Ба ин гурӯҳ доруҳое дохил мешаванд, ки бедардкунӣ ва наркози ҷарроҳиро ба амал меоранд. Антагонисти ин доруҳо маводҳое мебошанд, ки СМА-ро меангезонанд. Наркоз – ин ҳолати муваққатан баргардандаи боздории СМА аст, ки дар натиҷааш беҳушӣ, пастшавии ҳамаи намудҳои ҳиссиёт ва реаксияҳои рефлекторӣ, сустшавии тонуси мушакҳо ба вуҷуд меояд.
Талабот ба доруҳои наркоз:
- ҳангоми истифодаи доруҳо наркоз бояд тез ва бе марҳилаи ангезиш ба вуҷуд ояд;
- чуқурии наркоз ва идорашавии чуқурии наркоз ҳатмӣ аст;
- наркоз бояд идорашаванда бошад;
- бемор бояд бе оқибатҳои манфӣ ва зуд аз наркоз барояд.
Доруҳои моеъшакл тез ба ҳолати буғ мегузаранд. Ҳангоми нафаскашӣ дору бо роҳи диффузия аз шуш ба хун мегузарад. Доруҳо дар организм баробар паҳн мешаванд. Доруҳо ба воситаи шуш тағйир наёфта, хориҷ мешаванд. Хусусан доруҳои газшакл тез хориҷ мешаванд.
Доруҳо:
1.Барои наркози ингалятсионӣ:
1) моеъҳои тезбухоршаванда - фторотан, эфир барои наркоз, метоксифлуран, хлорэтил;
2) газшакл – оксиди нитроген.
2.Барои наркози ғайриингалятсионӣ – пропанидид, тиопентали натрий, гексенал, оксибутирати натрий, кетамин (калипсол).
Доруҳои моеъшакл
Фторотан (Phthorothanum флакон 50 мл). Фторотан (галотан, флуотан) дар амалияи ҷарроҳӣ васеъ истифода мешавад. Он ба пайвастаҳои алифатии фтордошта дохил мешавад. Фаъолияти наркотикиаш баланд буда (3-4 маротиба назар ба эфир), наркоз тез ба вуҷуд меояд ва давомнокии марҳилаи ангезишёбиаш кӯтоҳмуддат аст. Наркоз бо фторотан идорашаванда мебошад. Пас аз манъ кардани нафаскашии дору баъди 5-10 дақиқа бемор бедор мешавад. Тонуси мушакҳо пурра суст мешаванд. Фторотан фишори хунро паст карда, брадикардияро ба вуҷуд меорад, чунки маркази дилу рагҳо ва гиреҳҳои симпатикӣ афсурда мешаванд. Аз сабаби таъсири бевосита ба миокард доштан, аритмияи дил ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Фторотан фаъолияти тарашшӯҳи ғадудҳои оби даҳон, бронхҳо ва меъдаро афсурда мекунад. Пас аз наркоз дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ камтар ба вуҷуд меоянд. Доруҳои энфлуран, изофлуран ба ин гурӯҳи пайвастаҳои алифатӣ дохил мешаванд.
Эфир (Aether pro narcosi - флакон 100 мл ва 150 мл) барои наркоз аз рӯи сохти кимиёвӣ эфири диэтил аст. Фаъолияти наркотикиаш баланд буда, заҳрнокии паст дорад. Наркоз бо эфир сабук идорашаванда аст. Марҳилаи ангезишёбии он давомнок мебошад. Барои эфир марҳалаи давомноки ангезишёбӣ дар давоми 10-20 дақиқа хос аст. Дар марҳилаи бедоршавӣ дар зери таъсири эфир паст шудани ҳиссиёти дард ба назар мерасад. Ин афсурдашавии гузариши ангезиши байнинейронӣ дар роҳҳои афферентӣ буда, фаъолияти функсионалии нейронҳои қишрии майнаро паст мекунад. Ба луобпардаҳои роҳҳои нафас таъсири озурдакунӣ мерасонад. Пас аз наркоз пайдошавии аломатҳои бронхопневмония ва пневмония мушоҳида карда мешавад. Дар марҳилаи дуввум ё пас аз наркоз рефлекси қайкунӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми истифодаи меъёри баланди дору марҳилаи агоналӣ ба вуҷуд меояд, ки ин бо афсурдашавии маркази нафас ва дилу рагҳо вобаста аст. Зудӣ ва ҳаҷми нафаскашӣ паст шуда, нафастангӣ, норасогии дил ба вуҷуд омада, фишори хун паст ва гавҳараки чашм васеъ мешавад.
Спирти этил
Спирти этил чун дигар доруҳои наркотикӣ фаъолияти ҳамаи ҳуҷайраҳоро афсурда мекунад. Аз ҳама ҳассос ба таъсири спирти этил қишри нимкураҳои майнаи сар мебошад. Спирти этил марказҳои қишри майнаи сарро афсуда карда, ҳолати ангезишро ба вуҷуд меорад.
Дар тибби амалӣ спиртро бо мақсади таъсири ноҳиявӣ ва рефлекторӣ истифода мебаранд. Дар тиб асосан спиртҳои якатомаи алифатиро истеъмол мекунанд, ки инҳо этанол ва трихолорбутанол ҳастанд. Дар дорусозӣ (фарматсия) барои тайёр кардани шарбатҳо ва экстрактҳо истифода мешавад. Таъсири ноҳиявии он чунин аст, ки дар вақти гузоштан ба пардаҳои луобӣ ва пӯст таъсири озурдакунӣ ба вуҷуд меояд. Таъсири ноҳиявии озурдакунӣ ва таъсири рефлектории спирт ба узвҳои дарунӣ дар намуди компресси гармиовар истифода мешавад. Пас аз пайдо шудани таъсири озурдакунӣ карахткунии сабук дида мешавад. Этанол чарбҳоро ҳал карда, лахташавии сафедаҳоро ба вуҷуд меорад, бинобар ин пӯст хушк ва дурушт мешавад. Дар тиб инчунин таъсири банданда ва зиддимикробии этанолро васеъ истифода мебаранд. Спиртҳо хосияти денатуратсия кардани сафедаҳоро доранд, бинобар ин ҳамчун антисептик истифода мешаванд. Спирти 40% - хосияти бактериостатикӣ (яъне боз доштани инкишофи микробро) дорад. Спирти 70-96% хосияти бактериотсидӣ (яъне таъсири кушандаи микроб) дорад. Аммо барои коркарди (шустушӯ) дасти ҷарроҳ спирти 70%-ро истифода мебаранд, чунки спирти 90-96% хосияти баланди даббоғикунии пӯстро дорад. Спирти 96% барои бесирояткунии асбобҳои (инструментҳои) ҷарроҳӣ кор фармуда мешавад. Спиртҳоро барои молиш ва компресскунӣ аз сабаби таъсири мавзегини озурдакунӣ доштанашон истифода мебаранд. Бо ин мақсад спирти 20% барои атфол ва спирти 40% барои калонсолон истифода мешавад. Спирт инчунин таъсири резорбтивӣ дорад, ки он СМА-ро афсурда мекунад. Аз сабаби тӯлонӣ будани марҳилаи ангезишӣ (мутаасиршавӣ) ва кӯтоҳ будани «васеияти таъсири наркотикӣ» – спиртро ҳамчун воситаи наркоз истифода намебаранд. Баъзан спиртҳоро ҳамчун воситаи зиддисадма ҳам истифода мебаранд. Спиртро ба беморони лоғару заиф бо тамаркузи (консентратсия) паст таъйин мекунанд, ки он энергияро зиёд мекунад. Масалан спиртро ҳангоми бемории сил, бемориҳои уфунатӣ ҳангоми лоғар будани организм истифода мебаранд. Таркиби қимиз 7-8% алкогол дорад. Дар ин ҷо аҳамияти энергетикии (қуввадиҳандандаи) онро дар назар доранд. Спирти этил ба ғадудҳои узви ҳозима таъсир карда, тарашшӯҳи ғадудҳо ва секретсияи кислотаи НСl, гастрин, гистаминро ҳам зиёд карда, ҳаракати рӯдаҳо каме дигаргун мекунад. Спирт ба узвҳои паренхимӣ, хусусан ба паренхимаи ҷигар таъсири заҳрнок мерасонад. Спирт СМА-ро афсурда карда, эйфорияро (кайф, димоғчоқӣ) ба вуҷуд меорад, худназаротии инсон паст мешавад. Дар вақти тӯлонӣ истифода бурдани спирт заҳрмандии музмин, ё ин ки майзадагӣ (алкоголизм) ба вуҷуд меояд. Хотири беморон парешон, ақлашон кам мегардад.
Спирт хосияти кумулятсия (ғуншавиро) дорад, ки ин ба вараҷаи сафед – як навъ девонагӣ оварда мерасонад. Инчунин, системаи асаби ноҳиявӣ ҳам иллатнок шуда, полиневритҳо пайдо мешаванд.
Принсиҳои асосии табобати майзадагӣ
Муолиҷаи майзадагӣ ҳатман дар клиника бояд гузаронида шавад. Барои табобати майзадагӣ меъёри спиртро оҳиста-оҳиста кам ва пас аз он манъ кардан лозим аст, чунки ҳолати (синдроми) абстиненсия ва авҷгирии шиддатҳои рӯҳӣ пайдо шуданаш мумкин. Принсипи муолиҷа: ба вуҷуд овардани реаксияи манфӣ ба спирт ва ҳиссиёти нафрат ба маю арақ ба воситаи истифодаи доруҳои қайовар мебошад.
Барои табобати майзадагӣ доруҳои Teturamum (antаbus)- табл. 0,15,0,1,0,25 меъёри шабонарӯзияш 0,5 г; Esperalum (radotel); Сyamidum таб. 0,1; Метронидазол табл. 0,5 ва ғайраҳо истифода мешаванд. Механизми таъсири тетурам: доруро якҷоя бо спирт истеъмол мекунанд, ки тетурам оксидшавии спиртро дар сатҳи атсеталдегид боз медорад. Ҷамъшавии атсеталдегид дар организм заҳрмандиро ба амал меорад, ки аломатхои асосии он пайдошавии ҳиссиёти тарсу ваҳм, сардардӣ, дарди дил, гипотензия, арақҷудокунӣ, беҳузурӣ, қайкунӣ мебошанд. Дар ин маврид тетурам (антабус) дар як давраи табобат дар беморон реаксияи манфиро ба спирт пайдо мекунад. Миқдори аз ҳад зиёди спирт дар вақти табобат бо тетурам ба марг оварда расониданаш мумкин аст.
Доруи эсперал таъсири давомнок дошта, онро дар шакли таблетка ба зери пӯст ҷой медиҳанд. Ҳангоми истеъмоли спирт он таъсири худро оғоз мекунад. Доруи метранидазолро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Баъзан барои пайдо кардани рефлексҳои манфӣ воситаи қайовар- апоморфинро истифода мебаранд ва бо ҳамроҳии спирт якҷоя таъйин мекунанд. Ғайр аз ин воситаҳои психотропӣ ва психотерапияро низ истифода мебаранд. Дар айни замон воситаҳои таъсирбахш барои манъ кардани қабули спирт вуҷуд надорад.
Комментарии (0)