Доруҳои гипотензивӣ (фишорпасткунанда)


Доруҳои гипотензивӣ (фишорпасткунанда)Доруҳои гипотензивӣ фишори баландшудаи артериалиро паст мекунанд. Асосан ин гурӯҳи доруҳоро ҳангоми бемории фишорбаландӣ (гипертонӣ) тавсия менамоянд.
Бемории гипертонӣ (БГ) ин патология мебошад, ки аломати асосии он баланд шудани фишори хун аст. Ҳар як шаҳрванди панҷум дар мамлакатҳои мутараққӣ ба ин беморӣ гирифтор аст.
Сатҳи фишори хун аз якчанд омилҳо вобаста аст: кори дил, тонуси рагҳои канорӣ ва ёзандагии онҳо, ҳаҷм, ҳолати электролитӣ ва часпакии хуни даврзананда. Ҳамаи ин протсессҳо дар зери назорати нейрогуморалӣ мебошад. 
Доруҳо ба звеноҳои гуногуни системаи физиологии танзими фишори хун таъсир мерасонанд. Роҳҳои паст кардани фишори хуни баландшуда ба воситаи бартараф намудани таъсири катехоламинҳо, ангиотензини II, суст кардани муқовимати рагҳо, кам кардани ҳаҷми хуни даврзананда ё дигаргунсозии таркиби электролитӣ мебошанд.
Таснифи доруҳо:
1. Доруҳое, ки таъсири танзимдиҳии иннерватсияи адренергиро ба системаи дилу-рагҳо кам менамоянд (доруҳои нейротропӣ):
1) доруҳое, ки тонуси маркази вазомоториро суст мекунанд – клофелин, гуанфатсин, метилдофа, моксонидин;
2) доруҳое, ки гиреҳҳои вегетативиро афсурда менамоянд – пентамин, гигроний;
3) доруҳое, ки нейронҳои адренергиро афсурда мекунанд – резерпин;
4) доруҳои адреноблокаторӣ: 
 а) α-адреноблокаторҳо – фентоламин, тропафен, прозазин;
 б) β-адреноблокаторҳо – анаприлин, атенолол, талинолол, метопролол;
2. Доруҳое, ки ба системаи ренин-ангиотензин таъсир мерасонанд - каптоприл, эналаприл, лозартан;
3.Доруҳои рагвасеъкунандаи таъсирашон миотропӣ: 
1) афсурдакунандаҳои каналҳои калсий – фенигидин, дилтиазем;
2) фаъолкунандаҳои каналҳои калий - миноксидил, диазоксид;
3) донатори оксиди нитроген (NO) – натрий нитропруссид;
4) доруҳои гуногун – апрессин, дибазол, магний сулфат;
4.Доруҳое, ки ба мубодилаи обу намак таъсир мерасонанд - дихлотиазид, фуросемид, спиронолактон.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив