Доруҳои зидди аритмияи дил


Фаъолияти ритми дил аз ҳолати ронандаи ритм ва системаи гузарониши дил, аз биомеханизми он, хунтаъминкунӣ ва дигар омилҳои кардиалӣ вобаста аст. Боз ритми дил аз тонуси иннерватсияи системаи адренергӣ ва холинергӣ ҳам вобастагӣ дорад. Вайроншавиҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ин система метавонад дигаргуниҳои патологии ритми дилро ба амал орад.
Импулсҳо барои кашишхӯрии миокард дар гиреҳи венозӣ-даҳлезӣ пайдо мешаванд, яъне он ронандаи ритми дил аст. Пас аз он импулсҳо ба гиреҳи даҳлезу-меъдачавӣ гузашта, онро ба ангезиш меоранд. Импулсҳо ба воситаи системаи гузарониши миокард (гиреҳи Гис) ба меъдачаҳои дил гузаронида мешаванд.
Доруҳои зидди аритмияи дил
Right atrium-даҳлезчаи рост, Left atrium-даҳлезчаи чап, Right ventricle-меъдачаи рост
Left ventricle-меъдачаи чап, SA node-гиреҳи синоатриалӣ, АV node-гиреҳи атриовентрикуларӣ
 Аритмия – ин вайроншавии ҷой ва миқдори импулсҳо, вайроншавии ритми кашишхӯрии дил аз сабаби дигаргуншавии автоматизм, сатҳи гузарониши импулсҳо дар системаи гузарониши дил мебошад. 
Сабабҳои аритмияи дил гуногун ҳастанд. Дар марзи аввал ин ишемияи миокард, нуқсони дил (дарғоти митралӣ), инчунин вайроншавии электролитӣ, дигаргуншавии ҳолати кислотаву-ишқорӣ, заҳролудшавии гуногун (ҳангоми меъёри зиёди гликозидҳои дил), бемориҳои эндокринӣ, вайроншавии иннерватсияи дил, бемориҳои уфунатӣ ва ғайраҳо мебошанд. Дар 90% воқеа аритмия дар асоси инфаркти миокард ба амал меояд. 
 
Намудҳои аритмияи дил:
1.Тахиаритмия - вайроншавии автоматизм, гузарониш ва ангезишёбии дил ба амал меояд.
2.Брадиаритмия, ки вайроншавии гузарониши импулсҳо дар системаи гузарониши дил ба амал меояд.
 
 Таснифи доруҳои зидди аритмияи дил
(аз рӯи механизми таъсир ва намуди аритмия)
 Ҳангоми тахиаритмияҳо:
 I. Афсурдакунандаҳои (блокаторҳои) каналҳои ионии системаи гузарониши дил:
1. афсурдакунандаҳои каналҳои натрий( мембраноустуворкунандаҳо): хинидини сулфат, новокаинамид, аймалин, дизопирамид, флекаинид, этмозин, лидокаин, дифенин;
2. афсурдакунандаҳои каналҳои калсий: верапамил, дилтиазем, нифедипин;
3. афсурдакунандаҳои каналҳои ионии калий: амиодарон (кордарон), орнид, соталол;
II. Доруҳое, ки ба иннерватсияи эфферентии дил таъсир доранд:
1. а-адреноблокаторҳо – анаприлин, атенолол, окспренолол;
2. В-адреномиметикҳо - изадрин;
3. симпатомиметикҳо - эфедрин;
4. М-холиноблокаторҳо - атропин сулфат;
III. Доруҳои гуногун:
1. доруҳои калий ва магний; 
2. гликозидҳои дил;
3. аденозин;
4. доруҳои растанигӣ - экстракти дӯлона;
 Ҳангоми брадиаритмияҳо:
1. α-адреномиметикҳо - адреналин, эфедрин, изадрин;
2. М-холиноблокаторҳо- атропин сулфат;
3. Доруи гормоналӣ- глюкагон;
Доруҳои гурӯҳи афсурдакунандагони каналҳои натрий - хинидин сулфат (Chinidini sulfas; таб.0,1 и 0,2), новокаинамид (Novocainamidum; таб.0,25; амп. 5 мл маҳлули 10%; флакон 10 мл маҳлули 10%), этмозин (Aethmozinum; ҳаб.0,01; амп. 2 мл маҳлули 2,5%), аймалин (Ajmaline ҳаб.0,05; амп. 2 мл маҳлули 2,5%) ва ғайраҳо каналҳои натрийро афсурда карда, мембранаи ҳуҷайраҳоро мӯътадил месозанд. Автоматизми дилро кам карда, ба гузарониши импулсҳо таъсир расонида, вақти рефрактерии фоиданокро давомнок менамоянд. Гузарониши ангезиш аз асаби гумроҳ ба дил афсурда шуда, таъсири симпатикӣ ҳам суст мешавад. Худкории дил дар зери таъсири ин доруҳо кам мешавад, ки ин бо давомнокшавии деполяризатсияи диастолӣ вобаста аст. Доруи хинидин ва новокаинамид гузарониши импулсҳоро афсурда мекунанд, дар натиҷаи ин деполяризатсияи тез кам мешавад. Дар зери таъсири ин доруҳо вақти рефрактерии фоиданок зиёд мешавад, ки ин аз давомнокии потенсиали таъсир, яъне протсесси реполяризатсия вобаста аст. Доруҳоро ба дарун ва парентералӣ тавсия менамоянд. Ҳамаи доруҳо асосан бо гурдаҳо ихроҷ мешаванд. Доруҳоро ҳангоми аритмияҳои меъдачаҳо, тахикардияи пароксизмалӣ, экстрасистолияҳо, аритмияи ларзишӣ таъин менамоянд.
