Доруҳои пешоброн


Ба доруҳои пешоброн доруҳои сохти кимиёвиашон гуногун дохил мешаванд, ки дар найчаҳои гурдаҳо реабсорбсияи об ва намакҳоро афсурда карда, ихроҷи онҳоро, дору ва моддаҳои заҳрнокро метезонанд. Доруҳои пешоброн суръати хориҷшавии пешобро зиёд карда, ҳангоми варамҳои дилӣ (норасогии музмини дил), варамҳои ҷигар ва гурдаҳо, варами майнаи сар, бемории гипертонӣ, заҳролудшавӣ бо маводҳои гуногун истифода бурда мешаванд. 
Дар ҳосилшавии пешоб се протсесси зерин нақши асосиро иҷро мекунад:
 1) филтратсия 
2) реабсорбсия 
3) секретсияи найчавӣ 
Ин протсессҳо аз хосиятҳои морфо-функсионалии гурдаҳо вобастагӣ доранд. Дар шароити мӯътадил ҳаҷми пешоб ҳамарӯза қариб 150-170 литрро ташкил медиҳад, ки дар он тақрибан 1,2 г натрий вуҷуд дорад. 
 Пешобҳосилшавӣ аз филтратсияи хуноба ба воситаи мембранаи капиллярҳои калобаи рагҳо ва капсулаи он сар мешавад. Аз сӯрохиҳои ин мембрана ба ғайр аз сафедаҳои молекулаашон калонҳаҷм ва моддаҳое, ки бо сафедаҳо пайвастанд, тамоми хуноба мегузарад. Протсесси реабсорбсия ва секретсия дар тамоми нефрон – найчаҳои проксималӣ, ҳалқаи нефрон (Генле), найчаҳои дисталӣ ва найчаи ҷамъоваранда мегузарад. Дар найчаҳои проксималӣ реабсорбсияи ионҳои натрий, қисман ионҳои хлор ва об, инчунин пурра ионҳои калий ба амал меояд. 
Протсесси ҳосилшавии пешоб дар зери таъсири нейрогуморалӣ мебошад. Таъсироти гормоналӣ роли калон мебозад. Гормони антидиуретии қисми ақиби гипофиз (вазопрессин) реабсорбсияи обро танзим медиҳад. Гормони қисми қишрии ғадуди болои гурда, хусусан минералокортикоидҳо (алдостерон) ба ихроҷи ионҳои натрий ва хлор таъсир мерасонанд. Реабсорбсияи ионҳои калсий дар найчаҳои дисталӣ бо паратгормон идора мешавад. Функсияи гурдаҳо инчунин аз тарафи простагландинҳо низ танзим меёбад.
Вобаста аз принсипҳои вазифаи ҳамаи системаҳо, ки дар ҳосилшавии пешоб иштирок менамоянд, ду гурӯҳи асосии доруҳои пешобронро ҷудо мекунанд: 
1) доруҳое, ки бевосита ба функсияи пешобхориҷшавӣ таъсир мерасонанд;
 2) доруҳое, ки ба танзими гормоналии пешобҳосилшавӣ таъсир мерасонанд.
Таснифи доруҳои пешоброн:
I. Доруҳое, ки ба эпителийи найчаҳои гурда таъсир мерасонанд
 1) салуретикҳо:
 а) гурӯҳи тиазидҳо -дихлотиазид (гипотиазид), сиклометиазид;
 б) салуретикҳои ғайритиазидӣ- фуросемид, клопамид, оксодолин, кислотаи этакриновӣ;
 2) натрийуретикҳо:
 ксантинҳо - теофиллин, эуфиллин;
 3) доруҳои калийнигоҳдоранда ва магнийнигоҳдоранда:
 триамтерен, спиронолактон, амилорид; 
II. Антагонисти алдостерон - спиронолактон; 
III. Доруҳои таъсирашон осмотикӣ - маннит, мочевина;
IV. Доруҳои растанигӣ – думи гов, буғумак.
 
Доруи дихлотиазид (Dichlothiazidum; таб. 0, 025 ва 0,100) ҳосилаи бензотиадиазин буда, реабсорбсияи ионҳои натрий ва хлорро афсурда менамояд. Қисман карбоангидразаро низ вайрон мекунад. Секретсияи ионҳои калий зиёд ва ихроҷи ионҳои магний вайрон мешавад. Дар натиҷа хориҷшавии ионҳои натрий, калий, хлор ва магний ба амал меояд. Ҳангоми истифодаи тӯлонӣ боздории хориҷшавии ионҳои калсий ба вуҷуд омада, сабаби пайдошавии санги гурда шуданаш мумкин аст. Аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешавад. Таъсираш пас аз 30-60 дақ. оғоз ёфта, то 10-12 соат давом мекунад. Онро ҳангоми бемории гипертонӣ, глаукома, гиперкалсийурия тавсия мекунанд. Таъсири нохуши он ба амал омадани гипокалиемия ва гипомагниемия мебошад.
Доруи сиклометиазид аз рӯи сохти химиявӣ ба дихлотиазид монанд аст, аммо фаъолнокиаш баландтар мебошад.
Доруи клопамид (бриналдикс) ва оксодолин (гигротон) таъсири тӯлонӣ дошта, фаъолнокиашон беҳад баланд аст. Клопамид то 1 шабонарӯз ва оксодолин то 3 шабонарӯз таъсир мерасонанд. Реабсорбсияи ионҳои натрий ва хлорро афсурда мекунанд. Фишори хун паст мешавад. Доруҳо аз узви ҳозима хуб ҷаббида мешаванд.
Фуросемид (лазикс; Furosemidum; таб. 0,04; маҳлули 1% дар амп. 2 мл) реабсорбсияи ионҳои натрий ва хлорро дар тамоми ҳалқаи Генле афсурда мекунад. Ба ихроҷи ионҳои калий ва магний мусоидат намуда, гардиши хунро гурдаҳо беҳтар мекунад. Онро дар ҳолатҳои шадид ба дохили варид ворид мекунанд. Таъсираш тез оғоз меёбад. Ҳангоми фишорбаландӣ, хурӯҷи гипертонӣ, варами шуш, варами майнаи сар, барои диурези форсиронидашуда, заҳролудшавии шадид бо моддаҳои кимиёвӣ истифода бурда мешавад.
Кислотаи этакринӣ (урегит; Acidum etacrinicum; Uregit; таб. по 0, 05; 0, 1) реабсорбсияи ионҳои натрий ва хлорро афсурда карда, ба хориҷшавии ионҳои магний мусоидат менамояд. Алкалози гипокалиемияро ба амал меорад. Ҳангоми вайроншавии ҳолати кислотаву ишқорӣ фаъолнокии ин дору нигоҳ дошта мешавад. Таъсираш пас аз 10-15 дақ. оғоз ёфта, то 4 соат давом мекунад. Таъсирҳои нохушро ба монанди гипокалиемия, гипомагниемия, алкалоз, дарди сар ва ғайра ба амал меорад. 
Доруҳои триамтерен ва амилорид аз гурӯҳи калийнигоҳдоранда мебошанд. Триамтерен ҳосилаи птеридин буда (дар шакли ғилофак 50 мг), ба гурӯҳи доруҳои пешоброн дохил мешавад, ки ионҳои калий ва магнийро дар организм нигоҳ медорад. Диурез аз ҳисоби афсурдашавии реабсорбсияи ионҳои натрий ба амал меояд. Қисман ба хориҷшавии кислотаи пешоб мусоидат мекунад. Аз узви ҳозима тез ҷаббида шуда, таъсираш то 6-8 соат давом мекунад.
Доруи амилорид ҳосилаи пиразиноилгуанидин аст. Таъсираш ба монанди триамтерен буда, 50% дору аз узви ҳозима ҷаббида мешавад. Таъсираш то 24 соат давом мекунад. Якҷоя бо дигар доруҳои пешоброн, ки гипокалиемияро ба вуҷуд меоранд, тавсия карда мешавад.
Доруи спиронолактон (верошпирон; Spironolactonum, Verospironum, таб. 0,025) – доруи таъсираш суст, аз гурӯҳи антагонисти алдостерон аст. Алдостерон, чи тавре ки маълум аст, ихроҷи ионҳои натрийро кам ва секретсияи ионҳои калийро зиёд мекунад. Спиронолактон аз рӯи сохти химиявӣ ба алдостерон монанд буда, ретсепторҳои алдостерониро дар найчаҳои нефрон афсурда мекунад ва хосияти нигоҳ доштани ионҳои калийро дорад. Хосияти калийнигоҳдорандааш зуд ба амал меояд. Инчунин хосияти магнийнигоҳдоранда низ дорад. Ҳангоми атсидоз ва алкалоз манфиатбахш аст. Фаъолнокии дору суст буда, давомнокии таъсираш тӯлонӣ аст. Таъсираш дер, яъне пас аз 2-5 рӯз сар мешавад. Онро якҷоя бо дигар доруҳои пешоброн, ки гипокалемияро ба амал меоранд, тавсия мекунанд.
Доруҳои фаъоли осмотикӣ ҳангоми ворид шудан ба найчаҳои гурдахо фишори баланди осмотикиро ба амал меоранд. Дар натиҷа реабсорбсияи об ва қисман ионҳои натрий кам мешавад. Асосан ба найчаҳои проксималӣ таъсир мерасонанд. Дар амалия асосан доруи маннит (Mannitolum) истифода мешавад. Ҳангоми варами майнаи сар (садма, омоси майна, абсесс), заҳролудшавӣ бо моддаҳои кимиёвӣ, муолиҷаи варами шуш, пас аз таъсири моддаҳои токсикӣ, формалин, барои диурези форсиронида, хурӯҷи шадиди глаукома тавсия менамоянд. 
Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ба монанди решаи мушхор, меваҳо ва решаи рӯян, меваҳои арча, алафи чилбанд, алафи сагакхор (чойалаф) хосияти пешоброниро доранд. Растаниҳоро дар шакли қиём ва обпаз тайёр намуда, ба дарун тавсия менамоянд.
 
 
ДОРУҲО
Номгӯи доруҳоМеъёри миёнаи терапевтӣШакли истеҳсол
Дихлотиазид – dichlothiazidumБа дарун 0,025-0,05 гТаблеткаҳо 0,025 ва 0,1 г
Оксодолин-Oxdolinum 
 
Ба дарун 0,025-0,1 гТаблеткаҳо 0,05 г
Клопамид -Clopamide 
 
Ба дарун 0,01-0,04 гТаблеткаҳо 0,02 г
Триамтерен-Triamterenum 
 
Ба дарун 0,05-0,1 гҒилофакҳо 0,05 г
FuroФуросемид-Furosemidum Ба дарун 0,04 г; дохили мушак ва дохили варид 0,02 гТаблеткаҳо 0,04 г;
 ампулаҳо 2 мл -1% 
Кислотаи этакринӣ-Acidum etacrynisumБа дарун 0,05—0,1 г;дохили ­варид 0,05 гТаблеткаҳо 0,05 г; 
ампулаҳо 0,05 г 
Спиронолактон –SpironolactonumБа дарун 0,025-0,05 гТаблеткаҳо 0,025 ва 0,05 г
Маннит –MannitumДохили вена 0,5—1,5 г/кгХока; флаконҳо дорои 30 г дору; флаконхо 200, 400 ва 
500 мл - 15% 
  

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив