мебошад. Ҷаббиши баъзе доруҳо дар меъда сар шуда, бештари доруҳо асосан дар рӯдаи борик ҷаббида мешаванд. Механизмҳои ҷаббидан асосан бо роҳҳои диффузия аз мембранаи ҳуҷайра, филтратсия аз сӯрохиҳои мембрана, транспорти фаъол ва пиноситоз ба амал меояд. Баъзеи доруҳо аз таъсири ферментҳои меъдаю рӯда вайрон.
Табдилёбии кимиёвии (биотрансформатсия, мубодилаи (метаболизми)) доруҳо
Дар организм қисми зиёди доруҳо ба биотрансформатсия дучор мешаванд. Дар биотрансформатсия ферментҳои зиёд иштирок мекунанд ва нақши асосиро ферментҳои микросомалии ҷигар мебозанд. Онҳо пайвастаҳои липофилии барои организм бегонаро ба пайвастаҳои гидрофилӣ табдил медиҳанд. Пайвастаҳои гидрофилии дорои ионизатсияашон баланд тағир наёфта, аз организм хориҷ мешаванд.
Намудҳои табдилёбии доруҳо:
1) трансформатсияи метаболӣ
2) конюгатсия
Трансформатсияи метаболӣ - ин табдилёбии моддаҳо аз ҳисоби реаксияҳои оксидшавӣ, барқароршавӣ ва гидролиз мебошад. Эфирҳои мураккаб (новокаин, атропин, атсетилхолин, дитилин, кислотаи атсетилсалитсилавӣ) ва амидҳо (салитсиламид, новокаинамид) протсесси гидролизро мегузаранд.
Конюгатсия - ин протсесси биосинтетикӣ аст, ки ба дору ё боқимондаи он як қатор гурӯҳи кимиёвӣ ё молекулаи пайвастаҳои эндогенӣ пайваст мешаванд. Масалан: метилиронии моддаҳо (гистамин, катехоламин) ё атсетилиронии онҳо (сулфаниламидҳо), ҳамтаъсирӣ бо кислотаи глюкурон (морфин, оксазепам), сулфиронӣ (левомитсетин), бо глутатион (парасетамол) ва ғайра аст. Дар протсесси конюгатсия якчанд ферментҳо иштирок мекунанд: сулфатрансфераза, трансатсилаза, глюкуронил трансфераза, метилтрансфераза ва ғайра. Конюгатсия метавонад роҳи ягонаи табдилёбии моддаҳо бошад.
Боҳамтаъсиррасонии доруҳо
Ҳолатҳое мешаванд, ки дар амалияи тиб баъзан якчанд доруҳоро якҷоя истифода мебаранд. Ин доруҳо ба ҳамдигар таъсир мерасонанду, характери таъсири шифобахшӣ ва давомнокии онро тағйир дода, таъсири заҳрнокии доруро суст ё зиёд мекунанд.
Ҳамтаъсирии доруҳо ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
- Ҳамтаъсирии фармакологӣ
- Ҳамтаъсирии фарматсевтӣ.
Ҳамтаъсирии фармакологӣ дар асоси дигаргуншавии фармакологии дору, дар асоси ҳамтаъсирии кимиёвӣ–физикӣ ва баъзан дар асоси дигаргуншавии фармакодинамика ба вуқӯъ меояд. Намуди ҳамтаъсирии фармакокинетикӣ бо вайроншавии ҷаббиш, биотрансформатсия, ҷамъшавӣ ё ихроҷи як дору вобаста аст.
Таблитсаи Мисолҳои номутобиқии фармакокинетикии доруҳо
Гурӯҳи доруҳои якҷояшаванда | Натиҷаи ҳамтаъсирии доруҳои гурӯҳи I ва II | ||
Антикоагулянтҳои таъсирашон номустақим (неодикумарин) | Алмагел | Суст шудани хосияти зидди лахташавии доруҳои гурҳӯҳи I | Алмагел ҷаббиши доруҳои гурӯҳи I-ро дар узви ҳозима мушкил менамояд |
Антикоагулянтҳои таъсирашон номустақим (неодикумарин) | Холестир- амин | Суст кардани таъсири зидди лахташавии доруҳои гурӯҳи I | Холестирамин дар рӯда доруҳои гурӯҳи I-ро мепайвандад |
Салитсилатҳо (кислотаи атсетил- салитсилавӣ) | Фенобар- битал | Суст шудани таъсири салитсилатҳо | Фенобарбитал биотрансформатсияи салитсилатҳоро дар ҷигар зиёд м/д |
Салитсилатҳо (кис- лотаи атсетилсалит- силавӣ) | Доруҳои антасидӣ | Каме суст кардани таъсири салитсилатҳо | Доруҳои антасидӣ реабсорбсияи салитсилатҳоро дар гурдаҳо кам мекунанд |
Намуди ҳамтаъсирии фармакодинамикӣ бо он вобаста аст, ки дар натиҷаи боҳамтаъсирии бевоситаи дору дар сатҳи ретсептор, фермент, системаи физиологӣ мушоҳида мешавад.
Комментарии (0)