 Таъсири нохуши доруҳо: садо дар гӯш, дарди сар, вайроншавии биноӣ, идиосинкразия, ҳолати диспепсия, гипотензия, лейкопения ва ғайраҳо.
Доруҳои гурӯҳи афсурдакунандагони каналҳои калсий – верапамил (изоптин) (Verapamilum; таб. 0,04 ва 0,08, амп. 1 ва 2 мл маҳлули 0, 25%), дилтиазем ва нифедипин даромади ионҳои калсийро ба дохили ҳуҷайраҳои мушакӣ афсурда мекунанд, ки он дар натиҷаи афсурдашавии потенсиалии каналҳои калсий ба амал меояд. Ин каналҳо ҳангоми деполяризатсияи мембрана кушода мешаванд. Дар натиҷаи афсурдашавии ин каналҳо гузарониши импулсҳо ва давомнокшавии вақти рефрактерӣ дар гиреҳи даҳлезу-меъдача дида мешавад. Автоматизми гиреҳи синусӣ-даҳлезӣ қать гардида, суръати деполяризатсияи диастолӣ кам мешавад. Доруҳо аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешаванд, бо роҳи парентералӣ ҳам ворид кардан мумкин аст. Таъсири нохуши доруҳо: гипотензия, блокҳои атриовентрикулярӣ, сарчархзанӣ ва ғайра.
 Доруҳои афсурдакунандагони каналҳои калий – амиодарон (кордарон) (Amiodaronum; таб. 0,2; амп. 3 мл маҳлули 5%), орнид хосияти фаъоли зидди аритмия доранд. Механизми таъсири доруҳо – каналҳои калий афсурда шуда, баромади ионҳои калий аз дохили кардиомиотситҳо кам мешаванд. β-адреноретсепторҳо ва каналҳои калсийро ҳам афсурда менамоянд. Ҳангоми истифодаи тӯлонии амиодарон потенсиали таъсир ва вақти рефрактерии фоиданок давомнок шуда, реполяризатсия суст мешавад. Автоматизми дил, гузарониши ангезиш ва ангезишёбии гиреҳҳои синусӣ-даҳлезӣ ва даҳлезу-меъдачавӣ суст мешавад. Ҳангоми сактаи дил таъсири мусбат дорад, ки талаботи дилро ба оксиген кам, таъсири адренергиро ба дил ва рагҳои коронарӣ суст мекунад. Таъсири нохуш: диспепсия, брадикардия, блокҳои даҳлезу-меъдача, фотодерматит ва ғайраҳо.
Доруи орнид аз гурӯҳи симпатолитикҳо буда, давомнокии потенсиали таъсир ва вақти рефрактериро зиёд менамояд. Гузарониши импулсҳо дар гиреҳи даҳлезу-меъдача афсурда мешавад. Кашишхӯрии миокард тағйир намеёбад. Таъсираш то 12 соат давом мекунад. Онро ҳангоми экстрасистолияи меъдачаҳо, тахикардия, фибриллятсия тавсия менамоянд.
Доруи соталол каналҳои калийро афсурда менамояд, яъне β1 ва β2 –адреноретсепторҳоро афсурда карда, протсесси реполяризатсияро кам, автоматизми гиреҳи синоатриалиро афсурда ва гузаронишро суст менамояд. 
β-адреноблокаторҳо ретсепторҳои махсуси миокардро афсурда намуда, ба даромади ионҳои натрий дар вақти деполяризатсия монеъ мешаванд. Баромади ионҳои калий аз ҳуҷайраҳо зиёд, марҳилаи реполяризатсия кӯтоҳ ва вақти рефрактерӣ кам мешавад. Автоматизм дар гиреҳи синусӣ боздошта мешавад. Яъне, доруҳо β-ретсепторҳоро афсурда карда, иннерватсияи адренергиро ба дил кам мекунанд. Доруҳо: анаприлин (Anaprilinum; таб. 0,01 ва 0,04, амп. 1 ва 5 мл маҳлули 0, 1%) ва атенолол.
Анаприлинро ҳангоми аритмияҳои суправентрикулярӣ, тахикардияи пароксизмалии даҳлезӣ ё меъдачавӣ, экстрасистолияҳо тавсия менамоянд. Ҳангоми баланд будани тонуси симпатикӣ (феохромоситома, тиреотоксикоз) ин гурӯҳи доруҳо хеле натиҷабахшанд. Таъсири нохуши анаприлин: паст шудани фишори хун, нафастангӣ, блокҳо. Доруҳои атенолол, метопролол, окспренолол ба β-ретсепторҳо таъсири хос дошта, ба бронхҳо таъсирашон камтар аст.
β-адреномиметикҳо тонуси адренергиро ба дил зиёд мекунанд. Дар натиҷа гузариши ангезиш дар гиреҳи синусию даҳлезӣ ва даҳлезу-меъдачавӣ, кашишхӯрии дил, яъне даҳлезу меъдачаҳо зиёд ва автоматизми дил баланд мешавад. Доруҳо – адреналин гидрохлорид, изадрин; симпатомиметик - эфедрин гидрохлорид. Ин гурӯҳи доруҳоро ҳангоми брадиаритмияҳо ё вайроншавии гузарониш тавсия менамоянд.
М-холиноблокаторҳо. Таъсири иннерватсияи холинергӣ ба дил хеле ҳам муҳим аст. Хангоми баланд шудани тонуси асаби гумроҳ, зуд-зуд задани дил (ЗЗД) ва кашишхӯрии даҳлез ва баъзан меъдачаҳо кам мешавад. Автоматизми дил ва суръати гузарониши импулсҳо суст мешаванд. Доруи атропин сулфат аз гурӯҳи М-холиноблокаторҳо ҳангоми брадиаритмияҳо тавсия мешавад, ки таъсири боздорандаи асаби гумроҳро ба дил бартараф менамояд.
 Ҳангоми вайроншавии ритми кашишхӯрии дил, хусусан агар он бо кам шудани миқдори ионҳои калий дар хуноба ё миокард вобаста бошад, доруҳои дар таркибашон калий дошта натиҷабахшанд. Ба ин доруҳо калий хлорид, панангин, «аспаркам», доруҳои дар таркибашон магний дошта – магний оротат, магний аспаргинат дохил мешаванд. Ионҳои калий ба дил ба монанди атсетилхолин таъсир мерасонанд. Ритми кашишхӯрии дилро кам, гузарониши импулсҳоро суст, автоматизм ва ангезишёбии дилро кам мекунанд. Ионҳои калий боз рагҳои коронариро ҳам васеъ менамоянд.
Аденозин хосияти зидди аритмия дорад. Он бо ретсепторҳои аденозиновӣ ҳамтаъсирӣ намуда, ба аденилатсиклаза таъсир мерасонад. Гузарониши атриовентрикуляриро афсурда намуда, кашишхӯрии миокард, агрегатсияи тромбоситҳоро афсурда карда, рагҳои коронариро васеъ мекунад. Ҳангоми тахиаритмияҳо аденозинро истифода мебаранд. Таъсираш кӯтоҳмуддат аст.
ДОРУҲО
Номгӯи доруМеъёри миёнаи
 терапевтӣ
Шакли истеҳсол 
123 
Хинидин сулфат - Chinidini sulfasБа дарун 0,1-0,3 гТаблеткаҳо 0,1ва 0,2 г 
Новокаинамид -NovocainamidumБа дарун, дохили мушак ва варид 0,25—0,5 гТаблеткаҳо 0,25 ва 0,5 г; Шишаҳо 10 мл маҳлули 10%; ампулаҳо мл маҳлули 10%  
Этмозин - AetmozinumБа дарун 0,025-0,05 г; дохили мушак ва варид 0,05—0,15 гТаблеткаҳо 0,025 г; таблеткаҳо0,1 г; ампулаҳо 2 мл маҳлули
 2,5 %
Этасизин - AethacizinumДохили варид 0,25-1 мг/кг; ба дарун 0,05 гАмпулаҳо 2 мл маҳлули 2,5; таблеткаҳо 0,05 г
Аймалин – AjmalineБа дарун 0,05-0,1 г; дохили мушак ва варид 0,05 гТаблеткаҳо 0,05 г; ампулаҳо 2 мл маҳлули 2,5% 
Лидокаин гидрохлорид -Lidocaini hydrochloridumБа дарун 0,25—0,5 г; дохили мушак 0,2—0,4 г; дохили варид 0,05— 0,1 г, қатрагӣ 2 мг/дақ.Драже 0,25 г; ампулаҳо 2мл маҳлули 10%; 2 ва 10 мл маҳлули 2%; 10 ва 20 мл маҳлули 1% 
Дифенин – DipheninumБа дарун 0,117 г (1 таблетка)Таблеткаҳо 0,117 г





 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив