Фармакология - мафҳум ва мухтасари таърихи фан


Нақша: 
1.Муқаррароти фармакология ҳамчун илм.
2. Мавқеи фармакология дар байни фаннҳои тиббӣ, фармасевтӣ-биологӣ.
   Фармакология - илм дар бораи таъсири пайвастагиҳои кимиёвӣ ба организми инсон ва ҳайвонот мебошад. Аз калимаи юнонӣ рharmacon - дору, logos – омӯзиш мебошад. 
Фармакология доруҳоеро меомӯзад, ки барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо истифода мешаванд. Яке аз вазифаи асоситарини фармакология ин омӯзиш ва ба даст овардани доруҳои нави таъсирбахш мебошад. 
Фанни фармакология бо қисмҳои тибби таҷрибавӣ ва амалӣ зич пайваста буда, барои рушди онҳо (физиология ва биохимия) таъсир мерасонад. 
Фармакология барои тибби амалӣ аҳамияти калон дошта, дар тараққиёти клиника роли бузургро мебозад. Масалан, пайдоиши доруҳои наркозӣ, анестетикҳои маҳаллӣ, доруҳои кураремонанд ва дигар доруҳо ба пешравӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ мусоидат кардаанд. Пайдо намудани маводҳои гормонӣ барои муолиҷаи беморони эндокринӣ ниҳоят заруранд. Ба даст овардани антибиотикҳо ва сулфаниламидҳо имконияти муолиҷаи бемориҳои уфунатиро беҳтар намуданд. Донистани фармакалогия барои табибон муҳим аст. Дар натиҷаи нодуруст таъин намудани доруҳо таъсироти нохуши онҳо метавонанд ҳолати беморро вазнинтар намоянд. Дар солҳои охир фармакологияи клиникӣ ҳамчун фанни мустақил ҷудо шудааст. 
Усулҳои асосии коркарди дору ин синтези химиявӣ мебошад. Ба ғайр аз ин пайвастагиҳои растаниҳо, бофтаҳои ҳайвонот, минералҳо истифода бурда мешаванд. Баъзе доруҳо маҳсули таҷдиди замбӯруғҳо ва микроорганизмҳоянд. Дар асоси ҳамкории фармакологҳо бо кимиёшиносон ва фармасевтҳою табибон доруҳои нав дар тибби амалӣ татбиқ мешаванд. 
Рушди соҳаи фармакология ба пайдоиши дигар фанҳо ва равандҳои илмӣ асос гардид. Масалан фармакологияи таҷрибавӣ, фармакологияи клиникӣ, фарматсия, фармакогенетика, иммунофармакология, токсикология ва ғайра пайдо шуданд. Фармакология таърихи ҳазорсолаҳо дорад, ки он аз истифодабарии доруҳои эмпирӣ оғоз мешавад. Дар асри IX арабҳо систематизатсия ва стандартизатсияи доруҳоро пешниҳод намуданд. Бо ин мақсад китоби махсус - Фармакопея пайдо шуд. Дар асри XV дар Аврупо аввалин китоб оид ба Фармакопея дар Итолиё аз чоп баромад. Баъдан дар Инглистон (aсри XVII), дар Фаронса (XVII), дар Россия (XVIII), дар ИМА (XIX) ин китоб нашр шуд. Илми фармакология як қадам ба пеш гузошт. Дар асри ХIX аввалин бор алкалоидҳои тозашуда (морфин, хинин) аз растаниҳо ва синтези моддаҳои органикӣ (мочевина) ба роҳ монда шуданд. Дар аввали асри XIX яке аз рӯйдодҳои асосӣ ин гузаронидани таҷрибаҳо дар ҳайвонот буд. Баъдан миқдори озмоишгоҳҳои фармакологӣ зиёд шуданд. Дар натиҷаи муоинаи омӯзиши механизми таъсири моддаҳо доруҳои нав ба даст омаданд. Дар асри XIX охири солҳои 40-ум дар тибби амалӣ доруҳо барои наркоз (эфир, хлороформ, оксиди нитроген), доруҳои хобовар, хлоралгидрат, анестетикҳои маҳаллӣ чун кокаин ва дигар моддаҳо пайдо шуданд. 
Принсипҳои асосии химиотерапияи бемориҳои уфунатӣ дар аввалҳои асри XX ба амал омад. Барои муолиҷаи бемории оташак (сифилис) доруи салварсан кашф (синтез) шуд.  
Солҳои 20-уми асри ХХ бениҳоят пурмаҳсул буданд. Дар ин солҳо доруҳои инсулин ва пенитсиллин ба даст оварда шуданд. Дар солҳои 30-юм таъсири зиддимикробии сулфаниламидҳо муайян гардид. Муҳимтарин дастовардҳои солҳои 40-50-ум доруҳои пенитсиллини тоза, стрептомитсин ва дигар антибиотикҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки дар тибби амалӣ ҷорӣ шуданд. Дар ҳамин давра аввалин доруҳои психотропӣ ба даст омаданд, ки сабаби ба вуҷуд омадани психофармакологияи амалӣ шуданд. Доруҳои зидди диабети қанд низ, ки ба воситаи узви ҳозима таъйин мешаванд, синтез шуданд. Солҳои 60-ум ба қатори доруҳои зиддимикробӣ инчунин антибиотикҳои гурӯҳи сефалоспоринҳо ва рифампитсин дохил шуданд. Доруҳои нави афсурдакунандаи каналҳои калсий (Са) ва ретсепторҳои гистаминӣ (Н2-ретсепторҳо) диққатҷалбкунанда буданд. Озмоиши васеи простагландинҳо дар солҳои 70-ум ба роҳ монда шуд. Таъсири вайронкунии доруҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидӣ ба синтези простагландинҳо, системаи простасиклин – тромбоксан, пептидҳои эндогении афюнӣ муайян шуданд. Синтези доруи таъсироташ фаъол атсикловир ба роҳ монда шуд. Солҳои 80-ум ҳам хеле пурмаҳсул буданд. Барои муолиҷаи захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта доруҳои нав аз гурӯҳи афсурдакунандаҳои насоси протонӣ пешниҳод шуданд. Хосияти як қатор доруҳо, ки каналҳои калийро фаъол мекунанд ва барои муолиҷаи бемориҳои фишорбаландӣ таъсирбахшанд, кашф шуданд.
 
Абӯалӣ ибни СиноАбӯалӣ ибни Сино (980-1036)
Дар асри Х-ХI тибби Шарқ бо номи табиби машҳур, энсиклопедист ва файласуф Абӯалӣ ибни Сино (980-1036) шӯҳрат пайдо кард. Яке аз асарҳои машҳури ӯ китоби «Ал қонун фиттиб» мебошад, ки дар ҷилди II он зиёда аз 800 маводи доругӣ оварда шудааст. Ба ғайр аз ин дар ин китоб анатомия, физиология, патологияи одам, аломатҳои ташхиси беморӣ, тавсифи муқоисавии он (дар ҷилди I, III, IV) зикр гардидааст. 
Абӯалӣ ибни Сино дар ҷилди панҷуми асараш оиди усули тайёркунӣ ва истифодабарии доруҳои мураккаб маълумот додааст.
Номҳои олимони бузург Абубакр Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абумансур Муваффақ ва дигаронро номбар кардан зарур аст. Табиби Шарқ Абубакр Закариёи Розӣ (865-928) дар соҳаи тиб барои инкишофи дорушиносӣ саҳми арзандае гузоштааст. Ӯ зиёда аз 38 асари худро ба тиб, аз ҷумла фармакология бахшидааст, дар эҷодиёти худ оиди дуруст интихоб намудани доруҳо аҳамияти калон додааст.
Аз олими машҳур Абурайҳони Берунӣ (973-1048) ҳам дар соҳаи тиб, аз он ҷумла дорушиносӣ эҷодиёти зиёд мондааст. Дар китоби «Сайдана», ки энсиклопедияи дорушиносии Шарқ мебошад, Берунӣ ҳамаи доруҳои машҳури аз растаниҳо, ҳайвонот ва минералҳои асри Х1-ро ҷамъоварӣ намудааст. Ӯ пешниҳод намудааст, ки ҳар чизи ба организми инсон воридшавандаро ба маводҳои ғизоӣ ва заҳр ҷудо кардан лозим аст, дар байни заҳру ғизо дору ҷойгир аст. Мумкин аст, ки ин ибораи «Заҳри кам дору - заҳри зиёд қотил » аз ҳамин ҷо пайдо шуда бошад.  

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив