Доруҳое, ки ба функсияи узви нафас таъсир мерасонанд


Дорухо барои нафаскашиТанзимдиҳандагони нафас
Аз рӯи равонакунии доруҳо танзимдиҳандагони нафас ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
1.Доруҳое, ки бевосита маркази нафасро фаъол мекунанд – бемегрид, кофеин, этимизол, коразол, камфора;
2.Доруҳое, ки таъсири рефлекторӣ доранд – сититон, лобелини гидрохлорид;
3.Доруҳои таъсирашон омехта- кордиамин, кислотаи карбонат, карбоген.
Ба доруҳои гурӯҳи якум аз гурӯҳи аналептикҳо бемегрид (Bemegridum; амп. 10 мл маҳлули 0,5%) ва этимизол (Aethimizolum; табл. 0,1; амп. 3 ва 5 мл маҳлули1%) дохил мешаванд. Доруҳо маркази мағзи дарозрӯяро фаъол месозанд. Доруҳоро ба дарун ва дохили варид ворид менамоянд. Доруҳои сититон ва лобелин Н-холиноретсепторҳои ноҳияи синокаротидиро ба ангезиш оварда, импулсҳои афферентӣ ба мағзи дарозрӯя гузашта, маркази нафаскаширо фаъол мекунанд. Таъсири доруҳо кӯтоҳмуддат аст. Доруҳои таъсирашон омехта таъсири марказӣ доранд ва ба хеморетсепторҳои калобаи каротидӣ таъсири танзимкунӣ мерасонанд. Ба ингуна доруҳо аналептик кордиамин дохил мешавад.
Ҳамаи ин доруҳоро вақти заҳролудшавӣ бо аналгетикҳои опиоидӣ, доруҳои хобовар, ҳангоми асфиксияи навзодон, барои барқарор намудани сатҳи вентилятсияи шуш баъди наркоз ва ғайраҳо тавсия мекунанд


Доруҳои зидди сулфа
Сулфа ин механизми муҳофизатии бартараф намудани оканаи бронхҳо мебошад. Аз рӯи таъсир ду гурӯҳи доруҳо мавҷуданд:
1.Доруҳои таъсирашон марказӣ:
 а) аз гурӯҳи аналгетикҳои наркотикӣ – кодеин, этилморфини гидрохлорид; 
 б) доруҳои ғайринаркотикӣ – глаутсини гидрохлорид, тусупрекс;
2.Доруҳои таъсирашон ноҳиявӣ - либексин.
Дар амалияи тиб доруҳои таъсирашон марказӣ васеъ истифода мешаванд. Доруҳо звеноҳои марказии рефлексии сулфаро афсурда мекунанд. Кодеин алкалоиди афюн буда, таъсири назарраси зидди сулфа дорад. Боз каме таъсири бедардкуниро ба амал меорад. Дар меъёри мӯътадил (терапевтӣ) кодеин маркази нафасро афсурда намекунад. Ҳангоми истифодабарии тӯлонӣ одаткунӣ ва вобастагиро ба амал меорад. Доруи он кодеин фосфат аст, ки ба таркиби доруҳои комбинативӣ дохил мешавад – микстураи Бехтерев, «кодтерпин», коделак, панадеин, солпадеин ва ғ.
Этилморфин гидрохлорид ба монанди кодеин таъсир мерасонад, вале фаъолнокиаш зиёдтар аст.
Доруи глаутсини гидрохлорид ва тусупрекс таъсири марказӣ доранд. Глаутсин алкалоиди растанигӣ (Glaucium flavum) буда, дар шакли таблетка истеҳсол мешавад. Таъсири он – маркази сулфаро афсурда намуда, ба СМА хосияти оромбахшӣ дорад, мушакҳои бронхҳоро суст мекунад. Тусупрекс (Tusuprex; таб. 0,01 ва 0,02; сироп 0,01 дар 1 мл аст), доруи синтетикӣ аст, бевосита ба маркази сулфа таъсир мерасонад. 
Доруи либексин (Libexinum; таблеткаҳо 0,1) ба луобпардаҳои узви нафас хосияти карахткунӣ дорад, ба хориҷшавии балғам мусоидат намуда, бронхҳоро ҳам каме васеъ мекунад. Доруҳо ҳангоми бемориҳои трахеит, бронхит, грипп, плеврит, пневмония, диққи нафас таъсирбахшанд.
 
Доруҳои балғамронанда
 
Ин доруҳо ба ихроҷи луоби ғадудҳои бронхҳо мусоидат менамоянд. Аз рӯи таъсирашон онҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
 1) доруҳои таъсирашон рефлекторӣ- растаниҳои ипекакуана ва термопсис ( мастак);
 2) доруҳои таъсирашон бевосита (муколитикҳо)- атсетилсистеин ва ғайраҳо.
Ба гурӯҳи 1-ум чунин доруҳо дохил мешаванд – растаниҳои ипекакуана ва мастак дар шакли қиём ва экстракт истифода мешаванд. Таркиби растаниҳо алкалоидҳо доранд (дар алафи мастак – сапонинҳо мавҷуд аст), ҳангоми ба дарун ворид шудан ретсепторҳои луобпардаҳои меъда ва рӯдаи 12 ангуштаро озурда сохта, ба таври рефлекторӣ тарашшӯҳи ғадудҳои бронхҳоро зиёд мекунанд. Кашишхӯрии бронхҳо зиёд ва эпителияҳои мерсателӣ фаъол мешаванд. Балғам дар натиҷаи ин моеътар ва ихроҷи он осон мешавад. Растаниҳо дар меъёри зиёд қайкуниро ба амал меоранд.
Доруҳои балғамронандаи таъсирашон бевосита- муколитикҳо (mucus- балғам) пас аз қабули доруҳо ба хун ҷаббида шуда, ба бронхҳо мераванд. Он ҷо бо луобпардаҳо хориҷ ва тарашшӯҳи ғадудҳои бронхиалиро танзим дода, часпакии балғамро мулоим (суюқ) карда, ихроҷи онро осон мекунанд. 
Доруи атсетилсистеин (мукосолвин) дар молекулаи худ гурӯҳи сулфгидрилӣ дорад, ки пайвастаҳои дисулфидии мукополисахаридҳоро канда мекунад, дар натиҷа часпакии балғам кам мешавад. Онро дар шакли ингалятсия, баъзан парентералӣ истифода мебаранд. 
Ба гурӯҳи доруҳои муколитӣ амброксол ва бромгексин (Bromhexinum; таб. 0,008) шомиланд. Таъсири муколитии онҳо дар ин аст, ки мукопротеин ва мукополисахариди балғамро деполимеризатсия намуда, онро суюқ мекунанд, тарашшӯҳи ғадудҳои бронхҳо мӯътадил мешавад. Часпакии балғам кам ва ихроҷи он осонтар мегардад. Доруҳоро ба дарун тавсия менамоянд.
 Доруи мукалтин аз растании гули хайрӣ гирифта мешавад, хосияти балғамронанда дорад. Онро ба дарун дар шакли таблетка истифода мебаранд.
 Боз ферментҳои протеолитӣ ба монанди трипсини кристаллӣ, химотрипсини кристаллӣ, пулмозим дар шакли ингалятсия истифода мешаванд. 
Доруи калий йодид ва гидрокарбонати натрий низ ба ғадудҳои бронхҳо таъсири бевосита доранд ва тарашшӯҳи бронхҳоро зиёд мекунанд.

Доруҳое, ки ҳангоми нафастангӣ истифода мешаванд (бронходилататорҳо)
Ангезишёбии асаби холинергӣ ба танг шудани бронхҳо оварда мерасонад. Дар бронхҳо В2 - адреноретсепторҳо ҷойгиранд, ки ба он адреналин ва моддаҳои адренотропӣ таъсир мекунанд. Танзими В2 – адреноретсепторҳо ба васеъ шудани бронхҳо оварда мерасонад. 
Доруҳое, ки барои муолиҷаи диққи нафас ва ҳолатҳои нафастангӣ истифода мешаванд ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
1.Доруҳое, ки бронхҳоро васеъ мекунанд:
а) танзимдиҳандагони В2 – адреноретсепторҳо – салбутамол, фенотерол, тербуталин, изадрин, орсипреналини сулфат, адреналини гидрохлорид;
б)М-холиноблокаторҳо – атропини сулфат, метатсин;
в)доруҳои таъсирашон миотропӣ – теофиллин ва эуфиллин.
2.Доруҳои зидди илтиҳобӣ, ки хосияти васеъ кардани бронхҳоро доранд:
 а)доруҳои зидди илтиҳобии стероидӣ – гидрокортизон, дексаметазон, бекламетазон;
 б)доруҳои зидди аллергия - кромолин-натрий, кетотифен.
 Доруҳое, ки В2 – адреноретсепторҳоро танзим медиҳанд салбутамол, фенотерол (беротек ингалятор дорои 300 доза 0,2 мг аст), орсипреналин сулфат (алупент, астмопент; таб. 0,01 ва 0,02; сироп 10 мг дар 1 қошуқи ошхурӣ; ингалятор дорои 400 доза 0,75 мг аст) ҳангоми нафастангӣ васеъ истифода мешаванд. Ин доруҳо фаъол буда, дар шакли ингалятсия тавсия мешаванд. Барои пешгирии нафастангӣ доруҳоро ба дарун ва парентералӣ ворид намудан мумкин аст. Доруи адреналин гидрохлорид ҳангоми хурӯҷи нафастангӣ истифода мешавад, варами луобпардаи бронхро кам мекунад. Доруи изадрин ба Вва В2 – адреноретсепторҳо таъсир расонида, дар шакли ингалятсия ҳангоми нафастангӣ таъин мешавад. Таъсири нохуши доруҳо: тахикардия, нооромӣ, аритмияро ба амал меоранд.
 Доруҳои атропин сулфат, метатсин ва платифиллин ба холиноретсепторҳо таъсири афсурдакунӣ расонида, озодшавии моддаҳои кашишдиҳандаи мушакҳоро кам мекунанд. Доруҳо тарашшӯҳи на танҳо бронхҳо, балки луобпардаи даҳон, ғадуди меъдаро низ кам карда, хушкии даҳон, тахикардия, вайроншавии аккомодатсияро ба амал меоранд.
Доруҳои таъсирашон миотропӣ (спазмолитикҳо) бевосита ба мушакҳои суфтаи бронхҳо таъсир мерасонанд. Доруҳо теофиллин ва эуфиллин фосфодиэстеразаро афсурда намуда, миқдори АМФ-и давриро зиёд менамоянд, дар натиҷаи ин миқдори ионҳои калсий дар дохили ҳуҷайра кам шуда, мушакҳо суст мешаванд. Теофиллин боз фишори давраи хурди хунро кам карда, хунгардишро дар дил, гурдаҳо, майнаи сар беҳтар мегардонад. Доруҳо хосияти зиёд кардани диурезро доранд. Теофиллин ва эуфиллинро ба дохили варид, ба дарун ва рӯдаи рост тавсия мекунанд.
Барои муолиҷаи диққи нафас ва ҳолати нафастангӣ боз доруҳои зидди илтиҳобӣ ва зидди аллергия истифода бурда мешаванд. Ин доруҳо мембранаи ҳуҷайраҳои фарбеҳро мустаҳкам намуда, баромади медиаторҳои аллергияро манъ мекунанд, бевосита каме бронхҳоро васеъ менамоянд. Глюкокортикоидҳои бекламетазон дипропионат, флутиказон пропионат дар шакли аэрозол барои ингалятсия ва ба дарун истифода мешаванд. Доруи гидрокортизон дар ҳолатҳои шадид ба дохили варид тавсия мешавад.
Доруи кромолин-натрий (интал) хосияти зидди аллергия дорад. Воридшавии ионҳои калсийро ба ҳуҷайраҳои фарбеҳ боз медорад ва дар натиҷа мембранаи ҳуҷайраҳои фарбеҳ мустаҳкам мешавад. Доруро барои пешгирии хурӯҷи диққи нафас дар шакли ингалятсия таъин мекунанд. Доруи кетотифен (задитен) озодшавии медиатори аллергияро аз ҳуҷайраи фарбеҳ боз медорад. Барои пешгирии хурӯҷи диққи нафас, ҳангоми ринит ва дигар бемориҳои аллергӣ таъин мекунанд. Таъсирҳои нохуши он – хосияти оромбахш, баъзан тромбоситопения.
 
 
Доруҳо барои муолиҷаи варами шуш 
Варами шуш ҳангоми бемориҳои системаи дилу рагҳо, иллатёбии шуш бо моддаҳои кимиёвӣ, баъзе бемориҳои уфунатӣ, бемориҳои гурдаҳо, ҷигар, варами майнаи сар ва ғайраҳо ба амал меояд. Муолиҷаи варами шуш бо назардошти муолиҷаи асосии беморӣ вобаста аст. Аммо принсипи муолиҷаи патогенетии варами шуш якхела мебошад. 
Ҳатман ҳангоми варами шуш фишори хунро паст кардан лозим меояд. Бо ин мақсад доруҳои ганглиоблокаторӣ ба монанди гигроний, арфонад, бензогексоний, аз гурӯҳи доруҳои рагвасеъкунандаи таъсирашон миотропӣ натрий нитропруссид ва эуфиллин; α -адреноблокаторҳо – фентоламин, аминазин таъин мешаванд. Ин доруҳо фишори хунро паст карда, хунгардишро мӯътадил ва кори дилро зиёд карда, фишори давраи хурди хунро паст мекунанд.
Ҳангоми варами алвеола ва пайдошавии кафк дар дохили онҳо доруҳои зидди кафк тавсия мешаванд. Ин спирти этил аст, ки якҷоя бо оксиген ба воситаи катетер аз бинӣ ё ниқоб буғи онро нафас мекашанд. Доруи антифомсилан хосияти фаъол дорад, таъсири тез бартараф намудани кафкро доро аст. Дар шакли аэрозол бо роҳи ингалятсионӣ бо оксиген ворид мекунанд. 
 Барои муолиҷаи варами шуш аз гурӯҳи аналгетикҳои наркотикӣ морфин ва фентанилро васеъ истифода мебаранд. Доруҳо артерия ва венаҳои ноҳиявиро васеъ намуда, бозгашти венозиро ба дил кам мекунанд ва фишор дар давраи хурди гардиши хун паст мешавад. Боз доруҳои пешоброн ба монанди фуросемид, маннит ва мочевина истифода бурда мешаванд, ки аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми хуни даврзананда фишори хунро паст мекунанд. Оксигеншифоӣ ҳам яке аз принсипҳои асосии муолиҷаи варами шуш мебошад.
Баъзан доруҳои гликозидҳои дил – строфантин, дигитоксин; глюкокортикоидҳо – преднизолон, дексаметазон, гидрокортизон, ки хосияти зиддиилтиҳобӣ ва иммунодепрессивӣ доранд, истифода мешаванд.
Растаниҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд хосияти балғамронанда доранд. Ба онҳо гули хайрӣ, ширинбия, чоқла (росан, сабадгул), алафи мастак, шутурпай (сапали шутур), барги зуф ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ин растаниҳоро дар шакли қиём ва обпаз аз барг, алаф ва реша тайёр намуда ба дарун тавсия менамоянд.
 
 
ДОРУҲО:
Номгӯи доруҳоМеъёри миёнаи терапевтӣ
 
Шакли истеҳсол 
Танзимдиҳандагони нафас 
 Этимизол — 
Aethimi-zolum
Ба дарун 0,1 г; дохили мушак ва варид 0,03—0,06 гХока ва таблеткаҳо 0,1 г;
 ампулаҳо 3 ва 5 мл - 1%
 
Доруҳои зидди сулфа 
Глаутсин гидрохло­рид— Glaucini hydro-chloridumБа дарун 0,05 гТаблеткаҳо 0,05 г 
Либексин — LibexinБа дарун 0,1 гТаблеткаҳо 0,1 г 
Кодеин фосфат — Codeini phosphasБа дарун 0,01 гХока 
 Доруҳои балғамронанда 
Бромгексин —Ба дарун 0,016 гТаблеткаҳо 0,008 г 
Атсетилсистеин — AcetylcysteinumИнгалятсионӣ 0,4—1,0 г; 
дохили мушак 0,1—0,2 г
Ампулаҳо 5 ва 10 мл - 20% барои ингалятсия; ампулаҳо 2 мл - 10% барои тазриқ 
Трипсини кристаллӣ - Trypsinum crystallisatumИнгалятсионӣ ва дохили мушак 
 0,005-0,01 г
Ампулаҳо 0,005 ва 0,01 г дору  
Қӣёми алафи мастак - Jnfusum herbae ThermopsidisБа дарун 15 мл 1:300-1:200Қиём 1:300-1:200 
 Доруҳо барои нафастангӣ
Кромолин – натрий –cromolynum - natrium Ингалятсионӣ - 1 ғилофак (0,02 г)Капсулаҳо 0,02 г кромолин-натрий бо иловаи 0,0001 г изадрин
Кетотифен – ketotifenumБа дарун 0,001 гКапсулаҳо ва таблеткаҳо 0,001 г
Эуфиллин – EyphyllinumБа дарун 0,1—0,15 г; ректалӣ 0,3-0,5 г; дохили мушак 0,24—0,36 г; дохили варид 0,12—0,24 гХока; таблеткаҳо 0,15 г; ампулаҳо 1 мл - 24% д/м; 
 10 мл - 2,4% д/в
Зафирлукаст – ZafirlucstБа дарун 0,02-0,04 гТаблеткаҳо 0,02 ва 0,04 г
Зилеутон — ZileutonБа дарун 0,6 гТаблетҳо0,6 г





 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив